МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 42
«Хушбахтанд касоне, ки дар назди Яҳува дар беайбӣ роҳ мераванд»
«Хушбахтанд касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд... аз рӯйи шариати Яҳува рафтор мекунанд» (ЗАБ. 119:1).
СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо
ПЕШГУФТОР *
1, 2. а) Баъзе ҳокимиятҳо нисбати халқи Худо кадом чораҳоро меандешанд, вале халқи Яҳува чӣ тавр амал мекунанд? б) Чӣ тавр озору азият хушбахтиро ба бор оварда метавонад? (Расми муқоваро шарҳ диҳед.)
АЙНИ ҳол дар сар то сари ҷаҳон дар зиёда аз 30 давлат фаъолияти мо маҳдуд ё манъ карда шудааст. Дар баъзеи ин давлатҳо ҳамимонони моро ҳокимиятдорон ҳабс мекунанд. Онҳо чӣ гуноҳ карданд? Дар асл, онҳо ягон кори бад накардаанд. Гуноҳашон фақат ҳамин аст, ки Китоби Муқаддас мехонанду меомӯзанд, дар бораи эътиқодашон ба дигарон нақл мекунанд ва бо ҳамимонони худ ҷамъ мешаванд. Инчунин дар масъалаҳои сиёсӣ бетарафиро нигоҳ медоранд. Новобаста ба зиддияти шадид ин ҳамимонони мо беайбиашонро * нигоҳ медоранд ва нишон медиҳад, ки пурра ба Яҳува вафодоранд. Аз ин корашон онҳо заррае ҳам пушаймон нестанд.
2 Шояд шумо суратҳои баъзеи ин бародару хоҳарони далерамонро дидаед. Онҳо табассум мекунанд, шоданд, зеро медонанд, ки беайбиашон ба Яҳува писанд аст (1 Воқ. 29:17а). Исо гуфта буд: «Хушбахтанд касоне, ки аз барои росткорӣ озор дидаанд... Шоду хурсанд бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст» (Мат. 5:10–12).
НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ МО
3. Мувофиқи Корнома 4:19, 20 расулон дар асри як ба озор чӣ гуна муносибат мекарданд ва чаро?
3 Имрӯз бародару хоҳарон бо вазъиятҳое дучор мешаванд, ки расулон дар асри як аз сар гузаронда буданд,— вақте дар бораи Исо шаҳодат медоданд. Доварони Шӯрои олии яҳудиён гаштаву баргашта ба онҳо мегуфтанд, ки «дигар дар бораи номи Исо гап назананд» (Кор. 4:18; 5:27, 28, 40). Расулон ба ин амр чӣ гуна муносибат карданд? (Корнома 4:19, 20-ро хонед.) Онҳо медонистанд, ки ҳокимияти воло фармудааст, то дар бораи Масеҳ ба одамон пурра шаҳодат дода шавад (Кор. 10:42). Аз ин рӯ намояндагонашон, Петрус ва Юҳанно, далерона арз карданд, ки ба Худо итоат мекунанд, на ба он доварон, барои ҳамин минбаъд низ дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд. Дар асл, расулон гӯё ба он доварон гуфтанд: «Магар шумо гуфтаниед, ки амрҳоятон аз фармудаҳои Худои Таоло дида, болотар аст?»
4. Мувофиқи Корнома 5:27–29 расулон барои масеҳиёни ҳақиқӣ чӣ намуна гузоштанд ва мо аз онҳо чӣ ибрат гирифта метавонем?
4 Аз намунаи расулон ибрат гирифта хизматгорони Яҳува «имрӯз ба Худо чун ба ҳоким итоат» мекунанд, «на ба одамон». (Корнома 5:27–29-ро хонед.) Баъд аз он ки расулонро барои иродаи қавиашон дар Шӯрои олии яҳудиён лату кӯб карданд, онҳо аз он ҷо «хурсанд шуда баромаданд, зеро сазовор дониста шуданд, ки ба хотири номи Исо гирифтори беҳурматӣ гарданд» ва хизматашонро давом доданд (Кор. 5:40–42).
