Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 33

Эҳёшавӣ — нишонаи муҳаббат, хирад ва пурсабрии Яҳува аст

Эҳёшавӣ — нишонаи муҳаббат, хирад ва пурсабрии Яҳува аст

«[Мурдагон] дар оянда зинда мешаванд» (АЪМ. 24:15).

СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Яҳува офариданро сар кард?

ЗАМОНЕ Яҳува танҳо буд. Вале аз танҳоӣ Ӯ зиқ намешуд. Барои хушбахт будан Яҳува мӯҳтоҷ нест, ки касе ҳамроҳаш бошад. Лекин аз муҳаббат Ӯ ба офаридан сар кард, то дигарон низ аз ҳаёт хурсандӣ гиранд (Заб. 35:10; 1 Юҳ. 4:19).

2. Вақте Яҳува дигар чизҳоро офарид, Исо ва фариштагон чӣ гуна муносибат карданд?

2 Дар аввал, Яҳува барои худ ёрдамчие офарид, ки ин писари нахустзодааш Исо буд. Сипас, «ба воситаи ӯ ҳамаи чизҳои дигар», аз он ҷумла миллионҳо фариштагон офарида шуданд (Қӯл. 1:16). Исо аз имконияти бо Падараш ҳамкорӣ кардан хеле хурсанд буд (Мас. 8:30). Вақте Яҳува ва Ёрдамчии моҳири Ӯ — Исо осмону заминро месохтанд, фариштагон инро дида «нидоҳои шодӣ медоданд». Онҳо бешубҳа аз офарида шудани чизҳои дигар низ, аз он ҷумла аз шоҳкори офариниш — инсон, бо хурсандӣ гӯё қарсак мезаданд (Айюб 38:7; Мас. 8:31). Ҳар як офаридаи Яҳува муҳаббат ва хиради Ӯро инъикос мекард (Заб. 103:24; Рум. 1:20).

3. Чуноне ки дар 1 Қӯринтиён 15:21, 22 қайд шудааст, фидияи Исо чиро имконпазир мегардонад?

3 Яҳува ният дошт, ки одамизод дар сайёраи зебое, ки Ӯ офарид, абадан зиндагӣ кунад. Ҳарчанд Яҳува Одаму Ҳавворо дӯст медошт, онҳо бар зидди Ӯ баромаданд ва ба сари инсоният бадбахтӣ оварданд (Рум. 5:12). Яҳува ба ин чӣ тавр муносибат кард? Ӯ дарҳол чора андешид, ки барои наҷоти инсоният чӣ кор мекунад (Ҳас. 3:15). Ин чора — фароҳам овардани фидия буд, ки ба воситаи он насли Одаму Ҳавво аз гуноҳу марг озод шуда метавонистанд. Ҳамин тавр, Яҳува метавонист ба ҳар як шахсе, ки бо ихтиёри худ ба Ӯ хизмат мекунад, ҳаёти ҷовидонаро тӯҳфа кунад (Юҳ. 3:16; Рум. 6:23; 1 Қӯринтиён 15:21, 22-ро хонед.)

4. Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

4 Оиди ваъдае, ки Худо доир ба эҳёшавӣ додааст, баъзе саволҳо пайдо мешаванд. Масалан, мо фаҳмидан мехоҳем, ки эҳёшавӣ чӣ тавр ба амал меояд. Вақте наздиконамон зинда мегарданд, оё мо онҳоро шинохта метавонем? Аз кадом сабабҳо эҳёшавӣ ба мо хурсандӣ меорад? Ва чӣ тавр дар бораи умеди эҳёшавӣ мулоҳиза ронда мо дар бораи муҳаббат, хирад ва пурсабрии Яҳува бисёртар мефаҳмем? Биёед ба ҳар яки ин саволҳо ҷавоб ёбем.

ЭҲЁШАВӢ ЧӢ ТАВР БА АМАЛ МЕОЯД?

5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи одамон яку якбора эҳё намешаванд?

