Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28

Бигзор манъ шудани фаъолиятамон шуморо аз ибодати Яҳува бознадорад

Бигзор манъ шудани фаъолиятамон шуморо аз ибодати Яҳува бознадорад

«Мо... дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас карда наметавонем» (АЪМ. 4:19, 20).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Чаро манъ шудани фаъолиятамон набояд моро ба ҳайрат орад? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

МУВОФИҚИ ҳисобот соли 2018 зиёда аз 223 000 воизони хушхабар аз давлатҳое буданд, ки фаъолияти мо дар он ҷойҳо манъ ё хеле маҳдуд буд. Ин тааҷҷубовар нест. Чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, масеҳиёни ҳақиқӣ хоҳу нохоҳ ба таъқибот дучор мешаванд (2 Тим. 3:12). Шояд ҳоло мо Яҳува, Худои пурмуҳаббатро, дар давлати худ оромона ибодат карда истода бошем. Лекин дар кадом давлате набошем, вазъият зуд ва ногаҳон тағйир ёфта метавонад. Чунки ҳокимиятдорон фаъолияти моро манъ карданашон мумкин аст.

2 Агар дар давлататон фаъолияти Шоҳидон манъ гардад, шояд дар сари шумо чунин саволҳо пайдо шаванд: «Магар Яҳува аз мо норозӣ аст, ки ин таъқибот ба сари мо омад? Акнун Яҳуваро чӣ хел ибодат мекунем? Оё барои озодона ибодат кардани Яҳува ба давлати дигар кӯчем ё не?» Ба ин саволҳо мо аз ин мақола ҷавоб меёбем. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳангоми манъ шудани фаъолиятамон ибодати Яҳуваро давом диҳем ва аз чӣ бояд эҳтиёт шавем.

ОЁ ТАЪҚИБОТ НИШОНАИ НОРОЗИГИИ ЯҲУВА АСТ?

3. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 11:23–27 Павлус бо чӣ гуна таъқибот ва озмоишҳо дучор шуда буд ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

3 Агар ҳукуматдорон фаъолияти моро манъ кунанд, шояд мо нодуруст хулоса барорем, ки дигар писанди Яҳува нестем. Вале дар хотир доред, ки таъқибот аломати норозигии Яҳува нест. Мисоли Павлуси расулро ба ёд меорем. Мо шубҳа надорем, ки ӯ писанди Яҳува буд. Чунки 14 номаи ба ҷамъомадҳо навиштааш ба Каломи Худо дохил шудаанд. Боз ӯ чун расули халқҳои дигар хизмат карда буд. Вале дар баробари ин Павлуси расул бо таъқиботи сахт рӯ ба рӯ мешуд. (2 Қӯринтиён 11:23–27-ро хонед.) Чи хеле ки аз саргузашти ӯ мебинем, Яҳува роҳ медиҳад, ки хизматгорони содиқаш бо таъқибот дучор шаванд.

4. Чаро ҷаҳон аз мо нафрат дорад?

4 Исо фаҳмонд, ки чаро мо бояд ба таъқибот тайёр бошем. Ӯ гуфт, ки азбаски мо аз ин ҷаҳон нестем, одамон аз мо нафрат мекунанд (Юҳ. 15:18, 19). Барои ҳамин таъқибот маънои онро надорад, ки Яҳува моро дигар баракат намедиҳад. Баръакс, он нишон медиҳад, ки мо дар чашми Яҳува дуруст рафтор карда истодаем!

ОЁ МАНЪ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТАМОН МОРО АЗ ИБОДАТИ ЯҲУВА БОЗМЕДОРАД?

5. Оё одамони хокӣ халқи Худоро аз ибодати Яҳува тамоман боздошта метавонанд? Фаҳмонед.

5 Одамони бадхоҳ моро аз ибодати Худои Қодир боздошта наметавонанд, чунки онҳо як инсони хокианд. Бисёриҳо аллакай ба ин кӯшиш карда буданд, вале аз дасташон наомад. Биёед фаҳмем, ки ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чӣ рӯй дод. Он вақтҳо ҳукуматдорон халқи Худоро дар бисёр давлатҳо сахт таъқиб мекарданд. Фаъолияти Шоҳидони Яҳува на танҳо дар Германияи фашистӣ, балки дар Австралия, Канада ва баъзеи дигар давлатҳо низ манъ буд. Лекин медонед, чӣ шуд? Соли 1939 ҳангоми сар шудани ҷанг дар тамоми ҷаҳон 72 475 воиз буд. Вале баъди ҷанг, соли 1945 бо шарофати Яҳува шумораи воизон ба 156 299 нафар расид. Адади онҳо аз ду маротиба ҳам зиёдтар шуд!

