Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Яҳува доимо маро дастгирӣ мекард!

Яҳува доимо маро дастгирӣ мекард!

Рӯзе аз байни чор духтар маро интихоб карданд, ки ба Адолф Гитлер баъди нутқ гуфтанаш гул диҳам. Чаро маҳз маро интихоб карданд? Чунки падари ман дар корҳои ҳизби натсионалистон фаъол буд ва ронанда шуда ба раиси шӯъбаи ин ҳизби маҳаламон кор мекард. Модарам католик буд ва мехост, ки ман роҳиба (монахиня) шавам. Ба таъсири онҳо нигоҳ накарда ман на аъзои ҳизби натсионалистон шудаму на роҳиба. Биёед нақл кунам, ки чаро.

МАН дар шаҳри Гратси Австрия калон шудам. Дар синни 7-солагӣ маро ба мактаби динӣ доданд. Лекин ман бадахлоқии байни коҳинону роҳибаҳоро дида ба даҳшат омадам. Аз ин сабаб модарам иҷозат дод, ки ҳамон сол аз мактаб равам.

Оилаи мо бо падарам, ки либоси ҳарбӣ дорад

Баъдтар ман дар мактаб-интернат хондам. Шабе падарам омада маро ба ҷойи бехатар бурд, чунки Гратсро бомбаборон мекарданд. Мо ба шаҳри Шладминг гурехтем. Ҳамин ки ба он ҷо расидем, кӯпрукеро, ки аз он гузаштем, тарконданд. Дафъаи дигар, вақте ману бибиам дар саҳни ҳавлӣ будем, самолётҳое, ки паст парвоз мекарданд, сӯйи мо тир парронданд. Дар замони тамом шудани ҷанг чунин менамуд, ки калисову ҳукумат моро фаромӯш кардааст.

ДАСТГИРИИ ҲАҚИҚӢ

Соли 1950 яке аз Шоҳидони Яҳува ба модарам хушхабари Китоби Муқаддасро нақл кард. Ман сӯҳбатҳои онҳоро гӯш мекардам ва ҳатто бо модарам ба якчанд вохӯрии ҷамъомад рафтам. Вақте модарам боварӣ ҳосил кард, ки Шоҳидони Яҳува ҳақиқатро таълим медиҳанд, соли 1952 таъмид гирифт.

Он вақт ҷамъомади маҳаллӣ ба ман маҳфили кампирон метофт. Вале баъдтар мо ба ҷамъомади дигаре рафтем, ки ҷавононаш бисёр буд. Он ба маҳфили кампирон тамоман монандӣ надошт! Вақте ба шаҳри Гратс баргаштем, ман ба ҳамаи вохӯриҳо рафтанро сар кардам ва ба зудӣ фаҳмидам, ки ҳар он чизеро, ки таълим гирифтам, ҳақиқат аст. Ман ҳамчунин фаҳмидам, ки Яҳува ходимонашро ҳеҷ вақт намепартояд. Ҳатто вақте ки мо бо вазъиятҳои бениҳоят душвор рӯ ба рӯ мешавем, Ӯ моро дастгирӣ мекунад (Заб. 3:6, 7).

Ман мехостам ба дигарон дар бораи хабари Китоби Муқаддас нақл кунам ва ин корро аз апаҳоям сар кардам. Ҳар чор апаам муаллима буданд ва аллакай алоҳида зиндагӣ мекарданд. Ман ба қишлоқҳое, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, рафтам ва ба онҳо гуфтам, ки Китоби Муқаддасро омӯзанд. Оқибат ҳамаи бародару хоҳаронам Шоҳиди Яҳува шуданд.

Ман моҳи апрели соли 1954 таъмид гирифтам. Баъд аз он ки ман хизмати хона ба хонаро сар кардам, ҳамагӣ пас аз як ҳафта, бо зане шинос шудам, ки тахминан 30-сола буд. Ман бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам. Бо гузашти вақт ӯ ва баъдтар шавҳару ду писараш низ таъмид гирифтанд. Ин омӯзиш маро рӯҳан бақувват кард, чунки ҳеҷ кас пештар бо ман омӯзиш накарда буд. Ман ба ҳар як дарс нағз тайёрӣ медидам. Ҳамин тавр аввал худро таълим медодам ва баъд он занро. Ин омӯзиш дониши маро чуқуртар кард.

