Таъйиноти худро аз таҳти дил ба ҷо оред!
ВАҚТЕ шумо аз дӯсти наздикатон мактуби рӯҳбаландкунанда мегиред, чӣ ҳис мекунед? Тимотиюс аз Павлуси расул чунин нома гирифта буд, ки он ҳоло қисми Китоби Муқаддас аст ва Номаи дуюм ба Тимотиюс ном дорад. Бешубҳа Тимотиюс барои хондани он нома ҷойи ороме меҷуст, то фаҳмад, ки дӯсти азизаш ба ӯ чӣ гуфтанӣ аст. Эҳтимол Тимотиюс оиди чизҳои зерин фикр мекард: «Кору бори Павлус чӣ хел бошад? Оё ӯ дар номааш оиди чӣ тавр иҷро кардани таъйинотам ба ман ягон маслиҳат додааст? Оё гуфтаҳои ӯро ба кор бурда ман дар кори мавъиза ва таълими дигарон комёб шуда метавонам?» Чуноне ки дар поён мебинем, Тимотиюс аз он нома ба ин саволҳояш ҷавоб ёфт ва боз дигар чизҳои муҳимро фаҳмид. Ҳоло биёед диққатро ба якчанд маслиҳатҳои фоиданоке, ки дар номаи Павлус омадаанд, равона кунем.
«БА ҲАМА ЧИЗ ТОБ МЕОРАМ»
Вақте Тимотиюс ба хондани номаи ӯ сар кард, даррав ғамхории Павлусро ҳис кард. Павлус меҳрубонона ӯро «фарзанди азизам» номид (2 Тим. 1:2). Тимотиюс ин номаро тақрибан соли 65-уми милодӣ гирифт, эҳтимол синни ӯ он вақт аз 30 гузашта буд ва ӯ аллакай пири ботаҷрибаи ҷамъомад буд. Ӯ зиёда аз 10 сол боз бо Павлус ҳамкорӣ мекард ва аз ӯ чизҳои бисёрро омӯхта буд.
Вақте Тимотиюс фаҳмид, ки Павлус ба душвориҳои сахт содиқона тоб меорад, аз афташ беҳад рӯҳбаланд шуд. Павлус дар Рум дар ҳабс қарор дошт ва ба наздикӣ бояд ба қатл расонда мешуд (2 Тим. 1:15, 16; 4:6–8). «Ба ҳама чиз тоб меорам» гуфтани Павлусро хонда Тимотиюс далерии ӯро медид (2 Тим. 2:8–13). Намунаи истодагарии Павлус ба мо низ қувват бахшида метавонад.
«АТОИ ХУДОРО... МИСЛИ ОТАШ ФУРӮЗОН НИГОҲ ДОР»
Павлус Тимотиюсро насиҳат кард, ки ба таъйиноти дар хизмат доштааш чун ба чизи пурқимат муносибат кунад. Ӯ мехост, ки Тимотиюс «ато»-еро, ки Худо ба ӯ додааст, «мисли оташ фурӯзон нигоҳ» дорад (2 Тим. 1:6). Павлус барои калимаи «ато» дар ин ҷо калимаи юнонии «харисма»-ро истифода бурд. Зери ин калимаи юнонӣ атое дар назар дошта шудааст, ки ба шахс на барои меҳнату хизмати ӯ, балки аз рӯйи лутфу марҳамати Худо дода мешавад; онро шахс ҳеҷ гоҳ худаш ба даст оварда ё сазовор шуда наметавонад. Вақте Тимотиюс дар ҷамъомад барои хизмати махсус таъйин гашт, чунин аторо соҳиб шуд (1 Тим. 4:14).
Тимотиюс он аторо бояд чӣ кор мекард? Павлус дар номааш ба ӯ навишт, ки он аторо «мисли оташ фурӯзон нигоҳ» дорад. Инро хонда Тимотиюс мумкин дар бораи оташе, ки одамон дар хонаашон меафрӯхтанд, фикр кард. Он оташ метавонист баъзан, танҳо ба лахчаҳои тасфон табдил ёбад. Барои ҳосил кардани шӯълаи оташ ва гармии бештар он лахчаҳоро ҷунбондан лозим буд. Як луғат мегӯяд, ки феъли юнонии «аназопирео» маънои «аз нав даргирондан, аз нав афрӯхтан ва аланга додани оташ»-ро дорад. Ба маънои рамзӣ он дар ягон кор ғайрат ва ҷидду ҷаҳд карданро мефаҳмонад. Аз ин бармеояд, ки Павлус ба Тимотиюс чунин гуфтанӣ буд: «Таъйиноти худро аз таҳти дил иҷро кун!» Имрӯз мо ҳам бояд ҳамин тавр кунем, яъне дар хизмати худ ғайрат ва ҷидду ҷаҳд намоем.
