Яҳёи Таъмиддиҳанда. Мо аз ӯ оиди нигоҳ доштани хурсандӣ чӣ меомӯзем?
ШОЯД шумо сахт мехоҳед, ки дар ҷамъомад масъулият ё таъйиноти махсус дошта бошед. Эҳтимол ин масъулиятро каси дигаре соҳиб аст. Мумкин он таъйинотро шумо як вақтҳо иҷро мекардед, вале аз сабаби пиронсолӣ, бад шудани саломатӣ, душвориҳои иқтисодӣ ё масъулияти оилавӣ акнун ба иҷрои он дигар имконият надоред. Ё шояд аз сабаби дигаргуниҳо дар ташкилот таъйиноте, ки солҳои зиёд бар ӯҳдаи шумо буд, ба каси дигар дода шуд. Чизе ки набошад, шояд фикр кунед, он чиро ки дар хизмати Худо кардан мехостед, накарда истодаед. Фаҳмост, ки дар чунин ҳолатҳо шахс метавонад баъзан рӯҳафтода гардад. Лекин ба ҳар ҳол чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба ҳиссиёти манфӣ — ғаму андӯҳ, хафагӣ ва ғазаб дода нашавед ва хурсандиро нигоҳ доред?
Баъзе дарсҳои муҳимро оиди нигоҳ доштани хурсандӣ аз Яҳёи Таъмиддиҳанда омӯхтан мумкин аст. Яҳё аз он таъйиноте, ки Худо ба вай дод, хеле хурсанд буд, вале намедонист, ки баъдтар дар ҳаёташ чӣ рӯй медиҳад. Ӯ қариб як сол хизмат карда ба одамон дар бораи омадани Исо мавъиза мекард. Шояд ба гӯшаи хаёли Яҳё наомада буд, ки назар ба хизматаш вақти зиёдтарро дар ҳабс мегузаронад. Ба ҳар ҳол, Яҳё шодиву хурсандии худро гум намекард ва то охири ҳаёташ ин рӯҳияро нигоҳ медошт. Чӣ ба ӯ ёрӣ медод? Ва чӣ тавр мо ҳатто дар ҳолатҳое, ки касро маъюсу рӯҳафтода мекунанд, хурсанд монда метавонем?
ТАЪЙИНОТЕ, КИ БА ЯҲЁ ХУРСАНДӢ МЕОВАРД
Баҳори соли 29-уми милодӣ Яҳё хизмати худро сар карда, одамонро ба омадани Масеҳ тайёр мекард. Ӯ мегуфт: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Мат. 3:2; Луқ. 1:12–17). Бисёриҳо ба ӯ гӯш мекарданд. Одамон аз дуру наздик тӯда-тӯда барои шунидани суханони Яҳё меомаданд ва бисёриҳо аз гуноҳҳои худ тавба карда таъмид мегирифтанд. Яҳё инчунин нотарсона он роҳбарони диниро, ки худро одил мешумориданд, огоҳ мекард, ки агар тавба карда ислоҳ нашаванд, Худо онҳоро ҷазо медиҳад (Мат. 3:5–12). Воқеаи муҳимтарин дар хизмати Яҳё ин буд, ки ӯ тирамоҳи соли 29-уми милодӣ Исоро дар об таъмид дод. Аз он вақт сар карда, Яҳё дигаронро бармеангехт, ки ба Исо — Масеҳи ваъдашуда пайравӣ кунанд (Юҳ. 1:32–37).
Дар бораи нақши беҳамтои Яҳё ҳарф зада Исо қайд кард: «Дар байни онҳое, ки аз зан таваллуд шудаанд, шахси аз Яҳёи Таъмиддиҳанда Мат. 11:11). Яҳё бешубҳа баракатҳои Яҳуваро қадр мекард. Мисли ӯ бисёр бародару хоҳарон имрӯз баракатҳои зиёд ба даст овардаанд. Масалан, Терри ном бародар ва занаш Сандра зиёда аз 50 сол ба Яҳува пурравақт хизмат карданд. Терри мегӯяд: «Ман дар намудҳои гуногуни хизмат иштирок кардам: пешрав будам, дар Байт-Ил хизмат кардам, пешрави махсус шуда хизмат кардам, нозири ноҳиявӣ ва вилоятӣ будам ва ҳозир боз пешрави махсус мебошам». Албатта, гирифтани таъйинот дар хизмати Яҳува ба мо хурсандӣ меорад, лекин чи тавре ки аз мисоли Яҳё мебинем, ҳангоми дигар шудани вазъият нигоҳ доштани хурсандӣ саъю кӯшиш металабад.
