Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Таъсири салом додан

Таъсири салом додан

«АССАЛОМУ АЛАЙКУМ, шумо чӣ хел?»

Бешубҳа, ҳар вақте ки шумо бо касе вомехӯред ин суханонро мегӯед. Шояд дар ҷойи шумо дар баробари салом додан даст дароз кунанд ё якдигарро ба оғӯш гиранд. Урфу одат ва тарзи салом гуфтан одатан дар ҳар ҷой ҳар хел аст, лекин мақсади салом дар ҳама ҷо як хел мебошад. Агар шахс салом надиҳад ё алейк нагирад, беҳурматӣ ё бемеҳриашро нишон медиҳад.

Лекин на ҳама салом доданро нағз мебинанд. Баъзеҳо шармгинанд ё худро паст ҳисобида фикр мекунанд, ки аз саломи онҳо фоидае нест. Ба дигарон бошад, барои салом додан нажод, мавқеъ ё маданияти шахс халал мерасонад. Аммо як даҳон салом гуфтан ба кас манфиати зиёд меорад.

Биёед фаҳмем, ки «оё аз салом додан ягон фоида ҳаст? Каломи Худо оиди салом гуфтан чиро таълим медиҳад?»

БА «ҲАМА ГУНА ОДАМОН» САЛОМ ДИҲЕД

Петруси расул Корнилюси ғайрияҳудиро ба ҷамъомад таклиф карда гуфт: «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад» (Аъм. 10:34). Инчунин Петрус навишт: «Яҳува... мехоҳад, ки ҳама имконияти тавба карданро дошта бошанд» (2 Пет. 3:9). Шояд дар аввал мо фикр кунем, ки ин суханон ба шахсоне, ки нав Каломи Худоро меомӯзанд, дахл доранд. Аммо Петрус танҳо онҳоро дар назар надошт. Ӯ масеҳиёнро насиҳат карда гуфт: «Ҳама гуна одамонро эҳтиром намоед, ҳамаи бародаронро дӯст доред» (1 Пет. 2:17). Барои ҳамин мо бояд ба нажод, маданияту мавқеи одамон нигоҳ накарда ба онҳо салом гӯем ва бо ин нишон диҳем, ки онҳоро ҳурмат мекунем ва дӯст медорем.

Павлуси расул ҷамъомадро барангехта гуфт: «Якдигарро қабул кунед, ҳамон тавре ки Масеҳ низ шуморо қабул кардааст» (Рум. 15:7). Ӯ дар номаи худ ба қӯлассиён бародаронеро номбар кард, ки барояш «сарчашмаи тасаллӣ гаштанд». Дар ин рӯзҳои охир Шайтон ғазабашро ба бародару хоҳарон бештар фурӯ рехта истодааст. Барои ҳамин имрӯз онҳо ба тасаллӣ бисёртар ниёз доранд (Қӯл. 4:11; Ваҳй 12:12, 17).

Мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки салом додан ба шахс ёрӣ мерасонад, ки худро бегона ҳис накунад. Биёед, бинем, ки салом гуфтан боз чӣ манфиат меорад.

РӮҲБАЛАНДӢ, ТАСАЛЛӢ ВА МУҲАББАТ

Вақте Яҳува қарор кард, ки ҳаёти Исоро ба батни Марям мегузаронад, Ӯ фариштаашро фиристод, то ба Марям ин хабарро расонад. Фаришта ба ӯ гуфт: «Салом, эй Марям, ту розигии Худоро соҳиб шудаӣ». Ва илова кард: «Яҳува бо туст». Вале «Марям аз шунидани ин суханон хеле ба изтироб омад» ва намефаҳмид, ки чаро фаришта бо ӯ гап мезанад. Фаришта инро пай бурда, гуфт: «Натарс, эй Марям, зеро ту розигии Худоро ба даст овардаӣ». Ӯ ба Марям фаҳмонд, ки бо хости Худо аз ӯ Масеҳ ба дунё меояд. Марям фурӯтанона ҷавоб дода гуфт: «Ман канизи Яҳува ҳастам. Бигзор бо ман аз рӯйи гуфти ту шавад» (Луқ. 1:26–38).

Барои фаришта чун пайғамбари Яҳува хизмат кардан шараф буд, лекин ӯ фикр намекард, ки инсони нокомил лоиқ нест, ки бо ӯ гап занад. Баръакс, фаришта гапашро бо салом додан оғоз кард. Мо аз ин рафтори фаришта чӣ меомӯзем? Мо бояд ба дигарон самимона салом гуфта онҳоро рӯҳбаланд созем. Бо як-ду сухан мо метавонем ба дигарон кӯмак расонем ва боварӣ бахшем, ки онҳо аъзои оилаи Яҳува мебошанд.