«ТАЪҚИБ КАРДА МЕШАВЕМ, ВАЛЕ ПАРТОФТА НАШУДАЕМ»

Соли 1955 ман дар анҷуманҳои байналмиллалие, ки дар Олмон, Фаронса ва Англия баргузор гаштанд, иштирок кардам. Дар Лондон ман бо бародар Алберт Шредер шинос шудам. Ӯ муаллими Мактаби Ҷилъод буд ва баъдтар аъзои Ҳайати роҳбарикунанда шуд. Вақте ки мо ба тамошои осорхонаи Бритониё рафтем, бародар Шредер ба мо якчанд дастхати Китоби Муқаддасро нишон дод. Дар онҳо номи Худо бо ҳарфҳои ибронӣ навишта шуда буд. Бародар фаҳмонд, ки ин маълумоти таърихӣ хеле муҳим аст. Ин маро ба ҳаяҷон овард ва барангехт, ки боз бештар ҳақиқати Каломи Худоро паҳн кунам.

Ман ва хоҳаре, ки ҳамроҳам пешрави махсус шуда дар Мистелбахи Австрия хизмат мекард (аз тарафи рост)

Якуми январи соли 1956 ман пешрави доимӣ шудам. Пас аз чор моҳ маро пешрави махсус таъйин карданд. Он вақт дар Мистелбах, шаҳре, ки бояд дар он хизмат мекардам, ягон Шоҳиди Яҳува набуд. Дар он ҷо ман бо як душворӣ рӯ ба рӯ шудам. Ману хоҳари пешраве, ки ҳамроҳам хизмат мекард, хеле фарқ мекардем. Ман духтари шаҳрӣ ва қариб 19-сола будам, ӯ бошад, 25-сола ва аз қишлоқ буд. Ман саҳар аз хоб дер мехестам, ӯ бошад, барвақт. Ман дер хоб мерафтам, ӯ бошад, барвақт хоб мерафт. Бо вуҷуди ин, мо маслиҳати Китоби Муқаддасро ба кор бурда, ин монеаро бартараф кардем ва аз ҳамкорӣ хурсандӣ мегирифтем.

Дар он ҷо мо бо душвории сахте рӯ ба рӯ шудем. Моро таъқиб мекарданд, лекин мо партофта нашуда будем (2 Қӯр. 4:7–9). Боре мо дар қишлоқ мавъиза мекардем ки, одамони он ҷо сагҳои худро сар доданд. Ману хоҳарро сагони бадҳайбате, ки аккос зада дандонҳояшонро нишон медоданд, иҳота карданд. Мо дастони якдигарро гирифтем ва ман дуо гуфтам: «Яҳува, илтимос, вақте онҳо ба мо ҳамла мекунанд, бигзор мо тезтар мурем, то ки бисёр азоб накашем». Вақте сагон ба мо наздик шуданд, онҳо дар ҷояшон истоданд, думҳояшонро ҷунбонданд ва аз пешамон рафтанд. Мо ҳис кардем, ки Яҳува моро муҳофизат кард. Баъд аз он воқеа мо дар тамоми қишлоқ мавъиза кардем ва, хушбахтона, сокинони он хушхабарро нағз гӯш карданд. Шояд онҳо ҳайрон шуданд, ки сагон ба мо зарар нарасонданд, ё сабаб дар он буд, ки мо ба тарс дода нашуда мавъизаамонро давом додем. Сабабаш чизе набошад, дар натиҷа баъзеи онҳо Шоҳиди Яҳува шуданд.

Мо боз як ҳодисаи даҳшатоварро аз сар гузарондем. Рӯзе соҳиби хона маст шуда омад ва дод зад, ки моро мекушад, чунки мо ҳамсояҳоро безобита мекунем. Ҳамсараш ӯро ором карданӣ шуд, лекин бефоида. Мо ҳамаи инро аз хонаамон, ки дар ошёнаи дуюм буд, шунидем. Мо дарҳол дар паси дар курсиҳоро гузошта роҳро маҳкам кардем ва ҷомадонҳои худро ҷамъ кардан гирифтем. Вақте ки дарро кушодем, соҳиби хона дар болои зинапоя меистод ва дар даст корди калон дошт. Ӯро дида мо сӯйи дари дигар давидем ва тозон аз боғи калон гузаштем. Мо бо чизу чораамон гурехтем, зеро ба он ҷо баргаштанӣ набудем.

