Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Дар ҷустуҷӯйи ҳаёти пурмаъно

Дар ҷустуҷӯйи ҳаёти пурмаъно

Вақте ман дар байни Баҳри Миёназамин будам, ногаҳон пай бурдам, ки ба қаиқи куҳнаам об зада медарояд. Сипас тӯфон сар шуд, ман талхакаф шудам ва баъди чандин сол якум бор дуо гуфтам. Биёед муфассалтар нақл кунам, ки чӣ тавр ман бо ин вазъият дучор шудам.

Дар 7-солагиам, вақте дар Бразилия зиндагӣ мекардем

Ман соли 1948 дар Нидерландия таваллуд шудам. Дар яксолагиам оилаи мо ба шаҳри Сан-Паулои Бразилия кӯчид. Волидонам доим ба калисо мерафтанд. Бинобар ин ҳар бегоҳ баъд аз хӯроки шом мо Китоби Муқаддас мехондем. Соли 1959 бошад, мо ба Амрико кӯчида дар иёлоти Массачусетс сокин шудем.

Падарам барои таъмин кардани оилаамон, ки аз ҳашт нафар иборат буд, бисёр меҳнат мекард. Ӯ дар ҳар ҷо кор мекард: фурӯшанда буд, коргари таъмири роҳҳо шуда меҳнат мекард ва дар як ширкати ҳавопаймои байналмилалӣ низ кору фаъолият дошт. Вақте ӯро дар ин ширкат ба кор гирифтанд, мо аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем, зеро акнун ба ҳар ҷо сафар карда метавонистем.

Дар мактабхониам ман доим дар фикри он будам, ки ба воя расида кӣ мешавам. Баъзе дӯстонам қарор карданд, ки ба донишгоҳ ва дигарон ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ман бошам, дар бораи ба хизмати ҳарбӣ рафтан умуман фикр намекардам, чунки ҷанг кардан он сӯ истад, ба ман ҳатто баҳс кардан маъқул набуд. Аз ин рӯ қарор кардам, ки ба хизмат намеравам, балки ба донишгоҳ дохил мешавам. Лекин асосан ман мехостам ба одамон кумак кунам, чунки фикр мекардам, ки бо ин роҳ ҳаётам пурмаъно мешавад.

ДАВРАИ ДОНИШҶӮИЯМ

Солҳои зиёд ман дар ҷустуҷӯйи маънои ҳаёт будам

Дар донишгоҳ ба ман фанни антропология маъқул буд, зеро мехостам фаҳмам, ки ҳаёт чӣ тавр пайдо шудааст. Дар он ҷо назарияи эволютсияро таълим медоданд ва мехостанд, ки мо онро чун ҳақиқат қабул кунем. Вале барои ман баъзе таълимоташон аз рӯйи мантиқ наметофт. Шахс бояд ба он кӯр-кӯрона бовар мекард, ки ин аз рӯйи илм нодуруст аст.

Муаллимонамон ба мо аз рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқӣ зиндагӣ карданро ёд намедоданд. Баръакс, мегуфтанд, ки ба ҳар қимате бошад, дар донишгоҳ комёбӣ ба даст орем. Ман бо дӯстонам ба ҳар гуна вақтхушиҳо рафта нашъа мекашидам. Ин ба ман хурсандӣ меовард, лекин хурсандиам дер давом намекард. Ман ҳайрон шуда ба худ мегуфтам: «Магар ҳаёти пурмаънояш ҳамин аст?»

Дар ин миён ман ба шаҳри Бостон рафта, ба донишгоҳе дохил шудам. Барои супоридани пули донишгоҳ дар вақти таътил кор мекардам. Он вақт ман бори аввал бо Шоҳидони Яҳува шинос шудам. Як ҳамкорам Шоҳиди Яҳува буд. Ӯ ба ман дар бораи ҳафт замоне, ки дар боби 4-уми китоби Дониёл пешгӯйӣ шудааст, нақл мекард ва мегуфт, ки мо дар рӯзҳои охир зиндагӣ дорем (Дон. 4:13–17). Ман дарҳол фаҳмидам, ки агар чунин суҳбатҳоро давом диҳам ва ба гапҳояш бовар кунам, маҷбур мешавам, ки ба ҳаётам дигаргунӣ дарорам. Аз ин рӯ ҳар вақте ӯро медидам, роҳи гурез мекофтам.

