Маслиҳатҳо барои омӯзиш
«Сурудҳои рӯҳонӣ»-ро аз ёд кунед
«Вақте ман рӯҳафтода мешавам, Яҳува маро ба воситаи таронаҳои JW Бродкастинг рӯҳбаланд мекунад» (Лорейн, ИМА).
«Сурудҳои рӯҳонӣ» ҳамеша қисми ибодати масеҳиён буд (Қӯл. 3:16). Агар шумо онҳоро аз ёд кунед, ҳатто вақте китоби сурудҳо ё таҷҳизоти электронӣ надошта бошед ҳам, онҳо ба шумо қувват мебахшанд. Барои дар хотир гирифтани сурудҳо маслиҳатҳои зерин кумак мекунанд:
Матни сурудҳоро бодиққат хонед ва ба маънояшон сарфаҳм равед. Агар мо ба маънои чизе сарфаҳм равем, дар ёд гирифтани он осон мешавад. Матни ҳамаи сурудҳоямон, аз ҷумла, таронаҳо ва сурудҳои кӯдакон дар сомонаи jw.org оварда шудааст. Дар «Китобхона» ба бахши «Мусиқӣ» дароед.
Матни сурудҳоро дар қоғаз нависед. Ҳамин тавр онҳо дар хотираатон нақш мебанданд (5 Мӯсо 17:18).
Бо овоз машқ кунед. Сурудеро якчанд бор хонед ё сароед.
Хотираатонро санҷед. Кӯшиш кунед, ки ба матни он нигоҳ накарда ба ёд оред ва баъд бинед, ки чӣ қадарашро аз ёд кардед.