«Дар биҳишт вомехӯрем!»
«Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд» (ЛУҚ. 23:43).
1, 2. Дар бораи биҳишт одамон чӣ гуна фикрҳо доранд?
БИСЁР бародару хоҳарон аз давлатҳои гуногун ба анҷумани шаҳри Сеул (Корея) омада буданд. Баъди тамом шудани он зиёфати рӯҳонӣ Шоҳидони маҳаллӣ барои хайрухуш дар назди онҳо ҷамъ шуданд. Ин як манзараи таъсирноке буд, зеро бисёре аз онҳо дастафшонӣ намуда, ба якдигар мегуфтанд: «Дар биҳишт вомехӯрем!» Онҳо биҳишт гуфта чиро дар назар доштанд?
2 Одамон «биҳишт»-ро ҳар хел мефаҳманд. Баъзеҳо мегӯянд, ки «биҳишт» танҳо афсона аст. Ба фикри дигарон ҳар ҷое, ки шодиву хурсандӣ бошад, биҳишт он ҷост. Шояд одами гуруснае дар зиёфат нишаста, гӯяд, ки «ана ин биҳишт аст». Як саёҳатчии асри 19 гулзори зебоеро дида, хитоб кард: «Ин ҷо дар ҳақиқат биҳишт аст!» Он мавзеъро то ҳол «Биҳишт» меноманд, ҳарчанд он ҷо ҳар сол то 15 метр барф борад ҳам. Барои шумо биҳишт чӣ маъно дорад? Оё шумо барои дар он зистан умед доред?
3. Дар Китоби Муқаддас дар бораи биҳишт чӣ гуфта шудааст?
3 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки биҳишт як вақтҳо вуҷуд дошт ва дар оянда боз барқарор мешавад. Аз саҳифаҳои аввали он сар карда дар бораи биҳишт гап меравад. Дар Китоби Муқаддасе, ки аз лотинӣ тарҷума шуда буд, Ҳастӣ 2:8 чунин омадааст: «Худованд Худо аз аввал биҳишти ҳаловатбахше шинонда, ҳамонеро ки офарид [яъне Одамро], дар он ҷо гузошт» (курсив аз мо). Дар матни ибронӣ он ҷо «боғи Адан» номида шудааст. «Адан» маънои ҳаловатро дорад ва он боғ дар ҳақиқат ҳаловатбахш буд. Он ҷо серию пурӣ буд, табиати дилкашу рангоранг дошт ва дар он ҳайвонҳои гуногунро тамошо карда, бо онҳо бозӣ кардан мумкин буд (Ҳас. 1:29–31).
4. Чаро мо боғи Аданро биҳишт номида метавонем?
4 Калимаи иброние, ки маънояш боғ аст, ба юнонӣ «парадейсос» (биҳишт) тарҷума мешавад. Дар як энсиклопедия гуфта шудааст, ки шахси юнонизабон зери калимаи «парадейсос» боғи барҳаво ва кушодеро мефаҳмид, ки табиати зебо ва бенуқсон дорад; дар он ягон чӣ ба одам зарар намерасонад; он боғ дарахтони азим дорад, ки бисёре аз онҳо мевадиҳандаанд; дарёҳои софу тоза он дарахтонро сероб мегардонанд; дар лаби обҳо галаи калони оҳувону барраҳо гаштугузор мекунанд. (Бо Ҳастӣ 2:15, 16 муқоиса кунед.)
5, 6. Чӣ тавр Биҳишт гум шуд ва ин кадом саволро ба миён меорад?
5 Худо Одаму Ҳавворо дар чунин боғ ҷой дод, лекин онҳо дар он ҷо намонданд. Чаро? Зеро аз сабаби беитоатиашон онҳо дигар лоиқи Биҳишт набуданд. Ҳамин тавр, ҳам Одаму Ҳавво ва ҳам насли ояндаашон аз Биҳишт маҳрум шуданд (Ҳас. 3:23, 24). Вале он боғ беодам бошад ҳам, аз афташ то Тӯфони замони Нӯҳ боқӣ монд.
