Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Таъмид — талаботи муҳим барои масеҳиён

Таъмид — талаботи муҳим барои масеҳиён

«Таъмид низ... ҳоло шуморо... наҷот медиҳад» (1 ПЕТ. 3:21).

СУРУДҲО: 7, 6

1, 2. а) Баъзе волидони масеҳӣ, вақте фарзандашон таъмид гирифтан мехоҳад, чӣ тавр муносибат мекунанд? б) Чаро ба таъмидгирандагон савол дода мешавад, ки оё онҳо ҳаёти худро ба Яҳува бахшиданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ВОЛИДОНИ Мария ба духтари ҷавони худ, ки дар қатори таъмидгирандагон истодааст, менигаранд. Ӯ ба ду саволи нотиқ бо овози баланду бурро ҷавоб медиҳад. Каме баъдтар ӯ таъмид мегирад.

2 Волидони Мария фахр мекунанд, ки духтарашон ҳаёти худро пурра ба Яҳува бахшида, таъмид гирифт. Вале чанде пеш модараш каме хавотир буд. Ӯ ба худ мегуфт: «Оё Мария барои таъмид гирифтан аз ҳад ҷавон нест? Оё вай ҳақиқатан ҷиддӣ будани ин қадамро мефаҳмад? Ё нағз мебуд, ки вай каме баъдтар таъмид гирад?» Вақте ягон фарзанд мегӯяд, ки таъмид гирифтанӣ аст, бисёр волидони ғамхорро ин саволҳо ба ташвиш меоранд (Воиз 5:5). Чунки худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан, қадами муҳимтарин дар ҳаёти шахси масеҳӣ мебошад. (Ба чорчӯбаи « Оё худро ба Яҳува бахшидед?» нигаред.)

3, 4. а) Петруси расул муҳим будани таъмидро бо кадом мисол нишон дод? б) Байни таъмид ва сохтани киштии Нӯҳ чӣ монандие ҳаст?

3 Петруси расул дар бораи таъмид сухан ронда, онро бо сохтани киштии Нӯҳ монанд кард. Ӯ гуфт: «Таъмид низ, ки ба он монанд аст, ҳоло шуморо... наҷот медиҳад». (1 Петрус 3:20, 21-ро хонед.) Сохтани киштӣ далели аёни он буд, ки Нӯҳ ҳаёти худро ба иҷрои иродаи Худо бахшида буд. Ӯ содиқона супоришеро, ки Яҳува дод, иҷро кард. Азбаски Нӯҳ имонашро дар амал нишон дод, ӯ ва оилааш ҳангоми Тӯфон наҷот ёфтанд. Петрус бо ин мисол ба мо чиро таълим додан мехост?

4 Сохтани киштӣ, ба одамон исбот мекард, ки Нӯҳ ба Худо имон дорад. Ба ин монанд, вақте одамон мебинанд, ки касе таъмид мегирад, онҳо мефаҳманд, ки ӯ ба Исои эҳёшуда имон дорад ва ҳаёташро ба Худо бахшидааст. Касони таъмидёфта мисли Нӯҳ кореро, ки Худо ба онҳо супоридааст, итоаткорона иҷро мекунанд. Чуноне ки Нӯҳ дар вақти Тӯфон зинда монд, хизматгорони содиқи таъмидгирифта низ дар вақти нобудшавии ин ҷаҳони пур аз бадӣ зинда хоҳанд монд (Марқ. 13:10; Ваҳй 7:9, 10). Барои ҳамин ба Худо бахшидани ҳаёти худ ва таъмид гирифтан хеле муҳим аст. Шахсе, ки бе сабаби асоснок таъмидро ба қафо мепартояд, имконияти абадӣ зиндагӣ карданро аз даст дода метавонад.

5. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

5 Азбаски таъмид қадами муҳим аст, хуб мебуд, ки мо се саволи зеринро дида бароем: «Китоби Муқаддас дар бораи таъмид чӣ мегӯяд? Пеш аз таъмид гирифтан шахс бояд аввал кадом қадамҳоро гузорад? Чаро ҳангоми таълим додани фарзандон ва омӯзандагон мо бояд ҳамеша муҳим будани таъмидро дар хотир нигоҳ дорем?»

КИТОБИ МУҚАДДАС ОИДИ ТАЪМИД ЧӢ МЕГӮЯД?