Дар донишгоҳ ба хоҳишмандон таълим медоданд, ки чӣ тавр дар Амрикои Ҷанубӣ чун ихтиёрӣ кор кардан мумкин аст. Ман фикр кардам, ки ба муҳтоҷон кумак кардан ҳаётамро пурмаъно месозад, вале хато кардам. Ниҳоят рӯҳафтода шуда дар охири нимсолаи таҳсил донишгоҳро партофта рафтам.

ҶУСТУҶӮЙИ МАЪНОИ ҲАЁТ ДАР МАМЛАКАТҲОИ ДУРДАСТ

Моҳи майи соли 1970 ман ба Амстердами Нидерландия сафар кардам. Дар он ҷо ба ширкати ҳавопаймоие, ки падарам кор мекард, ба кор даромадам. Корам имкон медод, ки ба дигар давлатҳои Африқо, Амрико, Аврупо ва Осиё мунтазам сафар кунам. Дар ҳар як давлат ман пай бурдам, ки одамон мушкилиҳои ҷиддӣ доранд ва ба назар чунин менамуд, ки роҳи ҳаллашон нест. Ҳамаи инро дида дар дилам аз нав хоҳиш пайдо шуд, ки дар ҳаёт ягон кори арзанда кунам, барои ҳамин ба Иёлоти Муттаҳида баргашта боз ба донишгоҳи Бостон дохил шудам.

Лекин дере нагузашта ман дарк кардам, ки дар донишгоҳ ҳаргиз ба саволҳоям дар бораи ҳаёт ҷавоб намеёбам. Ман чӣ кор карданамро намедонистам, бинобар ин, аз муаллимам, ки фанни антропологияро дарс медод, маслиҳат пурсидам. Ӯ ба ман гуфт: «Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Ҷойи ту ин ҷо нест». Гапҳои муаллим маро ба ҳайрат овард. Кош аз ӯ тезтар маслиҳат мепурсидам. Баъди он суҳбатамон ман аз донишгоҳ пайи қадамамро кандам.

Вале ҳаётам то ҳол маъно надошт, аз ин рӯ ба гурӯҳи одамоне ҳамроҳ шудам, ки аз рӯйи меъёрҳои ҷомеа зиндагӣ намекарданд ва ба назар тарафдори муҳаббат ва осоиштагӣ буданд. Ману якчанд дӯстам аз Иёлоти Муттаҳида сар карда то Акапулкои Мексика сафар кардем. Он гурӯҳ хушбахту сулҳҷӯ менамуд. Вале андак пас ман пай бурдам, ки онҳо дар асл хушбахт нестанд ва ҳаёташон маъно надорад. Маълум шуд, ки бисёри онҳо одамони беинсофу саркаш будаанд.

БО ҚАИҚ ҶУСТУҶӮЙРО ДАВОМ МЕДИҲАМ

Ману дӯстам дар ҷустуҷӯйи ҷазираи биҳиштосо

Дар ин миён орзуи кӯдакиам дар дилам бедор шуд. Ман мехостам, ки дар баҳр шино кунам, на чун баҳрнавард, балки ба сифати капитан. Барои амалӣ гаштани ин орзуям ман бояд соҳиби қаиқ мешудам. Азбаски як ҷӯраам низ чунин орзу дошт, мо қарор кардем, ки якҷоя ба сафари гирди ҷаҳон мебароем. Орзу доштам, ки ягон ҷазираи биҳиштосо ёфта дур аз қонуну қоидаҳои ҷомеа зиндагӣ мекунам.