Мо ба меҳмонхона рафта, дар ҳуҷрае ҷойгир шудем. Дар он ҷо мо қариб як сол истодем ва ин натиҷаҳои хуб овард, зеро меҳмонхона дар маркази шаҳр ҷойгир буд ва баъзе омӯзандаҳо мехостанд дар он ҷо омӯзиш кунанд. Баъд аз якчанд вақт вохӯриҳои омӯзиши Китоби Муқаддас ва «Бурҷи дидбонӣ» дар ҳуҷраи мо мегузашт ва ба он вохӯриҳо тахминан 15 нафар меомад.

Дар Мистелбах мо зиёда аз як сол истодем. Баъд маро ба шаҳри Фелдбах, ки дар ҷанубу шарқи Гратс ҷойгир аст, таъйин карданд. Дар он шаҳр низ ҷамъомад набуд. Ман бо хоҳари пешрави дигаре дар ошёнаи дуюми хонаи чӯбин, дар ҳуҷраи хурдакак зиндагӣ мекардам. Шароити зистамон хуб набуд. Шамол аз сӯрохиҳои деворҳои чӯбин мегузашт, барои ҳамин мо сӯрохиҳоро бо рӯзномаҳо пур мекардем. Инчунин мо аз чоҳ об мекашондем. Лекин сабру тоқати мо самари хуб овард. Дар давоми якчанд моҳ дар Фелдбах як гурӯҳ пайдо шуд. Дар он ҷо оилае буд, ки мо бо онҳо омӯзиш мекардем, ва бо гузашти вақт қариб 30 нафараш ҳақиқатро қабул карданд!

Ин гуна воқеаҳо миннатдории маро ба Яҳува зиёд карданд, чунки Ӯ шахсонеро, ки пеш аз ҳама Подшоҳиашро меҷӯянд, ҳамеша дастгирӣ мекунад. Ҳатто вақте ки одамон ба мо ёрдам карда наметавонистанд, дасти Яҳува барои кӯмак кӯтоҳ набуд (Заб. 120:1–3).

ЯҲУВА МОРО БО ДАСТИ РОСТИ АДОЛАТИ ХУД ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Соли 1958 дар шаҳри Ню-Йорк, дар варзишгоҳи Янки ва Поло Граундс, анҷумани байналмиллалӣ бояд баргузор мегардид. Ман навиштам, ки ба он ҷо рафтан мехоҳам ва филиали Австрия аз ман пурсид, ки оё ман дар синфи 32-юми Мактаби Ҷилъод хондан мехоҳам. Магар ман метавонистам ин пешниҳодро рад кунам? Не, албатта. Ин бароям шарафи бузург буд.

Дар синфхонаи Мактаби Ҷилъод ман дар назди Мартин Пётсингер менишастам. Ӯ дар лагерҳои консентратсионии фашистӣ бисёр азоб кашида буд. Баъдтар ӯ аъзои Ҳайати роҳбарикунанда шуд. Дар вақти дарс Мартин баъзан пичиррос зада аз ман мепурсид: «Эрика, ин гап ба забони немисӣ чӣ мешавад?»

Дар нисфи давраи таҳсил Нейтан Норр ба мо эълон кард, ки дар куҷо хизмат мекунем. Маро ба Парагвай таъйин карданд. Азбаски ман хеле ҷавон будам, барои ба он мамлакат рафтан иҷозати падарам лозим буд ва оқибат, баъд аз гирифтани иҷозат, моҳи марти соли 1959 ба Парагвай омадам. Ман бояд дар шаҳри Асунсион, дар хонаи миссионерон зиндагӣ мекардам ва як хоҳар ҳамроҳи нави ман шуд.

Дере нагузашта ман бо Уолтер Брайт, миссионере, ки синфи 30-юми Мактаби Ҷилъодро хатм карда буд, шинос шудам. Баъд аз якчанд вақт мо оиладор шудем ва душвориҳои зиндагиро якҷоя паси сар мекардем. Ҳар вақте ки мо бо душвории вазнин рӯ ба рӯ мешудем, ваъдаи Яҳуваро, ки дар Ишаъё 41:10 оварда шудааст, мехондем: «Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд». Ин суханон ба мо боварӣ мебахшиданд, ки, то он даме ки мо ба Яҳува содиқ мемонем ва аввал Подшоҳиашро меҷӯем, Ӯ моро тарк намекунад.

