Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува онҳоеро, ки «бо истодагарӣ самар меоранд», дӯст медорад

Яҳува онҳоеро, ки «бо истодагарӣ самар меоранд», дӯст медорад

«Тухмиҳои ба замини нағз афтода бошанд, касонеанд, ки... бо истодагарӣ самар меоранд» (ЛУҚ. 8:15).

СУРУДҲО: 44, 10

1, 2. а) Баъзе бародарону хоҳарон дар маҳаллҳое хизмат мекунанд, ки аксари одамон ба ҳақиқат шавқ надоранд. Чаро намунаи онҳо моро рӯҳбаланд мекунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Исо оиди дар «зодгоҳи худ» мавъиза кардан чӣ гуфт? (Ба эзоҳ нигаред.)

ҶУФТИ пешравон Сержо ва Олинда аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд ва синну солашон аз 80 гузаштааст. Вақтҳои охир, аз сабаби дарди пояшон онҳо базӯр роҳ мераванд. Лекин нигоҳ накарда ба ин, даҳсолаҳо боз онҳо саҳарии барвақт аз хона баромада соати ҳафт ба ҷойи серодами шаҳр меоянд. Онҳо дар назди истгоҳ истода ба роҳгузарон адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро пешниҳод мекунанд. Бисёри одамон ба онҳо аҳамият намедиҳанд, лекин онҳо дар ҷойи худ истода ба касоне, ки ба тарафашон менигаранд, табассум мекунанд. Дар нисфирӯзӣ онҳо оҳиста-оҳиста ба хона мераванд ва рӯзи дигар соати 7-и саҳар боз ба ҳамон ҷой бармегарданд. Ҳамин тавр ин ҷуфти ҳамсарони содиқ соли дароз ҳар ҳафта шаш рӯз бо кори мавъиза машғуланд.

2 Ба монанди Сержо ва Олинда бисёр бародарону хоҳарони содиқ дар сар то сари ҷаҳон даҳсолаҳо боз дар минтақае хизмат мекунанд, ки одамон ба ҳақиқат шавқ надоранд. Агар шумо дар чунин вазъияти душвор бошед, барои истодагариатон сазовори таърифед *. Устувории шумо дар хизмати Яҳува барои бисёриҳо сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошад, ҳатто барои ҳамимонони ботаҷриба. Нозири ноҳиявие фикри худро дар нома чунин изҳор кард: «Вақте ман бо чунин бародарону хоҳарони содиқ ҳамкорӣ мекунам, мисоли онҳо ба ман қувват мебахшад». Дигаре чунин мегӯяд: «Садоқатмандии онҳо маро бармеангезад, ки дар хизмати худ устувор ва далер бошам». Боз як нозири ноҳиявӣ мегӯяд: «Намунаи онҳо маро рӯҳбаланд мекунад».

3. Кадом се саволро мо дида мебароем ва барои чӣ?

3 Исо ба мо супориш дод, ки кори мавъизаро то охир иҷро кунем. Барои дар ин кор суст нашудан, биёед, се саволро дида бароем. Чӣ моро баъзан рӯҳафтода карда метавонад? Мо чӣ тавр самар оварда метавонем? Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки бо истодагарӣ самар орем?

ЧӢ МОРО БАЪЗАН РӮҲАФТОДА КАРДА МЕТАВОНАД?

4. а) Муносибати манфии яҳудиён ба Павлус чӣ хел таъсир мекард? б) Чаро Павлус худро чунин ҳис мекард?

