Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Чаро адабиёти Шоҳидони Яҳуваро дар вебсайти шахсӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мондан мумкин нест?

Азбаски адабиётҳои мо бепуланд, бисёриҳо фикр мекунанд, ки онро дар дигар вебсайтҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштан мумкин аст. Аммо чунин рафтор «Шарти истифодабарӣ» *-и вебсайтҳоямонро вайрон мекунад ва сабаби душвориҳои ҷиддӣ мегардад. Дар «Шарти истифодабарӣ» аниқу равшан гуфта шудааст, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки «расм, адабиётҳои электронӣ, тамғаҳои молӣ, мусиқӣ, суратҳо, видеоҳо ё мақолаҳои ин сайтро дар интернет (дигар сайт, дар сайте, ки файлҳову видеоҳоро доду гирифт мекунанд ё шабакаҳои иҷтимоӣ) гузорад». Чаро чунин маҳдудиятҳо гузошта шудаанд?

Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи муаллифиро вайрон карда адабиётҳои моро ба дигар сайтҳо гузорад

Ҳама маводҳое, ки дар сайтҳоямон дастрас аст, ҳуқуқи муаллифӣ дорад. Осиён ва дигар одамоне, ки ба мо муқобиланд, кӯшиш мекунанд, ки адабиёти моро дар вебсайтҳои худ истифода бурда, Шоҳидони Яҳува ва дигаронро ба доми фиреб афтонанд. Мақсади ин гуна сайтҳо ба воситаи ҳар гуна маълумот дар дили хонандагон шубҳа андохтан аст (Заб. 25:4; Мас. 22:5). Баъзеҳо бошанд, маводҳои адабиётамон ё тамғаи молии jw.org-ро барои реклама, маҳсулоти фурӯш ва барномаҳои таҷҳизоти электронӣ истифода мебаранд. Ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва тамғаи молӣ ба мо имконият медиҳад, ки пеши роҳи ин гуна истифодабарии нодурустро гирем (Мас. 27:12). Мо намехоҳем, ки шахсони ба мо муқобил ва корхонаҳои тиҷоратӣ аз маводҳо ё тамғаи молии мо истифода баранд, аммо, агар мо дидаю дониста ба одамон, ҳатто ба бародару хоҳарони худ иҷозат диҳем, ки маводҳои сайтамонро дар дигар сайтҳо монанд ё тамғаи молии jw.org-ро барои фурӯши ягон маҳсулот истифода баранд, он гоҳ қонун моро аз ин гуна одамон ва корхонаҳо муҳофизат карда наметавонад.

Ба ғайр аз jw.org аз дигар ҷо адабиётамонро боргирӣ кардан хатарнок аст. Яҳува паҳн кардани ғизои рӯҳониро танҳо ба «ғуломи бовариноку боандеша» супоридааст (Мат. 24:45). Ин «ғулом» барои паҳн кардани ғизои рӯҳонӣ танҳо вебсайтҳои расмии www.dan124.com, tv.dan124.com ва wol.dan124.com-ро истифода мебарад. Инчунин мо барои таҷҳизоти электронӣ танҳо се барномаи расмӣ сохтаем: JW Language®, JW Library® ва JW Library Sign Language®. Мо боварӣ дорем, ки ин маводҳо ҳеҷ гуна реклама надоранд ва бо чизҳои зараровари ҷаҳони Шайтон олуда нестанд. Агар хӯроки рӯҳонӣ ба воситаи ягон вебсайтҳо ё барномаҳои дигар паҳн гардад, он гоҳ мо дилпурона гуфта наметавонем, ки он тағйир наёфтааст ё зараровар нест (Заб. 17:27; 18:9).

Ғайр аз ин, вақте мо адабиётҳоямонро дар вебсайтҳо мегузорем, ба осиён ва дигар бадхоҳон роҳ мекушоем, ки фикрҳояшонро дар бораи ин ё он адабиётамон нависанд ва дар диламон нисбати ташкилоти Яҳува шубҳа андозанд. Баъзе бародару хоҳаронамон бо ин гуна одамон дар вебсайтҳо баҳсу мунозира карда ба номи Яҳува доғ оварданд. Онлайн-форумҳо барои «касони саркашро бо мулоимӣ насиҳат» додан ҷойи мувофиқ нест (2 Тим. 2:23–25; 1 Тим. 6:3–5). Инчунин баъзе фиребгарон аз номи ташкилот, Ҳайати роҳбарикунанда ё ягон аъзояш аккаунт ва вебсайтҳо кушодаанд. Лекин, дар асл, ягон аъзои Ҳайати роҳбарикунанда вебсаҳифаи шахсии худро надорад ва дар ягон шабакаи иҷтимоӣ аккаунт накушодааст, яъне аъзо нашудааст.

Одамонро бо вебсайти jw.org шинос карда ба паҳн кардани «хушхабар» мусоидат менамоем (Мат. 24:14). Маводҳое, ки мо дар хизмат истифода мебарем, доимо беҳтар мешаванд. Мо мехоҳем, ки ҳар як шахс аз онҳо фоида гирад. Аз ин рӯ, чи тавре ки дар «Шарти истифодабарӣ» гуфта шудааст, шумо метавонед, нусхаи адабиётамонро ба воситаи почтаи электронӣ ба дигарон фиристед ё пайвандҳои (линкҳои) ин ё он маводи jw.org-ро ба шахс равон кунед. Вақте мо диққати шавқмандонро ба вебсайтҳои расмиамон равона мекунем, онҳоро ба сӯйи сарчашмаи хӯроки рӯҳонӣ, ки онро «ғуломи бовариноку боандеша» тайёр мекунад, равона месозем.

^ сарх. 1 Шумо «Шарти истифодабарӣ»-ро дар поёни саҳифаи асосии сайти jw.org ёфта метавонед. Шартҳое, ки дар ин ҷо оварда шудаанд, ба ҳама чизҳое, ки дар вебсайтҳоямон ҳаст, дахл дорад.