5. Ба кадом саволҳо ҷавоб ёфтанамон лозим?
5 Вале намунае, ки расулон гузоштанд, баъзе саволҳоро ба миён меорад. Масалан, чӣ тавр онҳо бо қарорашон дар бораи он ки ба Худо итоат мекунанд, на ба одамон, принсипи «ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор» буданро вайрон намекарданд? (Рум. 13:1). Чӣ тавр мо, чи хеле Павлуси расул гуфт, «ба ҳукуматҳову ҳокимиятҳо фармонбардору итоаткор» бошем, вале ҳамзамон дар назари Худо, ки Ҳокими асосиамон мебошад, беайбии худро нигоҳ дорем? (Тит. 3:1).
«ҲОКИМИЯТҲОИ БОЛО»
6. а) Мувофиқи Румиён 13:1 «ҳокимиятҳои боло» гуфта, киҳо дар назар дошта шудаанд ва мо бояд ба онҳо чӣ тавр муносибат кунем? б) Ҳокимияти роҳбарони одамӣ чӣ гуна аст?
6 Румиён 13:1-ро хонед. Дар ин оят ибораи «ҳокимиятҳои боло» ба роҳбарони одамӣ ишора мекунад, ки бар дигарон қудрат доранд. Масеҳиён зери итоати ин ҳокимиятҳо мебошанд. Ҳокимиятдорон дар ҷомеа тартибу низомро муҳайё мегардонанд, қонунҳо мебароранд ва баъзан ҳатто хизматгорони Яҳуваро муҳофизат мекунанд (Ошкор. 12:16). Барои ҳамин ба мо фармуда шудааст, ки андоз супорем ва ҳурмату иззати «ҳокимиятҳои боло»-ро ба ҷо орем (Рум. 13:7). Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки Яҳува роҳ додааст, ки ин ҳокимиятҳо қудрат дошта бошанд. Вақте Исоро ҳокими румӣ Понтиюс Пилотус пурсуков кард, ӯ дар ин бора аниқ гуфта буд. Пилотус ба Исо гуфт, ки қудрат дорад, то ӯро аз марг халос кунад ё ба қатл расонад. Исо ин суханонро шунида гуфт: «Агар ин ба ту аз боло дода намешуд, ман дар ихтиёри ту намебудам» (Юҳ. 19:11). Бале, ҳокимияти Пилотус маҳдуд буд. Ба ин монанд ҳокимияти роҳбарону сиёсатмадорони имрӯза низ маҳдуд аст.
7. Дар кадом мавридҳо мо ба ҳокимиятҳои инсонӣ итоат намекунем ва онҳо аз чӣ бояд бохабар бошанд?
7 Масеҳиён ба ҳокимиятҳои инсонӣ итоатфармоянд, ба шарте ки қонунҳои онҳо ба қонунҳои Худо зид набароянд. Лекин, вақте ҳокимиятдорон аз мо чизеро талаб мекунанд, ки Худо онро иҷозат намедиҳад ё кореро, ки Худо фармудааст, мегӯянд, ки накунем, мо ба онҳо итоат карда наметавонем. Масалан, ҳокимиятдорон шояд аз ҷавонон талаб кунанд, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ биҷанганд ё Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфтаро манъ мекунанд ва намегузоранд, ки мо хизмат кунему Яҳуваро ибодат намоем. * Ногуфта намонад, ки вақте ҳокимон аз қудраташон суиистифода мекунанд, масалан, пайравони Исоро озор медиҳанд, бояд дар назди Худо ҷавоб гӯянд, зеро Яҳува ҳамаи инро назорат мекунад (Пандгӯ 5:8).