5 Яҳува ба воситаи Писараш миллионҳо одамонро ба ҳаёт бармегардонад. Аммо гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо яку якбора дар як вақт эҳё намешаванд. Чаро? Чунки якбора зиёд шудани аҳолии рӯйи замин метавонад ба бесарусомонӣ оварда расонад. Яҳува бошад, Худоест, ки ягон амалаш ба бетартибӣ оварда намерасонад. Ӯ медонад, ки барои орому осуда зистани одамон тартибу низом муҳим аст (1 Қӯр. 14:33). Пеш аз он ки Яҳува инсонро биофарад, Ӯ ҳамроҳи Исо оҳиста-оҳиста заминро барои зиндагии одамон тайёр кард, ки дар ин хирад ва сабри Ӯ дида мешавад. Исо низ дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи худ хирад ва сабрашро ба кор бурда бо онҳое, ки дар Ҳармаҷиддӯн наҷот меёбанд, ҳамкорӣ мекунад, то барои касоне, ки эҳё мешаванд, дар замин шароит муҳайё кунад.

Касоне, ки аз Ҳармаҷиддӯн мегузаранд, ба эҳёшудагон оиди Подшоҳии Худо ва меъёрҳои Яҳува таълим медиҳанд (Ба сархати 6 нигаред.) *

6. Мувофиқи Аъмол 24:15 боз чӣ гуна одамон эҳё мешаванд?

6 Касоне, ки дар Ҳармаҷиддӯн зинда мемонанд, ба эҳёшудагон дар бораи Подшоҳии Худо ва меъёрҳои Яҳува таълим медиҳанд, ки ин хеле муҳим аст. Чаро? Зеро аксарияти одамоне, ки ба ҳаёт бармегарданд, касоне хоҳанд буд, ки Китоби Муқаддас чун «бадкорон» тасвир мекунад. (Аъмол 24:15-ро хонед.) Барои аз баракатҳои фидияи Масеҳ манфиат бурдан онҳо бояд хулқу атвори пештараи худро ислоҳ кунанд. Тасаввур кунед, ки чӣ маъракаи бузурги таълимдиҳӣ дар пеш аст, ки дар он миллион-миллион одамоне, ки оиди Яҳува ҳеҷ чиз намедонанд, ҳақиқатро оиди Ӯ меомӯзанд. Оё он вақт бо ҳар яки онҳо мисли имрӯза алоҳида омӯзиш гузаронда мешавад? Он шахсони нав оё ба ҷамъомадҳо таъйин мегарданд ва кори таълимдиҳиро ёд гирифта бо касоне, ки баъди онҳо эҳё мешаванд, омӯзиш мегузаронанд? Ин чизҳоро мо ҳоло намедонем, ҳамон рӯзҳо фаро расанд, баъд маълум мешавад. Аммо мо медонем, ки дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ «замин аз шинохтани Худованд пур» мешавад (Иш. 11:9). Давоми он ҳазорсола мо бо бисёр корҳои шавқовар банд хоҳем буд!

7. Чаро ба халқи Худо лозим меояд, ки эҳёшудагонро бо дилсӯзӣ таълим диҳанд?

7 Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ мо чун халқи Худо беҳтар кардани хислатҳоямонро давом медиҳем, то ки ба Яҳува писанд оем. Барои ҳамин мо ба эҳёшудагон бо фаҳмиш ва дилсӯзӣ кӯмак мекунем, ки бо майлҳои нодурусташон мубориза бурда мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунанд (1 Пет. 3:8). Вақте эҳёшудагон мебинанд, ки халқи Яҳува барои ба Ӯ писанд омадан то ҳол фурӯтанона хислатҳои худро беҳтар карда истодаанд, онҳо низ хоҳиш пайдо мекунанд, ки ҳамроҳашон Яҳуваро ибодат кунанд (Флп. 2:12).

ВАҚТЕ НАЗДИКОНАМОН ЗИНДА МЕГАРДАНД, ОЁ МО ОНҲОРО ШИНОХТА МЕТАВОНЕМ?