6 Баъзеҳо шояд фаҳмидан хоҳанд: «Оё ягон вақт дар замин боз биҳишт мешуда бошад?» Кадом далелҳо нишон медиҳанд, ки замин рӯзе биҳишт мешавад? Чӣ моро умед мебахшад, ки мо ва наздиконамон дар он зиндагӣ карда метавонем? Оё шумо фаҳмонда метавонед, ки чаро биҳишт ҳатман барқарор мешавад?
АЗ КУҶО МЕДОНЕМ, КИ БИҲИШТ БАРҚАРОР МЕШАВАД?
7, 8. а) Худо ба Иброҳим чӣ ваъда дод? б) Дар асоси ваъдаи Яҳува, Иброҳим ба чӣ хулоса омада метавонист?
7 Ба ин савол аз куҷо ҷавоби дуруст ёфтан мумкин аст? — Албатта, аз китобе, ки муаллифаш Офаридгори Биҳишти аввалин мебошад. Масалан, биёед ба ёд орем, ки Худо ба дӯсти худ Иброҳим чӣ гуфта буд. Ӯ гуфт, ки насли Иброҳимро «мисли реге ки дар соҳили баҳр аст», бағоят афзун мегардонад. Ва Яҳува боз чунин ваъдаи муҳиме дод: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳас. 22:17, 18). Худо ба писар ва набераи Иброҳим низ ин ваъдаашро такрор кард. (Ҳастӣ 26:4; 28:14-ро хонед.)
8 Дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Иброҳим бовар мекард, ки одамони росткор биҳишти осмониро мукофот мегиранд. Аз ин рӯ, вақте Худо гуфт, ки «ҳамаи халқҳои рӯи замин» баракат меёбанд, Иброҳим хулоса карда метавонист, ки онҳо дар рӯйи замин соҳиби баракат мешаванд. Ин ваъда аз ҷониби Худо буд ва он боварӣ мебахшид, ки ҳаёти «ҳамаи халқҳои рӯи замин» дар оянда беҳтар мегардад. Оё далелҳои дигаре ҳастанд, ки барқарор шудани биҳиштро тасдиқ мекунанд?
9, 10. Боз кадом ваъдаҳои Яҳува ба биҳишти оянда ишора мекунанд?
9 Довуд баъд аз Иброҳим зиндагӣ кардааст ва аз насли ӯ буд. Ӯ дар бораи айёме навишт, ки «шарирон ва бадкешон маҳв хоҳанд шуд». Дар натиҷа «шарир [бадкор] боқӣ нахоҳад монд» (Заб. 36:1, 2, 10). Он гоҳ «ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Довуд инчунин зери илҳоми Худо чунин пешгӯйӣ кард: «Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Заб. 36:11, 29; 2 Подш. 23:2). Ин суханон ба онҳое, ки иродаи Худоро ба ҷо овардан мехостанд, чӣ умед бахшида метавонист? Онҳо боварӣ доштанд, ки агар дар замин танҳо одамони одил боқӣ монанд, замин оҳиста-оҳиста аз нав мисли боғи Адан биҳишт мешавад.
10 Бо гузашти вақт аксари исроилиёне, ки худро хизматгори Яҳува меҳисобиданд, аз Яҳува рӯй гардонда бутпараст шуданд. Ва Худо роҳ 2 Вақ. 36:15–21; Ирм. 4:22–27). Лекин пайғамбарон пешгӯйӣ менамуданд, ки баъди 70 сол халқи Худо ба ватани худ бармегардад. Он гуфтаҳо иҷро шуданд, вале барои мо низ аҳамияти калон доранд. Биёед баъзеи он пешгӯйиҳоро дида бароем ва бубинем, ки чӣ тавр онҳо бо биҳишти оянда алоқаманданд.
дод, ки халқи Бобул замини онҳоро ба харобазор табдил диҳанд ва бисёриҳоро ба асирӣ баранд (11. Суханони Ишаъё 11:6–9 кай иҷро шуданд, вале кадом савол боқӣ мемонад?
11 Ишаъё 11:6–9-ро хонед. Худо ба воситаи Ишаъё-пайғамбар пешгӯйӣ кард, ки баъди ба ватан баргаштани халқаш, ба онҳо дигар ҳеҷ чиз зарар намерасонад — на ҳайвонҳои дарранда ва на одамоне, ки мисли ҳайвон ваҳшиёна амал мекунанд; пиру ҷавон дар сулҳу амният зиндагӣ хоҳанд кард. Магар ин гуна шароит ба шароите, ки Худо дар боғи Адан фароҳам оварда буд, монанд нест? (Иш. 51:3). Дар он пешгӯйӣ инчунин гуфта шудааст, ки «замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд». Яъне ин пешгӯйӣ на танҳо ба сарзамини Исроил дахл дошт. Он бояд дар тамоми замин иҷро мешуд. Маълум, ки ин ба оянда ишора мекунад.
