Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷаҳони бад кай нест мешавад?

Ҷаҳони бад кай нест мешавад?

Чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, вақте дар Китоби Муқаддас гап дар бораи охири замона меравад, ин маънои тамоман нест шудани замин ё инсониятро надорад. Баръакс, ин маънои онро дорад, ки дунёи нопоки ҳозира ва касоне, ки бадкориҳои онро дастгирӣ мекунанд, нест хоҳанд шуд. Вале оё дар Китоби Муқаддас вақти нест шудани ин дунёи нопок гуфта шудааст? Биёед фаҳмем, ки Исо-пайғамбар дар ин бора чӣ мегӯяд.

ДУ ЧИЗЕ, КИ ИСО ДАР БОРАИ ОХИРЗАМОН ГУФТА БУД:

«Бинобар ин бедор бошед, зеро он рӯз ва соатро намедонед» (МАТТО 25:13).

«Бодиққат ва ҳушёр бошед, зеро намедонед, ки вақти муқарраршуда кай фаро мерасад» (МАРҚУС 13:33).

Аз ин оятҳо фаҳмидан мумкин аст, ки ягон кас аниқ намедонад, ки ин замона кай ба охир мерасад. Лекин Худованд «рӯз ва соат»-и нест кардани ин ҷаҳони нопокро аниқ муқаррар кардааст (Матто 24:36). Оё ин маънои онро дорад, ки барои наздик будани он рӯзро фаҳмидан ягон илоҷ нест? Албатта не. Воқеаҳое, ки Исо ба шогирдонаш гуфт, нишон медиҳанд, ки анҷом хеле наздик аст.

АЛОМАТ

Воқеаҳои овардашударо аломати «охирзамон» гуфтан мумкин аст. Исо гуфта буд: «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву заминҷунбӣ мешавад» (Матто 24:3, 7). Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки «вабоҳо» — касалиҳои сироятии ҳалокатовар сар мезананд (Луқо 21:11). Оё шумо воқеаҳоеро, ки Исо пешгӯйӣ карда буд, бо чашмони худ мебинед?

Имрӯз одамон аз ҷангҳои харобиовар, гушнагӣ ва заминҷунбиҳо, ҳамчунин аз бемориҳои пайдарпай азоб мекашанд. Масалан, соли 2004 аз сабаби заминҷунбии сахт дар Уқёнуси Ҳинд сунамии шадид ба амал омад, ки тақрибан 225 000 одам ҳалок гашт. Дар давоми се соли вабои COVID-19 дар тамоми ҷаҳон тақрибан 6,9 миллион одам аз дунё гузашт. Воқеаҳое, ки Исо гуфта буд, нишон медиҳанд, ки охири ин замона наздик аст.

«РӮЗҲОИ ОХИР»

Дар Китоби Муқаддас замони пеш аз анҷом «рӯзҳои охир» номида шудааст (2 Петрус 3:3, 4). Дар 2 Тимотиюс 3:1–5 гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои охир одамон меъёрҳои ахлоқии хубро рад мекунанд. (Ба чорчӯбаи  «Каме пеш аз анҷоми ин ҷаҳон» нигаред.) Магар шумо одамони худбин, бахил, ваҳшӣ ва бемеҳру оқибатро намебинед? Ҳамаи ин аниқу равшан нишон медиҳад, ки анҷоми ин дунё хеле наздик аст.

Рӯзҳои охир чӣ қадар давом меёбанд? Аз рӯйи суханони Китоби Муқаддас вақти ин дунё «кам мондааст». Баъд Парвардигор «нобудгарони замин»-ро нобуд мекунад (Ошкорсозӣ 11:15–18; 12:12).

БА ҚАРИБӢ РӮЙИ ЗАМИН БИҲИШТ МЕШАВАД!

Худо барои нест кардани ин замонаи нопок аллакай рӯз ва соатро муқаррар кардааст (Матто 24:36). Вале хабари хуше ҳам ҳаст. Худо «нобуд шудани касеро намехоҳад» (2 Петрус 3:9). Офаридгор ба мо имконият медиҳад, ки дар бораи меъёрҳои ӯ дониш гирем ва ба ӯ итоат намоем. Чаро? Чунки ӯ мехоҳад, ки мо ҳангоми нест шудани ин ҷаҳон наҷот ёбем ва дар дунёи нави ӯ, яъне дар биҳишти рӯйи замин, зиндагӣ кунем.

Худованд барномаи таълимии умумиҷаҳониро ташкил дод, то одамон донанд, ки чӣ тавр дар таҳти роҳбарии Подшоҳии Худо зиндагӣ карда метавонанд. Исо гуфта буд, ки хушхабар дар бораи Подшоҳӣ «дар тамоми дунё эълон карда мешавад» (Матто 24:14). Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон барои паҳн кардани хабари умедбахш миллиардҳо соатро сарф карданд. Исо гуфта буд, ки ин кори мавъиза то омадани анҷом дар саросари ҷаҳон паҳн хоҳад шуд.

Вақти ҳукмронии одамон ба поён расида истодааст, вале хабари хуш дар он аст, ки шумо метавонед наҷот ёбед ва дар биҳишти ваъдакардаи Худо зиндагӣ кунед. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр шумо соҳиби дунёи нав гашта метавонед.

Пешгӯйии Исо дар бораи «рӯзҳои охир» ба мо умед мебахшад