Оё ин ҷаҳон ба охир расида истодааст?
Эҳтимол, шумо хабар доред, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи ба охир расидани ин ҷаҳон гуфта шудааст (1 Юҳанно 2:17). Оё ин маънои онро дорад, ки тамоми одамон аз замин нест карда мешаванд? Магар дар сайёраи Замин ягон ҷонзот намемонад ё он тамоман несту нобуд мегардад?
МУВОФИҚИ КИТОБИ МУҚАДДАС БА ҲАР ДУИ ИН САВОЛ ҶАВОБ «НЕ» АСТ!
Кӣ ё чӣ боқӣ мемонад?
ОДАМИЗОД
Ҷавоби Китоби Муқаддас: «Офарандаи замин... онро на беҳуда, балки барои зист офаридааст» (ИШАЪЁ 45:18).
САЙЁРАИ ЗАМИН
Ҷавоби Китоби Муқаддас: «Насле меравад ва насле меояд, аммо замин то абад пойдор аст» (ПАНДГӮ 1:4).
ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД: Мувофиқи Китоби Муқаддас замин ҳеҷ гоҳ нест намешавад ва дар он доимо зисту зиндагонӣ хоҳанд кард. Набошад, нест шудани ҷаҳон чӣ маъно дорад?
МУҲОКИМАРОНӢ: Дар Китоби Муқаддас ҷаҳони имрӯзаи мо бо рӯзҳои ҳазрати Нӯҳ монанд карда шудааст. Он вақт «замин пур аз зулму ситам» гашта буд (1 Мӯсо 6:13). Лекин Нӯҳ марди росткор буд. Барои ҳамин Худованд ӯ ва аҳли оилаашро наҷот дод, вале одамони бадкорро дар тӯфон нест кард. Воқеаи он замонро Китоби Муқаддас чунин тасвир мекунад: «Дунёи онвақта зери об монда ба ҳалокат расид» (2 Петрус 3:6). Ҳамин тавр ҷаҳони онвақта нест карда шуд. Вале, дар асл, чӣ нест карда шуд? Одамони бад аз рӯйи замин нобуд шуданд, на ин ки замин. Аз ин рӯ, вақте дар Китоби Муқаддас гап дар бораи охири ҷаҳон меравад, он маънои батамом нест кардани сайёраи моро надорад. Баръакс, он нест шудани одамони бад ва сохтореро, ки онҳо дар ин ҷаҳон ҷорӣ карданд, дар назар дорад.
Чӣ нест мешавад?
ДУШВОРӢ ВА БАДКОРИҲО
Ҷавоби Китоби Муқаддас: «Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад, ба маконаш назар хоҳӣ кард, вале ӯро нахоҳӣ дид. Аммо нармдилон соҳиби замин мешаванд ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд» (ЗАБУР 37:10, 11).
ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД: Дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар тӯфон бадиҳоро батамом шуста набурд. Баъди он боз одамони бад ҳаёти ҳамаро талх мекарданд. Ба наздикӣ Худованд тамоми бадиҳоро решакан мекунад ва чи хеле ки дар Забур гуфта шудааст, «бадкор боқӣ намемонад». Парвардигор тамоми бадиро ба воситаи Подшоҳиаш нест мекунад, яъне ба воситаи ҳукумати осмоние, ки бар одамони итоаткор ҳукмронӣ менамояд.
МУҲОКИМАРОНӢ: Оё роҳбарони ҷаҳон Подшоҳии Худоро хурсандона дастгирӣ мекунанд? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки не. Онҳо бехирадона амал карда зидди Подшоҳии Худо мебароянд (Забур 2:2). Оқибат чӣ мешавад? Подшоҳии Худо ҳокимиятҳои инсониро аз байн мебарад ва «худаш бошад, то абад мемонад» (Дониёл 2:44). Пас, чаро тарзи ҳукмронии инсонӣ бояд ба охир расад?
МО НИЁЗ ДОРЕМ, ки тарзи ҳукмронии инсонӣ ба охир расад
Ҷавоби Китоби Муқаддас: «Касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад» (ИРМИЁ 10:23).
ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД: Одамизод барои он офарида нашудааст, ки бар худ ҳукмронӣ кунад. Онҳо аз уҳдаи бар дигарон ҳукмронӣ кардан ва ҳал намудани душвориҳо ба хубӣ баромада наметавонанд.
МУҲОКИМАРОНӢ: Мувофиқи як маълумотнома ба назар чунин менамояд, ки зӯри ҳукуматҳои алоҳида намерасад, ки «пеши роҳи қашшоқӣ, гуруснагӣ, касалиҳо, офатҳои табиӣ, ҷангҳо ё зӯровариҳои дигарро гиранд». Дар он ҷо инчунин гуфта мешавад: «Баъзеҳо... бовар мекунанд, ки танҳо ҳукумати ҷаҳонӣ ба ин проблемаҳо нуқта монда метавонад» («Britannica Academic»). Лекин ҳатто, агар ҳама ҳокимиятҳои инсонӣ муттаҳид шаванд ҳам, ҷаҳонро одамони нокомил роҳбарӣ хоҳанд кард, ки онҳо душвориҳои дар боло номбаршударо ҳал карда наметавонанд. Танҳо Подшоҳии Худо ягона ҳокимияте мебошад, ки барои пурра нест кардани душвориҳои ҷаҳон қудрат дорад.
Пас, аз рӯйи суханони Китоби Муқаддас одамони хуб набояд аз нест шудани ин ҷаҳон, яъне замонаи бад, ба ҳарос оянд. Баръакс, ҳамаи мо онро бесаброна интизорем, чунки ҷойи ин дунёи вайрону куҳнаро дунёи нав — Подшоҳии бемисли Худо, мегирад.
Ҳамаи ин кай мешавад? Ба ин савол дар мақолаи навбатӣ ҷавоби Китоби Муқаддас оварда шудааст.