6, 7. а) Фаҳмонед, ки таъмиди Яҳё рамзи чӣ буд. б) Аз байни ҳамаи шахсоне, ки Яҳё таъмид дод, таъмиди кӣ фарқ мекард ва чаро?

6 Бори аввал дар Китоби Муқаддас оиди таъмиде гуфта шудааст, ки Яҳё медод (Мат. 3:1–6). Одамон ба назди Яҳё барои таъмид гирифтан омада, нишон медоданд, ки аз гуноҳҳои бар зидди Шариати Мӯсо кардаашон, тавба мекунанд. Лекин аз ҳама муҳимтарин таъмиде, ки Яҳё дода буд, бо тавба алоқаманд набуд. Яҳё имконияти пуршараф дошт, ки Исо, Писари комили Худоро таъмид диҳад (Мат. 3:13–17). Исо бегуноҳ буд ва барои ҳамин ба ӯ тавба кардан лозим набуд (1 Пет. 2:22). Бо таъмидаш Исо нишон дод, ки худро барои иҷрои иродаи Худо пешкаш мекунад (Ибр. 10:7).

7 Дар давоми хизмати заминии Исо, шогирдонаш низ одамонро таъмид медоданд (Юҳ. 3:22; 4:1, 2). Пеши онҳо низ одамоне барои таъмид гирифтан меомаданд, ки аз гуноҳҳои бар зидди Шариати Мӯсо кардаашон тавба кардаанд. Лекин баъди марг ва эҳёшавии Исо, таъмид барои пайравони ӯ бояд тамоман маънои дигарро мегирифт.

8. а) Баъди эҳёшавӣ Исо ба пайравонаш чӣ супориш дод? б) Фаҳмонед, ки чаро таъмид муҳим аст.

8 Соли 33-юми милод, Исо баъди эҳё шуданаш ба зиёда аз 500 нафар одамон, ки дар байнашон мардон, занон ва мумкин ҳатто кӯдакон буданд, зоҳир шуд. Шояд айнан дар ҳамон маврид Исо гуфт: «Пас, равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед» (Мат. 28:19, 20; 1 Қӯр. 15:6). Бале, вақте Исо шогирдсозиро амр дод, аз афташ садҳо пайравонаш ҳузур доштанд. Вай гуфт, ки барои шогирди ӯ будан ё «юғи» ӯро гирифтан, ҳар кас бояд таъмид гирад (Мат. 11:29, 30). Агар шахс хоҳад, ки Худо хизмати ӯро қабул кунад, аввал бояд нақши Исоро дар иҷрошавии нияти Худо фаҳмад ва онро эътироф кунад. Баъди ин ӯ метавонад таъмид гирад. Танҳо ҳамон вақт таъмиди ӯро Худо қабул мекунад. Китоби Муқаддас далелҳои зиёде дорад, ки дар асри як шогирдони Масеҳ муҳим будани таъмидро мефаҳмиданд. Барои ҳамин таъмид гирифтанро бесабаб ба қафо намепартофтанд (Аъм. 2:41; 9:18; 16:14, 15, 32, 33).

БА ҚАФО НАПАРТОЕД

9, 10. Аз мисоли марди ҳабашӣ ва Павлуси расул мо дар бораи таъмид чӣ мефаҳмем?

9 Аъмол 8:35, 36-ро хонед. Биёед мисоли марди ҳабашиеро, ки дини яҳудиро қабул карда буд, дида бароем. Ӯ баъди ибодат аз Ерусалим ба хонааш бармегашт. Фариштаи Яҳува Филиппусро ба назди марди ҳабашӣ фиристод ва ӯ ба вай «хушхабарро дар бораи Исо мавъиза кард». Марди ҳабашӣ ба ин чӣ гуна муносибат кард? Он чи ки вай кард, равшан нишон дод, ки ӯ барои чизҳои фаҳмидааш аз таҳти дил миннатдор аст. Вай хост мувофиқи талаботи Яҳува рафтор кунад, бинобар ин таъмид гирифт. Ӯ ин корро ба қафо напартофт.

