Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30

Пешгӯйии аввалине, ки ба шумо дахл дорад

Пешгӯйии аввалине, ки ба шумо дахл дорад

«Ман дар байни ту ва зан... душманӣ меандозам» (1 МӮСО 3:15).

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

ПЕШГУФТОР a

1. Баъд аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Яҳува чӣ кор кард? (1 Мӯсо 3:15).

 БАЪД аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво Яҳува пешгӯйии муҳимеро эълон карда ба насли онҳо умед бахшид. Ин суханони Яҳува дар 1 Мӯсо 3:15 оварда шудаанд. (Оятро хонед.)

2. Чаро ин пешгӯйӣ ҷолиби диққат аст?

2 Ин пешгӯйӣ дар китоби аввалини Китоби Муқаддас пайдо мешавад. Дигар китобҳои Навиштаҳо бо ин пешгӯйӣ аз ин ё он ҷиҳат алоқаманданд. Чи хеле ки муқоваи китоб ҳама саҳифаҳоро бо ҳам мепайвандад, пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 низ бо мавзӯи ҳар як китоби Навиштаҳо алоқаманд аст. Яъне, Халосгаре фиристода мешавад, ки Иблис ва пайравони шарирашро нест мекунад b. Ин барои касоне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, як баракат хоҳад буд!

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Дар ин мақола мо дар бораи пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 саволҳои зеринро дида мебароем: 1) Дар ин оят гап дар бораи киҳо меравад? 2) Чӣ хел ин пешгӯйӣ иҷро шуд? 3) Мо аз он чӣ манфиат мегирем?

ДАР ИН ПЕШГӮЙӢ ГАП ДАР БОРАИ КӢ МЕРАВАД?

4. «Мор» кӣ буд ва мо инро аз куҷо медонем?

4 Дар 1 Мӯсо 3:14, 15 гап дар бораи «мор» ва «насл»-и мор, «зан» ва «насл»-и зан меравад. Китоби Муқаддас ба мо равшан мефаҳмонад, ки ҳар яки онҳо киро тасвир мекунад c. Биёед фаҳмем, ки «мор» кӣ буд. Мори аслӣ чизеро, ки Яҳува дар боғи Адан гуфт, фаҳмида наметавонист. Аз ин бармеояд, ки Яҳува офаридаи бошуурро доварӣ кард. Вай кӣ буд? Ошкорсозӣ 12:9 ба мо равшан мефаҳмонад, ки он «мори қадимӣ» Шайтон Иблис мебошад. Вале «насли мор» кӣ буд?

МОР

Шайтон Иблис, ки дар Ошкорсозӣ 12:9 чун «мори қадимӣ» тасвир шудааст (Ба сархати 4 нигаред.)

5. Насли морро киҳо ташкил медиҳанд?

5 Вақте дар Китоби Муқаддас ба маънои рамзӣ гап дар бораи «насл» меравад, онҳое дар назар дошта мешаванд, ки бо фикрронӣ ва амалҳояшон ба падари рамзии худ монанданд. Барои ҳамин «насли мор» офаридаҳои рӯҳӣ ва одамонеро ташкил медиҳад, ки мисли Шайтон ба муқобили Яҳува ва халқи ӯ мебароянд. Хулоса, ин насл аз фариштагоне иборат аст, ки дар замони Нӯҳ мавқеашонро дар осмон тарк карданд, ҳамчунин одамони бадкоре, ки мисли падарашон Иблис рафтор мекунанд (1 Мӯсо 6:1, 2; Юҳ. 8:44; 1 Юҳ. 5:19; Яҳд. 6).

НАСЛИ МОР

Офаридаҳои бади рӯҳонӣ ва одамоне, ки ба Яҳува Худо ва халқи ӯ зид мебароянд (Ба сархати 5 нигаред.)

6. Чаро он зан Ҳавво буда наметавонад?

6 Биёед акнун муайян кунем, ки «зан» кӣ аст? Ӯ Ҳавво буда наметавонад. Барои чӣ? Як сабабаш дар он аст, ки мувофиқи пешгӯйӣ насли зан бояд сари морро кӯбад. Чи хеле ки аллакай муҳокима кардем, «мор» Шайтон мебошад, бинобар ин одами нокомил аз насли Ҳавво ӯро нобуд карда наметавонад. Пас, Шайтон чӣ хел нест карда мешавад?

