Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Як команда будан маънои онро дорад, ки шумо якдилона чун лётчик ва дуюм лётчики ҳавопаймо ҳамкорӣ мекунед

БАРОИ ҲАМСАРОН

2: Ҳамкорӣ

2: Ҳамкорӣ

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Зану шавҳар бояд чун як команда якдилона амал кунанд. Онҳо мисли лётчики якум ва дуюми ҳавопаймо бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳатто вақте мушкилиҳо сар мезананд, ҳар як ҳамсар бояд на фақат дар бораи худаш, балки дар бораи ҳардуяшон фикр кунад.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд» (Матто 19:6).

«Издивоҷ ин яккахонӣ нест, балки дуэт мебошад. Барои он ки оила мустаҳкам бошад, ҳамсарон бояд чун як команда амал кунанд» (Кристофер).

ЧАРО ҲАМКОРӢ МУҲИМ АСТ?

Ҳамсароне, ки якдилу ҳамфикр нестанд, дар вақти ба миён омадани душворӣ, ба ҷойи бо ҳам ҳал кардани он, ба якдигар ҳамла мекунанд. Дар натиҷа мушкилии ночиз ба проблемаҳои калон табдил ёфта метавонад.

«Дар издивоҷ ба ҳамсарон ҳис кардани дастгирии якдигар хеле муҳим аст. Вагарна, онҳо ба ҳамсоягоне монанд мешаванд, ки ҳамроҳ зиндагӣ мекунанду дар вақти рӯй додани масъалаи ҷиддӣ, ҳар яке фикри худро мекунад» (Александра).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

ХУДРО ТАФТИШ КУНЕД

  • Оё ман маошамро танҳо пулҳои худам меҳисобам?

  • Барои нағз дам гирифтан оё ба ман лозим аст, ки аз ҳамсарам алоҳида бошам?

  • Оё ман аз муошират бо хешовандони занам (шавҳарам) дурӣ меҷӯям, ҳатто агар муносибати вай бо онҳо хуб бошад?

БО ҲАМСАРАТОН ЯКҶОЯ МУҲОКИМА КУНЕД

  • Аз кадом ҷиҳатҳо ба мо чун як команда амал кардан осон аст?

  • Дар кадом ҷонибҳои зиндагӣ мо бояд хубтар ҳамкорӣ кунем?

  • Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз як гиребон сар барорем?

МАСЛИҲАТҲО

  • Монанди варзишгароне набошед, ки дар майдони теннис дар ду тарафи муқобил истода бозӣ мекунанд, балки кӯшиш кунед, ки ҳардуятон чун аъзои як команда бошед.

  • «Чӣ хел ман ғолиб оям?» гуфта нею «Чӣ хел мо ғолиб оем?» гуфта фикр кунед.

«Ҳеҷ гоҳ баҳс накунед, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Беҳтараш дар бораи тинҷию оромии оилаатон фикр кунед, чунки ин муҳимтар аст» (Итан).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «На танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед» (Филиппиён 2:3, 4).