МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27
Дар бораи худ бештар аз он чӣ лозим аст, фикр накунед
«Ба ҳамаи шумо мегӯям: дар бораи худ бештар аз он чӣ лозим аст, фикр накунед, балки... чун шахсони солимфикр андеша ронед» (РУМ. 12:3).
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
ПЕШГУФТОР *
1. Дар Филиппиён 2:3 кадом маслиҳат дода шудааст ва онро ба кор бурда мо чӣ манфиат мегирем?
МО БО фурӯтанӣ ба Яҳува итоат мекунем, зеро дарк мекунем, ки Ӯ ҳамеша медонад, ки барои мо чӣ беҳтарин аст (Эфс. 4:22–24). Фурӯтанӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хости Яҳуваро аз хоҳиши худ боло гузорем ва дигаронро аз худ авло донем. Он гоҳ мо бо Яҳува ва ҳамимонон муносибати хуб дошта метавонем. (Филиппиён 2:3-ро хонед.)
2. Павлуси расул чиро дарк мекард ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
2 Агар мо эҳтиёт набошем, рӯҳияи одамони мағрури * ҷаҳони Шайтон ба мо таъсир карда метавонад. Аз афташ ин рӯҳия ба баъзе масеҳиёни асри як таъсир карда буд, зеро Павлуси расул дар Нома ба румиён навишт: «Ба ҳамаи шумо мегӯям: дар бораи худ бештар аз он чӣ лозим аст, фикр накунед, балки ҳар яки шумо... чун шахсони солимфикр андеша ронед» (Рум. 12:3). Павлус дарк мекард, ки ҳар як одам ба андозае бояд худашро дӯст дорад ва дар бораи худ фикр кунад. Вале фурӯтанӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки аз ин ҷиҳат солимфикр бошем ва аз ҳад нагузарем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр фурӯтанӣ моро 1) дар издивоҷ, 2) дар таъйиноте, ки дар ташкилот дорем, 3) дар истифодаи шабакаҳои интернетӣ аз мағруру ҳавобаланд будан нигоҳ медорад.
ДАР МУНОСИБАТ БО ҲАМСАРАТОН ФУРӮТАН БОШЕД
3. Чаро дар издивоҷ душвориҳо сар зада метавонанд ва баъзе ҳамсарон онҳоро бо кадом роҳ ҳал карданӣ мешаванд?
3 Яҳува издивоҷро барои он бунёд кард, ки зану шавҳар дар ҳаёти оилавӣ хушбахт бошанд. Вале аз сабаби нокомилӣ байни онҳо баъзан нофаҳмӣ рӯй дода метавонад. Барои ҳамин Павлус гуфт, ки одамони оиладор ба баъзе душвориҳо дучор мешаванд (1 Қӯр. 7:28). Баъзе ҳамсарон доим бо якдигар ҷанҷол мекунанд ва шояд ба хулоса меоянд, ки онҳо бо ҳам муносиб нестанд. Агар ақидаи ҷаҳониён ба онҳо таъсир карда бошад, онҳо ягона ҳалли мушкилиро дар ҷудошавӣ мебинанд. Ин гуна шахсон бештар манфиати худашонро меҷӯянд.
4. Ба кадом фикр мо набояд роҳ диҳем?
