Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17

Бо мадади Яҳува ба девҳо муқобилат кунед

Бо мадади Яҳува ба девҳо муқобилат кунед

«Муборизаи мо... бар зидди рӯҳҳои нопокест, ки дар осмонанд» (ЭФС. 6:12).

СУРУДИ 143 Нур дар дунёи торик

ПЕШГУФТОР *

1. Чи хеле ки дар Эфсӯсиён 6:10–13 фаҳмонда шудааст, хусусан бо кадом роҳ Яҳува ба мо ғамхорӣ мекунад? Фаҳмонед.

ЯҲУВА аз бисёр ҷиҳат дар бораи мо, хизматгоронаш, ғамхорӣ мекунад. Меҳрубонии Худо хусусан дар он дида мешавад, ки Ӯ моро аз таъсири Шайтон ва девҳояш, ки душмани ашаддии моянд, муҳофизат мекунад. Яҳува моро аз макру ҳилаи онҳо огоҳ карда дар мубориза бар зидди онҳо ҳама чизи лозимаро медиҳад. (Эфсӯсиён 6:10–13-ро хонед.) Мо дар ин мубориза ҳамон вақт ғолиб меоем, агар кӯмаки Яҳуваро қабул кунем ва ба Ӯ пурра такя намоем. Он гоҳ мисли Павлус бо дилпурӣ чунин гуфта метавонем: «Агар Худо бо мо бошад, кӣ зидди мост?» (Рум. 8:31).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Азбаски мо хизматгорони ҳақиқии Худо ҳастем, тамоми ҳушу хаёламонро ба Шайтону девҳояш равона намекунем. Баръакс, мо диққатамонро асосан ба шинохтани Яҳува ва хизмати Ӯ равона мекунем (Заб. 24:5). Лекин мо бояд донем, ки Шайтон маҳз бо кадом роҳҳо одамонро фиреб медиҳад, то худро эҳтиёт кунем (2 Қӯр. 2:11, эзоҳ). Дар ин мақола мо яке аз домҳои асосии Шайтон ва девҳояшро дида мебароем. Ва мефаҳмем, ки чӣ тавр худро аз ин дом муҳофизат кунем.

ЧӢ ТАВР РӮҲҲОИ НОПОК ОДАМОНРО ГУМРОҲ МЕКУНАНД?

3, 4. а) Сеҳру ҷоду чист? б) Одамон ба сеҳру ҷоду то чӣ андоза ихлос доранд?

3 Шайтону девҳо одамонро асосан бо воситаи сеҳру ҷоду гумроҳ мекунанд. Одамоне, ки бо сеҳру ҷоду машғуланд, фикр мекунанд, ки қобилияти ғайриодӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ки гӯё корҳоеро мекунанд, ки дигарон карда наметавонанд ва чизҳоеро медонанд, ки дигарон намедонанд. Масалан, баъзеи онҳо мегӯянд, ки гӯё бо арвоҳи мурдагон гап зада метавонанд. Баъзе дигар мегӯянд, ки аз рӯйи ситораҳо ва фол ояндаро пешгӯйӣ мекунанд. Баъзеи дигарашон бошад, бо мақсади ба касе зиён расондан ба сеҳру ҷоду * даст зада илму амал мекунанд. Лекин дар хотир бояд дошт, ки ин корҳо аз тарафи Худо нестанд.

4 Одамон то чӣ андоза ба сеҳру ҷоду ихлос доранд? Барои фаҳмидани ин дар 18 мамлакати Амрикои Лотинӣ ва ҷазираҳои баҳри Кариб пурсиш гузаронда шуд. Қариб аз се як ҳиссаи одамон гуфтанд, ки ба сеҳру афсун, ҷодугарӣ ва тӯмору тилисм бовар мекунанд ва қариб ҳамаи онҳо боварӣ доранд, ки бо рӯҳи мурдагон гап задан мумкин аст. Дар 18 давлати гуногуни Африқо низ чунин пурсиш гузаронда шуд ва натиҷа нишон дод, ки аз нисф зиёди одамон ба қувваи сеҳру ҷоду бовар доранд. Барои ҳамин мо, ходимони Худо, дар куҷое ки набошем, бояд эҳтиёт шавем, ки ба сеҳру ҷоду даст назанем. Охир, Шайтон кӯшиш мекунад, ки «тамоми дунёро гумроҳ» кунад (Ваҳй 12:9).

