Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳалимӣ. Чаро доштани ин хислат муҳим аст?

Ҳалимӣ. Чаро доштани ин хислат муҳим аст?

«Ман табиатан одами шармгинам,— мегӯяд Меҳрона *— ва ба болои ин ба худам он қадар боварӣ надорам. Барои ҳамин ман худро дар пеши одамоне, ки ба худ сахт боварӣ доранд ва гапи худро мегузаронанд, ноҳинҷор ҳис мекунам. Лекин бо одамони мулоим ва фурӯтан худро озод ҳис мекунам. Ман ба ин гуна одамон диламро кушода метавонам ва дар бораи душвориҳоям гап мезанам. Дӯстони беҳтарини ман ҳалиму фурӯтананд».

Суханони Меҳрона нишон медиҳанд, ки агар мо одами ҳалим бошем, дигарон сӯйи мо майл мекунанд. Ин хислат ба Яҳува низ маъқул аст. Каломи Ӯ моро насиҳат мекунад: «Ҳалимӣ ва пурсабриро дар бар кунед» (Қӯл. 3:12). Ҳалимӣ чист? Чӣ тавр Исо ҳалимӣ зоҳир мекард? Ва доштани ин хислат чӣ хел моро хушбахттар мегардонад?

ҲАЛИМӢ ЧИСТ?

Ҳалимӣ хислатест, ки онро одами нармдилу сулҳҷӯ зоҳир мекунад. Шахси ҳалим бо дигарон хушрафтор ва меҳрубон аст ва ҳангоми асабонӣ шудан худро ба даст мегирад ва ором мемонад.

Доштани ҳалимӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахс ботинан қавӣ аст. Калимаи юноние, ки барои ифодаи «ҳалимӣ» истифода шудааст, барои тасвир кардани аспи ёбоӣ ба кор бурда мешуд, ки ром кардаанд. Асп пас аз ромшавӣ низ мисли пештара бақувват мемонад, вале баъди ром кардан вай идорашаванда мегардад. Ба ин монанд, вақте мо ҳалимӣ зоҳир мекунем, мо майлҳои нодурусти худро идора карда бо одамон сулҳҷӯёна рафтор менамоем.

Шояд шумо гӯед: «Ман табиатан одами ҳалим нестам». Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки аксарияти одамон гапи худро мегузаронанд ва бетоқатанд, барои ҳамин зоҳир кардани ҳалимӣ шояд баъзан ба мо душвор аст (Рум. 7:19). Лекин ин душвор бошад ҳам, рӯҳи муқаддаси Яҳува дар ин ба мо кӯмак мекунад (Ғал. 5:22, 23). Чаро дар бар кардани ин хислат муҳим аст?

Ҳалимӣ хислатест, ки одамонро ба худ ҷалб мекунад. Мисли Меҳрона, ки оидаш дар боло гуфтем, мо худро дар назди одамони ҳалим хуб ҳис мекунем. Исо одами бениҳоят ҳалим ва меҳрубон буд (2 Қӯр. 10:1). Ҳатто кӯдаконе, ки ӯро хуб намешинохтанд, ба ӯ майл доштанд (Марқ. 10:13–16).

Ҳалим будан ҳам ба худамон фоида меораду ҳам ба атрофиён. Одами ҳалим тез асабӣ намешавад ё зуд ба қаҳр намеояд (Мас. 16:32). Агар мо дар сари қаҳр дигаронро бо гуфтор ё рафторамон озор диҳем, баъдтар шояд аз ҳисси гунаҳкорӣ азоб кашем, хусусан агар шахси наздикамонро ранҷонида бошем. Ҳалим будани мо барои атрофиёнамон низ хуб аст, зеро мо ки қаҳрамонро идора мекунем, онҳо аз дасти мо озор намеёбанд.

ИСО ДАР ҲАЛИМӢ НАМУНАИ БЕҲТАРИН АСТ

Ҳарчанд Исо масъулияти зиёд дошт ва хеле серкор буд, бо ҳама меҳрубонона муносибат мекард. Бисёр одамони замони ӯ аз бори вазнини зиндагӣ азоб мекашиданд ва ба дастгирӣ мӯҳтоҷ буданд. Суханони зерини Исо эҳтимол онҳоро хеле рӯҳбаланд мекард: «Назди ман оед... зеро ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва шумо қувват хоҳед ёфт» (Мат. 11:28, 29).

