Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хислатҳои хуб мисли қутбнамои боваринок ба кӯдак ёрӣ медиҳанд, ки ба самти дуруст равона шавад.

БАРОИ ВОЛИДОН

7: Хислатҳои хуб

7: Хислатҳои хуб

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Волидон, албатта шумо меъёрҳое доред, ки аз рӯйи онҳо зиндагӣ кардан мехоҳед. Масалан, шумо қарор кардаед, ки ҳамеша ростқавлу ҳалолкор мешавед. Ва эҳтимоли зиёд, ки ин хислатҳоро ба фарзандонатон низ ёд додан мехоҳед.

Шумо ҳамчунин ба онҳо таълим додан мехоҳед, ки хушодоб, меҳнатдӯст, боинсоф бошанд ва дар бораи дигарон ғамхорӣ кунанд. Ин хислатҳоро дар хурдсолӣ ёд додан осонтар аст.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Бачаро бо роҳе ки ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» (Масалҳо 22:6).

ЧАРО ХИСЛАТҲОИ ХУБ МУҲИМАНД?

Дар замони пешрафти техника ахлоқи нек доштан муҳим аст. «Имрӯз истифодаи ҳар гуна таҷҳизоти мобилӣ таъсири зараровар дошта метавонад,— мегӯяд модаре бо номи Карен.— Бачаҳо бемалол дар телефон чизҳоеро тамошо мекунанд, ки аз дидани он ҳуш аз сарат мепарад».

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Касони баркамол... қобилияти фикрронии худро ба кор бурда, фарқ кардани неку бадро омӯхтаанд» (Ибриён 5:14).

Хушодоб будан низ муҳим аст. «Раҳмат», «илтимос» ва «марҳамат» гуфтанро фаромӯш накунед ва нисбати дигарон ғамхор бошед. Имрӯз одамон чунон ба таҷҳизоти электронӣ дода шудаанд, ки ин гуна чизҳои одиро, ки аз рӯйи одобу тамиз аст, фаромӯш мекунанд.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Чи тавре ки мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо низ бо онҳо ҳамон тавр рафтор кунед» (Луқо 6:31).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Меъёрҳои ахлоқии худро ба кӯдакон аниқ фаҳмонед. Масалан, коршиносон мегӯянд, ки наврасоне, ки волидонашон ба онҳо манъ будани алоқаи ҷинсии то издивоҷро равшан фаҳмондаанд, ба алоқаи ҷинсӣ камтар майл доранд.

МАСЛИҲАТ: Хабарҳои охиронро барои муҳокимаи меъёрҳои ахлоқӣ истифода баред. Масалан, агар дар ахбор дар бораи ҷинояти бераҳмонае шунавед, ба кӯдакатон чунин гуфта метавонед: «Ваҳ, ин қадар бадиву нафрат дар одамон аз куҷост?! Чӣ фикр дорӣ, барои чӣ онҳо то ин дараҷа бераҳм шудаанд?»

«Агар касе ба кӯдакон чӣ хубу чӣ бад буданашро ёд надиҳад, ба худи онҳо инро фарқ кардан душвортарак аст» (Брэндон).

Ба кӯдакон хушмуомила буданро ёд диҳед. Чи хеле мегӯянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар!» Ҳатто ба кӯдакони хурд «марҳамат», «раҳмат», «илтимос»-ро ёд додан мумкин аст, то ба дигарон эҳтиром нишон диҳанд. Дар як китоб гуфта шудааст: «Чи қадаре ки кӯдак аниқтар дарк кунад, ки ӯ узви як чизи калон аст — масалан, узви оила, синф, дастаи футболбозӣ — вай ҳамон қадар бештар хоҳиш пайдо мекунад, ки ба дигарон ғамхор шавад ва дар бораашон фикр кунад» (Parenting Without Borders).

МАСЛИҲАТ: Ба фарзандон корҳои хонаро супориш диҳед, то онҳо фаҳманд, ки ба дигарон ёрӣ додан муҳим аст.

«Агар кӯдак аз хурдӣ ба кардани корҳои хона одат кунад, вақте калон шуда ба ҳаёти мустақил қадам мемонад, азоб намекашад. Инчунин вай масъулиятнок буданро ёд мегирад» (Тамара).