5. Яҳува ба сеҳру ҷоду чӣ гуна муносибат дорад?

5 Яҳува «Худои ростӣ» аст (Заб. 30:6). Пас, Ӯ ба сеҳру ҷоду чӣ хел менигарад? Яҳува аз он нафрат дорад! Ӯ ба исроилиён чунин амр дода буд: «Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки писараш ё духтарашро аз оташ мегузаронда бошад, на ҷодугаре, на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре,— на найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд, зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст» (Такр. Ш. 18:10–12). Имрӯз мо аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ накунем ҳам, медонем, ки Яҳува то ҳол аз сеҳру ҷоду нафрат дорад (Мал. 3:6).

6. а) Чӣ тавр Шайтон бо ёрии сеҳру ҷоду ба одамон зарар мерасонад? б) Мувофиқи Воиз 9:5, мурдагон аслан дар кадом ҳолатанд?

6 Яҳува медонад, ки Шайтон сеҳру ҷодуро барои ба одамон зарар расондан истифода мебарад, барои ҳамин Ӯ моро аз он огоҳ месозад. Бо ёрии сеҳру ҷоду Шайтон таълимоти дурӯғро паҳн мекунад. Яке аз онҳо ин аст, ки гӯё одам рӯҳи намиранда дорад. (Воиз 9:5-ро хонед.) Шайтон боз бо воситаи сеҳру ҷоду одамонро метарсонад ва онҳоро аз Яҳува дур месозад. Мақсади вай ҳамин ки одамон ба сеҳру ҷоду даст зада, на аз Яҳува, балки аз девҳо мадад пурсанд.

ЧӢ КОР КУНЕМ, ТО ДЕВҲО МОРО ГУМРОҲ НАКУНАНД?

7. Яҳува моро аз чӣ огоҳ месозад?

7 Чи хеле ки дар боло гуфтем, Яҳува моро аз ҳилаву найрангҳои Шайтон огоҳ месозад, то ки гумроҳ нашавем. Биёед баъзе қадамҳоро дида бароем, то фаҳмем, ки чӣ тавр ба Шайтон ва девҳояш муқобилат кунем.

8. а) Қадами асосӣ барои муқобилат кардан ба рӯҳҳои нопок кадом аст? б) Чӣ тавр Забур 145:4 дурӯғи Шайтонро оиди мурдагон ошкор месозад?

8 Каломи Худоро хонед ва дар борааш мулоҳиза ронед. Бояд гуфт, ки барои аз ҳилаву найранги рӯҳҳои нопок худро эҳтиёт кардан ин қадами асосӣ мебошад. Каломи Худо мисли шамшери тез аст, ки пеши роҳи дурӯғи Шайтонро мегирад (Эфс. 6:17). Масалан, Шайтон одамонро ба он бовар кунондан мехоҳад, ки мурдагон бо одамони зинда гап зада метавонанд, вале Каломи Худо дурӯғ будани инро фош мекунад. (Забур 145:4-ро хонед.) Он ҳамчунин ба мо хотиррасон мекунад, ки танҳо Яҳува метавонад ояндаро аниқ пешгӯйӣ кунад (Иш. 45:21; 46:10). Шайтон ва девҳо мехоҳанд, ки мо ба дурӯғи онҳо бовар кунем. Вале мунтазам хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он ба мо кӯмак мекунад, ки ба фиреби онҳо дода нашавем ва аз дурӯғашон нафрат кунем.

9. Кадом корҳо бо сеҳру ҷоду алоқаманданд?

9 Ба ягон коре, ки ба сеҳру ҷоду алоқаманд аст, даст назанед. Чун масеҳиёни ҳақиқӣ мо ҳеҷ гоҳ бо ягон намуди сеҳру ҷоду худро олуда намекунем. Масалан, мо ба назди пурсандаи арвоҳ намеравем, ё бо ягон роҳи дигар бо мурдагон робита намеҷӯем. Чуноне ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, мо дар маросимҳое, ки бо рӯҳи намиранда доштани мурдагон алоқаманданд, умуман иштирок намекунем. Ва мо барои фаҳмидани оянда толеънома намехонем ё ба назди фолбин намеравем (Иш. 8:19). Зеро мо медонем, ки ҳамаи ин амалҳо хеле хатарноканд. Ва касоне ки бо ин корҳо машғул мешаванд, бевосита бо Шайтон ва девҳо робита пайдо мекунанд.