Бо гузашти вақт моро ба маҳалле таъйин карданд, ки ба сарҳади Бразилия наздик буд. Рӯҳониёни он ҷо ҷавононро ба иғво андохтанд, то хонаи миссионерии моро, ки ҳолаташ бе ин ҳам хароб буд, сангборон кунанд. Баъдтар Уолтер бо сардори полис омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард. Ӯ таъйин кард, ки кормандони полис як ҳафта хонаи моро посбонӣ кунанд. Баъд аз ин таъқибкунандагон моро ба ҳоли худ гузоштанд. Чанде пас мо аз сарҳади Бразилия гузашта, ба ҷойи беҳтар кӯчидем. Ин қулай буд, чунки мо вохӯриҳоро ҳам дар Парагвай, ҳам дар Бразилия гузаронда метавонистем. Пеш аз он ки мо кӯчидем, он ҷо ду ҷамъомади майда ташкил ёфта буд.

Бо шавҳарам Уолтер ҳангоми хизмати миссионерӣ дар Асунсиони Парагвай

ЯҲУВА МАРО ТО ҲОЛ ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Духтурон гуфта буданд, ки ман кӯдакдор шуда наметавонам. Барои ҳамин, вақте соли 1962 фаҳмидем, ки ман ҳомиладорам, хеле ҳайрон шудем. Мо ба шаҳри Ҳолливуди иёлоти Флорида кӯчидем, ки дар он ҷо волидони Уолтер зиндагӣ мекарданд. Дар давоми чанд сол ману Уолтер чун пешрав хизмат карда наметавонистем, чунки бояд ғами оилаамонро мехӯрдем. Ба ин нигоҳ накарда мо кӯшиш мекардем, ки кори Подшоҳиро дар ҷойи аввал монем (Мат. 6:33).

Вақте ки моҳи ноябри соли 1962 мо ба Флорида омадем, аз тасаввуроти бародарони маҳаллӣ оиди ягонагӣ ҳайрон шудем. Ягонагӣ барои онҳо маънои онро дошт, ки бародарони сиёҳпӯст ва сафедпӯст алоҳида ҷамъ шаванд ва дар маҳалҳои алоҳида хизмат кунанд. Лекин Яҳува одамонро аз рӯйи нажодашон ҷудо намекунад, аз ин сабаб каме пас ҷамъомадҳоро бародару хоҳарони гуногуннажод ташкил медоданд. Дар ин кор дасти Яҳува баръало маълум шуд, чунки ҳоло дар он ҷо ҷамъомадҳои бисёр ҳастанд.

Мутаассифона, Уолтер соли 2015 аз саратони майнаи сар вафот кард. Ӯ дар давоми 55 соли зиндагии якҷояамон бароям шавҳари бениҳоят хуб буд. Уолтер Яҳуваро дӯст медошт ва бисёр бародаронро дастгирӣ кард. Ман вақтеро интизорам, ки ӯ зинда мешавад ва ӯро сиҳату саломат мебинам (Аъм. 24:15).

Ман ба Яҳува миннатдорам, ки дар давоми 40 сол дар хизмати пурравақт иштирок карда бисёр хурсандиҳову баракатҳоро дидам. Масалан, ману Уолтер таъмиди 136 омӯзандаи худро дидем. Албатта, душвориҳо низ буданд, лекин мо намегузоштем, ки онҳо барои хизмат кардан ба Яҳува монеа шаванд. Дар душвориҳо мо ба Яҳува наздиктар мешудем, чунки ба Ӯ такя карда интизор мешудем, ки Яҳува дар вақти муқарраркардаи худ бо тарзе, ки дуруст мешуморад, душвориҳоро бартараф мекунад. Ва Ӯ чунин ҳам мекард! (2 Тим. 4:16, 17).

Ман Уолтерро хеле ёд мекунам, вале хизмати пешравӣ ба ман ёрдам мекунад, ки рӯҳафтода нашавам. Ба ман таълим додани дигарон, хусусан дар бораи умеди эҳёшавӣ гап задан, маъқул аст. Дар ҳақиқат, Яҳува маро бо тарзҳои зиёд дастгирӣ мекунад. Мувофиқи ваъдааш Ӯ маро тарк намекунад, қувват медиҳад ва бо дасти рости адолати Худ дастгирӣ мекунад (Иш. 41:10).