6. Таъқибот чӣ гуна таъсири хуб дошта метавонад? Мисол оред.

6 Албатта, ҳангоми таъқибот мо ба андозае ба тарс меоем. Вале, таъқибот таъсири хуб низ дорад. Он метавонад дар хизмати Яҳува азми моро қавитар созад. Масалан, ҳамсароне, ки писарчаи хурд доштанд дар мамлакате зиндагӣ мекарданд, ки фаъолияти мо дар он ҷо манъ гашт. Ба ҷойи ба тарсу ҳарос афтодан он ҳамсарон пешрави доимӣ шуданд. Барои ин намуди хизмат хоҳар ҳатто аз кори сердаромадаш баромад. Шавҳари ӯ нақл мекунад, ки манъ шудани фаъолияти Шоҳидон кунҷкобии бисёриҳоро бедор кард. Ҳангоми хизмат одамон бисёр савол медоданд. Ин ба вай кӯмак мекард, ки ба осонӣ бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунад. Манъшавии фаъолиятамон ба дигарон низ таъсири хуб расонд. Аз рӯйи нақли як пири ҷамъомад бисёр воизони ғайрифаъол аз нав ба вохӯриҳои ҷамъомад омаданро сар карданд ва дар хизмат фаъол шуданд.

7. а) Мувофиқи Ибодат 26:36, 37 мо ба чӣ гуна одамон монанд шудан намехоҳем? б) Ҳангоми манъ шудани фаъолиятамон шумо чӣ кор мекунед?

Вақте душманон фаъолияти моро манъ мекунанд, онҳо мехоҳанд, ки мо ба тарс афтода ба Яҳува хизмат карданро бас кунем. Ғайр аз ин онҳо метавонанд дар бораи мо ҳар хел овозаҳои бардурӯғ паҳн кунанд, кормандони полисро барои кофтуков ба хонаамон фиристанд, моро ба суд диҳанд ва ҳатто баъзеҳоро ҳабс кунанд. Онҳо умед доранд, ки ҳабс шудани баъзе Шоҳидонро дида мо ба тарс дода мешавем. Агар мо аз онҳо ва кору рафторашон ба ваҳму воҳима афтем, дар хизмати Яҳува суст гашта шояд ба Ӯ ибодат карданро бас кунем. Лекин мо намехоҳем ба касоне монанд гардем, ки дар Ибодат 26:36, 37 тасвир шудаанд. (Оятҳоро хонед.) Мо роҳ намедиҳем, ки тарс бар мо ғолиб ояд ва иродаи моро суст кунад. Баръакс, мо пурра ба Яҳува такя мекунем ва ба ҳарос намеафтем (Заб. 55:4). Дуо гуфта мо роҳбарии Яҳуваро ҷӯё мешавем. Зеро боварӣ дорем, ки Яҳува моро дастгирӣ мекунад ва ҳатто ҳокимияти аз ҳама пуриқтидори одамӣ моро аз ибодати Офаридгорамон боздошта наметавонад (Ибр. 13:6).

ОЁ МАН БА ДАВЛАТИ ДИГАР КӮЧАМ?

8, 9. а) Оиди чӣ ҳар як масеҳӣ ё сардори оила бояд худаш қарор барорад? б) Барои қарори дуруст баровардан чӣ кӯмак мекунад?

8 Агар дар давлати шумо фаъолиятамонро манъ кунанд, шояд шумо ба фикр афтед, ки барои озодона Яҳуваро ибодат кардан ба мамлакати дигар кӯчед ё не? Инро ҳар як кас худаш қарор мекунад. Мо метавонем пеш аз қабул кардани қарор дар бораи намунаи масеҳиёни асри як мулоҳиза ронем, ки онҳо ҳангоми таъқибот чӣ кор карданд. Масалан, баъди он ки душманон Истефанусро сангсор карда куштанд, дигар шогирдон аз Ерусалим ба Яҳудия, Сомария ва ҳатто Финиқия, Кипр ва Антиохия пароканда шуданд (Мат. 10:23; Аъм. 8:1; 11:19). Лекин вақте мавҷи дигари таъқибот бархест, Павлуси расул аз маҳалле, ки мавъиза мекард, ба дигар ҷо накӯчид. Ба хатар нигоҳ накарда ӯ дар он ҷо монд, то ки хушхабарро ба дигарон паҳн намояд ва бародаронеро, ки аз таъқиботи сахт азоб мекашиданд, дастгирӣ кунад (Аъм. 14:19–23).