7. Чӣ хел Ошкорсозӣ 12:1, 2, 5, 10 кӣ будани занеро, ки дар 1 Мӯсо 3:15 оварда шудааст, мефаҳмонад?

7 Барои муайян кардани он ки дар 1 Мӯсо 3:15 гап дар бораи кадом зан меравад, ба китоби охирини Навиштаҳо рӯ меорем. (Ошкорсозӣ 12:1, 2, 5, 10-ро хонед.) Ӯ зани одӣ нест. Дар зери пойи вай моҳтоб қарор дорад, дар сараш бошад, тоҷе иборат аз 12 ситора. Ӯ кӯдаки ғайриодӣ, яъне Подшоҳии Худоро ба дунё меорад. Азбаски Подшоҳии Худо дар осмон аст, зан низ бояд осмонӣ бошад. Пас, ин зан қисми осмонии ташкилоти Яҳуваро тасвир мекунад, ки аз фариштаҳои бовафояш иборат аст (Ғал. 4:26).

ЗАН

Қисми осмонии ташкилоти Яҳува, ки аз фариштаҳои содиқ иборат аст (Ба сархати 7 нигаред.)

8. Насли асосии зан кӣ аст ва кай ӯ таъйин шуд? (1 Мӯсо 22:15–18).

8 Каломи Худо ҳамчунин мефаҳмонад, ки насли асосии зан кӣ аст. Он бояд аз насли Иброҳим пайғамбар мебаромад. (1 Мӯсо 22:15–18-ро хонед.) Чи хеле ки пешгӯйӣ шуда буд, Исо дар ҳақиқат аз насли ин марди содиқ баромад (Луқ. 3:23, 34). Қобили зикр аст, ки насли зан назар ба одами одӣ бояд пурқудраттар мебуд, то ки сари Шайтон Иблисро кӯфта тавонад. Ҳамин тавр, вақте Исо қариб 30-сола буд, бо рӯҳи муқаддаси Яҳува тадҳин шуд ва қисми асосии насли зан гашт (Ғал. 3:16). Баъди зинда кардани Исо Худо ба ӯ «тоҷи ҷалолу иззат» ва «тамоми қудрат»-ро «дар замину осмон» дод, то ки ӯ «корҳои Иблисро вайрон кунад» (Ибр. 2:7; Мат. 28:18; 1 Юҳ. 3:8).

НАСЛИ ЗАН

Исои Масеҳ ва 144 000 тадҳиншудагоне, ки бо ӯ ҳукмронӣ мекунанд (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

9, 10. а) Боз киҳо насли зан ба ҳисоб мераванд ва кай онҳо насли зан мегарданд? б) Ҳоло мо чиро дида мебароем?

9 Насли зан ғайр аз Исо боз қисми дигаре дорад. Павлуси расул ба яҳудиён ва ғайрияҳудиёни тадҳиншуда дар бораи он чунин гуфт: «Агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас, дар ҳақиқат, насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда» (Ғал. 3:28, 29). Вақте Яҳува масеҳиро бо рӯҳи муқаддасаш тадҳин мекунад, ин шахс қисми насли зан мешавад. Аз ин бармеояд, ки насли зан аз Исои Масеҳ ва 144 000 нафар, ки бо ӯ ҳукмронӣ мекунанд, иборат аст (Ошкор. 14:1). Ҳамаи онҳо мисли Падарашон Яҳува фикр карда амал мекунанд.

10 Акнун мо медонем, ки дар 1 Мӯсо 3:15 гап дар бораи киҳо меравад. Ҳоло бошад, кӯтоҳ дида мебароем, ки Яҳува барои иҷрои ин пешгӯйӣ аллакай чӣ кор кардааст ва мо аз ин чӣ манфиат мегирем.

ЧӢ ТАВР ИН ПЕШГӮЙӢ ИҶРО ШУД?

11. Ба кадом маъно пошнаи насли зан кӯфта шуд?