10 Мисоли дуюм дар бораи марди яҳудиест, ки масеҳиёнро таъқиб мекард. Яҳудиён халқи ба Худо бахшидашуда буданд, аммо аз сабаби беитоатиашон Яҳува аз онҳо рӯй гардонд. Он мард боғайратона урфу одатҳои дини яҳудиро риоя мекард, лекин баъдтар чизи беҳтареро фаҳмид. Худи Исои Масеҳи эҳёшуда аз осмон ба ӯ шаҳодат дод. Ӯ ба ин чӣ гуна муносибат кард? Ӯ бо омодагӣ ёрдами шогирди Исо, Ҳанониёро, қабул кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «ӯ бархост, таъмид гирифт» (Аъм. 9:17, 18; Ғал. 1:14). Шумо албатта ин марди яҳудиро шинохтед. Ӯ Павлуси расул аст. Дар ин бора мулоҳиза ронед: Павлус ҳамин ки нақши Исоро дар иҷрошавии нияти Яҳува фаҳмид, зуд амал кард ва таъмид гирифт. (Аъмол 22:12–16-ро хонед.)

11. а) Дар рӯзҳои мо омӯзандагонро чӣ бармеангезад, ки таъмид гиранд? б) Вақте омӯзандагон ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид мегиранд, мо чӣ ҳис мекунем?

11 Имрӯз низ бисёр омӯзандагони Китоби Муқаддас, хоҳ ҷавон бошанд, хоҳ калонсол ба ин монанд амал мекунанд. Онҳое, ки ба ҳақиқати Китоби Муқаддас имон доранд ва барои он аз таҳти дил миннатдоранд, сахт мехоҳанд ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид гиранд. Нутқ барои таъмидгирандагон қисми муҳими ҳар як анҷуман мебошад. Шоҳидони Яҳува аз дидани он ки омӯзандагони Китоби Муқаддас ҳақиқатро қабул карда, таъмид мегиранд, хурсанд мешаванд. Албатта волидони масеҳӣ низ, вақте фарзандонашонро дар сафи таъмидгирандагон мебинанд, дилашон аз шодӣ лабрез мегардад. Дар давоми соли хизматии 2017 зиёда аз 284 000 касоне, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил буданд», худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтанд (Аъм. 13:48). Равшан аст, ки онҳо муҳим будани таъмидро дарк карданд. Лекин онҳо пеш аз таъмид гирифтан кадом қадамҳоро гузоштанд?

12. Пеш аз таъмид гирифтан омӯзанда бояд кадом қадамҳоро гузорад?

12 Пеш аз таъмид шахс бояд дар бораи Худо, нияти Ӯ нисбати замин ва оиди он ки Ӯ барои наҷоти инсоният чӣ кор кард, дониши аниқ гирад (1 Тим. 2:3–6). Ин дониш барои инкишоф додани имон кӯмак мекунад. Имон бошад, омӯзандаро бармеангезад, ки аз корҳое, ки ба Худо маъқул нестанд, даст кашад ва мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кунад (Аъм. 3:19). Агар шахс бо ягон коре, ки Худо аз он нафрат дорад, машғул бошад, ӯ ҳатто ҳаёташро ба Яҳува бахшад ҳам, инро Худо қабул намекунад (1 Қӯр. 6:9, 10). Лекин ғайр аз ахлоқи пок доштан чизи бештаре лозим аст. Онҳое, ки ҳаёташонро ба Яҳува бахшидан мехоҳанд, бояд ба вохӯриҳои ҷамъомад раванд ва дар кори наҷотбахши мавъиза ва шогирдсозӣ фаъолона иштирок кунанд. Исо гуфт, ки ин корро маҳз шогирдони ҳақиқии ӯ ба ҷо меоранд (Аъм. 1:8). Танҳо баъди гузоштани ин қадамҳо омӯзанда метавонад дар дуои шахсӣ ҳаёташро ба Яҳува бахшад ва сипас бо таъмид гирифтани худ инро ба дигарон нишон диҳад.

БА ОМӮЗАНДАГОН БАРОИ МАҚСАД ГУЗОШТАН ЁРӢ ДИҲЕД

Оё шумо ҳангоми таълим додани дигарон имконият меҷӯед, ки муҳим будани таъмидро ба онҳо фаҳмонед? (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Чаро онҳое, ки бо дигарон омӯзиш мегузаронанд, бояд муҳим будани таъмидро дар хотир нигоҳ доранд?

13 Вақте ки мо ба фарзандон ва омӯзандагони Китоби Муқаддас барои гузоштани ин қадамҳои зарурӣ кӯмак мекунем, мо бояд дар хотир дорем, ки барои шогирди Исо шудан, таъмид шарт аст. Агар мо инро дар ёд дорем, бо омӯзандагон дар ин бора кушоду равшан гап зада метавонем. Мо аз ин мавзӯъ намегурезем, балки дар мавридҳои мувофиқ бо онҳо муҳокима мекунем, ки чаро ба Худо бахшидани ҳаёти худ ва таъмид гирифтан муҳим аст. Бале, мо мехоҳем, ки фарзандон ва омӯзандагони мо пешравӣ кунанд ва таъмид гиранд.