8. Чаро гуфтан мумкин аст, ки касоне, ки эҳёшудагонро пешвоз мегиранд, наздикони худро шинохта метавонанд?

8 Гуфтан мумкин аст, ки вақте наздикони мо дар биҳишт эҳё мешаванд, мо онҳоро шинохта метавонем. Ба ин якчанд чиз моро боварӣ мебахшад. Масалан, дар асоси мисолҳои эҳёшавӣ, ки дар қадим рӯй доданд, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Яҳува мурдагонро бо тани нав, бо ҳамон афт, овоз ва хотирае, ки доштанд, зинда мекунад. Ба хотир оред, ки Исо маргро ба хоб ва эҳёи мурдагонро ба бедоршавӣ аз хоб монанд карда буд (Мат. 9:18, 24; Юҳ. 11:11–13). Одатан вақте ягон кас аз хоб мехезад, афт ва овози ӯ дигар намешавад ва ҳамон фикру хотираҳояш боқӣ мемонанд. Оиди эҳёшавии Лаъзор фикр кунед. Аз мурдани ӯ чор рӯз гузашт ва ҷисми ӯ ба пӯсидан сар карда буд. Лекин вақте Исо ӯро эҳё кард, хоҳаронаш даррав вайро шинохтанд ва маълум, ки Лаъзор низ онҳоро дар ёд дошт (Юҳ. 11:38–44; 12:1, 2).

9. Чаро мурдагон бо тану ақли комил эҳё намешаванд?

9 Яҳува ваъда медиҳад, ки дар дунёи нав ҳеҷ кас намегӯяд, ки «ман бемор ҳастам» (Иш. 33:24; Рум. 6:7). Аз ин мебарояд, ки одамон бо тани солим эҳё мешаванд. Аммо онҳо дарҳол комил нахоҳанд шуд. Агар чунин мешуд, оила ва дӯстонашон мумкин онҳоро шинохта наметавонистанд. Аз афташ тамоми инсоният дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ оҳиста-оҳиста ба комилият мерасад. Танҳо дар охири он ҳазорсола Исо Подшоҳиро ба дасти Падараш месупорад. Дар он вақт Подшоҳии Худо вазифаи худро пурра ба анҷом мерасонад, ки яке аз онҳо ба комилият овардани одамизод ба ҳисоб меравад (1 Қӯр. 15:24–28; Ваҳй 20:1–3).

АЗ КАДОМ САБАБҲО ЭҲЁШАВӢ БА МО ХУРСАНДӢ МЕОРАД?

10. Аз эҳё шудани наздиконамон мо чӣ ҳис хоҳем кард?

10 Тасаввур кунед, ки наздикони худро аз нав зинда дидан то чӣ андоза ҳаяҷонбахш хоҳад буд! Мо намедонем, ки он вақт аз шодиву хурсандӣ механдем ё ашки шодӣ мерезем. Лекин ҳаминаш аниқ, ки муҳаббату миннатдории мо ба Падари ғамхорамон Яҳува ва Писари меҳрубони Ӯ зиёд мешавад, зеро маҳз онҳо эҳёшавиро имконпазир мегардонанд.

11. Мувофиқи суханони Исо аз Юҳанно 5:28, 29 бо онҳое, ки ба Худо итоат мекунанд, чӣ мешавад?

11 Тасаввур кунед, ки вақте эҳёшудагон шахсияти кӯҳнаро аз худ дур карда мувофиқи меъёрҳои одилонаи Худо зиндагӣ мекунанд, ин боз чӣ қадар шодиву хурсандӣ меорад. Ба онҳое, ки одами навро дар бар мекунанд, иҷозат дода мешавад, ки ҷовидона дар биҳишт зиндагӣ кунанд. Аммо ба касоне, ки дигар шудан намехоҳанд, Яҳува роҳ намедиҳад, ки дар биҳишт зиндагиро давом диҳанд ва оромиву осудагии онро вайрон кунанд (Иш. 65:20; Юҳанно 5:28, 29-ро хонед.)