Чӣ хел мо мисли Исо ҳалим буда метавонем? Мо бояд Китоби Муқаддас омӯзем, то фаҳмем, ки Исо бо одамон чӣ тавр муносибат мекард ва вазъиятҳои душворро чӣ хел ҳал менамуд. Пас, ҳангоми рӯй додани ҳолатҳое, ки моро асабӣ мекунанд, хуб мебуд кӯшиш кунем, ки мисли Исо рафтор кунем (1 Пет. 2:21). Биёед се чизро дида бароем, ки ба Исо барои ҳалим будан кӯмак мекард.

Исо фурӯтан буд. Исо гуфт, ки ӯ «ҳалим ва фурӯтан» аст (Мат. 11:29). Китоби Муқаддас ин ду хислатро якҷоя қайд мекунад, чунки онҳо бо ҳам зич алоқаманданд (Эфс. 4:1–3). Чӣ хел?

Фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, ки худро одами муҳим нашуморем ва гапу кори дигаронро ба дил наздик нагирем. Баъзеҳо Исоро ноҳақ танқид карда ӯро «пурхӯр ва майпараст» меномиданд. Исо ба ин чӣ тавр муносибат мекард? Ӯ бо мулоимӣ гуфт, ки «бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад» ва дар ҳақиқат бо корҳояш нодуруст будани таънаҳои онҳоро исбот мекард (Мат. 11:19).

Фарз мекунем, касе андеша накарда дар бораи ранги пӯст, ҷинс ё зодгоҳи шумо суханони ноҷо мезанад. Шумо дар ин ҳолат чӣ хел рафтор мекардед? Питер ном пири ҷамъомад, ки аз Африқои Ҷанубӣ аст, мегӯяд: «Вақте суханони касе маро асабӣ мекунад, ман ба худам чунин савол медиҳам: “Агар Исо ба ҷойи ман мебуд, чӣ гуна рафтор мекард?”» Ҳоло Питер ёд гирифтааст, ки худро шахси муҳим нагирад ва зудранҷ набошад.

Исо мефаҳмид, ки одамон заифу нокомиланд. Шогирдони Исо ниятҳои хуб доштанд, вале аз сабаби нокомилӣ баъзан нодуруст рафтор мекарданд. Масалан, шаби пеш аз маргаш Исо аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно хоҳиш кард, ки бо вай бедор монанд, вале хоби онҳо бурд ва ӯро дастгирӣ карда натавонистанд. Исо мефаҳмид, ки «рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» (Мат. 26:40, 41). Азбаски ӯ заиф будани одамонро мефаҳмид, аз рафтори шогирдонаш ба ғазаб наомад.

Манди ном хоҳар пеш дигаронро бисёр танқид мекард, вале ҳоло сахт кӯшиш мекунад, ки мисли Исо ҳалиму меҳрубон бошад. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳаракат мекунам дар хотир дорам, ки ҳамаи одамон нокомиланд ва мехоҳам, ки мисли Яҳува диққатамро ба хислатҳои хуби онҳо равона кунам». Исо заифиҳои одамонро дарк карда бо дилсӯзӣ муносибат мекард. Оё намунаи ӯ шуморо низ ба мулоимрафтор будан бармеангезад?

Исо ҳама ташвишҳояшро ба дасти Худо месупорид. Вақте Исо дар замин буд, ӯ бо муносибати беадолатона дучор мешуд. Баъзеҳо вайро хато мефаҳмиданд, паст мезаданд ва азоб медоданд. Ҳатто дар ин ҳолатҳо ӯ ҳалим мемонд, зеро «довариро ба Худои одил месупорид» (1 Пет. 2:23). Исо медонист, ки Падари осмониаш барои истодагарӣ кардан ба ӯ кӯмак мекунад ва онҳоеро, ки ба ӯ бад муносибат мекунанд, дар вақти лозима ҷазо медиҳад.

Агар мо ба ғазаб дода шуда беадолатиро худамон ҳал карданӣ шавем, ҳолат аз будаш бадтар шуда метавонад. Барои ҳамин Навиштаҳо хотиррасон мекунанд, ки «хашми одам он чиро, ки дар назари Худо дуруст аст, ба амал намеорад» (Яъқ. 1:20). Ҳатто агар хашми мо асоснок бошад ҳам, нокомилӣ моро ба рафтори хато тела доданаш мумкин аст.