4 Мо набояд дар издивоҷи худ айб ҷӯем. Баъзеҳо чунин фикр мекунанд: «Ману ҳамсарам бо ҳам муносиб нестем, беҳтараш аз ӯ ҷудо мешавам». Вале мо медонем, ки мувофиқи Навиштаҳо ба ҷудошавӣ танҳо зино сабаб шуда метавонад (Мат. 5:32). Вақте дар издивоҷ душвориҳо сар мезананд, мо набояд мағрур шуда ба чунин фикрҳо роҳ диҳем: «Ҳамсарам дар бораи ман ғамхорӣ намекунад, ӯ ба қадри ман намерасад. Агар бо каси дигар оиладор мешудам, мумкин хушбахттар мебудам». Аҳамият додед, ки ин ҷо шахс танҳо дар бораи худаш фикр карда истодааст, на дар бораи ҳамсараш? Хиради ин ҷаҳон ба шумо маҳз инро талқин мекунад, то шумо фақат роҳати худро ҷӯед, ҳатто агар оилаатон вайрон шавад ҳам. Хиради Худо бошад, мегӯяд, ки «на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед» (Флп. 2:4). Яҳува намехоҳад, ки шумо аз ҳамсаратон ҷудо шавед, балки издивоҷатонро нигоҳ доред (Мат. 19:6). Худо мехоҳад, ки шумо аз рӯйи принсипҳои Ӯ амал кунед, на аз рӯйи хости худ.
5. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:33 ҳамсарон бо якдигар бояд чӣ хел муносибат кунанд?
Эфсӯсиён 5:33-ро хонед.) Китоби Муқаддас моро даъват мекунад, ки бештар на «гиранда», балки «диҳанда» бошем (Аъм. 20:35). Кадом хислат ба ҳамсарон ёрдам мекунад, ки ба якдигар муҳаббату эҳтиром зоҳир кунанд? Фурӯтанӣ! Зану шавҳаре, ки фурӯтананд, «фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё» мешаванд (1 Қӯр. 10:24).
5 Зану шавҳар бояд якдигарро дӯст доранду ҳурмат кунанд. (6. Мо аз суханони ҳамсарон Стивен ва Стефани чӣ меомӯзем?
6 Ба туфайли зоҳир кардани фурӯтанӣ бисёр ҷуфтони масеҳӣ дар издивоҷ хушбахтии бештар ҳис мекунанд. Масалан, шавҳаре бо номи Стивен мегӯяд: «Зану шавҳар бояд як команда бошанд ва якҷоя ҳамкорӣ кунанд, хусусан ҳангоми сар задани проблемаҳо. Ба ҷойи фақат беҳбудии худро ҷустан, беҳбудии ҳамсаратонро низ фикр кунед». Зани ӯ Стефани низ бо суханони шавҳараш розӣ шуда чунин мегӯяд: «Бо одаме, ки доим баҳс мекунад, ҳеҷ кас зиндагӣ кардан намехоҳад. Вақте байни ману шавҳарам нофаҳмӣ мешавад, мо ҳаракат мекунем сабабашро ёбем. Мо баъд дуо мегӯем, бо ёрии адабиётамон тадқиқот мегузаронем ва чӣ тавр ҳал кардани душвориро муҳокима мекунем. Хулоса, мо бо якдигар неву бо душворӣ мубориза мебарем». Зану шавҳар худро ҳамон вақт хушбахттар ҳис мекунанд, агар аз якдигар худро боло нагиранд.
БА ЯҲУВА «БО ТАМОМИ ФУРӮТАНӢ» ХИЗМАТ КУНЕД
7. Агар бародаре дар ташкилоти Яҳува соҳиби таъйинот шавад, ба кадом фикри хато набояд роҳ диҳад?
7 Кадом кореро, ки дар хизмати Яҳува иҷро накунем, он бароямон шараф аст (Заб. 26:4; 83:11). Агар бародаре дар ташкилот ба гирифтани масъулияти бештар омода бошад, ин, албатта, шоистаи таҳсин аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар касе, ки нозир шудан хоҳад, кори хуберо орзу мекунад» (1 Тим. 3:1). Аммо баъди гирифтани ягон таъйинот ӯ набояд фикр кунад, ки акнун шахси муҳим аст (Луқ. 17:7–10). Мақсади бародар бояд фурӯтанона ба дигарон хизмат кардан бошад (2 Қӯр. 12:15).
8. Мо аз мисоли Диютрифас, Узиё ва Абшолӯм чӣ меомӯзем?