4 Шояд шумо дар маҳалле зиндагӣ кунед, ки аксари одамон ба хушхабар шавқ надоранд. Агар ин чиз шуморо рӯҳафтода карда бошад, Павлуси расулро ба ёд оред. Дар давоми қариб 30 соли хизматаш, ӯ ба шумораи зиёди одамон ёрӣ дод, ки шогирди Масеҳ гарданд (Аъм. 14:21; 2 Қӯр. 3:2, 3). Лекин ба бисёри ҳамватанонаш барои хизматгори ҳақиқии Худо шудан кӯмак карда натавонист. Аксари онҳо гӯш кардан намехостанд ва баъзеашон ҳатто ӯро таъқиб мекарданд (Аъм. 14:19; 17:1, 4, 5, 13). Ин муносибати манфӣ ба Павлус чӣ хел таъсир мекард? Ӯ мегӯяд: «Ман, ки пайрави Масеҳ ҳастам, дурӯғ намегӯям... ба ростӣ ғаму ғуссаам азим аст ва сӯзи дилам поён надорад» (Рум. 9:1–3). Чаро Павлус худро чунин ҳис мекард? Чунки вай кори мавъизаро хеле дӯст медошт ва дар бораи яҳудиён ғам мехӯрд. Азбаски онҳо меҳрубонии Худоро рад мекарданд, ин барояш дардовар буд.

5. а) Барои ба одамон мавъиза кардан чӣ моро бармеангезад? б) Чаро мо баъзан рӯҳафтода мешавем?

5 Мисли Павлус мо ба одамон барои он мавъиза мекунем, ки ғами онҳоро мехӯрем ва ба онҳо кӯмак кардан мехоҳем (Мат. 22:39; 1 Қӯр. 11:1). Мо аз ҳаёти худ медонем, ки хизмат ба Яҳува баракатҳои зиёд меорад. Вақте мо дар бораи одамони маҳалламон фикр мекунем, ба худ мегӯем: «Кошкӣ ба онҳо фаҳмонда метавонистам, ки чиро аз даст дода истодаанд!» Барои ҳамин мо пайваста одамонро бармеангезем, то ҳақиқатро дар бораи Яҳува ва нияте, ки Ӯ нисбати инсоният дорад, фаҳманд. Дар асл, вақте мо ба одамон мавъиза мекунем, гӯё чунин мегӯем: «Мо ба шумо тӯҳфаи зебое овардем. Марҳамат онро қабул кунед». Тааҷҷубовар нест, ки вақте онро рад мекунанд, мо ғамгин мешавем. Чунин ҳиссиёт аз норасоии имон нест, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки мо одамонро дӯст медорем. Барои ҳамин баъзан рӯҳафтода шавем ҳам, мо бо истодагарӣ мавъиза карданро давом медиҳем. Елена, ки беш аз 25 сол чун пешрав хизмат мекунад, аз номи бисёр воизон мегӯяд: «Ба ман мавъиза кардан душвор аст, лекин бароям аз ин дида кори муҳимтаре нест».

МО ЧӢ ТАВР САМАР ОВАРДА МЕТАВОНЕМ?

6. Кадом саволро мо ҳоло дида мебароем ва чӣ дар ин ба мо ёрӣ мерасонад?

6 Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки дар куҷое хизмат накунем, самар оварда метавонем? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, биёед ду мисоли Исоро дида бароем. Бо овардани ин мисолҳо ӯ қайд мекунад, ки «самар» овардан то чӣ андоза муҳим аст (Мат. 13:23). Якум мисол оиди дарахти ангур аст.

7. а) Дар мисоли Исо «боғбон», «ток» ва «навдаҳо» киҳоро тасвир мекунанд? б) Мо ба кадом савол ҷавоб ёфтан мехоҳем?

Юҳанно 15:1–5, 8-ро хонед. Исо дар ин мисол Яҳуваро «боғбон», худашро «токи ҳақиқӣ» ва шогирдонашро «навдаҳо» номид *. Сипас Исо ба расулонаш гуфт: «Падари ман ҳамон вақт ҷалол меёбад, агар шумо самари бисёр оред ва шогирди ман буданатонро исбот кунед». Самаре, ки пайравони Исо бояд оваранд, чист? Исо дар мисолаш аниқ нагуфт, ки ин чӣ самар аст, вале ӯ чизи муҳимеро қайд кард, ки барои фаҳмидани ҷавоби ин савол ба мо кӯмак мекунад.

8. а) Чаро дар мисоли Исо самар овардан ба тайёр кардани шогирдони нав ишора намекунад? б) Яҳува аз мо чиро талаб мекунад?