Хоҳаре аз Олмон бо номи Кати пеш чунин фикр дошт: «Агар ман худам худамро ҳимоя накунам, ҳеҷ кас инро намекунад». Вале вақте ӯ ба Яҳува такя карданро ёд гирифт, фикри ӯ дигар шуд. Кати мегӯяд: «Ҳоло агар касе маро таҳқир кунад, ман даррав худро ҳимоя намекунам, балки бо мулоимӣ ҷавоб медиҳам, зеро медонам, ки Яҳува ҳама чиро дида истодааст». Агар шумо ягон бор аз беадолатӣ зарар дида бошед, мисли Исо ба Худо такя кунед. Он гоҳ шумо низ рӯҳи ҳалиму сокитро нигоҳ дошта метавонед.

«ХУШБАХТАНД ҲАЛИМОН»

Чӣ тавр ҳалим будан дар ҳолатҳои душвор ба мо кӯмак мекунад?

Исо қайд кард, ки агар хушбахт шудан хоҳем, мо бояд ҳалим бошем. «Хушбахтанд ҳалимон» — гуфт ӯ (Мат. 5:5). Биёед бинем, ки дар вазъиятҳои зерин ҳалим будан чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад:

Ҳалимӣ оташи ҷанҷоли оилавиро хомӯш мекунад. «Ман дар сари қаҳр ба занам ҳарчи ба даҳонам омад, гуфтан гирифтам,— иқрор мешавад Роберт ном бародар аз Австралия.— Вале суханони тезу тундро гашта гирифта намешавад. Вақте ман дидам, ки ҳамсарам аз гапҳоям сахт ранҷидааст, худро беҳад бад ҳис кардам».

Дар гуфтор «ҳамаи мо бисёр хато мекунем» ва беандеша сухан гуфтан дар издивоҷ душвориҳоро ба миён меорад (Яъқ. 3:2). Дар чунин ҳолатҳо ҳалимӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ором монем ва ҷилави забони худро кашем (Мас. 17:27).

Бародар Роберт саъю кӯшиш кард, ки худдорӣ инкишоф диҳад ва ботамкин бошад. Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ мегӯяд: «Ҳоло вақте дар байни ману ҳамсарам нофаҳмӣ мешавад, ман сахт ҳаракат мекунам, ки ӯро бодиққат гӯш кунам, бо нармӣ гап занам ва худро ба даст гирам. Муносибати ману занам ҳоло аз пештар дида хеле беҳтар шудааст».

Ҳалимӣ ба мо ёрдам мекунад, ки бо дигарон муросо кунем. Аксарияти одамоне, ки зуд хафа мешаванд, дӯстони бисёр надоранд. Ҳалимӣ бошад, ба мо кӯмак мекунад, ки сулҳу ягонагиро нигоҳ дорем (Эфс. 4:2, 3). Кати, ки оидаш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Ҳалим будан ба ман имконият медиҳад, ки аз муносибат бо одамон бисёртар баҳра гирам, ҳатто бо шахсоне, ки забон ёфтан душвор аст».

Ҳалимӣ оромии ботинӣ меорад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «хираде, ки аз болост», бо ҳалимию сулҳҷӯйӣ алоқаманд аст (Яъқ. 3:13, 17). Одами ҳалим «дили ором» дорад (Мас. 14:30). Фаррух, ки барои ҳалим будан сахт кӯшиш мекунад, мегӯяд: «Ҳоло ман чун пештара доим гапи худро намегузаронам ва фикру хоҳиши дигаронро ба назар мегирам. Ин ба ман оромии ботинӣ ва хурсандӣ мебахшад».

Пӯшида нест, ки барои ҳалим будан кӯшиши зиёд даркор аст. Як бародар мегӯяд: «Рости гап, ҳатто то ҳозир баъзан қаҳри худро фурӯ бурдан ба ман осон нест». Вале Яҳува, ки моро ба ҳалим будан бармеангезад, Худаш дар ин мубориза ба мо ёрдам мекунад (Иш. 41:10; 1 Тим. 6:11). Ӯ таълимдиҳии моро «ба охир мерасонад» ва моро «устувор ва қавӣ мегардонад» (1 Пет. 5:10). Бо гузашти вақт мо низ мисли Павлуси расул ба «ҳалимиву меҳрубонии Масеҳ» пайравӣ карда метавонем (2 Қӯр. 10:1).

^ сарх. 2 Баъзе номҳо дигар шудаанд.