Мисли масеҳиёни асри як ҳамаи ашёҳоеро, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманданд, нест кунед ва аз вақтхушиҳое, ки ба Худо маъқул нестанд, даст кашед (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.)

10, 11. а) Баъзе одамони асри як баъди ҳақиқатро фаҳмидан чӣ кор карданд? б) Мувофиқи 1 Қӯринтиён 10:21, чаро мо бояд ба намунаи масеҳиёни асри як пайравӣ кунем ва чаро?

10 Ашёҳоеро, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманданд, нест кунед. Баъзе сокинони шаҳри Эфсӯс дар асри як бо сеҳру ҷоду машғул буданд. Лекин вақте онҳо ҳақиқатро фаҳмиданд, дарҳол чораҳои қатъӣ андешиданд. «Шумораи зиёди онҳое, ки бо ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама сӯзонданд» (Аъм. 19:19). Чи хеле мебинем, муқобилат кардан ба рӯҳҳои нопок барои онҳо масъалаи ҷиддӣ буд. Он китобҳои ҷодугарӣ хеле қимат меистоданд, вале ба ҷойи онҳоро ба дигарон додан ё фурӯхтан, ин масеҳиён онҳоро нест карданд. Ба онҳо на нархи китоб, балки ба Яҳува писанд омадан аз ҳама муҳим буд.

11 Чӣ тавр мо ба намунаи он масеҳиён пайравӣ карда метавонем? Аз рӯйи хирад мебуд, ки мо низ ҳамаи чизҳои бо сеҳру ҷоду алоқамандро нест кунем. Ин ашёҳое мебошанд, ки одамон барои аз бало нигоҳ доштани худ ба либосашон меовезанд ё бо худ нигоҳ медоранд, масалан, тӯмор, мӯҳраи чашмӣ, тасбеҳ, дуоҳое, ки дар девор овехта мешаванд ва ғайраҳо. (1 Қӯринтиён 10:21-ро хонед.)

12. Бо ёрии кадом саволҳо мо вақтхушиҳои худро тафтиш карда метавонем?

12 Дар интихоби вақтхушиҳо эҳтиёткор бошед. Бо ёрии саволҳои зерин вақтхушии худро тафтиш кунед: «Оё китобу маҷаллаҳо ё мақолаҳое, ки ман аз интернет мехонам, сеҳру ҷодуро дар бар намегиранд? Дар бораи мусиқӣ ва филму барномаҳои ба ман маъқул ва бозиҳои компютериам чӣ гуфтан мумкин аст? Оё ягон вақтхушии ман бо сеҳру ҷоду алоқаманд нест? Оё дар онҳо вампирҳо, мурдаҳои зиндашуда ё чизҳои ғайритабиӣ намоиш дода намешавад? Мабодо дар онҳо ҷодугарӣ ва куфу суф чун шӯхии безарар тасвир намешавад?» Албатта, на ҳама вақтхушиҳое, ки мазмуни фантастикӣ доранд ва на ҳама афсонаҳо бо сеҳру ҷоду алоқаманданд. Лекин мо бояд ҳангоми интихоби вақтхушӣ ҳар он чизеро, ки Яҳува нафрат дорад, бо қатъият рад кунем. Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро карда «дар пеши Худо ва одамон виҷдонамро пок нигоҳ» доштан мехоҳем (Аъм. 24:16) *.

13. Мо аз кардани кадом корҳо ҳазар мекунем?

13 Дар бораи ҷину девҳо нақл накунед. Дар ин бобат мо бояд ба намунаи Исо пайравӣ кунем (1 Пет. 2:21). Ӯ пеш дар осмон буд ва дар бораи Шайтону девҳо бисёр медонист. Вале ҳангоми дар замин буданаш, ӯ дар бораи он рӯҳҳои бад ва корҳои онҳо нақл намекард. Исо мехост Шоҳиди Яҳува бошад, на ин ки намояндаи Шайтон. Мо ҳам бояд мисли Исо бошем ва дар бораи девҳо нақл накунем. Баръакс, дили мо бояд аз «ҳиссиёти хубе», яъне аз ҳақиқат ба ҷӯш ояд ва ин дар суханонамон аён гардад (Заб. 44:2).