8 Исо дар бораи Падараш сухан ронда гуфт: «Ӯ ҳар навдаеро, ки дар ман асту самар намеорад, бурида мепартояд». Дигар хел карда гӯем, Яҳува танҳо ҳамон вақт моро хизматгори худ меҳисобад, агар мо самар орем (Мат. 13:23; 21:43). Пас, дар ин мисол, самаре, ки ҳар масеҳӣ бояд орад, шогирдони нав нестанд (Мат. 28:19). Агар ин хел мебуд, пас, бисёр Шоҳидони содиқ ба навдаҳои бесамар монанд мешуданд, чунки онҳо дар ҷойҳое хизмат мекунанд, ки шумораи ками одамон ҳақиқатро қабул мекунанд. Лекин ин нодуруст аст! Чаро? Зеро мо одамонро ба шогирди Исо шудан маҷбур карда наметавонем. Яҳува Худои муҳаббат аст, лекин, агар Ӯ кори аз қувват берунро талаб мекард, ин аз рӯйи муҳаббат намебуд. Ӯ ҳама вақт ба мо ҳамон чизро супориш медиҳад, ки аз дастамон меояд (Такр. Ш. 30:11–14).

9. а) Чӣ тавр мо самар меорем? б) Кадом мисолро мо дида мебароем ва барои чӣ?

9 Пас, самаре, ки мо бояд орем, чист? Бешубҳа самар корҳоеро дар бар мегирад, ки карданашон аз дасти ҳамаи мо меояд. Яҳува кадом корро ба ҳар яки мо супурдааст? Ӯ ба мо супориш додааст, ки хушхабар оиди Подшоҳиро мавъиза кунем * (Мат. 24:14). Мисоли дуюми Исо, ки оиди деҳқон аст, ин фикрро тасдиқ мекунад. Биёед онро дида бароем.

10. а) Дар ин мисол тухмӣ ва замин чиро тасвир мекунанд? б) Гандум чӣ ҳосил меорад?

10 Луқо 8:5–8, 11–15-ро хонед. Дар мисол оиди деҳқон тухмӣ ин «каломи Худо», яъне хушхабар оиди Подшоҳӣ аст. Замин дили одамонро тасвир мекунад. Тухмие, ки ба замини нағз меафтад, реша медавонад ва сабзида растанӣ мешавад, масалан гандум. Баъд он «сад баробар зиёд ҳосил» медиҳад. Чиро ҳосили гандум номидан мумкин аст? Оё пояҳои онро? Не, самари он донаҳои нав аст, ки агар чун тухмӣ кошта шаванд, онҳо низ сабзида ба растанӣ табдил меёбанд. Дар ин мисол як тухмӣ сад дона ҳосил меорад. Ин бо хизмати мо чӣ гуна алоқаманд аст?

Чӣ тавр мо «бо истодагарӣ самар» меорем? (Ба сархати 11 нигаред.)

11. а) Мисол оиди деҳқон бо хизмати мо чӣ алоқамандӣ дорад? б) Чӣ тавр мо донаҳои навро ба бор оварда метавонем?

11 Биёед бо мисоле инро муқоиса кунем. Фарз кардем, чанд сол пеш баъзе Шоҳидон ё волидони масеҳиамон хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо ба мо нақл карданд. Онҳо хурсанд шуданд, ки тухми ҳақиқат дар дили мо чун ба замини нағз кошта шуд. Дар натиҷа он реша давонд, сабзид ва чун гандум қад кашида ба овардани самар тайёр шуд. Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, ҳосили гандум ин пояҳои нав неву донаҳои нав аст. Ҳамин тавр самари мо на шогирдони нав, балки тухмиҳои нави хушхабар аст, ки мо онҳоро мекорем *. Ҳар боре ки бо ин ё он роҳ мо хабари Подшоҳии Худоро паҳн мекунем, тухмии дар дили мо кошташуда гӯё самар меорад ва зиёд мешавад (Луқ. 6:45; 8:1). Хулоса, ин мисол мефаҳмонад, ки то даме ки мо хушхабарро мавъиза мекунем, мо «бо истодагарӣ самар» меорем.

12. а) Аз мисоли Исо дар бораи ток ва деҳқон мо чӣ дарс мегирем? б) Донистани ин ба мо чӣ тавр таъсир мекунад?