9 Мо аз ин мисолҳо чӣ мефаҳмем? Ҳар як сардори оила дар бораи кӯчидан бояд худаш қарор барорад. Пеш аз қабули қарор ӯ бояд дуо гӯяд ва бодиққат фикр кунад, ки кӯчидан ба давлати дигар ба оилааш чӣ таъсири хуб ё бад расонида метавонад. Дар ин бобат ҳар як масеҳӣ «бори худро хоҳад бардошт» (Ғал. 6:5). Мо набояд дигаронро барои қарорашон танқид кунем.

ҲАНГОМИ МАНЪ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТАМОН ЧӢ ТАВР ИБОДАТИ ХУДРО ДАВОМ ДИҲЕМ?

10. Филиал ва пирони ҷамъомад оиди кадом масъалаҳо дастурот медиҳанд?

10 Вақте фаъолиятамонро манъ мекунанд, чӣ тавр мо ибодат кардани Яҳуваро давом дода метавонем? Дар ин ҳолат филиал ба пирони маҳаллӣ оиди чӣ тавр дастрас намудани ғизои рӯҳонӣ, оиди гузаронидани ҷамъомад ва хизмат дастуроту маслиҳатҳои муфид медиҳад. Агар раваду филиал бо пирони ҷамъомад тамос гирифта натавонад-чӣ? Он гоҳ пирон дар асоси Китоби Муқаддас ва адабиётамон ба шумо ва ба ҳамаи бародару хоҳарон дастур дода кӯмак мекунанд, то минбаъд низ Яҳуваро ибодат кунед (Мат. 28:19, 20; Аъм. 5:29; Ибр. 10:24, 25).

11. Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки ҳамеша бо ғизои рӯҳонӣ таъмин хоҳед буд ва барои муҳофизат кардани ғизои рӯҳонӣ бояд чӣ гуна чораҳои эҳтиётӣ андешем?

11 Яҳува ба хизматгоронаш ваъда додааст, ки онҳо ҳамеша ба таври фаровон бо ғизои рӯҳонӣ таъмин хоҳанд буд (Иш. 65:13, 14; Луқ. 12:42–44). Барои ҳамин боварӣ дошта бошед, ки ташкилоти Яҳува барои содиқ монданатон шуморо бо ғизои рӯҳонӣ ҳатман таъмин мекунад. Лекин аз шумо низ чизе дар талаб аст. Ҳангоми манъ будани фаъолиятамон шумо бояд Китоби Муқаддас ва адабиётамонро дар ҷойи хуб пинҳон кунед. Эҳтиёт бошед, то ин гуна маводҳои бебаҳоро хоҳ дар намуди чопӣ бошанд, хоҳ дар намуди электронӣ дар ҷойҳое намонед, ки ба осонӣ ёфтан мумкин аст. Ҳар яки мо бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем, ки имонамонро қавӣ нигоҳ дорем.

Бо дастгирии Яҳува мо нотарсона барои ибодат ҷамъ меоем (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Пирон вохӯриҳоро чӣ тавр ташкил мекунанд, то одамони бегона барои ибодат ҷамъ шудани моро нафаҳманд?

12 Дар бораи вохӯриҳои ҷамъомад чӣ гуфтан мумкин аст? Пирон вохӯриҳоро тавре ташкил мекунанд, то мо диққати одамони бегонаро ба худ ҷалб накунем. Онҳо шояд ҷамъомадро ба гурӯҳҳои хурд тақсим кунанд, вақт ва ҷойи вохӯриро тез-тез дигар карда истанд. Ҳангоми ба вохӯриҳо омадан ва рафтан бо овози паст гап зада шумо дар бораи бехатарии аҳли ҷамъомад ғамхорӣ мекунед. Инчунин ба шумо шояд тавре либос пӯшидан лозим ояд, ки диққати дигаронро ба худ ҷалб накунед.

Фаъолияти моро манъ кунанд ҳам, мо мавъизакуниро бас намекунем (Ба сархати 13 нигаред.) *

13. Мо аз бародароне, ки дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, чӣ меомӯзем?

