ТАРҶУМАИ ҲОЛ
«Акнун хизмат ҷону дилам аст!»
МАН дар шаҳри Балклута, ҷазираи ҷанубии Зеландияи Нав, ба воя расидаам. Дар хурдӣ ман Яҳува ва ҳақиқатро дӯст медоштам. Вохӯриҳо барои ман ҳеҷ гоҳ дилгиркунанда набуданд, ман бо ҷону дил ба онҳо мерафтам, дар он ҷо худро хурсанду осуда ҳис мекардам. Шармгин бошам ҳам, ҳар ҳафта ба хизмат рафтан ба ман маъқул буд. Ман аз мавъиза кардан ба ҳамсинфон ва дигарон наметарсидам. Фахр мекардам, ки Шоҳиди Яҳува ҳастам ва дар 11-солагӣ ҳаёти худро ба Худо бахшидам.
ХУРСАНДИАМРО ГУМ МЕКУНАМ
Сад афсӯс, ки дар айёми наврасиам муносибатам бо Яҳува суст шуд. Ба назарам чунин менамуд, ки ҳамсинфонам озодии хеле калон доранд ва ман ҳам он озодиро доштан мехостам. Акнун қоидаҳои волидонам, меъёрҳои Яҳува ва корҳои рӯҳонӣ бароям гарон метофтанд. Ман ҳеҷ вақт ба вуҷуд доштани Яҳува шубҳа надоштам, лекин он вақт худро ба Ӯ наздик ҳис намекардам.
Ман хизматро тамоман бас накардаму лекин торафт кам ба хизмат мебаромадам. Ба мавъиза ман ҳама вақт бе тайёрӣ мерафтам, аз ин рӯ ба сар кардани сӯҳбат ва давом додани он душворӣ мекашидам. Дар натиҷа, ман ягон боздид ва омӯзиш пайдо карда наметавонистам ва хизмат ҳеҷ хурсандӣ намеовард. Баръакс, торафт дилам аз он хунук мешуд. Ба худ мегуфтам: «Чӣ хел дигарон ин кори дилгиркунандаро карда мегарданд?»
Вақте 17-сола шудам, бисёр хостам, ки мустақил бошам. Барои ҳамин чизу чораамро ҷамъ карда ба Австралия кӯчидам. Волидонам зиқ шуданд, ки ман аз хона рафтам. Онҳо аз ман хавотир мешуданд, вале фикр мекарданд, ки ман ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳам.
Дар Австралия ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ боз ҳам бадтар суст шудам. Ба ҷамъомадҳо як-як мерафтам. Ва бо ҷавононе дӯст шудам, ки мисли ман як бегоҳ ба ҷамъомад мерафтанду дигар бегоҳиҳо рақсу майнушӣ карда дар клубҳо вақтхушӣ мекарданд. Ба ақиб нигоҳ карда ман дарк мекунам, ки як поям дар роҳи ҳақиқат буду як поям дар ин ҷаҳон, вале дар асл, ман на ин сӯ будаму на он сӯ.
НОГАҲОН ДАРСИ ХЕЛЕ МУҲИМ МЕОМӮЗАМ
Қариб ду сол пас, ман бо хоҳаре шинос шудам, ки ба фикрронии ман таъсир кард. Худи ӯ намедонист, ки то чӣ андоза ба ман ёрдам кард. Ӯ зани нозири ноҳиявӣ Тамара буд. Ман дар хонае бо панҷ хоҳари муҷаррад меистодам ва мо духтарон он ҳамсаронро даъват кардем, ки як ҳафта бо мо истанд. Вақте шавҳари ӯ бо корҳои ҷамъомад банд буд, Тамара вақташро бо мо духтарон мегузаронд ва мо якҷоя бисёр механдидем. Ин ба ман маъқул буд. Ӯ бисёр инсони хоксор ва одӣ буд ва бо ӯ ҳамсӯҳбат шудан осон буд. Ман ҳайрон мешудам, ки чӣ хел одами ин қадар рӯҳонӣ шӯх ва хушчақчақ буда метавонад.