бузургтаре ба миён наомадааст, лекин шахсе, ки дар Подшоҳии осмон хурдтарин мебошад, аз вай бузургтар аст» (ОН СУПОРИШЕРО, КИ ЯҲУВА БА ШУМО МЕДИҲАД, ҚАДР КУНЕД
Чӣ ба Яҳёи Таъмиддиҳанда ёрдам медод, ки хурсандиашро гум накунад? Сирри ӯ дар он буд, ки хизмати худро ҳама вақт қадр мекард. Масалан, баъди таъмиди Исо шумораи шогирдони Яҳё торафт кам мешуду пайравони Исо бошад, зиёд мегашт. Шогирдони Яҳё аз ин ба ташвиш афтоданд ва ба наздаш омада гуфтанд: «Нигоҳ кун, он касе, ки дар тарафи дигари Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шаҳодат додӣ, ҳоло таъмид дода истодааст ва ҳама ба назди ӯ мераванд» (Юҳ. 3:26). Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Домод ҳамон касест, ки арӯс дорад. Вале дӯсти домод, вақте дар наздаш истода, суханонашро мешунавад, аз шунидани овози ӯ бисёр шод мегардад. Ба ин монанд, хурсандии ман низ ҳадду канор надорад» (Юҳ. 3:29). Яҳё бо Исо рақобат намекард, ӯ чунин фикр надошт, ки баъди омадани Исо акнун хизматаш ягон қадр надорад. Баръакс, Яҳё аз иҷро кардани нақши «дӯсти домод» хурсанд буд.
Таъйиноти Яҳё осон набошад ҳам, ӯ ҳамеша шод ва қаноатманд буд. Масалан, Яҳё аз рӯзи таваллудаш назири Худо ҳисоб меёфт, барои ҳамин шароб нӯшидан ба ӯ мумкин набуд (Луқ. 1:15). «Яҳё хӯрок намехӯрад ва шароб наменӯшад»,— гуфт Исо ба тарзи одии ҳаёти Яҳё ишора карда. Исо ва шогирдонаш чун назирон маҳдудиятҳо надоштанд ва мисли дигар одамон мезистанд (Мат. 11:18, 19). Ҳарчанд Яҳё худаш ягон мӯъҷиза нишон надода буд, вай медонист, ки ба шогирдони Исо, аз он ҷумла ба баъзе касоне, ки пеш ӯро пайравӣ мекарданд, қудрати мӯъҷизакунӣ дода мешавад (Мат. 10:1; Юҳ. 10:41). Яҳё худро бо дигарон муқоиса карда аз ин рӯҳафтода намешуд, балки он хизматеро, ки Яҳува ба ӯ супорида буд, хурсандона иҷро мекард.
Агар мо ҳам аз таъйиноте, Яҳува ҳоло ба мо додааст, қаноатманд бошем, хурсандиамонро гум намекунем. Бародар Терри, ки пештар дар борааш гуфтем, қайд мекунад: «Ман диққатамро ба он таъйиноте, ки ба ман супорида мешуд, равона мекардам». Ҳоло ӯ солҳои пеши хизмати пурравақташро ба хотир оварда мегӯяд: «Ман оиди ҳеҷ чиз пушаймон нестам, балки аз солҳои пеш фақат хотираҳои нек боқӣ мондаанд».
Ҳар як кор ё таъйинот дар ташкилоти Худо пурарзиш аст, чунки мо онро иҷро карда «ҳамкорони Худо» мешавем. Мулоҳиза дар бораи ин хурсандии моро зиёд мегардонад (1 Қӯр. 3:9). Мисол, вақте ашёи тиллоӣ ё нуқрагинро бо чизе соиш медиҳем, он аз нав ҷило медиҳад. Ба ин монанд, вақте мо мулоҳиза меронем, ки ҳамкори Яҳува будан чӣ шарафи бузург аст, ин ба нигоҳ доштани хурсандӣ ба мо кӯмак мекунад. Мо худамонро бо дигарон ва қурбониҳои худро бо қурбониҳои дигарон муқоиса намекунем. Чунин фикр хатост, ки коре, ки Яҳува ба мо додааст, аз таъйиноти дигарон камарзиштар аст (Ғал. 6:4).