«ИН АМОНАТИ НЕКРО... НИГОҲ ДОР»
Дар давоми он нома Тимотиюс дид, ки дӯсти азизаш ба ӯ боз як маслиҳат додааст, ки барои дар хизмат комёб шудан кӯмак мекард. Павлус навишт: «Ин амонати некро ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор» (2 Тим. 1:14). «Амонат», яъне чизи қиматбаҳое, ки ба Тимотиюс супорида шуд, чӣ буд? Дар ояти пешина Павлус оиди «таълимоти дуруст», яъне ҳақиқати Навиштаҳо сухан рондааст (2 Тим. 1:13). Чун хизматгори Худо Тимотиюс ин ҳақиқатро бояд ҳам дар даруни ҷамъомад ва ҳам берун аз он мавъиза мекард (2 Тим. 4:1–5). Инчунин Тимотиюс барои нигоҳубини рамаи Худо чӯпон таъйин шуда буд (1 Пет. 5:2). Тимотиюс амонати ба ӯ супоридашударо, яъне ҳақиқатеро, ки бояд таълим медод, бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Худо ва Каломи Ӯ нигоҳ дошта метавонист (2 Тим. 3:14–17).
Имрӯз ба мо низ он амонат бовар карда шудааст, яъне мо ҳам ҳақиқатро бояд ба дигарон таълим диҳем (Мат. 28:19, 20). Мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки ин ҳақиқате, ки мо таълим медиҳем, хеле пурқимат аст. Барои ин мо бояд ҳамеша дуо гӯем ва омӯзиш гузаронем (Рум. 12:11, 12; 1 Тим. 4:13, 15, 16). Ғайр аз ин, мо шояд дар ҷамъомад таъйиноти иловагӣ дорем, масалан чун пир ё ходими пурравақт хизмат мекунем. Ин таъйиноти пурарзиш низ амонат аз ҷониби Худо аст ва мо бояд ҳангоми иҷро кардани он фурӯтанӣ зоҳир кунем ва ба кӯмаки Худо такя намоем. Инак, мо «амонати» худро танҳо он вақт нигоҳ дошта метавонем, агар онро қадр кунем ва дар иҷрои он ба кӯмаки Яҳува такя кунем.
ТАЪЛИМ ДОДАНИ «КАСОНИ БОВАРИНОК»
Тимотиюс таъйиноташро на танҳо худаш бояд иҷро мекард, балки ба дигарон низ онро таълим медод. Аз ин рӯ Павлус ба ӯ гуфт: «Он чиро, ки аз ман шунидаӣ... ба касони боваринок супор, то онҳо низ дар навбати худ барои таълим додани дигарон мувофиқ бошанд» (2 Тим. 2:2). Бале, Тимотиюс бояд ҳамаи чизҳои омӯхтаашро ба дигар бародарон ёд медод. Имрӯз низ хеле муҳим аст, ки ҳар як пири ҷамъомад кори худро бо ҷидду ҷаҳд ба дигар бародарон таълим диҳад. Нозири хуб хасисӣ намекунад ва донишу таҷрибаи худро аз дигарон пинҳон намедорад. Баръакс, ӯ онҳоро ба бародарон ёд медиҳад, то онҳо ҳам аз ӯҳдаи он кор баромада тавонанд. Ӯ наметарсад, ки дигарон аз ӯ дида донишашон зиёдтар мегардад ва корро беҳтар иҷро мекунанд. Ӯ ба онҳо на фақат роҳҳои асосии ин ё он корро, балки боандеша ва мулоҳизакор буданро низ ёд медиҳад, то онҳо масеҳии баркамол шаванд. Ҳамин тавр, «касони боваринок»-е, ки таълим мегиранд, ба ҷамъомад кӯмаки бештар расонда метавонанд.
Шубҳае нест, ки Тимотиюс ин номаи дилгармкунандаи Павлусро хеле қадр мекард. Эҳтимол ӯ онро борҳои зиёд мехонд ва оиди маслиҳатҳои Павлус мулоҳиза меронд, ки чӣ тавр онҳоро хубтар ба кор барад.
Мо низ мехоҳем маслиҳатҳои Павлусро ба кор барем. Чӣ тавр? Мо «атои худро фурӯзон» нигоҳ медорем, яъне дар иҷрои таъйиноти худ сахт меҳнат мекунем, амонати худро нигоҳ медорем ва донишу таҷрибаи худро ба дигарон таълим медиҳем. Он гоҳ мо чуноне ки Павлус ба Тимотиюс гуфт, метавонем «хизмати худро пурра ба ҷо» орем (2 Тим. 4:5).