Тамара бисёр хоҳари чобуку боғайрат буд. Муҳаббате, ки вай ба ҳақиқат ва хизмат дошт, ба кас бетаъсир намемонд. Ӯ дар хизмати Яҳува ҳама буду шудашро медод ва аз ин хурсандӣ мегирифт, ман бошам, ниму нимкола хизмат мекардаму боз таги дилам зиқ буд. Рӯҳияи хуби Тамара ва қаноатмандии ҳақиқие, ки ман дар ӯ медидам, ба ҳаёти ман таъсири калон расонд. Намунаи Тамара диққати маро ба як фикри муҳими Китоби Муқаддас равона кард, ки Яҳува мехоҳад ҳамаи мо Ӯро «бо шодӣ ибодат» кунем (Заб. 99:2).
АЗ НАВ БА ХИЗМАТ ШАВҚ ПАЙДО МЕКУНАМ
Ман мехостам он хурсандиеро дошта бошам, ки Тамара дошт, лекин барои ин бояд ба ҳаётам дигаргуниҳои калон медаровардам. Ин осон набуд ва қариб баъди се сол ман оҳиста-оҳиста дигар шудам. Ман акнун ба хизмат тайёрӣ медидам ва баъзан чун пешрави ёвар хизмат мекардам. Ин ба ман ёрдам кард, ки ҳангоми хизмат камта́р ба тарсу ҳаяҷон оям ва ба худ боварии бештар пайдо кунам. Азбаски Китоби Муқаддасро дар мавъиза аз пештара зиёдтар истифода мебурдам, хизмат ба ман бисёртар хурсандӣ меовард. Ва чанде нагузашта ман ҳар моҳ пешрави ёвар шуда хизмат кардам.
Ман дар ҷамъомад бо одамони синну солашон гуногун, ки ба Яҳува чизи беҳтаринашонро медоданду аз хизмати Ӯ хурсанд буданд, дӯст шудам.
Намунаи хуби онҳо ба ман кӯмак кард, то дар ҳаётам чӣ аз ҳама муҳим буданашро дарк кунам ва одат пайдо кунам, ки ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонам. Ҳамин тавр, ман аз хизмат торафт хурсандии бештар мегирифтам ва ниҳоят пешрави доимӣ шудам. Баъди ин қадар солҳои зиёд ман якум бор худро осудаву хушбахт ҳис кардам ва ҷамъомад хонаи ман гашт.ДАР ХИЗМАТИ ПЕШРАВӢ ҲАМРОҲИ ДОИМӢ МЕЁБАМ
Як сол пас, ман бо Алекс ном бародари меҳрубон ва самимӣ шинос шудам, ки Яҳува ва хизматро бисёр дӯст медошт. Ӯ хизматгузори ҷамъомад буд ва шаш сол боз пешрав шуда хизмат мекард. Инчунин Алекс 7–8 моҳ дар Малави, ки дар он ҷо воизон намерасиданд, хизмат карда буд. Он ҷо бо миссионерон хизмат ва муошират карда ӯ аз онҳо ибрат гирифт, ки хизмати Яҳуваро ҳамеша дар ҷойи аввал монад.
Соли 2003 ману Алекс оиладор шудем ва то имрӯз хизмати пурравақтро давом медиҳем. Давоми ин солҳо мо бисёр дарсҳои хуб омӯхтем ва Яҳува моро бениҳоят баракат дод.
ЯҲУВА МОРО БЕШТАР БАРАКАТ ДОД
Соли 2009 моро чун миссионер ба Тимори Шарқӣ таъйин карданд. Ин мамлакати хурдест дар галаҷазираҳои Индонезия. Мо ҳам хурсанд ва ҳам дар ҳаяҷон будем. Баъди панҷ моҳ мо ба пойтахти он давлат — шаҳри Дили ҳозир шудем.
Зиндагӣ дар ин ҷо аз ҷойи пештараамон тамоман фарқ мекард. Мо бояд ба маданият, забон, хурду хӯрок ва шароити нав одат мекардем. Бисёр одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрдем, аз ҳад камбизоат, саводнокиашон паст ва ранҷу ситамдида буданд. Бисёриҳо аз сабаби ҷангу зӯровариҳое, ки пеш дар он ҷо сар зада буд, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ душворӣ доштанд *.
