Саволҳои хонандагон
Ба кадом маъно Павлуси расул «ба осмони сеюм» ва «биҳишт» бурда шуд? (2 Қӯр. 12:2–4).
Дар 2 Қӯринтиён 12:2, 3 Павлус дар бораи шахсе навишт, ки «ба осмони сеюм» бурда шуд. Ӯ кӣ буд? Пеш аз навиштани ин фикрҳо Павлус дар номаи худ қайд карда буд, ки Худо ӯро чун расул истифода мебарад (2 Қӯр. 11:5, 23). Сипас Павлус «дар бораи рӯъёҳои ғайриодӣ ва хабарҳое, ки Ҳазрат ошкор кардааст», нақл кард. Дар ин порчаи Навиштаҳо вай оиди дигар бародарон ҳарф назадааст. Аз ин бармеояд, ки он рӯъёву хабарҳо ба Павлус дода шуда буд (2 Қӯр. 12:1, 5).
Яъне шахсе, ки «ба осмони сеюм» ва «ба биҳишт» бурда шуд, худи Павлус буд (2 Қӯр. 12:2–4). Бо ибораи «хабарҳое, ки Ҳазрат ошкор кардааст», Павлус нишон дод, ки ин воқеаҳо бояд дар оянда рӯй диҳанд.
«Осмони сеюм»-е, ки Павлус дид, чиро тасвир мекунад?
Дар Китоби Муқаддас калимаи «осмон» ба маънои гуногун омадааст. Баъзан он ба осмони аслӣ ишора мекунад (Ҳас. 11:4; 27:28; Мат. 6:26). Дар баъзе маврид зери калимаи «осмон» ҳокимиятҳои одамӣ дар назар дошта шудааст (Дон. 4:20–22). Ё баъзан «осмон» ба ҳукмронии Худо, масалан ба Подшоҳии Худо ишора мекунад (Ваҳй 21:1).
Павлус «осмони сеюм»-ро дид. Чаро он сеюм номида шудааст? Китоби Муқаддас баъзан ягон чизро се бор такрор мекунад, то муҳим ё бузург будани онро қайд кунад (Иш. 6:3; Ваҳй 4:8). Аз афташ «осмони сеюм» гуфта, Павлус қайд карданӣ буд, ки Подшоҳии Худо, зери роҳбарии Исои Масеҳ ва 144 000 ҳамроҳонаш тарзи беҳтарин ва олитарини ҳукмронӣ мебошад. (Ба it-U, «Небо (Осмон)» нигаред.) Петруси расул он Подшоҳиро «осмони нав» номид, ки мо онро мувофиқи ваъдаи Худо интизор ҳастем (2 Пет. 3:13).
«Биҳишт» гуфта Павлус чиро дар назар дошт?
Ин метавонад ба се чиз ишора кунад: 1) ба биҳишти ояндаи заминӣ, ки он ҷо шароит чун дар боғи Адан хоҳад буд; 2) ба биҳишти рӯҳонӣ, яъне муҳити орому осудае, ки халқи Худо дар дунёи нав аз он баҳраманд мегардад; 3) ба ҳолати олиҷанобе, ки дар осмон муҳайё асту дар Ваҳй 2:7 «биҳишти Худо» номида шудааст. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли с. 2015, саҳ. 8, сарх. 8 нигаред.)
Эҳтимол Павлус дар 2 Қӯринтиён 12:4 «биҳишт» гуфта, ҳар сеи ин чизро дар назар дошт.
Биёед хулоса кунем:
«Осмони сеюм», ки дар 2 Қӯринтиён 12:2 омадааст, аз афташ ба Подшоҳии Худо, ки тавассути Исои Масеҳ ва 144 000 ҳамроҳонаш амал мекунад, яъне ба «осмони нав», ишора мекунад (2 Пет. 3:13).
Барои ҳамин он «осмони сеюм» мебошад, ки ин Подшоҳӣ тарзи беҳтарин ва олитарини ҳукмронӣ аст.
«Биҳишт»-е, ки Павлус дар рӯъё ба он бурда шуд, аз афташ ба ин се чиз ишора мекунад: 1) биҳишти аслӣ, ки дар замин мешавад, 2) биҳишти рӯҳоние, ки он вақт аз биҳишти рӯҳонии имрӯза боз ҳам бузургтар мешавад, 3) «биҳишти Худо», ки дар осмон якҷоя бо биҳишти заминӣ вуҷуд хоҳад дошт.
Ҳамин тавр, дунёи нав аз осмони нав ва замини нав иборат хоҳад буд. Ин сохтори наве хоҳад буд, ки Подшоҳии осмонӣ ва одамонеро, ки дар биҳишти заминӣ ба Яҳува хизмат мекунанд, дар бар мегирад.