14. Чаро мо набояд ба касе фишор орем, ки таъмид гирад?

14 Албатта, на волидон, на шахсоне, ки омӯзиш мегузаронанд, на ягон аъзои дигари ҷамъомад набояд ба касе барои таъмид гирифтан фишор оранд. Яҳува ҳеҷ касро маҷбур намекунад (1 Юҳ. 4:8). Ҳангоми таълим додани дигарон, мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки бо Худо муносибати наздик инкишоф додан хеле муҳим аст. Маҳз миннатдорӣ барои ҳақиқат ва хоҳиши юғи Исоро бардоштан бояд омӯзандаро ба таъмид гирифтан водор созад (2 Қӯр. 5:14, 15).

15, 16. а) Оё барои таъмид ягон синну сол муайян карда шудааст? Фаҳмонед. б) Чаро омӯзанда пештар дар дини дигар таъмид гирифта бошад ҳам, бояд чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирад?

15 Барои таъмид гирифтан ягон синну сол муайян карда нашудааст. Одамон гуногунанд, баъзе омӯзандагон тезтар пешравӣ мекунанд, дигарон оҳистатар. Бисёриҳо дар ҷавонӣ таъмид гирифта, минбаъд низ ба Яҳува содиқ мемонанд. Дигар омӯзандагон бошанд, дар пиронсолӣ, ҳатто баъзан дар синни аз садсолагӣ боло ҳақиқатро мефаҳманд ва баъд таъмид мегиранд.

16 Як зани пиронсол аз хоҳаре, ки бо ӯ омӯзиш мекард, пурсид, ки оё боз таъмид гирифтани ӯ шарт аст, чунки вай пештар дар дигар динҳо таъмид гирифта буд. Хоҳар бо ӯ якчанд оятҳои мувофиқи Китоби Муқаддасро дида баромад. Баъди ин омӯзанда талаботи Китоби Муқаддасро фаҳмид ва дере нагузашта таъмид гирифт. Ҳарчанд ӯ қариб 80-сола буд, вай фикр накард, ки акнун таъмид гирифтанаш муҳим нест. Бале, Яҳува ҳамон вақт таъмидро қабул мекунад, агар шахс дар бораи иродаи Ӯ дониши аниқ дошта бошад. Барои ҳамин ҳатто агар омӯзандагон пештар дар дини дигар таъмид гирифта бошанд ҳам, бояд чун Шоҳиди Яҳува таъмид гиранд. (Аъмол 19:3–5-ро хонед.)

17. Дар рӯзи таъмид дар бораи чӣ мулоҳиза рондан хуб мебуд?

17 Рӯзе, ки шахс таъмид мегирад, дар ҳақиқат хурсандиовар мебошад. Ҳамчунин ин вақти бодиққат мулоҳиза рондан аст, чунки мувофиқи ваъдаи ба Яҳува додаи худ зиндагӣ кардан саъю кӯшиш талаб мекунад. Барои ҳамин шогирди Исо будан ба бардоштани юғ монанд карда шудааст. Шогирдони ӯ бояд «дигар на барои худ, балки барои ҳамоне зиндагӣ кунанд, ки барояшон мурд ва зинда шуд» (2 Қӯр. 5:15; Мат. 16:24).

18. Кадом саволҳоро мо дар мақолаи навбатӣ дида мебароем?

18 Модари Мария, ки дар борааш дар аввали мақола гуфта будем, оиди ҷиддӣ будани таъмид фикр мекард. Агар шумо волид бошед, шояд ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё фарзанди ман ба таъмид гирифтан дар ҳақиқат тайёр аст? Оё ӯ барои худро ба Яҳува бахшидан дониши кофӣ дорад? Оё ба фарзандам лозим нест, ки пеш аз таъмид маълумоти хубтар ва кори нағзро соҳиб шавад? Агар фарзандам баъд аз таъмид гуноҳи ҷиддӣ содир кунад-чӣ?» Дар мақолаи навбатӣ мо ин мавзӯъҳоро дида мебароем ва ҳамчунин муҳокима мекунем, ки чӣ тавр волидон ба таъмид назари дурустро нигоҳ дошта метавонанд.