8. Фарқ байни калимаи «боло» ва «олӣ» дар чист ва чаро фаҳмидани ин муҳим мебошад?
8 Калимаи «боло» маънои «мақоми беҳтар бузургтар, баландтар доштан»-ро дорад. Вале маънои он «мақоми беҳтарин, бузургтарин, баландтарин доштан» нест. Мафҳуми «мақоми баландтарин»-ро калимаи «олӣ» ифода мекунад. Бинобар ин, ҳарчанд ба ҳокимиятҳои одамӣ, чун ба «ҳокимиятҳои боло» ишора карда шудааст, вале ҳокимияте вуҷуд дорад, ки мақоми олиро ишғол мекунад. Дар Китоби Муқаддас ба Яҳува чор маротиба унвони «Ҳаққи Таоло» дода шудааст, ки мақоми олӣ доштани ӯро нишон медиҳад (Дон. 7:18, 22, 25, 27).
«ҲАҚҚИ ТАОЛО»
9. Пайғамбар Дониёл дар рӯъёҳо чиро дид?
9 Дониёл пайғамбар дар рӯъёҳо баръало дид, ки ҳокимияти Яҳува аз ҳокимиятҳои инсонӣ воло аст. Дар аввал ин марди бовафо ҳайвонҳои ваҳшиеро дид, ки рамзи империяҳои гузашта ва ҳозира мебошанд, аз ҷумла: Бобил, Модаю Форс, Юнон, Рум ва Бритониёву Амрико (Дон. 7:1–3, 17). Сипас Дониёл Яҳуваро дар тахти довариаш дар осмон дид (Дон. 7:9, 10). Он чизе, ки ӯ баъд аз ин дид, барои ҳар як ҳокими имрӯза огоҳӣ ҳаст.
10. Мувофиқи Дониёл 7:13, 14, 27 Яҳува ҳокимиятро ба кӣ медиҳад ва ин дар бораи ӯ чиро ошкор месозад?
10 Дониёл 7:13, 14, 27. Худо ҳокимиятро аз дасти одамон гирифта ба онҳое медиҳад, ки лоиқу пурқудраттаранд. Ин киҳоянд? «Касе мисли фарзанди одам», яъне Исои Масеҳ ва «покони Ҳаққи Таоло», ки 144 000 тадҳиншудагон мебошанд. Онҳо «то абад, то абадулобод» ҳукмронӣ хоҳанд кард (Дон. 7:18). Бале, азбаски Яҳува «Ҳаққи Таоло» аст, танҳо ӯ қудрат дорад, ки чунин амал кунад.
11. Дониёл дар бораи Яҳува боз чӣ навишт, ки ин қудрати ӯро бар одамизод нишон медиҳад?
11 Он чизе, ки Дониёл дар рӯъё дид, бо суханҳояш, ки пештар гуфта буд, мувофиқ аст. Дониёл гуфт, ки «Худои осмон», «подшоҳонро сарнагун мекунад ва таъйин месозад». Ӯ инчунин навишт, ки «Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад» (Дон. 2:19–21; 4:17). Оё ягон бор чунин будааст, ки Яҳува аз инсон ҳокимиятро гирифта бошад, ё ба ӯ ҳокимият дода бошад? Албатта!
12. Чӣ тавр Яҳува дар гузашта подшоҳонро аз тахт гирифта буд? Мисол оред. (Ба расм нигаред.)