12. Яҳува тамоми сокинони рӯйи заминро чӣ тавр баракат хоҳад дод?

12 Зери ҳукмронии Подшоҳии Худо тамоми сокинони рӯйи замин иҷрошавии суханони Масалҳо 10:22-ро хоҳанд дид. Он ҷо омадааст: «Баракати Худованд сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад». Дар дунёи нав бо кӯмаки рӯҳи Яҳува халқи Ӯ аз ҷиҳати рӯҳонӣ торафт бой мегарданд, яъне бештару бештар ба хислатҳои Масеҳ пайравӣ мекунанд ва сӯйи комилият қадам мегузоранд (Юҳ. 13:15–17; Эфс. 4:23, 24). Ҳар рӯз онҳо қувваи наву тоза пайдо кардан мегиранд ва торафт одамони хубтар мешаванд. Ҳаёт он вақт дар ҳақиқат хеле зӯр хоҳад шуд! (Айюб 33:25). Вале чӣ тавр мулоҳиза оиди эҳёшавӣ имрӯз ба мо кӯмак карда метавонад?

АЗ ЭҲЁШАВӢ МО ДАР БОРАИ МУҲАББАТИ ЯҲУВА ЧӢ МЕФАҲМЕМ?

13. Мувофиқи Забур 138:1–4 Яҳува моро то чӣ андоза хуб мешиносад ва чӣ тавр эҳёшавӣ инро тасдиқ мекунад?

13 Чуноне ки пештар гуфтем, Яҳува мурдагонро бо ҳамон хотира ва хислатҳои пешинаашон эҳё мекунад. Ин ба мо оиди Яҳува чиро ошкор месозад? Яҳува ҳар як одамро чунон дӯст медорад, ки ба ҳар як фикру ҳиссиёт ва гапзаниву рафтораш аҳамият медиҳад ва он чизҳоро дар хотираш нигоҳ медорад. Барои ҳамин Ӯ қодир аст хотираи шахсро бе ягон душворӣ барқарор созад ва ӯро чун инсоне эҳё кунад, ки пештар буд. Шоҳ Довуд медонист, ки Яҳува ҳар яки моро хеле хуб мешиносад. (Забур 138:1–4-ро хонед.) Донистани ин ба мо бояд чӣ тавр таъсир кунад?

14. Вақте мо оиди он фикр мекунем, ки Яҳува ҳар як чиро дар бораи мо медонад, чӣ гуна ҳиссиёт моро фаро мегирад?

14 Аз донистани он ки Яҳува дар бораи мо ҳама чиро медонад, мо набояд хавотир шавем. Чунки Яҳува диққаташро на ба камбудиҳои мо равона мекунад, балки Ӯ ба мо хеле ғамхор аст. Ҳамаи мо гуногун бошем ҳам, Ӯ ҳар яки моро дӯст медорад ва қадр мекунад. Ӯ диққат медиҳад, ки ҳар яки мо дар ҳаёт чӣ гуна рӯзҳоро паси сар кардем ва аз чӣ сабаб чунин инсон гаштем. Ин фикр хеле тасаллибахш аст! Мо набояд ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис кунем. Зеро ҳар дақиқаи ҳаётамон Яҳува бо мост ва Ӯ мехоҳад, ки моро дастгирӣ кунад (2 Вақ. 16:9).

АЗ ЭҲЁШАВӢ МО ДАР БОРАИ ХИРАДИ ЯҲУВА ЧӢ МЕФАҲМЕМ?

15. Умеди эҳёшавӣ чӣ тавр аз хиради беҳамтои Яҳува шаҳодат медиҳад?