12. а) Исроилиёни аз асирӣ баргашта соҳиби кадом баракатҳо шуданд? б) Чӣ нишон медиҳад, ки пешгӯйии Ишаъё 35:5–10 дар оянда низ иҷро мешавад?
12 Ишаъё 35:5–10-ро хонед. Дар ин оятҳо Ишаъё боз як бори дигар қайд мекунад, ки ба исроилиёни аз асирӣ баргашта ягон одам ё ҳайвон дигар зарар намерасонад. Мувофиқи ин пешгӯйӣ замини исроилиён аз серобӣ бояд ҳосили фаровон меовард. Дар боғи Адан низ айнан чунин шароит буд (Ҳас. 2:10–14; Ирм. 31:12). Оё ин пешгӯйӣ танҳо бояд дар замони исроилиён иҷро мешуд? Аҳамият диҳед, ки Ишаъё ҳамчунин оиди он пешгӯйӣ кард, ки одамони нобино, ношунаво ва ланг шифо меёбанд. Лекин вақте ки исроилиён аз Бобул баргаштанд, чунин нашуд-ку. Пас, бо ин суханон Худо гуфтан мехост, ки дар оянда ҳамаи беморон, албатта, шифо меёбанд.
13, 14. Чӣ тавр исроилиёни аз асирӣ баргашта иҷрошавии пешгӯйии Ишаъё 65:21–23-ро диданд, лекин кадом қисми он бояд дар оянда иҷро шавад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
13 Ишаъё 65:21–23-ро хонед. Вақте ки яҳудиён аз асирӣ баргаштанд, онҳо дар ватанашон хонаҳои обод ва саҳрову боғҳои корам надоштанд. Лекин азбаски Яҳува меҳнаташонро баракат медод, шароиташон бо мурури вақт беҳтар шуд. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар онҳо хурсанд мешуданд вақте хонаҳо сохта дар он зиндагӣ мекарданд ва аз ғаллаю меваҳои парвариш кардаашон лаззат мебурданд.
14 Дар ин пешгӯйӣ қайд шудааст, ки рӯзҳои умри мо «мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд». Баъзе дарахтон ҳазорсолаҳо зиндагӣ мекунанд. Барои ин қадар умр дидан одамон бояд хеле солиму бардам бошанд. Ва агар шахс дар осоиштагӣ ва серию пурӣ, ки дар ин оятҳо пешгӯйӣ шудааст, зиндагӣ кунад, дар ҳақиқат биҳишт мешавад. Бешубҳа, ин пешгӯйӣ иҷро хоҳад шуд!
15. Баъзе баракатҳоеро, ки дар китоби Ишаъё оварда шудаанд, номбар кунед.
15 Ваъдаҳое, ки навакак мо муҳокима кардем, нишон медиҳанд, ки дар оянда биҳишт мешавад. Худо одамони тамоми рӯйи заминро баракат медиҳад. Ба ҳеҷ кас ҳайвонҳо ё одамони бераҳм зарар намерасонанд. Шахсони нобино, ношунаво ва ланг сиҳат мешаванд. Одамон метавонанд хонаҳо созанд ва аз хӯроки серғизое, ки парвариш мекунанд, ҳаловат баранд. Онҳо аз дарахтони дарозумр ҳам зиёдтар зиндагӣ хоҳанд кард. Бале, дар Китоби Муқаддас далелҳо оварда шудааст, ки оянда дар замин биҳишт мешавад. Лекин баъзе одамон шояд гӯянд, ки аслан дар ин пешгӯйиҳо оиди биҳишт дар замин гуфта нашудааст. Шумо ба онҳо чӣ ҷавоб медодед? Барои интизор будани биҳишт шумо чӣ сабаби асоснок доред? Исо, ки шахси бузургтарини ҳар давру замон аст, барои ба ин бовар кардан ба мо асоси мустаҳкаме гузошт. Биёед инро дида бароем.
