Биҳишт наздик аст!
Яҳува заминро тавре офарид, ки одамони росткор дар он то абад зиндагӣ карда тавонанд (Забур 37:29). Ӯ ҷуфти аввалин — Одаму Ҳавворо дар боғи зебои Адан ҷо дод ва ба онҳову наслашон амр фармуд, ки заминро нигоҳубин кунанд (1 Мӯсо 1:28; 2:15).
Ҷаҳони имрӯза аз биҳиште, ки Худо мехост, тамоман фарқ дорад, лекин ӯ аз нияти аввалааш нагаштааст. Худо нияташро чӣ тавр амалӣ мегардонад? Чи хеле ки аз мақолаҳои гузашта фаҳмидем, Худованд заминро нест намекунад. Баръакс, ӯ мехоҳад, ки одамони росткор дар он зиндагӣ кунанд. Вақте ки ваъдаҳои Худованд амалӣ мегардад, шароит дар замин чӣ хел мешавад?
Ҳокимияте, ки бар тамоми ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад
Ба наздикӣ, вақте ҳукумати осмонии Худо бар тамоми одамизод ҳукмрониро сар мекунад, замин ба ҷое мубаддал мегардад, ки дар он одамон аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд ва соҳиби кори хуб ва қонеъкунанда мешаванд. Худованд Ҳазрати Исоро таъйин кард, то ки бар замин роҳбарӣ кунад. Баръакси бисёр роҳбарони имрӯза, Исо доимо беҳбудии одамонро фикр мекунад. Ҳокимияти ӯ бар муҳаббат асос меёбад, ӯ Подшоҳи нек, меҳрубон ва боинсоф хоҳад буд (Ишаъё 11:4).
Ҳама дар ягонагӣ зиндагӣ хоҳанд кард
Одамон ба миллату нажод ҷудо карда намешаванд. Онҳо аз як гиребон сар бароварда муттаҳид мешаванд (Ошкорсозӣ 7:9, 10). Тамоми одамизод дар замин Худо ва наздиконашонро дӯст хоҳанд дошт. Онҳо дар сулҳу осоиштагӣ ҳамкорӣ намуда нияти аввалаи Худоро дар бораи нигоҳбин кардани замин амалӣ месозанд (Забур 115:16).
Офатҳои табиӣ дигар намешаванд
Ҳангоми ҳукмронии Подшоҳиаш Офаридгор вазъи иқлимро пурра зери назорат мегирад (Забур 24:1, 2). Вақте Исо дар замин буд, ӯ тӯфони даҳшатнокро хомӯш кард ва бо ин нишон дод, ки бо қудрати Худо чӣ гуна корҳоро карда метавонад (Марқус 4:39, 41). Дар таҳти роҳбарии Масеҳ ҳеҷ кас наметарсад, ки ягон офати табиӣ рӯй медиҳад. Ҳамчунин дар он вақт байни одамон ва ҳайвонот сулҳ мешавад ва дигар асло одамон табиатро хароб намекунанд (Ҳушаъ 2:18).
Саломатии комил ва ғизои фаровон
Ҳар як кас аз саломатии комил баҳра мебарад. Ягон кас дигар касал ва пир намешавад ё намемурад (Ишаъё 35:5, 6). Одамон мисли ҷуфти аввалин, ки дар боғи Адан зиндагӣ мекарданд, аз табиати зебову тоза баҳра мебаранд. Дар дунёи нав замин мисли боғи Адан ҳосилхез мешавад ва барои ҳамаи сокинони замин хӯрду хӯрок фаровон мегардад (1 Мӯсо 2:9). Монанди халқи Худо дар Исроили қадим, ҳар як кас дар биҳишт «ба серӣ нон» мехӯрад (3 Мӯсо 26:4, 5).
Осоиштагӣ ва бехатарии ҳақиқӣ
Дар таҳти ҳукумати Худо тамоми одамон аз сулҳу осоиштагӣ баҳра мебаранд ва ба якдигар бо меҳрубонӣ ва аз рӯйи инсоф муносибат хоҳанд кард. Дар он ҷо дигар ҷангу бетартибӣ намешавад ва ниёзҳои ҳама одамон қонеъ мегардад. Худованд дар Каломаш чунин ваъда медиҳад: «Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад ва касе онҳоро наметарсонад» (Мико 4:3, 4).
Ҳар як кас хонаи зебо ва кори хурсандибахш хоҳад дошт
Ҳар як оила соҳиби хонаву дари худ мешавад ва одамон хавотир намешаванд, ки хонаи худро аз даст медиҳанд. Мо аз ҳар меҳнати худ роҳат мебинем. Чи хеле дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, онҳое, ки дар дунёи нав зиндагӣ мекунанд, «беҳуда меҳнат нахоҳанд кард» (Ишаъё 65:21–23).
Маълумоти беҳтарин
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Замин аз дониши Яҳува пур мешавад» (Ишаъё 11:9). Одамоне, ки дар биҳишт зиндагӣ мекунанд хиради бепоёни Офаридгор, Яҳуваро меомӯзанд ва дар бораи чизҳои зебое, ки ӯ офарид, дониш мегиранд. Онҳо дониши худро барои сохтани олотҳои ҷангӣ ё барои ба дигарон зарар расондан истифода намебаранд (Ишаъё 2:4). Баръакс, онҳо чӣ тавр бо ҳам дар сулҳу ягонагӣ зистан ва нигоҳубини заминро ёд мегиранд (Забур 37:11).
Ҳаёти беохир
Худо ғамхорӣ карда заминро тавре офарид, то мо ҳар рӯз аз ҳаёт хурсандӣ гирифта тавонем. Ӯ ният дорад, ки одамизод дар замин то абад зиндагӣ кунад (Забур 37:29; Ишаъё 45:18). Барои амалӣ гаштани ин нияташ Парвардигор «маргро абадан нест мекунад» (Ишаъё 25:8). Ӯ ваъда медиҳад, ки «марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:4). Худо ба тамоми инсоният — ҳам ба касоне, ки ҳангоми нобуд шудани ҷаҳони нопок зинда мемонанд ва ҳам ба шумораи беҳисоби касоне, ки дар дунёи нав зинда мешаванд — имконияти ҷовидона зистанро медиҳад (Юҳанно 5:28, 29; Корнома 24:15).
Барои наҷот ёфтан ҳангоми нобудшавии ин дунёи нопок ва зистан дар ҷаҳони беҳтаре, ки ба қарибӣ меояд, бисёртар маълумот гиред. Аз ягон Шоҳиди Яҳува хоҳиш кунед, ки бо ёрии китоби «То абад зинда бошед!» бо шумо Китоби Муқаддасро омӯзад. Омӯзиш бепул аст.