12 Мо аз ду мисоли Исо дар бораи ток ва деҳқон чӣ дарс мегирем? Онҳо ба мо мефаҳмонанд, ки ҳатто одамон дар минтақаамон ба ҳақиқат шавқ зоҳир накунанд ҳам, мо самар оварда метавонем. Самар овардани мо аз содиқона мавъиза карданамон вобаста аст. Павлус инро қайд карда гуфт: «Ҳар кас мувофиқи меҳнаташ мукофот хоҳад гирифт» (1 Қӯр. 3:8). Худо ба мо мувофиқи меҳнатамон мукофот медиҳад, на аз рӯйи натиҷаҳои он. Матилда ном хоҳаре, ки 20 сол боз пешрав аст, мегӯяд: «Донистани он ки Яҳува моро барои кӯшишҳоямон мукофот медиҳад, ба ман хурсандӣ мебахшад».

ЧӢ ТАВР МО БО ИСТОДАГАРӢ САМАР ОВАРДА МЕТАВОНЕМ?

13, 14. Мувофиқи Румиён 10:1, 2 ба Павлус кадом чизҳо ёрдам кард, ки ба яҳудиён мавъиза карданро давом диҳад?

13 Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо истодагарӣ самар орем? Чуноне ки дидем, муносибати манфии яҳудиён ба хушхабар, Павлусро рӯҳафтода мекард. Лекин вай ба онҳо ёрӣ доданро давом дод. Аҳамият диҳед, ки чӣ хел ӯ ҳиссиёташро нисбати яҳудиён дар нома ба Румиён баён кард: «Эй бародарон, орзуи дили ман ва илтиҷои ман аз Худо барои исроилиён ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд. Ва ман шаҳодат медиҳам, ки онҳо нисбати Худо ғайрат доранд, лекин на мувофиқи дониши аниқ» (Рум. 10:1, 2). Ба Павлус барои давом додани хизматаш чӣ ёрдам мекард?

14 Дар аввал вай фаҳмонд, ки чаро ба яҳудиён мавъиза карданро давом медод. Ба ин кор ӯро «орзуи дил»-аш бармеангехт. Вай сахт мехост, ки ақаллан баъзе яҳудиён наҷот ёбанд (Рум. 11:13, 14). Дуюм чизе ки ба вай барои давом додани хизматаш кӯмак мекард, ин аз Худо «илтиҷо» кардани ӯ, буд. Павлус Худоро илтиҷо мекард, то ба шахсони яҳудӣ барои қабул кардани хушхабар ёрӣ расонад. Сеюм, ӯ қайд кард, ки «онҳо нисбати Худо ғайрат доранд». Павлус дар ин одамон чизи хуберо медид. Ӯ мефаҳмид, ки агар шахсони самимӣ ғайраташонро ба таври дуруст истифода баранд, шогирди боғайрати Масеҳ шуда метавонанд ва Павлус инро аз намунаи худаш хеле хуб медонист.

15. Мо чӣ тавр ба Павлус пайравӣ карда метавонем? Мисол оред.

15 Чӣ гуна мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем? Пеш аз ҳама мо бояд хоҳиши самимӣ дошта бошем, то онҳоеро, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» ҳастанд, кобем. Боз мо дар дуо аз Худо илтиҷо мекунем, то Ӯ дили одамони самимиро кушояд (Аъм. 13:48; 16:14). Силвана, ки қариб 30 сол боз чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Пеш аз он ки ман ба минтақаи худ равам, дар дуо кӯмак мепурсам, то нисбати одамони он ҷо муносибати дуруст дошта бошам». Мо ҳамчунин дар дуо аз Яҳува мепурсем, то фариштагон моро ба назди одамони самимӣ равона кунанд (Мат. 10:11–13; Ваҳй 14:6). Роберт ном бародар, ки зиёда аз 30 сол чун пешрав хизмат мекунад, мегӯяд: «Бо фариштагон, ки аз ҳаёти соҳибхонаҳо хабардоранд, ҳамкорӣ кардан, ҳаяҷоновар аст». Илова бар ин, мо ҳаракат мекунем, то дар одамон чизҳои хубро бинем. Карл ном пири ҷамъомад, ки зиёда аз 50 сол пеш таъмид гирифта буд, нақл мекунад: «Ман ба ҳар як нишонае, ки самимӣ будани шахсро нишон медиҳад, диққат медиҳам, масалан, табассум, нигоҳи меҳрубонона ё саволе, ки аз сидқи дил дода мешавад». Бале, мо низ ба монанди Павлус, бо истодагарӣ самар оварда метавонем.