15 Тарс аз марг яроқи пурзӯр аст. Одамони ҷаҳони Шайтон метавонанд дигаронро маҷбур кунанд, ки ба хиёнати дӯстон ё ягон кори бад даст зананд ва таҳдид мекунанд, ки агар гуфтаашонро иҷро накунанд, онҳоро мекушанд. Вале мо хизматгорони Яҳува аз чунин таҳдид наметарсем. Зеро медонем, ки агар душманон моро кушанд ҳам, Яҳува моро аз нав ба ҳаёт бармегардонад (Ваҳй 2:10). Мо дилпур ҳастем, ки онҳо бо ягон роҳ моро аз муҳаббати Яҳува ҷудо карда наметавонанд (Рум. 8:35–39). Дар умеди эҳёшавӣ, ки Яҳува ба мо бахшидааст, хиради беҳамтои Ӯ дида мешавад! Ин умед ба мо қувват мебахшад, ки аз таҳдидҳои пайравони Шайтон натарсем ва далерона ба Яҳува содиқ монем.

Оё бо қарорҳои худ мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува боварӣ дорем, ки Ӯ дар бораи ниёзҳои моддии мо ғамхорӣ мекунад? (Ба сархати 16 нигаред.) *

16. Ҳар як шахс оиди кадом саволҳо бояд мулоҳиза ронад ва барои чӣ?

16 Агар душманон қасди куштани шуморо кунанд, оё боварии қавӣ доред, ки Яҳува шуморо эҳё мекунад? Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки шумо дар он вақт ба Яҳува такя мекунед ё не? Масалан, оиди саволҳои зерин мулоҳиза ронда худро тафтиш кунед: Оё қарорҳои ҳаррӯзаи ман нишон медиҳанд, ки ман ба Яҳува такя мекунам? (Луқ. 16:10). Оё ман боварӣ дорам, ки агар хости Яҳуваро дар ҷойи аввал монам, Ӯ аз ҷиҳати моддӣ ба ман ғамхорӣ мекунад? Оё ба ин ваъда боварӣ доштанам аз тарзи ҳаётам маълум аст? (Мат. 6:31–33). Агар ҷавоби шумо ба он саволҳо «ҳа» бошад, пас гуфтан мумкин аст, ки шумо ба Яҳува такя мекунед ва ба ҳар озмоиши оянда тайёред (Мас. 3:5, 6).

АЗ ЭҲЁШАВӢ МО ДАР БОРАИ ПУРТОҚАТИИ ЯҲУВА ЧӢ МЕФАҲМЕМ?

17. а) Эҳёшавӣ чӣ тавр пурсабрии Яҳуваро нишон медиҳад? б) Барои пурсабрии Яҳува мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем?

17 Яҳува аллакай рӯзу соати нест кардани ин дунёи шарирро муайян кардааст (Мат. 24:36). Ӯ саросема намешавад ва пеш аз вақт амал намекунад. Ҳарчанд Ӯ пазмони дидори онҳоест, ки ба хоби марг рафтаанд, ӯ сабр мекунад (Айюб 14:14, 15). Чунки барои онҳоро ба ҳаёт баргардондан фурсати мувофиқро интизор аст (Юҳ. 5:28). Барои чунин пурсабрии Яҳува мо аз Ӯ миннатдорем, зеро маҳз ба шарофати сабри Ӯ бисёр одамон, аз он ҷумла мо имконияти «тавба карданро» доштем (2 Пет. 3:9). Яҳува мехоҳад, то миқдори ҳарчи бештари одамон тавба карда ҳаёти ҷовидониро ба даст оранд. Барои пуртоқатии Яҳува мо миннатдориамонро бо он нишон медиҳем, ки бо ҷидду ҷаҳд касони «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-ро меҷӯем ва ба онҳо кӯмак мекунем, ки Яҳуваро дӯст доранд ва ба Ӯ хизмат кунанд (Аъм. 13:48). Ҳамин тавр онҳо низ мисли мо аз пурсабрии Яҳува баҳра хоҳанд бурд.

18. Чаро мо бояд нисбати дигарон пурсабр бошем?