«ДАР БИҲИШТ ХОҲӢ БУД»
16, 17. Исо дар кадом маврид дар бораи биҳишт сухан ронд?
16 Ҳарчанд Исо бегуноҳ буд, ӯро айбдор карда, ба сутун мехкӯб намуданд, то ки ба қатл расонанд. Аз тарафи чап ва росташ дар ду сутуни дигар ҷинояткорони яҳудӣ мехкӯб шуда буданд. Яке аз онҳо пеш аз маргаш ба подшоҳ будани Исо имон оварда, чунин хоҳиш кард: «Эй Исо, вақте ба Подшоҳии худ мерасӣ, маро ба хотир ор» (Луқ. 23:39–42). Ҷавобе, ки Исо ба он ҷинояткор дод, дар Луқо 23:43 навишта шудааст ва бо ҳаёти ояндаи шумо низ алоқаманд аст. Баъзе олимони имрӯза суханони Исоро калима ба калима чунин тарҷума мекунанд: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». Ба калимаи «имрӯз» аҳамият диҳед. Исо чиро дар назар дошт? Дар ин бора назари гуногун вуҷуд дорад.
17 Имрӯз дар бисёр забонҳо вергулро барои равшантар кардани маънои ҷумла истифода мебаранд. Лекин на дар ҳамаи дастнависҳои қадимаи юнонӣ аломатҳои китобӣ истифода шудаанд. Барои ҳамин чунин савол пайдо мешавад: оё Исо гуфтан мехост, ки «Ба ту мегӯям, имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд»? Ё ӯ чунин гуфтанӣ буд: «Ба ту мегӯям имрӯз, бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд»? Тарҷумонон суханони Исоро ба таври гуногун фаҳмида, аз рӯйи он аломати вергулро дар ҳар ҷо мегузоранд. Инро аз тарҷумаҳои гуногуни имрӯзаи Китоби Муқаддас дидан мумкин аст.
18, 19. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки маънои аслии суханони Исоро фаҳмем?
18 Барои аниқ фаҳмидани маънои он суханон, биёед ба хотир орем, ки Исо ба пайравонаш чӣ гуфта буд: «Писари одам низ се шабу се рӯз дар оғӯши замин хоҳад буд». Вай инчунин гуфт: «Писари одам ба дасти душманонаш супурда мешавад ва онҳо ӯро мекушанд, лекин баъди се рӯз ӯ зинда мешавад» (Мат. 12:40; 16:21; 17:22, 23; Марқ. 10:34). Петруси расул тасдиқ кард, ки айнан гуфти Исо шуд (Аъм. 10:39, 40). Яъне Исо рӯзе, ки худаш ва он ҷинояткор мурд, ба биҳишт нарафт. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо се рӯз, то он даме ки Худо ӯро эҳё кард, дар гӯр [яъне «ҳадес»] буд (Аъм. 2:31, 32, эзоҳ) *.
19 Аз ин бармеояд, ки суханони ба ҷинояткор гуфтаи Исо чунин сар мешуданд: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям». Чунин тарзи баён кардани фикр ҳатто дар замони Мӯсо ҳам истифода мешуд. Боре Мӯсо ба халқи Исроил гуфт: «Ин суханон, ки ман имрӯз ба ту амр мефармоям, бигзор бар дили ту бошад» (Такр. Ш. 6:6; 7:11; 8:1, 19; 30:15).
20. Чӣ тасдиқ мекунад, ки фаҳмиши мо дар бораи суханони Исо дуруст аст?
20 Як тарҷумони Китоби Муқаддас аз Шарқи Наздик оиди ин суханони Исо чунин гуфт: «Дар ин матн зада бояд дар калимаи “имрӯз” гузошта шуда, чунин хонда шавад: “Ба ростӣ, имрӯз ба ту мегӯям, ки бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд”. Исо он ваъдаро ҳамон рӯз дода буд ва он бояд дар оянда иҷро мешуд. Чунин тарзи гапзанӣ ба мардуми Шарқ хос аст. Онҳо ваъдаро дар рӯзи муайян медиҳанд ва ба он вафо мекунанд». Барои ҳамин, дар тарҷумаи арамии асри панҷ ин суханони Исо чунин тарҷума шудаанд: «Омин, ман ба ту имрӯз мегӯям, ки ту бо ман дар боғи Адан хоҳӣ буд». Магар ин ваъда ҳамаи моро рӯҳбаланд намекунад?
