Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои дар дунёи нав зиндагӣ кардан чӣ кор карда метавонед

Барои дар дунёи нав зиндагӣ кардан чӣ кор карда метавонед

Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки Худо ба наздикӣ ба ин дунёи нопок бо тамоми душвориҳояш хотима мебахшад. Мо дилпурем, ки ин ҳатман рӯй медиҳад. Чаро? Зеро Худо дар Каломаш — Китоби Муқаддас, чунин ваъда додааст:

«Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст» (1 ЮҲАННО 2:17).

Мо боварии комил дорем, ки одамон наҷот ёфта метавонанд, чунки дар он оят боз чунин ваъда омадааст:

«Ҳар кӣ хости Худоро иҷро мекунад, то абад мемонад».

Аз ин рӯ, агар мо наҷот ёфтан хоҳем, бояд хости Худоро ба ҷо орем. Барои хости Худоро фаҳмидан мо бояд аввал дар бораи ӯ дониш гирем.

БАРОИ НАҶОТ ЁФТАН ХУДОРО БИШНОСЕД

Исо гуфта буд: «Барои ҳаёти ҷовидонӣ ёфтан бояд ки туро, Худои ягонаи ҳақиқиро... бишносанд» (Юҳанно 17:3). Барои наҷот ёфтану ҷовидона зистан мо бояд дар бораи Худо дониш гирем. Ин танҳо маънои якчанд чизро дар бораи Худо донистан ё ба Худо бовар карданро надорад. Мо бояд бо ӯ дӯст шавем. Агар мо хоҳем, ки бо касе дӯстиамон мустаҳкамтар гардад, бояд бо ӯ бисёртар вақт гузаронем. Дар бораи дӯстӣ бо Худо низ ҳамин хел гуфтан мумкин аст. Дида баромадани баъзе ҳақиқатҳои муҳим аз Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунанд, ки дӯстиро бо Худо мустаҳкам созем ва онро нигоҳ дорем.

ҲАР РӮЗ КАЛОМИ ХУДО, КИТОБИ МУҚАДДАСРО ХОНЕД

Ба Худо дуо гӯед ва хоҳиши ӯро иҷро намоед, бо ин роҳ шумо ҳангоми нестшавии дунёи нопок наҷот ёфта метавонед

Мо барои зинда мондан ҳар рӯз хӯрок мехӯрем. Вале Исо гуфт: «Одамизод бояд на танҳо бо нон зиндагӣ кунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд» (Матто 4:4).

Имрӯз мо суханони Худоро дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас меёбем. Мо аз ин китоби илоҳӣ мефаҳмем, ки Худо барои инсоният дар гузашта чӣ кор карда буд, ҳоло чӣ кор карда истодааст ва дар оянда чӣ кор мекунад.

АЗ ХУДО ДАР ДУО МАДАД ПУРСЕД

Агар шумо ба Худо итоат кардан хоҳеду вале партофтани коре, ки дар назари ӯ нодуруст аст, бароятон душвор бошад, чӣ кор мекунед? Дар ин ҳолат, агар шумо Худоро хуб шиносед, ӯ дар ҳақиқат ба шумо ёрдам медиҳад.

Биёед мисоли занеро, ки дар Осиё зиндагӣ мекунад, дида бароем. Ӯ дар гузашта ҳаёти бадахлоқона ба сар мебурд. Дар вақти омӯхтани Китоби Муқаддас ӯ амри зерини Худоро фаҳмид: «Аз зино гурезед!» (1 Қӯринтиён 6:18). Ӯ аз Худованд қувват пурсид ва бо мадади ӯ ин кори бадашро бас карда тавонист, лекин ӯ то ҳол бо чунин васваса мубориза мебарад. Ӯ мегӯяд: «Вақте фикрҳои бадахлоқона дар сарам пайдо мешаванд, ман медонам, ки бе ёрдами Яҳува мубориза бурда наметавонам, барои ҳамин ҳама чиро рӯйирост ба ӯ дар дуо мегӯям. Баъди дуо худро ба Яҳува наздиктар ҳис мекунам». Мисли ин зан имрӯзҳо миллионҳо одамон Худоро шинохта истодаанд. Худо ба онҳо қуввати даркорӣ медиҳад, то дар ҳаёташон дигаргунӣ дароранд ва бо тарзи ҳаёташон дили ӯро шод гардонанд (Филиппиён 4:13).

Ҳар қадаре ки шумо Худоро шиносед, ҳамон қадар ӯ шуморо чун дӯсти азизаш беҳтар мешиносад (Ғалотиён 4:9; Забур 25:14). Он гоҳ шумо наҷот ёфта дар дунёи нави ӯ зиндагӣ карда метавонед. Вале дар дунёи нав чӣ гуна шароит мешавад? Ба ин савол мақолаи навбатӣ ҷавоб медиҳад.

a Мувофиқи Китоби Муқаддас «Яҳува» номи Худо мебошад.