18 Яҳува то охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ — то комил шудани одамон нисбати онҳо пурсабрӣ зоҳир мекунад. То фаро расидани он вақт Яҳува тайёр аст, ки хатову камбудиҳои моро бахшад. Пас, мо ҳам бояд ба Ӯ пайравӣ карда диққатамонро ба хислатҳои хуби дигарон равона кунем ва нисбаташон пурсабр бошем. Мисоли як хоҳарро меорем. Шавҳари ӯ ба беморие гирифтор шуд — ӯ аз хавотирии беҳад зиёд азоб мекашид ва ба ҷамъомадҳо рафтанро бас кард. «Ин бароям хеле дарднок буд,— мегӯяд он хоҳар.— Тамоми нақшаҳое, ки мо доштем, барбод рафт». Аммо дар тамоми ин мушкилиҳо хоҳар чун зани меҳрубон пурсаброна ба шавҳараш ғамхорӣ мекард. Ӯ бори дилашро ба Яҳува мепартофт ва ҳеҷ гоҳ таслим намешуд. Мисли Яҳува ӯ диққаташро на ба душворӣ, балки ба хислатҳои хуби шавҳараш равона мекард. Ӯ мегӯяд: «Шавҳари ман хислатҳои хеле хуб дорад ва ӯ ҳаматарафа кӯшиш карда истодааст, ки камтар ба хавотирӣ дода шавад». То чи андоза муҳим аст, ки мо нисбати онҳое, ки душвориҳои сахтро аз сар мегузаронанд, хоҳ аъзои оилаамон бошанд, хоҳ ҳамимон, фаҳмиш зоҳир кунем ва нисбаташон пуртоқат бошем.

19. Мо ба чӣ камар мебандем?

19 Дар вақти офарида шудани замин Исо ва фариштагон хурсандӣ мекарданд. Лекин тасаввур кунед, ки вақте замин аз одамони комил ва ба Яҳува содиқ пур мешавад, ин ба онҳо боз чӣ қадар шодиву хурсандӣ меорад. Касоне, ки ҳамроҳи Исо аз осмон ҳукмронӣ мекунанд, аз дидани баракатҳои зиёде, ки хизмати онҳо ба инсоният меорад, чӣ қадар хушбахт хоҳанд буд (Ваҳй 4:4, 9–11; 5:9, 10). Тасаввур кунед, ки ҷойи ашки ғамро ашки шодӣ мегирад, ғаму дард ва марг дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд (Ваҳй 21:4). То омадани он рӯз биёед, камари худро маҳкам баста ба муҳаббат, хирад ва пурсабрии Падари азизамон пайравӣ кунем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки дар ҳар гуна озмоишҳо хурсандиро нигоҳ дорем (Яъқ. 1:2–4). Мо аз Яҳува бениҳоят миннатдорем, ки Ӯ мурдагонро дар оянда эҳё мекунад (Аъм. 24:15).

СУРУДИ 130 Ҳаёт — атои бебаҳо

^ сарх. 5 Яҳува Падари меҳрубон, хирадманд ва пуртоқат аст. Мо ин хислатҳои Ӯро ҳам дар офаридаҳояш ва ҳам дар ваъдаи Ӯ, ки оиди зинда кардани мурдагон додааст, мебинем. Дар ин мақола баъзе саволҳое, ки оиди эҳёшавӣ пайдо шуда метавонанд, муҳокима мегарданд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр эҳёшавӣ аз муҳаббат, хирад ва пуртоқатии Яҳува дарак медиҳад ва барои ин умед мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: Марде, ки садсолаҳо пеш мурда буд, дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо эҳё шудааст. Бародари дар Ҳармаҷиддӯн наҷотёфта бо хурсандӣ ба он мард мефаҳмонад, ки барои аз фидия манфиат бурдан чӣ кор кардан лозим аст.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ба сардораш мегӯяд, ки дар рӯзҳои муайяни ҳафта ӯ аз меъёр зиёд кор карда наметавонад. Ӯ мефаҳмонад, ки он рӯзҳо ӯ бо корҳои рӯҳонӣ банд аст. Аммо дар дигар рӯзҳо агар лозим ояд, ӯ тайёр аст, ки зиёдтар кор кунад.