8 Дар Китоби Муқаддас якчанд мисоли огоҳкунанда оварда шудааст. Он дар бораи баъзе касоне нақл мекунад, ки дар бораи худ аз ҳад зиёд фикр мекарданд. Масалан, масеҳии асри як Диютрифас хоксор набуд ва «дар байни бародарон калонигарӣ» кардан мехост (3 Юҳ. 9). Шоҳ Узиё мағрурона ба коре даст задан хост, ки Яҳува ӯро ба он таъйин накарда буд (2 Вақ. 26:16–21). Писари Довуд Абшолӯм маккорона амал карда дили халқро ба даст овардан хост, то ба ҷойи падараш подшоҳ шавад (2 Подш. 15:2–6). Саргузашти ин шахсон равшан нишон медиҳанд, ки касоне, ки номдору машҳур шудан мехоҳанд, ба Яҳува писанд нестанд (Мас. 25:27). Одамони ҳавобаланд ва шӯҳратпараст оқибат танҳо ба шикаст дучор мешаванд (Мас. 16:18).
9. Исо ба мо чӣ хел намуна гузошт?
9 Баръакси он мардон Исо мағрур набуд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳарчанд ӯ дар сурати Худо буд, ҳатто фикри ба мавқеи Худо дастдарозӣ кардан, яъне ба Ӯ баробар шуданро намекард» (Флп. 2:6). Исо баъди Яҳува дуюм шахси бузургу боқудрат бошад ҳам, дар бораи худаш аз меъёр зиёд фикр намекунад. Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шахсе, ки дар байни шумо чун хурдтарин рафтор мекунад, бузург аст» (Луқ. 9:48). Вақте пешравон, хизматгузорони ҷамъомад, пирон ва нозирони ноҳиявӣ мисли Исо фурӯтанона хизмат мекунанд, ин барои ҷамъомад баракати калон аст. Агар мо фурӯтан бошем, ба дигарон бисёртар муҳаббати худро зоҳир мекунем, зеро Исо гуфт, ки хизматгорони ҳақиқии Худо аз рӯйи муҳаббаташон шинохта мешаванд (Юҳ. 13:35).
10. Чӣ бояд кард, агар ба назаратон чунин тобад, ки пирон ба баъзе мушкилиҳои ҷамъомад бепарвоянд?
10 Фарз кардем ба назаратон чунин метобад, ки дар ҷамъомад баъзе мушкилиҳо ҳастанду пирон ба онҳо аҳамият намедиҳанд. Чӣ бояд кард? Ба ҷойи шикоят кардан хуб мебуд, фурӯтанӣ нишон дода бародаронеро, ки роҳбариро бар ӯҳда доранд, дастгирӣ кунед (Ибр. 13:17). Мулоҳиза оиди саволҳои зерин ба шумо кӯмак мекунад: «Оё он душвориҳо дар ҳақиқат ҷиддианд? Оё барои ислоҳ кардани онҳо ҳозир фурсати мувофиқ аст? Оё ҳал кардани онҳо вазифаи ман аст? Аслан ман чӣ мақсад дорам: оё ба ягонагии ҷамъомад мусоидат кардан мехоҳам ё дар пеши дигарон худро доно нишон доданиам?»
11. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:2, 3 фурӯтанона хизмат кардани мо ба ҷамъомад чӣ манфиат меорад?
11 Яҳува аз қобилиятҳои мо дида фурӯтании моро бештар қадр мекунад ва барои Ӯ на миқдор ва натиҷаи корамон, балки ягонагии мо муҳимтар аст. Аз ин рӯ аз ҳар ҷиҳат кӯшиш кунед, ки ба Ӯ фурӯтанона хизмат кунед. Ҳамин тавр шумо ба ягонагии ҷамъомад саҳм мегузоред. (Эфсӯсиён 4:2, 3-ро хонед.) Дар хизмат фаъол бошед. Имконият ҷӯед, ки корҳои нек карда ба дигарон хизмат кунед. Дар ҷамъомад нисбати ҳама, аз он ҷумла нисбати онҳое, ки ягон таъйинот надоранд, меҳмоннавоз бошед (Мат. 6:1–4; Луқ. 14:12–14). Вақте шумо хоксорона бо бародару хоҳарон ҳамкорӣ мекунед, онҳо на танҳо маҳорату қобилияти шумо, балки фурӯтании шуморо низ пай мебаранд.
ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ФУРӮТАН БОШЕД
12. Китоби Муқаддас дар бораи доштани дӯстон чӣ мегӯяд? Фаҳмонед.
12 Яҳува мехоҳад, ки мо аз муошират бо оилаи худ ва дӯстон баҳра барем (Заб. 132:1). Исо дӯстони хуб дошт (Юҳ. 15:15). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки доштани дӯстони ҳақиқӣ ин баракат аст (Мас. 17:17; 18:24). Ва он насиҳат мекунад, ки худро аз дигарон дур кашидан хуб нест (Мас. 18:1). Ба ақидаи бисёриҳо шабакаҳои интернетӣ кӯмак мекунанд, ки шахс дӯстони зиёд дошта бошад ва худро танҳо ҳис накунад. Лекин ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор будан лозим аст.
13. Чаро баъзе истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ худро танҳо́ ва рӯҳафтода ҳис мекунанд?
13 Баъзеҳо вақти зиёди худро ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ сарф карда беист сурат ва шарҳҳои гузоштаи дигаронро аз назар мегузаронанд. Таҳқиқот нишон дод, ки ин гуна одамон оқибат худро танҳо ва афсурдаҳол ҳис карда метавонанд. Чаро? Як сабабаш шояд дар он аст, ки одамон дар интернет одатан лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёташонро нишон медиҳанд: суратҳои беҳтарини худро ва ҷойҳои зебоеро, ки буданд, мегузоранд. Шахсе, ки ин сурат ва наворҳоро мебинад, худро бо он касон муқоиса намуда шояд худро бадбахт ҳис кунад ва ба хулоса ояд, ки ҳаёти ӯ якранг ва ҳатто дилгиркунанда аст. Як хоҳари 19-сола мегӯяд: «Суратҳои дар интернет гузоштаи дигаронро дида аламам меомад, ки дигарон рӯзҳои истироҳатро зӯр гузарондаанду ман бошам, дар хона зиқ шуда шиштам».
14. Насиҳати Китоби Муқаддас, ки дар 1 Петрус 3:8 навишта шудааст, чӣ тавр ҳангоми истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ ба мо кӯмак мекунад?
14 Албатта, шабакаҳои иҷтимоиро бо мақсади дуруст истифода бурдан мумкин аст, масалан барои бо дӯстон ва аъзои оилаамон дар тамос будан. Лекин оё шумо аҳамият додаед, ки баъзе одамоне, ки дар интернет сурату наворҳо ва шарҳҳо мегузоранд, худашонро нишон додан мехоҳанд. Онҳо диққати дигаронро ба худ ҷалб карда гӯё чунин гуфтан мехоҳанд: «Бинед, ман чӣ хелам!» Баъзеҳо дар зери суратҳои худ ё дигарон шарҳҳои дағалона ва беодобона менависанд ё шаъни касеро паст мезананд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба онҳо фурӯтанӣ намерасад ва онҳо ба ҳиссиёти 1 Петрус 3:8-ро хонед.)
дигарон бепарвоянд. Яҳува бошад, моро насиҳат медиҳад, ки фурӯтанӣ ва дилсӯзӣ инкишоф диҳем. (15. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки худнамоӣ накунему фурӯтан монем?
