Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22

Оё шумо ганҷҳои ноаёни Яҳуваро қадр мекунед?

Оё шумо ганҷҳои ноаёни Яҳуваро қадр мекунед?

«Ба чизҳои нонамоён назар [дӯзед]. Зеро чизҳои намоён гузарандаанд, вале чизҳои нонамоён ҷовидонӣ» (2 ҚӮР. 4:18).

СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман

ПЕШГУФТОР *

1. Исо дар бораи ганҷҳои осмонӣ чӣ гуфт?

НА ҲАМАИ ганҷҳоро бо чашм дидан мумкин аст. Дар асл ганҷҳои қиматтарин ба чашм ноаёнанд. Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо қайд кард, ки назар ба пулу сарват ганҷҳои осмонӣ арзиши садчандон зиёд доранд. Сипас ӯ илова кард: «Боигарии шумо дар куҷое бошад, дилатон низ дар ҳамон ҷо хоҳад буд» (Мат. 6:19–21). Агар ягон чиз барои мо азиз бошад, мо бо тамоми дил кӯшиш мекунем, ки онро ба даст орем. «Дар осмон боигарӣ ҷамъ» кардан маънои онро дорад, ки мо дар назди Яҳува номи нек пайдо кунем ва розигии Ӯро ба даст орем. Исо гуфт, ки чунин ганҷҳо ҳеҷ гоҳ нобуд намешаванд ё онҳоро дузд намебарад.

2. а) Дар 2 Қӯринтиён 4:17, 18 Павлус ба мо чӣ гуна насиҳат дод? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Павлуси расул насиҳат кард, ки «ба чизҳои нонамоён назар» дӯзем. (2 Қӯринтиён 4:17, 18-ро хонед.) Ба ин чизҳои нонамоён масалан, баракатҳои дунёи нав дохил мешаванд. Лекин дар ин мақола мо чор ганҷи нонамоёнро, ки аллакай имрӯз аз онҳо баҳра бурда метавонем, дида мебароем. Онҳо дӯстӣ бо Худо, имконияти дуо гуфтан, кӯмаки рӯҳи муқаддас ва дастгирии Яҳува, Исо ва фариштагон дар хизмат мебошанд. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр барои ин ганҷҳои рӯҳонӣ ба Яҳува миннатдории худро нишон дода метавонем.

ДӮСТӢ БО ЯҲУВА

3. Ганҷи қиматтарин кадом аст ва чӣ онро имконпазир мегардонад?

3 Ганҷи аз ҳама бебаҳо ин дӯстӣ бо Яҳува Худо мебошад (Заб. 24:14). Чӣ тавр Худои пок бо одамони нокомил дӯстӣ карда метавонад? Инро қурбонии фидияи Исо имконпазир сохтааст, зеро он «гуноҳи ҷаҳонро бартараф мекунад» (Юҳ. 1:29). Яҳува пешакӣ медонист, ки Исо то дами марг содиқ мемонад ва инсониятро наҷот медиҳад. Барои ҳамин Худо ҳатто бо одамоне, ки пеш аз марги Масеҳ зиндагӣ кардаанд, дӯст мешуд (Рум. 3:25).

4. Баъзе дӯстони Худоро, ки то замони Масеҳ зиндагӣ кардаанд, номбар кунед.

4 Биёед мисоли баъзе дӯстони Худоро, ки то замони Масеҳ зиндагӣ кардаанд, дида бароем. Иброҳим шахсе буд, ки имони хеле мустаҳкам дошт. Баъди вафоти Иброҳим беш аз 1000 сол гузашта бошад ҳам, Яҳува ӯро «дӯсти Ман» номид (Иш. 41:8). Ин нишон медиҳад, ки ҳатто марг Яҳуваро аз дӯстони наздикаш ҷудо карда наметавонад. Иброҳим дар хотираи Яҳува зинда аст (Луқ. 20:37, 38). Мисоли дигар Айюб мебошад. Вақте фариштагони осмон дар назди Яҳува ҷамъ омаданд, Яҳува бо ифтихор Айюбро таъриф кард. Ӯ Айюбро «марди беайб ва росткор ва худотарс» номид (Айюб 1:6–8). Дониёл бошад, қариб 80 сол дар сарзамини бегона ба Яҳува содиқона хизмат кард. Яҳува дар бораи ӯ чӣ фикр дошт? Ӯ ба воситаи фариштааш ин хизматгори пиронсолашро се маротиба марди дилписанд номид (Дон. 9:23; 10:11, 19). Бешубҳа, Яҳува рӯзеро пазмон аст, то он дӯстони азизашро эҳё кунад (Айюб 14:15).