21. Чаро марди ҷинояткор умеди осмонӣ дошта наметавонист?
21 Он ҷинояткор дар бораи аҳде, ки Исо оиди Подшоҳии осмонӣ бо расулони содиқаш баста буд, чизе намедонист (Луқ. 22:29). Инчунин он ҷинояткор таъмид нагирифта буд ва бо рӯҳи муқаддас тадҳин наёфта буд (Юҳ. 3:3–6, 12). Барои ҳамин, ваъдае, ки Исо ба ӯ дод, ба биҳишт дар рӯйи замин дахл дошт. Солҳо пас, Павлуси расул дар бораи рӯъёи марде нақл кард, ки «ба биҳишт бурда шуд» (2 Қӯр. 12:1–4). Баръакси марди ҷинояткор, Павлус ва дигар расулони содиқ барои дар осмон ҳамроҳи Исо подшоҳӣ кардан интихоб шуда буданд. Вале ҳарчанд худи Павлус умеди осмонӣ дошт, дар бораи биҳишти оянда сухан ронд *. Оё он ба замин низ дахл дорад? Ва шумо низ дар он буда метавонед?
ШУМО ДАР ОЯНДА ЧИРО ИНТИЗОРЕД?
22, 23. Шумо ба чӣ умед дошта метавонед?
22 Ба ёд оред, ки Довуд дар бораи замоне гап зад, ки «одилон вориси замин хоҳанд буд» (Заб. 36:29; 2 Пет. 3:13). Довуд ба вақте ишора карда буд, ки ҳама одамон дар рӯйи замин мувофиқи принсипҳои одилонаи Худо зиндагӣ мекунанд. Дар ояти Ишаъё 65:22 пешгӯйӣ шудааст: «Рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд». Ин нишон медиҳад, ки одамон дар дунёи нав ҳазорсолаҳо зиндагӣ мекунанд. Оё мо он замонро интизор шуда метавонем? Оре, мувофиқи пешгӯйии Ваҳй 21:1–4 Худо инсониятро баракат медиҳад. Ва яке аз баракатҳояш ин аст, ки барои одамони ба Худо итоаткор «марг дигар нахоҳад буд».
23 Он чизе ки Китоби Муқаддас дар бораи биҳишт мегӯяд, равшан аст. Одаму Ҳавво имконияти абадан дар Биҳишт зистанро аз даст доданд, вале замин, албатта, аз нав биҳишт мешавад. Худо аз рӯйи ваъдааш тамоми одамони рӯйи заминро баракат медиҳад. Зери илҳоми илоҳӣ Довуд гуфт, ки ҳалимон ва одилон заминро мерос мегиранд ва дар он абадан зиндагӣ мекунанд. Пешгӯйиҳои китоби Ишаъё-пайғамбар ба мо кӯмак мекунад, то вақтеро интизор бошем, ки аз шароитҳои биҳиштӣ лаззат барем. Он замон кай фаро мерасад? Ҳамон вақте ки ваъдаи ба ҷинояткор додаи Исо иҷро мешавад. Шумо дар он биҳишт буда метавонед. Он гоҳ суханони зерини бародарону хоҳарон, ки баъди анҷуман дар Корея ба ҳамдигар мегуфтанд, иҷро хоҳад шуд: «Дар биҳишт вомехӯрем!»
^ сарх. 18 Профессор С. Марвин Пейт мегӯяд, ки ба ақидаи бисёр олимон Исо «имрӯз» гуфта, дар назар дошт, ки вай баъди маргаш, дар худи ҳамон рӯз, дар давоми 24 соат ба биҳишт меравад. Аз рӯйи гуфти ин профессор камбудии чунин ақида дар он аст, ки он тамоман бо дигар гуфтаҳои Китоби Муқаддас мувофиқ намеояд. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо баъди маргаш дар қабр буд ва баъдтар ба осмон рафт (Мат. 12:40; Аъм. 2:31; Рум. 10:7).
^ сарх. 21 Дар ҳамин маҷалла ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» нигаред.