«БА ДАСТИ ХУД ОСОИШ НАДЕҲ»

16, 17. а) Мо аз дастуроти дар Воиз 11:6 навишташуда чӣ дарс мегирем? б) Чӣ тавр мавъиза метавонад ба касоне, ки моро мушоҳида мекунанд, таъсир кунад? Мисол оред.

16 Ҳатто агар ба назарамон чунин тобад, ки хушхабарро касе гӯш намекунад, мо набояд фаромӯш кунем, ки ин корамон ба одамон бетаъсир намемонад. (Воиз 11:6-ро хонед.) Албатта бисёр одамон суханамонро гӯш намекунанд, лекин онҳо худи моро мушоҳида мекунанд. Онҳо ба либоси тозаву озода, рафтори боадабона ва табассуми самимиамон аҳамият медиҳанд. Бо гузашти вақт, рафторамон метавонад фикри нодурусти баъзеҳоро, ки нисбати мо доранд, дигар кунад. Сержо ва Олинда, ки дар бораашон дар аввали мақола гап зада будем, инро пай бурданд.

17 Сержо нақл мекунад: «Аз сабаби касалӣ мо муваққатан ба кӯча набаромадем. Вақте ки баргаштем, роҳгузарон аз мо мепурсиданд: “Ба шумо чӣ шуд? Мо шуморо ёд кардем”». Олинда бо табассум илова мекунад: «Ронандагони автобусҳо ба мо сигнал медоданд ва баъзеашон аз ҷойи худ бо овози баланд мегуфтанд: “Офарин ба шумо, кори нағз карда истодаед!” Ва онҳо ҳатто маҷаллаҳоямонро мегирифтанд». Аҷоибаш он буд, ки боре як мард ба назди аробачаи адабиётдор омада ба Сержо ва Олинда гулдастае дароз кард ва барои корашон раҳмат гуфт.

18. Чаро мо нигоҳ накарда ба ҳеҷ чиз «бо истодагарӣ самар» овардан мехоҳем?

18 Инак, то даме ки мо дар коштани тухми хушхабар «ба дасти худ осоиш» намедиҳем, дар шаҳодат додан ба «ҳамаи халқҳо» саҳми пурарзиш мегузорем (Мат. 24:14). Ва аз ҳама муҳимаш мо аз донистани он ки писанди Яҳува ҳастем, хурсандии зиёд мегирем, чунки Ӯ ҳамаи касонеро, ки «бо истодагарӣ самар» меоранд, дӯст медорад.

^ сарх. 2 Ҳатто Исо гуфт, ки дар «зодгоҳи худ» мавъиза кардан кори душвор буд ва ин гуфтаи ӯ дар ҳар чор китоби Хушхабар омадааст. (Мат. 13:57; Марқ. 6:4; Луқ. 4:24; Юҳ. 4:44).

^ сарх. 7 Ҳарчанд дар ин мисол «навдаҳо» ба касоне ишора мекунанд, ки умеди осмонӣ доранд, лекин ҳамаи хизматгорони Худо аз он дарс гирифта метавонанд.

^ сарх. 9 Гарчанд овардани самар ҳамчунин бо инкишоф додани «самари рӯҳ» алоқаманд аст, дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ диққат асосан ба «самараи лабҳо» ё иштирок дар кори мавъиза равона мешавад (Ғал. 5:22, 23; Ибр. 13:15).

^ сарх. 11 Дар дигар мавридҳо Исо кори шогирдсозиро ба коридан ва дарав кардан, монанд кард (Мат. 9:37; Юҳ. 4:35–38).