Ману ҷӯраам Том ба Аренис Демар, ки дар наздикии Барселонаи Испания аст, сафар кардем. Дар он ҷо мо қаиқи 9-метраеро харидем, ки Лигра ном дошт. Сипас онро таъмир кардем, то дар уқёнус бо он шино карда шавад. Азбаски мо саросема набудем, мотори қаиқамонро канда партофтем ва барои оби нӯшокӣ ҷойи иловагӣ тайёр кардем, барои дар бандаргоҳ дуруст таваққуф кардани қаиқамон бошад, ду бели панҷметра харидем. Баъди анҷоми корҳои таъмирӣ мо ниҳоят сӯйи ҷазираҳои Сейшели Уқёнуси Ҳинд раҳсипор шудем. Ният доштем, ки тавассути соҳили ғарбии Африқо ва аз атрофи димоғаи Умеди Неки Африқои Ҷанубӣ гузашта ба он ҷо меравем. Барои раҳгум назадан мо ба ситораҳо нигоҳ мекардем, инчунин якчанд харита, китоб ва асбобҳои одиро истифода мебурдем. Ман дар ҳайрат мемондам, ки чӣ тавр бо воситаи ин асбобҳо мо мавқеамонро дақиқ муайян мекардем.

Чанде пас мо фаҳмидем, ки қаиқамон сӯрохӣ доштаасту ба он бо суръати 22 литр дар як соат об медарояд. Чи хеле дар пешгуфтор қайд карда будам, ҳангоми тӯфон ман сахт тарсидам ва баъди чандин сол якумин бор дуо гуфтам. Ман ба Худо ваъда додам, ки агар зинда монам, ҳатман дар борааш дониш мегирам. Баъд аз ором шудани тӯфон ман дарҳол аз пайи иҷрои ваъдаам шудам.

Дар байни Баҳри Миёназамин Китоби Муқаддас хондан ба кас ҳаловат меорад. Як тасаввур кунед, ки чӣ хел дар каноре нишаста уфуқи беохир, ҷаҳиши моҳӣ ва делфинҳоро тамошо мекунед. Шабона бошад, дар осмон галактикаи Роҳи Каҳкашонро дида ба ваҷд меоед. Ман ҳамаи инро дида бештар боварӣ ҳосил кардам, ки Худо вуҷуд дорад ва ӯ нисбати одамизод бепарво нест.

Чанд ҳафта пас мо ба бандаргоҳи Аликантеи Испания расида таваққуф кардем, то ки қаиқи куҳнаамонро фурӯшему навашро харем. Лекин барои қаиқи бематор ва сӯрохдор ба осонӣ харидор ёфт намешуд. Аз тарафи дигар ман аз фурсат истифода бурда Китоби Муқаддас мехондам.

Китоби Муқаддасро хонда ман оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки он инсонро хушбахт гардонда метавонад. Дар он аниқу равшан гуфта мешавад, ки мо бояд ахлоқан пок бошем. Ман ҳайрон мешудам, ки чаро ин қадар одамон, аз ҷумла ман, ки худро масеҳӣ меномам, аз рӯйи гуфтаҳои Худо амал намекунем.

Ман қарор кардам, ки ҳаётамро ба тартиб медарорам, бинобар ин нашъакаширо партофтам. Медонистам, ки дар кадом кунҷи дунё одамоне ҳастанд, ки аз рӯйи гуфти Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд ва ман бояд онҳоро ёбам. Аз ин рӯ бори дуюм дуо гуфта аз Худо хоҳиш кардам, ки маро ба мақсадам расонад.

ДАР ҶУСТУҶӮЙИ ДИНИ ҲАҚИҚӢ

Ман қарор кардам, ки динҳоро аз назар гузаронда ҳақиқиашро меёбам. Ба назарам ин аз рӯйи мантиқ менамуд. Дар кӯчаҳои шаҳри Аликанте ман ибодатгоҳҳои ҳар гуна динро медидам, вале азбаски онҳо расму тасвирҳоро истифода мебурданд, ман дарҳол фаҳмидам, ки дар онҳо ҳақиқат нест.