12 Дар асл Яҳува нишон додааст, ки аз «ҳокимиятҳои боло» пурқудраттар аст. Се мисолро дида мебароем: Фиръавни Миср халқи Худоро чун ғулом истифода мебурд ва якравӣ карда онҳоро озод намекард. Барои ин Худо ӯро дар баҳри Сурх ғарқ намуда, исроилиёнро озод кард (2 Мӯсо 14:26–28; Заб. 136:15). Шоҳ Балшасари бобилӣ бошад, зиёфат ташкил намуда «бар зидди Худованди осмон баромад» ва ба ҷойи Яҳува «худоёнеро, ки аз нуқра, тилло» тайёр шудаанд, «васфу ситоиш кард» (Дон. 5:22, 23). Барои ин кораш Яҳува Балшасари мағрурро сархам гардонд; «худи ҳамон шаб» ӯ кушта шуд, подшоҳиаш бошад, ба Модаю Форс дода шуд (Дон. 5:28, 30, 31). Дар мавриди дигар шоҳ Ҳиродуси Ағрипоси I-и фаластинӣ Яъқуби расулро кушт, сипас Петрусро ба зиндон партофт, то аз ӯ низ халос шавад. Вале Яҳува нагузошт, ки Ҳиродус ба ин мақсадаш расад, бинобар ин «фариштаи Яҳува Ҳиродусро зарба зад» ва ӯ мурд (Кор. 12:1–5, 21–23).
13. Чӣ тавр Яҳува Иттиҳоди ҳокимонро шикаст дода буд? Мисол оред.
13 Яҳува инчунин нишон додааст, ки ҳатто аз Иттиҳоди ҳокимон пурқудраттар аст. Масалан, ӯ ба исроилиён қудрат дод, то 31 шоҳи қаламрави Канъонро шикаст дода дар миқёси бузург Замини ваъдашударо ба даст оранд (Юшаъ 11:4–6, 20; 12:1, 7, 24). Яҳува инчунин шоҳ Бин-Ҳадад ва 32 ҳокими Сурияро, ки зидди исроилиён баромаданд, торумор гардонд (3 Подш. 20:1, 26–29).
14, 15. а) Шоҳ Набукаднесар ва Дориюш дар бораи ҳокимияти Яҳува чӣ гуфтанд? б) Забурнавис дар бораи Яҳува ва халқаш чӣ гуфтааст?
14 Яҳува чандин маротиба нишон додааст, ки ӯ Ҳаққи Таоло мебошад. Боз мисол меорем: боре шоҳи Бобил Набукаднесар ба ҷойи он ки фурӯтанона тан гирад, ки фақат Яҳува сазовори ҷалол аст, дар бораи қудрату шукӯҳи худ лоф зад. Барои ин кораш Худо ӯро аз ақл маҳрум гардонд. Баъд аз он ки Набукаднесар ба худ омад «Худои Таолоро васфу ситоиш кард» ва тан гирифт, ки «ҳукмронии ӯ ҷовидонист». Ӯ инчунин илова намуд: «касе нест, ки пеши роҳи ӯро бигирад» (Дон. 4:30, 33–35). Баъдтар, вақте вафодории Дониёл озмуда шуд ва Яҳува ӯро аз чоҳи шерон баровард, шоҳ Дориюш ба сокинони сарзаминаш амр фармуд, ки «аз Худои Дониёл тарсону ларзон бошанд, зеро ӯ Худои зинда ва ҷовидонист. Подшоҳии ӯ ҳаргиз барҳам намехӯрад ва ҳукмрониаш абадист» (Дон. 6:7–10, 19–22, 26, 27).
15 Забурнавис ҳам навиштааст: «Яҳува ба нияти халқҳо монеъ шуд, ӯ нақшаҳои онҳоро вайрон кард». Инчунин илова намудааст: «Чӣ хушбахт аст мардуме, ки Яҳува Худояш аст, халқе, ки ӯ мулки худ интихоб кардааст» (Заб. 33:10, 12). Чи хеле мебинед, мо барои ба Яҳува содиқ мондан сабаби ҷиддӣ дорем.
НАБАРДИ ТАҚДИРСОЗ
16. Ҳангоми «азоби азим» мо аз чӣ дилпур буда метавонем ва чаро? (Ба расм нигаред.)