11 Мувофиқи пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 мор бояд «пошна»-и насли занро мекӯфт. Ин пешгӯйӣ кай иҷро шуд? Вақте ки Шайтон яҳудиён ва румиёнро барангехт, ки Исоро кушанд (Луқ. 23:13, 20–24). Одатан вақте пошнаи шахс захмдор мешавад, ӯ муддате роҳ гашта наметавонад. Ба ин монанд Исо ҳам вақте се рӯз дар қабр буд, ягон амал карда наметавонист (Мат. 16:21).

12. Кай ва чӣ хел сари мор кӯфта хоҳад шуд?

12 Барои иҷро шудани пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 Исо бояд зинда мешуд. Чаро? Чунки мувофиқи пешгӯйӣ насли зан бояд сари морро мекӯфт. Ин маънои онро дошт, ки захми Исо бояд шифо меёфт ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз маргаш, Исо дар рӯзи сеюм ба осмон чун фариштаи намиранда эҳё карда шуд. Дар вақти муқарраркардаи Яҳува Исо сари Шайтонро мекӯбад (Ибр. 2:14). Он вақт Исо бо онҳое, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ мекунанд, тамоми душманони Худо, яъне насли морро нест мекунад (Ошкор. 17:14; 20:4, 10) d.

МО АЗ ИН ПЕШГӮЙӢ ЧӢ МАНФИАТ МЕГИРЕМ?

13. Мо аз иҷро шудани ин пешгӯйӣ чӣ манфиат мегирем?

13 Агар шумо хизматгори Худо бошед, аз иҷрошавии ин пешгӯйӣ манфиат мегиред. Исо чун инсон ба замин омада комилан хислатҳои Падарашро нишон медод (Юҳ. 14:9). Мо ҳаёти Исоро омӯхта Яҳуваро мешиносем ва ӯро дӯст медорем. Мо инчунин аз таълимоти Исо ва аз он ки чӣ хел ӯ имрӯз ҷамоатро роҳбарӣ мекунад, манфиат мегирем. Ӯ боз моро таълим медиҳад, ки чӣ гуна ҳаёт ба сар бурда ба Яҳува писанд оем. Ғайр аз ин, мо аз марги Исо, яъне аз кӯфта шудани пояш, манфиат мегирем. Чӣ хел? Исо ҷонашро дода хуни гаронбаҳояшро чун қурбонии комил ба Яҳува пешкаш кард, то ки «моро аз ҳар гуноҳ пок» кунад (1 Юҳ. 1:7).

14. Мо аз куҷо медонем, ки пешгӯйии Яҳува дар боғи Адан дарҳол иҷро нашуд? Фаҳмонед.

14 Вақте Яҳува ин пешгӯйиро дар боғи Адан гуфт, маълум буд, ки он баъд аз чанд вақт иҷро мешавад. Барои пайдо шудани насли зан, ҷамъ шудани тарафдорони Иблис ва сар задани кинаву адоват байни ин ду гурӯҳ вақт лозим буд. Маънои ин пешгӯйиро фаҳмидан ба мо манфиат меорад, зеро он маълум месозад, ки ҷаҳони Шайтон аз хизматгорони Худо нафрат мекунад. Исо низ шогирдонашро аз ин огоҳ кард (Марқ. 13:13; Юҳ. 17:14). Мо хусусан сад соли охир иҷрошавии ин қисми пешгӯйиро дида истодаем. Чӣ хел?

15. Чаро нафрати одамон нисбати халқи Худо торафт зиёд мегардад ва барои чӣ мо набояд аз Шайтон тарсем?

15 Каме баъди бар тахт нишастанаш соли 1914 Исо Шайтонро аз осмон пеш кард. Айни ҳол Шайтон дар замин асту медонад, ки ба наздикӣ нобуд мешавад (Ошкор. 12:9, 12). Лекин вай ду даст дар бағал нанишастааст. Шайтон дар ғазаб буда хашмашро бар халқи Худо мерезад (Ошкор. 12:13, 17). Барои ҳамин нафрати одамон ба халқи Худо торафт зиёд мегардад. Лекин мо набояд аз Шайтон ва пайравони ӯ тарсем. Баръакс, мо мисли Павлуси расул дилпур буда метавонем, ки гуфта буд: «Агар Худо бо мо бошад, кӣ зидди мост?» (Рум. 8:31). Аз ин рӯ мо аз Яҳува сад фоиз дилпур буда метавонем, зеро мебинем, ки қисми зиёди пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 аллакай иҷро шуд.