Мо набояд аз Шайтон ва девҳо тарсем, чунки Яҳува, Исо ва фариштагони содиқ аз онҳо садҳо маротиба пурқудраттаранд (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.) *

14, 15. а) Чаро мо аз рӯҳҳои бад набояд ба тарсу ларз оем? б) Чӣ исбот мекунад, ки Яҳува имрӯз халқашро муҳофизат мекунад?

14 Аз рӯҳҳои бад ба тарсу ларз наоед. Дар ҷаҳони имрӯза ҳар яки мо бо нохушӣ дучор шуда метавонем. Ногаҳон ба сари одам фалокат, беморӣ ё ҳатто марг омаданаш мумкин аст. Вале дар чунин мавридҳо мо набояд фикр кунем, ки рӯҳҳои ноаён айбдоранд. Зеро дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «вақти номусоид ва нокомӣ» бо ҳар кас «рӯй хоҳад дод» (Воиз 9:11). Яҳува аз Шайтон ва девҳо дида сад чандон пурқудраттар мебошад. Масалан, Яҳува ба Шайтон роҳ надод, ки Айюбро кушад (Айюб 2:6). Дар рӯзҳои Мӯсо-пайғамбар бошад, Яҳува нишон дод, ки аз афсунгарони Миср дида тавонотар аст (Хур. 8:18; 9:11). Баъдтар Исо бо қудрати Яҳува Шайтону девҳояшро аз осмон ба замин партофт. Ва ба наздикӣ онҳо ба чоҳи бетаг партофта хоҳанд шуд, ки дар он ҷо ба ҳеҷ кас зарар расонда наметавонанд (Ваҳй 12:9; 20:2, 3).

15 Далелҳои зиёд нишон медиҳанд, ки Яҳува имрӯз халқашро муҳофизат мекунад. Масалан, оиди ин чиз фикр кунед: Мо дар тамоми рӯйи замин ҳақиқатро мавъиза мекунем ва одамонро таълим медиҳем (Мат. 28:19, 20). Ҳамин тавр мо корҳои бади Иблисро фош месозем. Агар Шайтон қудрат медошт, фаъолияти моро кайҳо бозмедошт, вале ӯ ба ин кор қодир нест. Аз ин рӯ ҳоҷат нест, ки аз рӯҳҳои бад ба тарсу ларз оем. Мо медонем, ки «чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст», қувват бахшад (2 Вақ. 16:9). Агар мо ба Яҳува содиқ бошем, девҳо ба мо зарари бартарафнашаванда расонда наметавонанд.

ЯҲУВА КАСОНЕРО, КИ КӮМАКИ ӮРО ҚАБУЛ МЕКУНАНД, БАРАКАТ МЕДИҲАД

16, 17. Мисол оред, ки чаро барои муқобилат кардан ба рӯҳҳои бад иродаи устувор лозим аст.

16 Барои ба рӯҳҳои бад муқобилат кардан мо бояд иродаи устувор дошта бошем. Баъзан дӯстон ё хешовандонамон моро маҷбур мекунанд, ки дар урфу одатҳояшон ҳамроҳ шавем. Онҳо фикр мекунанд, ки дар акси ҳол бо мо ягон нохушӣ рӯй медиҳад. Вале Яҳува онҳоеро, ки дар роҳи Ӯ устувор мемонанд, баракат медиҳад. Мисоли хоҳар Эрикаро, ки аз Гана аст, дида мебароем. Ӯ дар 21-солагиаш омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Падари ӯ арвоҳи гузаштагонро парастиш мекард ва бо ҷодугарӣ машғул мешуд. Аҳли оилаи ӯ бояд маросимеро риоя мекарданд, ки он бо хӯрдани гӯшти ба мурдагон қурбонишуда алоқаманд буд. Лекин Эрика ҳар бор хӯрдани онро рад мекард ва оилааш ин рафтори ӯро чун беҳурматӣ ба гузаштагон ҳисобиданд. Ва боварӣ доштанд, ки арвоҳҳо акнун онҳоро ба бало гирифтор мекунанд.