Бо кадом роҳҳо мо барои ганҷҳои ноаёни Яҳува миннатдорӣ нишон дода метавонем? (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Барои бо Яҳува дӯсти наздик шудан кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст?

5 Имрӯз миллионҳо одамони нокомил дӯсти Яҳува мебошанд. Зеро шумораи хеле зиёди мардону занон ва кӯдакон тавре зиндагӣ мекунанд, ки ба Худо писанд аст. Яҳува «бо росткорон» маҳрами асрор, яъне дӯсти наздик мегардад (Мас. 3:32). Чунин дӯстӣ ба туфайли имон ба қурбонии фидияи Исо имконпазир аст. Ба касе ки ба фидия имон дорад, Худои меҳрубон иҷозат медиҳад, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшида таъмид гирад. Вақте шахс ин қадамҳои муҳимро мегузорад, ба сафи миллионҳо пайравони Масеҳ ҳамроҳ мешавад, ки бо Парвардигори олам дӯстӣ доранд.

6. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дӯстиро бо Худо қадр мекунем?

6 Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки дӯстиро бо Худо қадр мекунем? Новобаста аз он ки мо чанд сол боз дар роҳи ҳақиқат ҳастем, бояд мисли Иброҳим ва Айюб ба Яҳува содиқ монем. Онҳо беш аз сад сол ба Яҳува содиқона хизмат карданд. Инчунин хуб мебуд, ки мисли Дониёл муносибатамонро бо Яҳува аз ҷон азизтар донем (Дон. 6:7, 10, 16, 22). Бо кӯмаки Яҳува мо метавонем ба ҳар гуна озмоиш истодагарӣ кунем ва ҳамин тавр дӯстиамонро бо Ӯ нигоҳ дорем (Флп. 4:13).

ИМКОНИЯТИ ДУО ГУФТАН

7. а) Дар Масалҳо 15:8 оиди дуо чӣ гуфта шудааст? б) Яҳува ба дуоҳои мо чӣ хел ҷавоб медиҳад?

7 Боз як ганҷи нонамоён дуо аст. Дӯстони наздик фикру ҳиссиёти худро ба якдигар мегӯянд. Оё бо Яҳува низ чунин муносибати наздик доштан мумкин аст? Бале. Яҳува бо мо ба воситаи Каломаш гап зада фикру ҳиссиёташро ошкор месозад. Мо бошем, дар дуо бо Ӯ гап мезанем ва фикру ҳиссиёти ниҳонии худро баён карда метавонем. Яҳува дуоҳои моро бо хурсандӣ гӯш мекунад. (Масалҳо 15:8-ро хонед.) Чун Падари ғамхор Яҳува дуоҳои моро на танҳо гӯш мекунад, балки ба онҳо ҷавоб медиҳад. Баъзан мо ба дуоямон тез ҷавоб мегирем. Аммо баъзан оиди ин ё он масъала шояд гаштаву баргашта дуо гуфтан лозим аст. Ба ҳар ҳол, мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ ҳатман дар вақти мувофиқ ва ба таври беҳтарин ҷавоб хоҳад дод. Албатта, ҷавоби Худо метавонад аз он чизе ки мо интизорем фарқ кунад. Масалан, ба ҷои бартараф кардани душворӣ Яҳува метавонад ба мо хирад ва қувват диҳад, то истодагарӣ кунем (1 Қӯр. 10:13).

(Ба сархати 8 нигаред.) *

8. Барои дуо, ки атои бебаҳо аст, чӣ тавр миннатдории худро нишон дода метавонем?