13 Вобаста аз вазъият дар ҳар давлат тарзҳои мавъизакунӣ фарқ мекунад. Вале мо Яҳуваро дӯст медорем ва барои хушхабари Ӯро ба одамон нақл кардан имконият меҷӯем (Луқ. 8:1; Аъм. 4:29). Таърихшинос Эмили Бэран оиди мавъизаи Шоҳидони Яҳува дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ сухан ронда чунин гуфт: «Вақте давлат ба Шоҳидон мавъиза карданро манъ кард, онҳо ба ҳамсояҳо, ҳамкорон ва дӯстони худ оиди имонашон гап мезаданд. Вақте барои ин корашон Шоҳидонро ҳабс мекарданд, онҳо дар он ҷо низ имконият меҷустанд, ки ба маҳбусони дигар мавъиза кунанд». Бародарони мо дар Иттифоқи Шӯравӣ ба таъқибот нигоҳ накарда мавъизакуниро давом медоданд. Оё шумо низ ҳангоми таъқибот бо азми қавӣ мавъиза карданро давом медиҳед?

АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ?

Мо бояд донем, ки кай хомӯш истем (Ба сархати 14 нигаред.) *

14. Забур 38:2 моро аз чӣ огоҳ мекунад?

14 Ба дигарон ҳар гапро нагӯед. Ҳангоми таъқибот мо бояд дарк кунем, ки баъзан «хомӯш мондан» лозим аст (Воиз 3:7). Мо бояд эҳтиёт бошем, то маълумоти махфиро, ба монанди номи бародару хоҳарон, ҷойи ҷамъомад, чӣ хел мавъиза карданамон ва бо кадом роҳ дастрас намудани ғизои рӯҳонӣ ба дигарон нагӯем. Оиди ин чизҳо мо ба ҳукуматдорон ва ба дӯсту хешовандонамон, ки дар дуру наздик зиндагӣ мекунанд, маълумот намедиҳем. Агар мо дар бораи ин чизҳои махфӣ гап зада монем, мо ҳаёти бародару хоҳаронро дар хатар мегузорем. (Забур 38:2-ро хонед.)

15. Шайтон моро ба кадом дом афтондан мехоҳад ва чӣ кор кунем, ки ба он наафтем?

15 Нагузоред, ки нофаҳмиҳои майда-чуйда байни шумо ҷудоӣ андозад. Шайтон медонад, ки оилае, ки дар он ягонагӣ нест, пойдор монда наметавонад (Марқ. 3:24, 25). Вай доимо кӯшиш мекунад, ки байни мо ҷудоӣ андозад. Бо ин роҳ Шайтон мехоҳад, ки мо ба ҷойи бо вай мубориза бурдан, бо якдигар мубориза барем.

16. Хоҳар Гертруд Пётсингер чӣ намунаи хуб гузошт?

16 Ҳатто масеҳиёни рӯҳан баркамол бояд эҳтиёт бошанд, ки ба ин дом наафтанд. Мисоли ду хоҳари тадҳиншуда Гертруд Пётсингер ва Элфриде Лёрро меорем. Онҳо ҳамроҳи дигар хоҳарони масеҳӣ дар лагери консентратсионӣ ҳабс шуда буданд. Гертруд аз он ки хоҳар Элфриде бо суханони меҳрубононаи худ хоҳарони дигарро рӯҳбаланд мекард, ҳасад мебурд. Баъдтар хоҳар Гертруд аз ин ҳиссиёти нодурусташ шарм дошт ва дар дуо ба Яҳува зориву илтиҷо карда кӯмак пурсид. Ӯ мегӯяд: «Мо бояд тан гирем, ки баъзеҳо аз мо дида қобилиятҳои хубтар доранд ё дигарон онҳоро бештар иззату ҳурмат мекунанд». Чӣ тавр ӯ ҳасади худро нест кард? Ӯ диққати худро ба хислатҳои нағзи хоҳар Элфриде ва одамдӯст будани ӯ равона кард. Ҳамин тавр хоҳар Гертруд аз нав бо Элфриде муносибати хуб пайдо кард. Онҳо сахтиҳои конслагерро бо ҳам паси сар карданд ва то охири ҳаёти заминиашон ба Яҳува содиқона хизмат намуданд. Инак, барои ба доми Шайтон наафтодан, мо бояд чӣ кор кунем? Ҳаргиз нагузоред, ки нофаҳмию гуногунфикрӣ ягонагии байни шуморо вайрон кунад (Қӯл. 3:13, 14).

17. Чаро мо бояд ҳамеша ба дастуроти бародарон гӯш диҳем?

