Оё шумо дар хотир доред?
Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:
Бо кадом чор тарз сурудхониамонро беҳтар карда метавонем?
Баланд бардоштани китоби сурудҳо ба мо имконият медиҳад, ки қоматамонро рост нигоҳ дорем. Инчунин мо бояд дуруст нафас кашем. Вақте даҳонамонро калон мекушоем, овозамон қавӣ ва баланд мебарояд (w17.11 [bw588], саҳ. 5).
Чаро ҷойгиршавӣ ва роҳҳои шаҳрҳои гурезгоҳи Исроил моро ба ҳайрат меорад?
Дар тамоми Исроил шаш шаҳри гурезгоҳ вуҷуд дошт. Роҳҳое, ки сӯйи ин шаҳрҳо мебурданд, ҳамвор буданд, то ки гуреза онро зуд ва осон ёфта тавонад (w17.11 [bw588], саҳ. 14).
Чаро гуфтан мумкин аст, ки гуфтаҳои Забур 117:22 ба эҳёшавии Исо дахл дошт?
Исоро чун Масеҳ қабул накарданд ва куштанд. Барои «санги сари гӯшаи бино» гардидан Исо бояд эҳё мешуд (w17.12 [bw589], саҳ. 9, 10).
Оё шахсоне, ки ба насабномаи Масеҳ дохил шуданд, ҳамаашон ҳуқуқи нахустзодагиро доштанд?
Барои аҷдоди Исо шудан шарт набуд, ки мард нахустзода бошад. Масалан, Довуд нахустзода набуд, аммо аҷдоди Масеҳ гашт (w17.12 [bw589], саҳ. 14, 15).
Кадом принсипҳои тиббиро аз Китоби Муқаддас ёфтан мумкин аст?
Аз рӯйи Қонуни Мӯсо баъзе беморонро бояд аз дигар одамон алоҳида нигоҳ медоштанд. Баъди ба ҷасад расидан шахс бояд шустушӯй мекард. Инчунин Қонун аз одамон талаб мекард, ки ахлоташонро таги хок кунанд. Баъди ҳаштрӯзагиаш писарча бояд хатна карда мешуд, зеро хуни кӯдак баъди як ҳафтаи таваллуд барои тезтар лахта шудан тайёр мешавад (wp18.1, саҳ. 7).
Чаро то андозае худро дӯст доштан нодуруст нест?
Мо бояд наздиконамонро мисли худамон дӯст дорем (Марқ. 12:31). Шавҳарон низ бояд «занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд» (Эфс. 5:28). Албатта, одамоне низ ҳастанд, ки худро аз ҳад зиёд дӯст медоранд (w18.01 [bw590], саҳ. 23).
Баъзе қадамҳое, ки барои масеҳии баркамол шудан гузошта метавонем, кадом аст?
Барои ин мо бояд Китоби Муқаддасро хонем, мулоҳиза ронем ва чизҳои фаҳмидаамонро дар ҳаёт истифода барем. Ҳамчунин роҳнамоии рӯҳи муқаддас ва кӯмаки дигаронро қабул кунем (w18.02 [bw591], саҳ. 26).
Чӣ тавр нишон дода метавонем, ки ба меҳмонӣ таклиф кардани касеро қадр мекунем?
Агар таклифи касеро қабул кунем, бояд кӯшиш кунем, ки онро рад накунем (Заб. 14:4). Мо набояд бо ҳар хел баҳонаи ночиз таклифи соҳибхонаро рад кунем. Шояд ӯ барои тайёрӣ бисёр вақт сарф кардааст (w18.03 [bw592], саҳ. 18).
Бародарони таъйиншуда аз Тимотиюс чӣ дарс гирифта метавонанд?
Тимотиюс самимона нисбати дигарон ғамхорӣ мекард ва кори мавъизаро дар ҷойи аввал мемонд. Ӯ бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард ва чизҳои омӯхтаашро дар амал истифода мебурд. Инчунин Тимотиюс худро таълим медод ва аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсид. Ҳамаи бародарон аз Тимотиюс ибрат гирифта метавонанд (w18.04 [bw593], саҳ. 13, 14).