8 Мо барои дуо, ки атои бебаҳо аст, чӣ тавр миннатдории худро нишон дода метавонем? Яҳува гуфт, яке аз роҳҳо ин «ҳама вақт дуо» гуфтан аст (1 Тас. 5:17). Яҳува моро маҷбур намекунад, ки ба Ӯ дуо гӯем. Баръакс, Ӯ мехоҳад, ки мо бо ихтиёри худ «ҳамеша дуо» гӯем (Рум. 12:12). Дар як рӯз якчанд бор ба Ӯ дуо гуфта мо миннатдории худро барои ин неъматаш нишон дода метавонем. Хуб мебуд, ки мо дар дуо на танҳо кӯмак пурсем, балки ба Яҳува шукрона кунем ва ба номаш ҳамду сано хонем (Заб. 144:2, 3).

9. Як бародар дар бораи дуо чӣ мегӯяд ва шахсан шумо оиди ин неъмати Худо чӣ фикр доред?

9 Агар мо чандин сол ба Яҳува хизмат карда истода бошем, шояд борҳои зиёд дидаем, ки Ӯ бо роҳҳои гуногун ба дуоҳоямон ҷавоб додааст. Барои ҳамин мо дуоро боз ҳам зиёдтар қадр мекунем. Масалан, Крис ном бародар, ки 47 сол боз дар хизмати пурравақт аст, мегӯяд: «Ман саҳарии барвақт хеста ба Яҳува баҳузур дуо гуфтанро дӯст медорам. Ҳангоми намоён шудани нурҳои аввалини офтоб ва дурахшидани қатраҳои зебои шабнам бо Яҳува гап задан ба кас ҳаловати хоса мебахшад. Инро дида аз қаъри дилам хоҳише ҷӯш мезанад, ки барои тамоми неъматҳои Худованд, аз он ҷумла барои атои дуо шукрона гӯям. Ва шабона бошад, дуо гуфта ман бо виҷдони пок хоб меравам».

КӮМАКИ РӮҲИ МУҚАДДАС

10. Чаро мо бояд барои рӯҳи муқаддаси Яҳува миннатдор бошем?

10 Боз як ганҷи ноаён қувваи фаъоли Худо мебошад, ки мо бояд онро қадр кунем. Исо ба мо насиҳат дод, ки дар дуо пайваста аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем (Луқ. 11:9, 13). Ба воситаи рӯҳи муқаддас Яҳува ба мо «қувваи барзиёд» ато мекунад (2 Қӯр. 4:7; Аъм. 1:8). Бо ёрии рӯҳи Яҳува мо ба ҳар гуна озмоишҳо тоб оварда метавонем.

(Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Рӯҳи муқаддаси Яҳува аз кадом ҷиҳатҳо ба мо кӯмак мекунад?

11 Рӯҳи муқаддас метавонад қобилияту маҳорати моро беҳтар гардонад, то ки мо масъулиятҳои дар ташкилот доштаамонро иҷро карда тавонем. Мо медонем, ки натиҷаҳои хубро дар хизмати Яҳува на бо қуввати худамон, балки маҳз бо мадади рӯҳи муқаддаси Яҳува ба даст меорем.

12. Мувофиқи Забур 138:23, 24 мо дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем?

12 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки рӯҳи муқаддаси Худоро қадр мекунем? Масалан, агар дуо гӯем, ки Яҳува бо воситаи рӯҳи муқаддасаш барои пай бурдани фикру хоҳишҳои нодурустамон кӯмак кунад. (Забур 138:23, 24-ро хонед.) Агар мо ҳамин тавр дуо гӯем, Яҳува бо воситаи рӯҳаш ба мо майлҳои нодурустамонро ошкор мекунад. Вақте мо камбудии худро мефаҳмем, хуб мебуд, ки аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем, то барои ислоҳ шудан кӯмак кунад. Ҳамин тавр, мо нишон медиҳем, ки аз ҳар чизе ки ба Яҳува писанд нест, худро дур кашидан мехоҳем. Вагарна Ӯ ба мо рӯҳи муқаддасашро дигар намедиҳад (Эфс. 4:30).

13. Чӣ тавр мо барои рӯҳи муқаддас миннатдориамонро зиёд карда метавонем?