Як рӯзи якшанбе, нисфирӯзӣ, ман дар теппае рӯбарӯи бандаргоҳ нишаста аз китоби Яъқуб 2:1–5 дар бораи ба сарватмандон хушомад накардан хондам. Баъд аз хониш сӯйи қаиқам мерафтам, ки дар роҳ биноеро дидам, ки ба ибодатгоҳ монанд буд. Он бино дар даромадгоҳаш чунин навиштаҷот дошт: Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува.

Ман гуфтам, ки пайравони ин динро месанҷам. Ба ибодатгоҳашон даромада мебинам, ки бо ман чӣ хел муносибат мекунанд. Ҳамин тавр пойлуч, бо риши дароз ва ҷинсҳои дарида ба ибодатгоҳашон даромадам. Марде маро пешвоз гирифта дар назди як зани пиронсол ҷо кард. Он зан меҳрубонона оятҳоеро, ки нотиқ мегуфт, аз Китоби Муқаддас ба ман нишон медод. Баъди вохӯрӣ одамон наздам омада бо ман суҳбат мекарданд, ин маро ба ҳайрат овард. Дар он ҷо марде барои суҳбатамонро давом додан маро ба хонааш даъват кард. Лекин азбаски ман Китоби Муқаддасро то охир нахонда будам, ба ӯ гуфтам: «Ҳамин ки китобро тамом кардам, ба шумо хабар медиҳам». Дар ин муддат ман дар ҳамаи вохӯриҳои онҳо иштирок мекардам.

Якчанд ҳафта пас ман ба хонаи он мард рафтам ва ӯ ба саволҳоям ҷавоб дод. Баъд аз як ҳафта бошад, ӯ ба ман як сумка либоси нағз ҳадя кард ва гуфт, ки соҳиби либос дар ҳабс аст, чунки аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал карда одамонро дӯст медораду ба даст яроқ гирифтан намехоҳад (Иш. 2:4; Юҳ. 13:34, 35). Баъди ин суханонаш ман дарк кардам, ки ба мақсадам расидам, одамонеро ёфтам, ки аниқ аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Навиштаҳо зиндагӣ мекунанд. Ман дигар дар ҷӯстуҷӯйи ҷазираи биҳиштосо набудам. Ба ҷойи ин мақсад мондам, ки ба Нидерландия баргашта Китоби Муқаддасро чуқур меомӯзам.

КОР МЕКОБАМ

Баъди чор рӯзи сафар ман ба шаҳри Гронингени Нидерландия расидам. Барои худро таъмин кардан бояд ягон кор меёфтам. Ман мехостам, ки дар устохонае ба кор дароям ва дар он ҷо ба ман варақаеро доданд, ки пур кунам. Дар он савол дода мешуд, ки ба кадом дин тааллуқ дорам. Ман дар ҷавоб навиштам: «Шоҳиди Яҳува». Вақте соҳибкор онро хонд, ман пай бурдам, ки рангу рӯяш дигар шуд. Ӯ ба ман нигоҳ карда гуфт: «Мо ба шумо занг мезанем» ва бо ҳамин ба ман занг назаданд.

Ман боз устухонаи дигарро ёфта ба соҳибаш муроҷиат кардам. Ӯ гуфт, ки диплом ва тарҷумаи ҳолам даркор аст. Ман фаҳмондам, ки киштии чӯбинеро таъмир карда будам. Хушбахтона, ӯ гуфт, ки худи ҳамон рӯз ба кор шурӯъ карда метавонам, вале бо як шарт. Ӯ гуфт: «Кӯшиш кун, ки ба сарам ягон проблема наорӣ, чунки ман Шоҳиди Яҳува мебошам ва аз рӯйи Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунам». Аз ин ба ҳайрат омада гуфтам, ки ман ҳам Шоҳиди Яҳува ҳастам. Вале ӯ ба мӯйи дароз ва ришам нигоҳ карда гуфт: «Хеле хуб. Ман бо ту Китоби Муқаддасро меомӯзам». Ман пешниҳоди ӯро бо ҷону дил қабул кардам. Он лаҳза ман фаҳмидам, ки чаро соҳибкори пештара ба ман занг назад. Ин ҷавоби Яҳува ба дуоям буд (Заб. 37:4). Ман дар устохонаи он бародар як сол кор кардам. Баъди як соли омӯзиш моҳи январи соли 1974 таъмид гирифтам.