17 Оилаи Эрика ӯро маҷбур карданд, ки расму оини онҳоро риоя кунад, вале ӯ таслим нашуд. Аз ночорӣ вай аз хонаашон баромада рафт. Аммо баъзе Шоҳидон ӯро дар хонаи худ ҷой доданд. Ҳамин тавр Яҳува Эрикаро бо оилаи нав баракат дод, зеро ҳамимонон барояш мисли бародару хоҳар гаштанд (Марқ. 10:29, 30). Ҳарчанд хешу табораш аз Эрика рӯй гардонданд ва ҳатто чизҳояшро сӯзонданд, вале ӯ ба Яҳува содиқ монд, таъмид гирифт ва ҳоло чун пешрави доимӣ хизмат мекунад. Ӯ аз девҳо ба тарсу ҳарос намеояд. Дар бораи наздиконаш Эрика чунин мегӯяд: «Ман ҳар рӯз дар бораи оилаам дуо мегӯям, ки онҳо низ ҳақиқатро қабул кунанд ва баракатеро, ки хизмати Яҳува меорад, чашанд».

18. Агар мо ба Яҳува такя кунем, ин чӣ баракатҳо меорад?

18 На ҳамаи ходимони Худо бо чунин озмоиши сахти имон дучор мешаванд. Вале ҳамаи мо бояд ба рӯҳҳои бад муқобилат кунем ва ба Яҳува такя намоем. Ин ба мо чӣ баракат меорад? Шайтон бо дурӯғҳои худ моро гумроҳ карда наметавонад. Ҳамчунин, мо аз девҳо ба тарсу ларз намеоем ва ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳем. Ва аз ҳама муҳимаш, мо дӯстиамонро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ медорем. «Ба Худо итоат намоед,— гуфт, шогирди Исо, Яъқуб,— вале ба Иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт. Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқ. 4:7, 8).

СУРУДИ 49 Яҳува паноҳгоҳи мост

^ сарх. 5 Яҳува аз муҳаббат моро аз таъсири рӯҳҳои бад ва зараре, ки онҳо мерасонанд, огоҳ мекунад. Девҳо одамонро бо кадом роҳҳо гумроҳ мекунанд? Барои ба онҳо муқобилат кардан мо бояд чӣ кор кунем? Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба мо кӯмак мекунад, то ба доми Шайтону девҳояш наафтем.

^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Сеҳру ҷоду корҳо ва ақидаҳоеро дар бар мегирад, ки бо девҳо алоқаманданд. Масалан, баъзеҳо боварӣ доранд, ки гӯё баъд аз марги одам рӯҳаш зинда мемонад ва ба воситаи пурсандаи арвоҳ бо он гап задан мумкин аст. Ба сеҳру ҷоду инчунин фолбинӣ, илму амал, куфу суф, хонондан, тӯмору раднома ва ғайраҳо дохил мешаванд. Дар ин мақола сеҳр гуфта ба чизҳои ғайритабиӣ ишора карда мешавад. Лекин амалҳои чолоконае, ки дар сирк ва дорбоз барои ба ҳайрат овардани тамошобинон нишон дода мешаванд, (яъне фокус) сеҳру ҷоду ҳисоб намеёбанд.

^ сарх. 12 Пирон набояд дар бораи вақтхушиҳо ягон қоида ҷорӣ кунанд. Баръакс, ҳар як масеҳӣ ҳангоми интихоби чизҳое, ки мехонад, тамошо мекунад ё гӯш мекунад, бояд виҷдони дар асоси Китоби Муқаддас таълим ёфтаашро ба кор барад. Сарварони бохиради оила бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки вақтхушиҳои оилаашон ба принсипҳои Китоби Муқаддас мувофиқанд. Нигаред ба сайти jw.org®, бахши ДАР БОРАИ МО > САВОЛҲОЕ, КИ ЗУД-ЗУД ДОДА МЕШАВАНД, мақолаи «Оё ба Шоҳидони Яҳува ягон филм, суруд ё китоб манъ карда шудааст?».

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Дар ин расм Исо чун Шоҳи пурқудрати осмонӣ, ки лашкари фариштагонро роҳбарӣ мекунад, тасвир шудааст. Аз боло ҷалоли Яҳува ба чашм мерасад.