13 Чӣ кор кунем, то миннатдориамон барои рӯҳи муқаддас афзояд? Дар бораи комёбиҳои имрӯзаи ташкилот мулоҳиза ронед. Исо пеш аз ба осмон рафтан ба шогирдонаш гуфт: «Вақте ки рӯҳи муқаддас бар шумо мефарояд, қувват меёбед ва... то гӯшаю канори замин дар бораи ман шаҳодат медиҳед» (Аъм. 1:8). Ин суханон дар рӯзҳои мо аниқ иҷро шуда истодаанд. Бо мадади рӯҳи Худо қариб ҳаштуним миллион нафар дар саросари ҷаҳон хизматгори Яҳува гаштанд. Инчунин халқи Худо аз биҳишти рӯҳонӣ баҳраманд аст, зеро рӯҳи муқаддас ба мо барои инкишоф додани хислатҳои зебои «самари рӯҳ» — муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, имон, ҳалимӣ ва худдорӣ кӯмак мекунад (Ғал. 5:22, 23). Оре, рӯҳи муқаддас неъмати бебаҳост!

ҲАМКОРӢ БО ЯҲУВА, ИСО ВА ФАРИШТАГОН

14. Дар хизмат мо чӣ гуна кӯмаки ноаёнро ҳис мекунем?

14 Ҳар гоҳе ки мо ба хизмат меравем, мо бо Яҳува, Исо ва фариштагон ҳамкорӣ мекунем, ки ин низ ганҷи ноаён аст (2 Қӯр. 6:1). Павлус дар бораи худ ва онҳое, ки дар ин кор иштирок мекунанд, чунин гуфт: «Мо ҳамкорони Худо ҳастем» (1 Қӯр. 3:9). Дар мавъиза мо ҳамчунин бо Исо ҳамкорӣ мекунем. Зеро Исо баъд аз супориш додани амри шогирдсозӣ чунин гуфт: «Ман ҳамеша... бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Дар бораи фариштагон чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо барои «хушхабари абадиро ба сокинони замин» эълон кардан моро роҳнамоӣ мекунанд, ки мо барои ин аз Яҳува хеле миннатдорем! (Ваҳй 14:6).

15. Аз Китоби Муқаддас мисол оварда фаҳмонед, ки Яҳува дар хизмати мо кадом нақши муҳимро мебозад.

15 Бо чунин мададе, ки аз осмон меояд, мо ба чӣ муваффақ шуда истодаем? Вақте мо мавъиза карда тухми ҳақиқатро ба дили одамон мекорем, баъзеи онҳо сабзида бор меоранд (Мат. 13:18, 23). Кӣ он тухмиҳоро месабзонад? Исо гуфт: «Ҳеҷ кас назди ман омада наметавонад, бе он ки Падаре, ки маро фиристодааст, ӯро ҷалб кунад» (Юҳ. 6:44). Оиди ин дар Китоби Муқаддас мисоли аниқ оварда шудааст. Мавридеро ба хотир оред, ки чӣ тавр Павлус дар беруни шаҳри Филиппӣ ба як гурӯҳ занон шаҳодат дод. Каломи Худо дар бораи яке аз онҳо, ки Лидия ном дошт, мегӯяд: «Яҳува дилашро кушод, то суханони [Павлусро] қабул кунад» (Аъм. 16:13–15). Яҳува чуноне ки Лидияро ҷалб кард, имрӯз низ дили миллионҳо одамонро барои қабул кардани ҳақиқат кушодааст.

16. Барои муваффақиятҳо дар хизматамон кӣ сазовори таърифу ситоиш аст?

16 Барои ҳар гуна муваффақиятҳое, ки мо дар хизмат ба даст меорем, дар асл кӣ сазовори таърифу ситоиш аст? Павлус дар Нома ба қӯринтиён чунин гуфт: «Ман коштам, Апуллус об дод, лекин Худо сабзонид, бинобар ин на корандаро бояд ҷалол дод ва на обдиҳандаро, балки Худои сабзонандаро» (1 Қӯр. 3:6, 7). Мисли Павлус мо ҳам мехоҳем барои натиҷаҳои хуби хизматамон Яҳуваро ҷалол диҳем.

17. Чӣ хел мо барои ҳамкорӣ бо Худо, Масеҳ ва фариштагон миннатдорӣ нишон дода метавонем?