Павлус аз ҷамъомади Осиёи Хурд ва Аврупо бо бисёр касон шинос буд. Дар номаҳои худ ӯ ба онҳо салом расонд, ки мо онро аз боби 16-уми Румиён хонда метавонем. Масалан, ӯ ба хоҳар Фуби салом расонд ва ба бародарон дар борааш гуфт: «Ӯро чун пайрави Ҳазратамон ва ба таври ба муқаддасон муносиб қабул кунед ва ба ӯ дар ҳар он чӣ эҳтиёҷ пайдо карда метавонад, кӯмак расонед». Павлус ба Приска ва Акило низ салом гуфта, илова кард: «Ба онҳо на танҳо ман, балки тамоми бародарон аз халқҳои дигар миннатдоранд». Ҳамчунин ӯ ба ҳамимононе, ки дар бораашон на он қадар бисёр маълумот дастрас аст, салом гуфтааст. Масалан, Павлус «ба Апинетус» инчунин «ба хоҳаронамон Труфино ва Трифосо, ки дар кори Ҳазратамон бисёр меҳнат мекунанд», салом мегӯяд. Чи хеле ки мебинем, Павлус ба бародарон ва хоҳарон доимо саломи гарму ҷӯшони худро мерасонд (Рум. 16:1–16).

Бешубҳа, бародару хоҳарон хеле хурсанд буданд, ки Павлус онҳоро фаромӯш накардааст. Салом ва таърифи самимонаи Павлус муҳаббати онҳоро ба ӯ ва якдигар зиёдтар гардонд. Инчунин саломҳои гарму ҷӯшони Павлус ҳамимононро рӯҳбаланд намуда дар имон устувор мегардонд. Мо низ бо салом доданамон нишон медиҳем, ки нисбати дигарон бепарво нестем ва, вақте бародару хоҳаронро таъриф мекунем, ба дӯстиву рафоқат ва ягонагиамон мусоидат мекунем.

Вақте Павлус ба бандаргоҳи Путеоли расида ба Рум сафар кард, бародарони маҳаллӣ ӯро пешвоз гирифтанд. Павлус онҳоро аз дурӣ дида «Худоро шукргузорӣ кард ва рӯҳбаланд шуд» (Аъм. 28:13–15). Аз ин маълум мегардад, ки баъзан ҳатто як табассум ё саломи мо метавонад ба шахси рӯҳафтода ё зиқ болу пар бахшад.

ҲАМФИКРӢ

Азбаски баъзе аъзоёни ҷамъомад ба Яҳува хиёнат намуда бо ин ҷаҳон дӯстӣ карданро сар карда буданд, Яъқуб ба ҷамъомад маслиҳати ҷиддӣ дод (Яъқ. 4:4). Лекин аҳамият диҳед, ки Яъқуб номаи худро чӣ тавр оғоз кард:

«Ман, Яъқуб, бандаи Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ, ба дувоздаҳ қабилае, ки дар ҳар ҷо парокандаанд, саломи худро мерасонам» (Яъқ. 1:1). Бешубҳа, вақте бародару хоҳарон дар аввали нома аз саломи ӯ фаҳмиданд, ки Яъқуб худро аз дигарон боло намегирад, ба онҳо қабул кардани маслиҳаташ осонтар шуд. Ба ин монанд, саломи хоксоронаи мо метавонад дили одамро барои муҳокима кардани масъалаҳои ҷиддӣ тайёр кунад.

Ҳатто саломи кӯтоҳ метавонад ба дили шахс таъсир расонад. Чӣ тавр? Агар он самимона ва бо муҳаббат бошад. Шояд мо набинем, ки чӣ тавр саломамон ба шахс таъсир расонд. Лекин ин чиз набояд моро аз салом додан боздорад (Мат. 22:39). Боре як хоҳар, ки дар Ирландия зиндагӣ мекунад, якчанд дақиқа пеш аз саршавии вохӯрӣ ба Толори Салтанат меояд. Вақте ӯ саросемавор ба толор медарояд, бародаре ба ӯ нигоҳ карда табассумкунон мегӯяд: «Аз дидорат шодам». Аммо хоҳар ба ӯ аҳамият надода ҷойи худро ишғол мекунад.

Пас аз чанд ҳафта ин хоҳар назди бародар омада мегӯяд, ки дер боз ӯ дар хонааш мушкилие дошт. Ва илова мекунад: «Ман он рӯз чунон рӯҳафтода будам, ки ба ҷамъомад омадан намехостам. Ба вохӯрӣ омада бошам ҳам, ҳушу хаёлам дар дигар ҷо буд, ва қариб ки ҳеҷ чиз дар хотирам намонд. Фақат саломи ту дар ёдам ҳаст. Он ба ман қувват бахшид. Раҳмат ба ту, бародар».

Бародар ҳатто фикр намекард, ки чӣ тавр саломаш ба хоҳар таъсир мерасонад. Ӯ мегӯяд: «Вақте хоҳар ба ман гуфт, ки то чи андоза як даҳон гапи ман ба ӯ тасаллӣ бахшид, ман аз ин хеле хурсанд шудам».

Пайғамбар Сулаймон навиштааст: «Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисёр онро хоҳӣ ёфт» (Воиз 11:1). Вақте мо меҳрубонона ба дигарон, хусусан ба ҳамимононамон, салом мегӯем ин ҳам ба худамон ва ҳам ба онҳо қувват мебахшад. Барои ҳамин ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломи мо ба шахс бе таъсир намемонад.