НИҲОЯТ ҲАЁТИ ПУРМАЪНОРО ЁФТАМ

Баъд аз як моҳ хизмати пешравиро сар кардам, ки он ба ман хурсандии зиёд меовард. Як моҳ паси дигар бошад, ба Амстердам кӯчидам, то ки гурӯҳи нави испанизабонро дастгирӣ кунам. Бо забони испанӣ ва португалӣ гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас ба ман шодии зиёд мебахшид. Моҳи майи соли 1975 соҳиби як баракати дигар шудам, маро пешрави махсус таъйин намуданд.

Рӯзе хоҳар Инеке, ки пешрави махсус буд, ба ҷамъомади мо як омӯзандаи боливиягиашро овард. Ӯ мехост, ки омӯзандаашро бо бародару хоҳарон шинос кунад. Ману Инеке қарор кардем, ки бо ҳам аз наздик шинос мешавем, барои ҳамин ба якдигар нома навистанро сар кардем. Дере нагузашта фаҳмидем, ки мақсадҳои якхела дорем. Бинобар ин соли 1976 мо оиладор шудем ва то соли 1982 пешрави махсус шуда хизмат кардем. Сипас моро ба синфи 73-юми Мактаби Ҷилъод даъват намуданд. Баъд аз хатм вақте моро ба Африқои Шарқӣ таъйин карданд, ба ҳайрат омадем, ҳамзамон хеле хурсанд шудем. Ҳамин тавр мо дар Момбасаи Кения панҷ сол хизмат кардем. Соли 1987 вақте дар Танзания ба фаъолиятамон иҷозат дода шуд, моро ба он ҷо таъйин карданд. Баъди 26 соли хизматамон дар Танзания мо ба Кения баргаштем.

Ману ҳамсарам дар Африқои Шарқӣ ба одамон ҳақиқатро таълим дода хурсандӣ мегирифтем

Ба одамони фурӯтан ҳақиқати Китоби Муқаддасро таълим додан ҳаёти моро воқеан ҳам пурмаъно мегардонад. Масалан, аввалин омӯзандаамро дар Момбаса ҳангоми дар ҷойи ҷамъиятӣ хизмат карданам ёфтам. Вақте ман ба ӯ ду маҷаллаамонро додам, ӯ пурсид: «Баъди хондани ин маҷаллаҳо ман бояд чӣ кор кунам?» Ҳафтаи навбатӣ мо бо ӯ аз рӯйи китоби «Ту метавонӣ то абад дар биҳишт зиндагӣ кунӣ» омӯзиш сар кардем. Он вақт ин китоб ба забони суаҳилӣ нав баромада буд. Баъд аз як сол ӯ таъмид гирифта пешрави доимӣ шуд. Аз он вақт сар карда ӯву ҳамсараш қариб ба сад нафар кумак карданд, ки таъмид гиранд.

Ману Инеке боварӣ ҳосил кардем, ки Яҳува ҳаёти халқашро пурмаъно мегардонад

Вақте ман аввалин бор маънои ҳаётро ёфтам, худро чун савдогаре ҳис кардам, ки марвориди қиматбаҳоеро ёфтаасту намехоҳад онро аз даст диҳад (Мат. 13:45, 46). Ман қарор кардам, ки акнун ба дигарон кумак мекунам, то онҳо низ соҳиби ҳаёти пурмаъно шаванд. Ману ҳамсарам аз ҳаёти худ гуфта метавонем, ки Яҳува халқашро баракат медиҳад, то ҳаёти пурмаъно дошта бошанд.