Хизмат кардан дар ин ҷо ба мо маъқул буд! Масалан, боре ман духтараки ғамгини 13-солаеро *. Модари ӯ чанд сол пеш гузашта буд ва ӯ падарашро дер-дер медид. Мисли бисёр кӯдакони дигар ӯ низ ошуфтаву ҳайрон буд ва ба чӣ бахшидани ҳаёташро намедонист. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел Мария рӯзе гиря карда дарди дилашро ба ман гуфт. Лекин, ман намефаҳмидам, ки ӯ дар бораи чӣ гап мезанад, чунки ҳоло забони ӯро нағз намедонистам. Ман ба Яҳува дуо гуфта кӯмак пурсидам, ки он духтаракро дилбардорӣ карда тавонам, баъд аз Калом якчанд оятҳои рӯҳбаландкунандаро ба ӯ хондам. Аз он воқеа якчанд сол сипарӣ шуд ва ман шоҳиди он шудам, ки чӣ хел ҳақиқати Каломи Худо рафтор, намуди зоҳирӣ ва ҳаёти Марияро дигар кардааст. Ӯ таъмид гирифт ва ҳоло худаш бо дигарон омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронад. Имрӯз Мария оилаи калони рӯҳонӣ дорад ва худро дар иҳотаи онҳо боқадру даркорӣ ҳис мекунад.
вохӯрдам, ки Мария ном доштЯҳува кори мавъизаро дар Тимори Шарқӣ баракат дода истодааст. Ҳарчанд аксари воизон дар давоми 10 соли охир таъмид гирифтанд, ҳоло бисёри онҳо чун пешрав, хизматгузори ҷамъомад ё чун пир хизмат мекунанд. Дигарон бошанд, дар офиси дурдасти тарҷумонӣ фаъолият карда ғизои рӯҳониро ба забонҳои маҳаллӣ тарҷума мекунанд. Вақте ман дар вохӯриҳо суруд сароидани онҳоро мешунидам, чеҳраҳои аз табассум дурахшони онҳоро медидам ва рушди рӯҳониашонро мушоҳида мекардам, дилам аз шодӣ лабрез мешуд.
МАН АЗ ИН ХУШБАХТИИ ЗИЁДРО ТАСАВВУР КАРДА НАМЕТАВОНАМ
Зиндагӣ дар Тимори Шарқӣ аз Австралия тамоман фарқ кунад ҳам, ман ҳаёти аз ин хушбахттарро тасаввур карда наметавонистам. Баъзан автобусе, ки мо савор мешудем, хурд бошад ҳам, дарунаш пури одам буд ва боз аҷоибаш ин, ки ба он як гала моҳии хушк ва сабзавотро низ аз бозори маҳаллӣ меғунҷонданд. Баъзе рӯзҳо мо дар хонаи гарм ва хурдакаке, ки фаршаш хокӣ буду мурғон ин сӯ он сӯ медавиданд, омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондем. Вале нигоҳ накарда ба душвориҳо ман бисёр вақт ба худ мегуфтам, ки чӣ қадар ҳаёти шавқовар дорам!
Ба гузашта назар карда аз волидонам бисёр миннатдорам, ки онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда, ба ман роҳҳои Яҳуваро таълим доданд ва маро дастгирӣ намуданд, ҳатто дар айёми душвори наврасиам. Суханони Масалҳо 22:6 дар мавриди ман рост меоянд. Падару модарам аз ману Алекс фахр мекунанд; онҳо хурсанданд, ки мо дар хизмати Яҳува ҳастем. Соли 2016 шавҳарамро нозири ноҳиявӣ таъйин намуданд ва аз он сол инҷониб мо дар минтақаи филиали Австралосиё дар ин таъйинот хизмат мекунем.
Ҳоло ба худ бовариам намеояд, ки чӣ хел як вақтҳо хизмат бароям дилгиркунанда буд. Вале, акнун хизмат ҷону дилам аст! Ман дарк кардам, ки новобаста аз пастию баландиҳои ҳаёт, агар ба Худо аз таҳти дил хизмат кунем, албатта, хурсандии ҳақиқӣ меёбем. Бале, 18 соли охир бо Алекс ба Яҳува хизмат кардан солҳои хушбахттарини ҳаёти ман мебошанд. Ҳоло ман ба ҳақ будани суханони зерини Довуди забурнавис сад фоиз розиам: «Ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард... ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд» (Заб. 5:12).
^ сарх. 21 Дар Тимори Шарқӣ барои ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ аз соли 1975 сар карда давоми 20 сол ҷанг буд.
^ сарх. 22 Ном дигар карда шудааст.