ДИҚҚАТАТОНРО БА ЧИЗҲОИ РӮҲОНӢ РАВОНА КУНЕД
Яҳё эҳтимол медонист, ки хизмати ӯ муддати зиёд давом намекунад, вале ӯ шояд ҳеҷ фикр намекард, ки он ба таври ногаҳонӣ қатъ мегардад (Юҳ. 3:30). Соли 30-юми милодӣ, ҳамагӣ баъди шаш моҳи таъмиди Исо шоҳ Ҳиродус Яҳёро ба зиндон партофт. Вале дар он вазъият низ Яҳё то ҳадди имкон оиди ҳақиқат шаҳодат медод (Марқ. 6:17–20). Чӣ ба ӯ кӯмак мекард, ки ба ин дигаргуниҳо нигоҳ накарда хурсандиашро нигоҳ дорад? Ӯ диққаташро ба чизҳои рӯҳонӣ равона мекард.
Вақте Яҳё дар зиндон буд, ба гӯши ӯ мерасид, ки чӣ тавр хизмати Исо торафт васеъ шуда истодааст (Мат. 11:2; Луқ. 7:18). Яҳё ба Масеҳ будани Исо боварӣ дошт, вале ӯ шояд намефаҳмид, ки чӣ тавр Исо ҳамаи он пешгӯйиҳоро, ки дар Навиштаҳо оиди Масеҳ гуфта шудаанд, иҷро мекунад. Азбаски мувофиқи пешгӯйӣ Масеҳ бояд дар тахти подшоҳӣ менишаст, ба сари Яҳё чунин фикрҳо меомаданд: «Оё подшоҳии Исо ба наздикӣ сар мешуда бошад? Ва агар Исо ба наздикӣ подшоҳ шавад, оё маро аз зиндон халос мекунад?» Яҳё фаҳмидан мехост, ки ба қарибӣ Исо кадом корҳоро карданӣ аст, барои ҳамин ду шогирдашро назди ӯ фиристод, то онҳо аз ӯ пурсанд: «Оё ту ҳамоне ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё каси дигареро мунтазир шавем?» (Луқ. 7:19). Вақте он ду шогирд баргаштанд, Яҳё аз афташ онҳоро бодиққат гӯш кард. Онҳо нақл карданд, ки Исо дар наздашон бисёр одамонро ба таври мӯъҷиза шифо дод ва сипас амр дод, ки ба Яҳё рафта бигӯянд: «Кӯрон мебинанд, лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванд, карон мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба камбағалон хушхабар эълон мегардад» (Луқ. 7:20–22).
Он чизе ки Яҳё аз шогирдонаш шунид, бешубҳа ӯро рӯҳбаланд кард. Ӯ бори дигар боварӣ ҳосил намуд, ки Исо пешгӯйиҳои дар бораи Масеҳ бударо иҷро карда истодааст. Ҳарчанд Исо Яҳёро аз ҳабс озод накард, Яҳё медонист, ки хизмати ӯ беҳуда нест. Нигоҳ накарда ба вазъияти душвори худ Яҳё фикрашро ба чизҳои рӯҳонӣ равона карда хурсандиро нигоҳ медошт.
Агар мо низ диққатамонро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кунем, бо хурсандӣ ва сабр истодагарӣ карда метавонем (Қӯл. 1:9–11). Хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он ба мо ёрдам мекунад, ки дар бораи чизҳои рӯҳонӣ фикр кунем ва дар хотир дорем, ки чизе ки мо дар хизмати Яҳува мекунем, боарзиш аст (1 Қӯр. 15:58). Сандра мегӯяд: «Ҳар рӯз аз Китоби Муқаддас якбобӣ хондан ба ман ёрӣ медиҳад, ки ба Яҳува наздиктар шавам. Ин ба ман кӯмак мекунад, ки диққатамро ба Ӯ равона кунам, на ба худам». Инчунин мунтазам хабардор шудан оиди пешрафти кори мавъиза ба мо кӯмак мекунад, ки танҳо дар бораи вазъияти душвори худ фикр карда зиқ нашавем, балки диққатамонро ба корҳое, ки Яҳува карда истодааст, равона кунем. «Барномаи ҳармоҳа аз JW Broadcasting® ба мо ёрӣ медиҳад, ки худро ба ташкилот наздиктар ҳис кунем,— мегӯяд Сандра. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки дар таъйиноти худ хурсандиро нигоҳ дорем».
Яҳёи Таъмиддиҳанда хизмати кӯтоҳмуддати худро мисли Илёс-пайғамбар бо ғайрати бузург иҷро кард ва ӯ ҳам чун Илёс ва мо «инсони одӣ буд» (Луқ. 1:17; Яъқ. 5:17). Агар мо ба мисли Яҳё супориши Яҳуваро қадр кунем ва диққатамонро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кунем, чизе ки дар ҳаётамон нашавад, хурсандиамонро нигоҳ дошта метавонем.