17 Барои ҳамкорӣ бо Яҳува, Исо ва фариштагон мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем? Агар барои хушхабарро ба дигарон нақл кардан ҳар як имкониятро истифода барем. Масалан, мо метавонем дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳам хона ба хона мавъиза кунем (Аъм. 20:20). Бисёриҳо ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат медиҳанд. Вақте онҳо ягон шахси бегонаро вомехӯранд, бо ӯ дӯстона салом карда, аз дур сӯҳбатро сар мекунанд. Агар шахс ба сӯҳбат моил бошад, онҳо боадабона хушхабарро ба ӯ мерасонанд.

(Ба сархати 18 нигаред.) *

18, 19. а) Чӣ тавр мо тухми кошташудаи ҳақиқатро об медиҳем? б) Нақл кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба як омӯзандаи Китоби Муқаддас ёрдам кард.

18 Чун ҳамкорони Худо мо тухми хақиқатро на танҳо мекорем, балки онро об ҳам медиҳем. Вақте кас ба Каломи Худо шавқманд мешавад, мо кӯшиш мекунем ӯро боздид кунем ё суроғаашро ба воизи дигар диҳем, то ӯ бо вай вохӯрда омӯзиш сар кунад. Агар омӯзанда пешравӣ карда бо ёрдами Яҳува фикру рафтори нодурусташро ислоҳ кунад, мо беҳад хурсанд мешавем.

19 Биёед мисоли Рафалаланиро, ки аз Африқои Ҷанубӣ аст, дида бароем. Ӯ бо куфу суф одамонро табобат мекард. Вай омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва чизҳои фаҳмидааш ба ӯ маъқул шуд. Вале вақте вай фаҳмид, ки дар Каломи Худо оиди бо мурдагон гап задан чӣ гуфта шудааст, бо мушкилии калон дучор шуд (Такр. Ш. 18:10–12). Оҳиста-оҳиста ӯ бо ёрдами Яҳува фикррониашро дигар кард. Оқибат вай кори пештараашро партофт, ҳарчанд он манбаи даромадаш буд. Рафалалани, ки ҳоло 60-сола аст, мегӯяд: «Ман аз Шоҳидони Яҳува хеле миннатдорам, ки бо роҳҳои зиёд, аз он ҷумла барои ёфтани кор, ба ман кӯмак карданд. Пеш аз ҳама ман аз Яҳува сипосгузорам, зеро Ӯ барои ҳаётамро дигар кардан ёрдам дод. Ҳоло ман дар қатори Шоҳидонаш ба Ӯ хизмат карда метавонам».

20. Шумо ба чӣ азми қавӣ доред?

20 Дар ин мақола мо дар бораи чор ганҷи ноаён гап задем. Аз ҳама ганҷи бебаҳо ин дӯстии наздик бо Яҳува мебошад. Маҳз ин ганҷ ба мо имконият медиҳад, ки аз дигар ганҷҳои ноаён баҳраманд шавем, яъне ба Яҳува дуо гӯем, кӯмаки рӯҳи муқаддаси Ӯро ҳис кунем ва дар хизмат бо Яҳува, Исо ва фариштагон ҳамкорӣ намоем. Биёед ин ганҷҳои ноаёнро боз ҳам бештар қадр кунем ва ҳамеша аз Дӯсти беҳамтои худ Яҳува миннатдор бошем.

СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо

^ сарх. 5 Дар мақолаи пешина мо оиди баъзе неъматҳои Худо ҳарф задем. Ин мақола бошад, диққати моро ба баъзе ганҷҳои ноаён равона мекунад. Ва мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба Яҳува — Сарчашмаи ин ганҷҳо сипосгузор бошем ва ҳисси миннатдориамонро боз ҳам зиёдтар гардонем.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: 1) Хоҳаре офаридаҳои Яҳуваро тамошо карда дар бораи дӯстиаш бо Яҳува мулоҳиза меронад.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: 2) Он хоҳар аз Яҳува барои мавъиза кардан ёрдам мепурсад.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: 3) Рӯҳи муқаддас ба хоҳар далерӣ мебахшад, ки ба таври ғайрирасмӣ шаҳодат диҳад.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: 4) Хоҳар бо он зане, ки ба вай ғайрирасмӣ шаҳодат дода буд, омӯзиш мегузаронад. Ӯ кори мавъиза ва шогирдсозиро бо кӯмаки фариштагон ба ҷо меорад.