16 Хуб, мо ба ёд овардем, ки Яҳува дар гузашта чӣ кор карда буд. Лекин дар оянда моро чӣ интизор аст? Бешак, Яҳува хизматгорони содиқашро ҳангоми «азоби азим» муҳофизат мекунад (Мат. 24:21; Дон. 12:1). Ин кай рӯй медиҳад? Вақте Иттиҳоди халқҳо, яъне Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, дар саросари ҷаҳон ба халқи бовафои Яҳува бераҳмона ҳамла меорад. Ҳарчанд ин Иттиҳод 193 узви Созмони Миллали Муттаҳидро дар бар мегирад, дар муқоиса бо Ҳаққи Таоло ва лашкари осмониаш ҳеҷ аст. Яҳува дар Каломи худ ваъда медиҳад: «Ман дар пеши назари халқҳои зиёде худро ҷалол медиҳам, поку муқаддас мегардонам ва шуҳрат меёбам. Он вақт онҳо мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам» (Ҳиз. 38:14–16, 23; Заб. 46:10).
17. Китоби Муқаддас дар бораи ояндаи подшоҳони тамоми замин ва онҳое, ки ба Яҳува вафодоранд, чӣ мегӯяд?
17 Ҳамлаи Ҷуҷро дида Яҳува ҷанги Ҳармаҷидунро сар мекунад ва «подшоҳони тамоми замин»-ро несту нобуд мегардонад (Ошкор. 16:14, 16; 19:19–21). Баъди он «фақат росткорон дар рӯйи замин зинда мемонанд ва дар он беайбон боқӣ мемонанд» (Пнм. 2:21).
МО БОЯД ВАФОДОР МОНЕМ
18. Бисёр масеҳиён ба чӣ тайёранд ва чаро? (Дониёл 3:28).
18 Чандин аср мешавад, ки бисёр хизматгорони Худоро барои он ки онҳо Яҳува — Ҳокими барҳақашонро дӯст медоранд, аз озодӣ ва ҳатто ҳаёт маҳрум мегарданд. Ин вафопешагон қавииродаанд, мисли се ҷавони ибрие, ки барои ба Ҳаққи Таоло вафодор мондан аз оташдони тафсон наҷот дода шуданд. (Дониёл 3:28-ро хонед.)
19. Яҳува дар асоси чӣ халқашро доварӣ мекунад ва мо аллакай имрӯз бояд чӣ кор кунем?
19 Довуди забурнавис дар бораи аҳамияти беайбӣ чунин гуфтааст: «Яҳува ба қавмҳо ҳукмашро эълон мекунад. Эй Яҳува, маро аз рӯйи росткориам доварӣ намо ва аз рӯйи беайбиам ҳукм кун» (Заб. 7:8). Ӯ инчунин навиштааст: «Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд» (Заб. 25:21). Бале, чизе ба сарамон наояд, беҳтарин роҳи ҳаёт ин ба Яҳува вафодор мондан аст. Агар беайб монем, мо низ мисли Забурнавис гуфта метавонем: «Хушбахтанд касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд... аз рӯйи шариати Яҳува рафтор мекунанд» (Заб. 119:1).
СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!
^ Дар Китоби Муқадас гуфта мешавад, ки масеҳиён бояд ба ҳокимиятҳои боло, яъне ҳукуматҳои ҷаҳонӣ, фармонбардор бошанд. Вале баъзе ҳокимиятҳо рӯйи рост ба Яҳува ва хизматгоронаш зиддият нишон медиҳанд. Пас, чӣ тавр мо ба онҳо итоат кунему ҳамзамон дар назди Яҳува беайбиамонро нигоҳ дорем?
^ МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Дар назди Яҳува беайбиро нигоҳ доштан маънои онро дорад, ки новобаста ба озмоишҳо мо ҳамеша ба ӯ ва ҳокимияташ вафодор мемонем.
^ Ба мақолаи «Исроилиёни қадим дар ҷангҳо иштирок мекарданд — чаро мо намекунем?»-и ин маҷалла нигаред.