15 Агар шумо аз шабакаҳои интернетӣ истифода баред, ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё шарҳҳо, расмҳо ё наворҳои гузоштаам, аз он гувоҳӣ намедиҳанд, ки ман бодигӣ карда истодаам? Оё онҳо дар дили дигарон ҳасад бедор намекунанд?» Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар он чӣ дар ҷаҳон аст: хоҳиши ҷисм, ҳаваси чашмон ва худнамоӣ бо чизу чораи худ, аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст» (1 Юҳ. 2:16). Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ибораи «худнамоӣ бо чизу чораи худ» чун «хоҳиши ман-манӣ кардан» омадааст. Масеҳиён набояд худситоӣ намоянд ё худро ба дигарон реклама кунанд. Онҳо аз рӯйи маслиҳати зерини Китоби Муқаддас амал мекунанд: «Биёед шӯҳратпараст нашавем, якдигарро ба рақобат тела надиҳем ва ба ҳамдигар ҳасад набарем» (Ғал. 5:26). Фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мисли одамони ин ҷаҳон мағрур шуда диққатро ба худ ҷалб накунем.
«ЧУН ШАХСОНИ СОЛИМФИКР АНДЕША РОНЕД»
16. Чаро мо аз ҳавобаландӣ бояд дурӣ ҷӯем?
16 Ба мо лозим аст, ки фурӯтанӣ инкишоф диҳем, зеро агар мағрур бошем, «солимфикр» буда наметавонем (Рум. 12:3). Одамони ҳавобаланд бисёр вақт бо дигарон муросо намекунанд. Онҳо худашонро ҳақ меҳисобанд ва ба дигарон бо назари паст менигаранд. Дар натиҷа онҳо ҳам дигаронро меранҷонанду ҳам худашон зарар мебинанд. Агар чунин шахсон фикррониашонро ислоҳ накунанд, Шайтон ақли онҳоро кӯр ва фосид месозад (2 Қӯр. 4:4; 11:3). Одами фурӯтан бошад, нисбати худ солимфикр аст, яъне ба андозаи лозима худро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад, вале ҳамзамон дарк мекунад, ки дигарон аз бисёр ҷиҳат аз ӯ беҳтаранд (Флп. 2:3). Ӯ медонад, ки «Худо ба ҳавобаландон муқобил аст, вале ба фурӯтанон лутфу марҳамат мекунад» (1 Пет. 5:5). Мо чун шахсони солимфикр намехоҳем, ки Яҳува душмани мо гардад.
17. Мо барои фурӯтан мондан бояд чӣ кор кунем?
17 Барои фурӯтан мондан, мо бояд «шахсияти кӯҳнаро бо корҳояш аз худ дур» карда «шахсияти наверо дар бар» кунем. Ин меҳнати зиёдро металабад. Ба мо лозим аст, ки намунаи Исоро омӯзем ва ҳарчи бештар ба ӯ пайравӣ кунем (Қӯл. 3:9, 10; 1 Пет. 2:21). Лекин ин ба саъю кӯшиш меарзад. Вақте мо фурӯтаниро инкишоф медиҳем, ҳаёти оилавиамон беҳтар мегардад, мо ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунем ва шабакаҳои интернетиро барои худнамоӣ кардан истифода намебарем. Илова бар ин Яҳува моро баракат медиҳад ва аз мо розӣ хоҳад шуд.
СУРУДИ 19 Биҳишти ваъдакардаи Худо
^ сарх. 5 Имрӯз мо дар дунёе зиндагӣ дорем, ки бисёр одамон мағрур ва худхоҳанд. Агар мо эҳтиёт набошем, хулқу атвори онҳо ба мо низ таъсир карда метавонад. Дар ин мақола мо се соҳаро дида мебароем, ки дар онҳо набояд худро аз дигарон боло гирем.
^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Шахси мағрур одатан худро аз дигарон беҳтар мешуморад ва ӯ бисёртар манфиати худро меҷӯяд, на манфиати дигаронро. Барои ҳамин шахси мағрур худхоҳ аст. Вале одами фурӯтан худбин ва ҳавобаланд нест. Ӯ худро одами аз ҳама муҳим намеҳисобад.
^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМҲО: Пире, ки дар анҷуман моҳирона бо нутқ баромад мекунад ва ба дигар бародарон дастурот медиҳад, гузаронидани вохӯрии мавъиза ва рӯбучини ибодатгоҳро низ шараф меҳисобад.