16–18. Кӯтис, Урсула ва Ҷессика аз 1 Мӯсо 3:15 чӣ манфиат мегиранд?

16 Ваъдае, ки Яҳува дар 1 Мӯсо 3:15 додааст, ба мо ёрдам мекунад, ки ҳама гуна душвориро паси сар кунем. Бародар Кӯтис, ки дар Гуам чун миссионер хизмат мекунад, мегӯяд: «Баъзан дар ҳаётам воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки аз сабаби онҳо ба Яҳува содиқ монданам душвор мегардад. Лекин мулоҳиза дар бораи пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 ба ман ёрдам мекунад, ки минбаъд низ ба Падари осмониам такя кунам». Кӯтис бесаброна рӯзеро интизор аст, ки Яҳува ба ҳамаи душвориҳо хотима мебахшад.

17 Хоҳаре аз Олмон бо номи Урсула мегӯяд, ки ба мазмуни пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 сарфаҳм рафта ӯ боварӣ ҳосил кард, ки Китоби Муқаддас Каломи илҳомбахшидаи Худо аст. Ӯ алоқамандии дигар пешгӯйиҳоро бо 1 Мӯсо 3:15 дида ба ҳайрат омад. Урсула қайд мекунад: «Вақте фаҳмидам, ки Яҳува дарҳол чора андешида ба одамизод умед бахшид, муҳаббатам нисбати ӯ зиёдтар гашт».

18 Хоҳар Ҷессика аз Микронезия мегӯяд: «Ман то ҳол дар ёд дорам, ки чӣ хел бори аввал ҳақиқатро фаҳмидам. Пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 ба ман ёрдам кард, то фаҳмам, ки азоби имрӯзаи мо дар нияти Яҳува набуд. Ҳамчунин ин пешгӯйӣ маро боварӣ мебахшад, ки имрӯз хизмат ба Яҳува беҳтарин роҳи ҳаёт аст ва дар оянда баракатҳои бештар меорад».

19. Чаро мо боварӣ дорем, ки қисми охири пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 ҳатман иҷро мешавад?

19 Чи хеле дидем пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 иҷро шуда истодааст. Насли зан ва насли мор аниқ муайян карда шудаанд. Захми Исо, насли асосии зан, шифо ёфт ва ӯ ҳоло Подшоҳи пурқудрати намиранда мебошад. Ҳамчунин Яҳува қариб ҳамаи онҳоеро, ки бо Писараш дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, интихоб кардааст. Азбаски қисми якуми ин пешгӯйӣ аллакай иҷро шуд, мо боварии комил дорем, ки қисми ниҳоии он низ иҷро мегардад, яъне сари мор кӯфта мешавад. Баъди нест шудани Шайтон хизматгорони Худо ниҳоят нафаси осуда мекашанд. Вале то он дам таслим нашавед! Аз Худоямон дилпур бошед! Ба воситаи насли зан ӯ «ҳамаи халқҳои рӯйи замин»-ро беҳисоб баракат медиҳад (1 Мӯсо 22:18).

СУРУДИ 30 Яҳува ҳукмронии худро сар кард

a Агар мо ба маънои пешгӯйии 1 Мӯсо 3:15 сарфаҳм наравем, хабари Китоби Муқаддасро пурра фаҳмида наметавонем. Бо омӯхтани ин пешгӯйӣ мо имонамонро ба Яҳува мустаҳкам намуда дилпур мешавем, ки ӯ ҳамаи ваъдаҳояшро иҷро мекунад.

b Ба замимаи Б1-и «Тарҷумаи дунёи нав», «Мавзӯи асосии Китоби Муқаддас» нигаред.

c Ба чорчӯбаи «Дар 1 Мӯсо 3:14, 15 гап дар бораи киҳо меравад?» нигаред.