17 Ҳамеша аз рӯйи дастурот амал кунед. Агар мо ба дастуроти бародарони содиқу масъулиятнок гӯш диҳем, аз бисёр проблемаҳо эмин хоҳем буд (1 Пет. 5:5). Масалан, дар як мамлакате, ки фаъолияти мо манъ аст, пирони ҷамъомад дастур доданд, ки воизон адабиёти чопиро паҳн накунанд. Вале як бародари пешрав ба ин дастури онҳо итоат накард. Оқибат чӣ шуд? Рӯзе он бародар ҳамроҳи дигар воизон ба одамон ғайрирасмӣ шаҳодат дода ба онҳо адабиёт дод. Аз афташ кормандони полис аз қафои онҳо мепоиданд. Баъди тамом кардани сӯҳбат онҳо омада бародаронро пурсуков намуданд ва ҳамаи адабиётеро, ки ба одамон дода шуд, ҷамъ карда гирифтанд. Аз ин воқеа мо чӣ меомӯзем? Мо набояд худбовар бошем, балки ҳамеша мувофиқи дастуроти бародарон амал кунем, ҳатто агар ба назарамон чунин тобад, ки худамон хубтар медонем. Вақте мо бо онҳое, ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, ҳамкорӣ мекунем, Яҳува моро барои итоаткориамон баракат хоҳад дод (Ибр. 13:7, 17).

18. Чаро мо набояд қоидаҳои нозарур ҷорӣ кунем?

18 Қоидаҳои нозарурро набароред. Агар пирони ҷамъомад қоидаҳои нозарур ҷорӣ кардан гиранд, ин бори ҳамимононро вазнин мекунад. Бародар Юрай Каминский нақл мекунад, ки ҳангоми дар собиқ Чехословакия манъ шудани фаъолиятамон чӣ рӯй дод: «Вақте бародарони масъул ва бисёр пирони ҷамъомадро ҳабс намуданд, бародарони дигаре, ки роҳбариро бар ӯҳда доштанд, аз пеши худ ҳар гуна қоидаҳо бароварда ба ҳамимонон мегуфтанд, ки кадом корро кунанду кадом корро не». Яҳува ба мо ҳуқуқ надодааст, ки барои бародарон худамон қоидаҳо ҷорӣ кунем. Касе ки қоидаҳои нозарур мебарорад ба бехатарии бародарон мусоидат наменамояд, балки бар имони онҳо ҳукмфармоӣ мекунад (2 Қӯр. 1:24).

ҲЕҶ ГОҲ БА ЯҲУВА ИБОДАТ КАРДАНРО БАС НАКУНЕД

19. Чаро қатъи назар аз кӯшишҳои Шайтон мо далер буда метавонем ва чӣ тавр суханони 2 Вақоеънома 32:7, 8 инро тасдиқ мекунад?

19 Душмани асосии мо Шайтон Иблис таъқиб кардани хизматгорони содиқи Яҳуваро бас намекунад (1 Пет. 5:8; Ваҳй 2:10). Ӯ ва тарафдоронаш кӯшиш мекунанд, ки моро аз ибодати Яҳува боздоранд. Вале мо аз ҳад ба тарсу ҳарос дода шуда ба Яҳува хизмат карданро бас намекунем (Такр. Ш. 7:21). Яҳува дар тарафи мост. Ҳатто фаъолияти мо манъ бошад ҳам, Ӯ моро ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард. (2 Вақоеънома 32:7, 8-ро хонед.)

20. Мо бо қатъият чӣ кор кардан мехоҳем?

20 Биёед мо низ мисли бародарони асри як азми қавӣ дошта бошем. Онҳо ба ҳокимони замони худ гуфтанд: «Худатон фикр кунед, магар дар назари Худо дуруст аст, ки Ӯро неву шуморо гӯш кунем? Мо бошем, дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон гап заданро бас карда наметавонем» (Аъм. 4:19, 20).

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

^ сарх. 5 Агар ҳокимиятдорон фаъолияти моро манъ кунанд, мо бояд чӣ кор кунем? Албатта, ҳеҷ гоҳ мо ба Яҳува ибодат карданро бас намекунем. Мақолаи мазкур маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки дар ин ҳолат кадом рафтор дуруст мебуду кадомаш нодуруст.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Дар ҳамаи расмҳо хизмати Шоҳидон дар давлатҳое, ки фаъолияти мо маҳдуд аст, тасвир шудааст. Дар ин расм гурӯҳи хурди ҳамимонон дар анборхонаи як бародар барои вохӯрӣ ҷамъ шудаанд.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре (аз тарафи чап) бо як зан дӯстона сӯҳбат карда барои мавъиза кардан имконият меҷӯяд.

^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМ: Бародареро кормандони полис пурсуков карда истодаанд, вале ӯ дар бораи ҷамъомад маълумот доданро рад мекунад.