Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чораҳои тарбиявӣ мисли рули қаиқ ба кӯдак ёрӣ медиҳанд, ки ба самти дуруст равона шавад

БАРОИ ВОЛИДОН

6: Тарбия

6: Тарбия

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Калимаи «тарбия» маънои таълимдиҳӣ ва роҳ нишон доданро дорад. Баъзан кӯдакро барои ислоҳ кардани рафтори нодурусташ ҷазо медиҳанд, ки ин ҳам тарбия аст. Вале мақсади асосии тарбия ин аст, ки кӯдак чӣ хубу чи бад буданашро фаҳмад ва дуруст рафтор карданро ёд гирад.

ЧАРО ТАРБИЯ МУҲИМ АСТ?

Бояд гуфт, ки солҳои охир бисёр волидон фарзандонашонро таълим ва ҷазо намедиҳанд, барои ислоҳ шуданашон онҳоро сарзаниш намекунанд. Зеро метарсанд, ки дар натиҷа кӯдаконашон худро паст ҳис карда, бовариро ба худ гум мекунанд ва худбаҳодиҳии онҳо зарар мебинад. Лекин волидони бохирад дар оила қоидаҳои муайян ҷорӣ мекунанд ва ба фарзандонашон риояи онҳоро ёд медиҳанд.

«Барои чун одами хуб ба воя расидан кӯдакон бояд аниқ донанд, ки чӣ мумкин асту чӣ не. Агар кӯдакро ислоҳ ва тарбия накунем, вай ба қаиқи бе руле монанд мегардад, ки оқибат роҳгум мезанад ё ҳатто ғарқ мешавад» (Памела).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Ба гапи худ истед. Агар кӯдакатон ба қоидаҳои шумо итоат накунад, ҷазо диҳед. Лекин вақте ӯ ба гапатон гӯш дода боодобона рафтор мекунад, ҳатман ӯро таъриф кунед.

«Ман тез-тез фарзандонамро барои гапдаро буданашон таъриф мекунам, чунки ин хел кӯдакон дар замони мо каманд. Таъриф кӯмак мекунад, ки вақте онҳоро барои ягон хатогиашон ислоҳ мекунам, онро ба осонӣ қабул кунанд» (Кристин).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Он чӣ одам мекорад, ҳамонро дарав хоҳад кард» (Ғалотиён 6:7).

Бомулоҳиза бошед. Вақте кӯдакро ҷазо доданӣ мешавед, синну сол, қобилият ва то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатояшро ба назар гиред. Тарзи ҷазо бояд бо хатогии кӯдак алоқаманд бошад. Масалан, агар вай бо телефон аз меъёр зиёд бозӣ кунад, муваққатан телефонро аз ӯ гиред. Чунки он вақт вай хатогиашро дарк карда дигар такрор намекунад. Ҳамчунин фарзандатонро ҳеҷ вақт танҳо барои нағмаю қилиқҳои кӯдаконааш асабонӣ шуда назанед.

«Ман кӯшиш мекунам фаҳмам, ки кӯдакам дидаю дониста ба ман беитоатӣ кард ё нафаҳмида. Агар кӯдак ягон одати баде пайдо кардаасту он хатояшро такрор ба такрор кунад, барои ислоҳ шуданаш ӯро ҷазо додан лозим аст. Лекин агар кӯдак нохост кори нодурусте кунад, инро ба вай фаҳмондан кифоя аст» (Собир).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Фарзандони худро ба хашм наоред, то онҳо рӯҳафтода нашаванд» (Қӯлассиён 3:21).

Бо муҳаббат тарбия кунед. Вақте кӯдакон медонанд, ки волидонашон аз муҳаббат онҳоро ислоҳ кардан мехоҳанд, қабул кардани ҷазо барояшон осон мегардад.

«Вақте писарамон ба ягон хатогӣ роҳ медод, мо ӯро боварӣ мебахшидем, ки дӯсташ медорем ва барои қарорҳои хуби пешинааш аз ӯ фахр мекунем. Мо ба ӯ мефаҳмондем, ки агар вай камбудиашро ислоҳ кунад, хатои кардааш обрӯи ӯро намерезонад. Ва ӯро боварӣ мебахшидем, ки ҳама вақт ба ёрдами ӯ тайёрем» (Дэниел).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст» (1 Қӯринтиён 13:4).