Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23

«Бигзор номи Ту муқаддас гардад»

«Бигзор номи Ту муқаддас гардад»

«Худовандо! Исми Ту то абад аст» (ЗАБ. 134:13).

СУРУДИ 9 Яҳува — Худои моро ҳамд гӯед!

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Кадом масъалаҳо барои Шоҳидони Яҳува хеле муҳиманд?

ИМРӮЗ мо дар ҳалли ду масъалаи муҳим иштирок дорем, ки бо ҳокимияти Яҳува ва муқаддас гаштани номи Ӯ алоқаманданд. Мо Шоҳидони Яҳува муҳокима кардани ин мавзӯъҳоро дӯст медорем. Вале оё ҳокимияти Худо ва пок гаштани номи Ӯ ду масъалаи тамоман гуногунанд? Не, албатта.

2 Ҳамаи мо баъди бо ҳақиқат шинос шудан фаҳмидем, ки номи Худо бояд аз доғ пок гардад ва беҳтарин будани тарзи ҳукмронии Ӯ исбот шавад. Ҳардуи ин масъала хеле муҳим ва сазовори диққат мебошанд.

3. Номи Яҳува чиро дар бар мегирад?

3 Яҳува Парвардигори олам ва Худои Қодир аст. Ва дар асл, номи Ӯ тамоми ҷонибҳои шахсияти Ӯ, аз он ҷумла тарзи ҳукмрониашро дар бар мегирад. Яъне ном ё обрӯйи Яҳува бо тарзи ҳукмронии Ӯ зич алоқаманд аст. Пас, муқаддас гаштани номи Яҳува инчунин маънои онро дорад, ки беҳтарин будани тарзи ҳукмронии Ӯ бояд исбот шавад. (Ба чорчӯбаи  «Саволҳое, ки бо муқаддас гаштани номи Худо алоқаманданд» нигаред.)

4. Дар Забур 134:13 оиди номи Худо чӣ гуфта шудааст ва дар ин мақола кадом саволҳо муҳокима мешаванд?

4 Номи Яҳува бениҳоят аҳамияти калон дорад. (Забур 134:13-ро хонед.) Чаро? Кай он бори аввал сиёҳ карда шуд? Чӣ тавр бо тарзи рафтораш Яҳува номашро аз доғ пок месозад? Ва чӣ хел мо дар муқаддас гаштани номи Худо саҳм гузошта метавонем? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.

ЧАРО НОМИ ХУДО ИН ҚАДАР АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД?

5. Оиди муқаддас гаштани номи Худо дар сари баъзеҳо чӣ гуна савол пайдо мешавад?

5 «Бигзор номи Ту муқаддас гардад» (Мат. 6:9). Исо гуфт, ки ин яке аз чизҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд дар борааш дуо гӯем. Вале он суханон чӣ маъно доранд? Муқаддас гардондани чизе маънои аз нопокӣ тоза кардани онро дорад. Аммо баъзеҳо шояд чунин гӯянд: «Магар номи Яҳува бе ин ҳам пок ва муқаддас нест?» Барои ба ин савол ҷавоб додан мо бояд донем, ки мафҳуми ном чиро дар бар мегирад.

6. Барои чӣ номи шахс аҳамияти калон дорад?

6 Ном танҳо калимае нест, ки дар варақ навишта ё бо овоз талаффуз карда мешавад. Бинед, ки Китоби Муқаддас дар бораи ном чӣ мегӯяд: «Номи нек беҳ аз сарвати бузург» аст (Мас. 22:1; Воиз 7:1). Чаро номи кас аҳамияти калон дорад? Зеро дар паси ном обрӯю эътибори шахс ниҳон аст ва бо хондан ё шунидани ин ё он ном дигарон одатан чӣ гуна инсон будани соҳиби номро пеши назар меоранд. Аз ин рӯ тарзи талаффуз ё навишти он аҳамияти калон надорад. Муҳимаш ин ки дигарон дар бораи он шахс чӣ фикр доранд.

7. Чӣ тавр одамон номи Худоро сиёҳ мекунанд?

Вақте одамон дар бораи Яҳува чизҳои дурӯғ мегӯянд, онҳо обрӯйи Ӯро мерезонанд. Онҳо ба чизҳои бад Худоро айбдор карда бо ин номи Ӯро сиёҳ мекунанд. Оё медонед, ки бори аввал кӣ Худоро бадном кард? Ин дар боғи Адан, дар аввали таърихи инсоният рӯй дода буд. Биёед бинем, ки мо аз он чӣ дарс мегирем.

ЧӢ ТАВР БА НОМИ ЯҲУВА БОРИ АВВАЛ ТӮҲМАТ КАРДА ШУД?

8. Одаму Ҳавво оиди Яҳува чиро медонистанд ва кадом саволҳо ба миён меоянд?

8 Одаму Ҳавво номи Яҳува ва бисёр чизҳои муҳимро дар бораи соҳиби ин ном медонистанд. Масалан, онҳо медонистанд, ки Яҳува Офаридгор аст, Ӯ ба онҳо ҳаёт бахшид, боғи зебои биҳиштро чун хона ба онҳо дод ва ба ҳардуяшон ҳамсари комил ато кард (Ҳас. 1:26–28; 2:18). Вале магар онҳо ақли комилашонро ба кор бурда дар бораи ҳамаи он некиҳои Яҳува мулоҳиза меронданд? Ва оё муҳаббат ва миннатдориашонро ба Яҳува зиёд мегардонданд? Ҷавоби ин саволҳо вақте маълум шуд, ки душмани Худо онҳоро озмуд.

9. Мувофиқи Ҳастӣ 2:16, 17 ва 3:1–5 Яҳува ба ҷуфти аввалин чӣ гуна амр дода буд? Чӣ тавр Шайтон бо саволи худ дар дили онҳо нисбати Яҳува фикри нодурустро пайдо кард?

9 Ҳастӣ 2:16, 17 ва 3:1–5-ро хонед. Шайтон тавре кард, ки гӯё мор гап зада истодааст ва ба Ҳавво чунин савол дод: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» Бо ин саволи айёронааш Шайтон дар дили Ҳавво нисбати Яҳува фикри нодурустро пайдо кард. Дар асл Яҳува гуфта буд, ки онҳо аз тамоми дарахтони боғ хӯрда метавонанд, ғайр аз яктоаш. Ба Одаму Ҳавво ҳар гуна ғизо ба таври фаровон дастрас буд (Ҳас. 2:9). Бале, Яҳува дар ҳақиқат Худои саховатманд аст. Ӯ ба Одаму Ҳавво амр дод, ки танҳо аз меваи як дарахт нахӯранд. Маълум, ки саволи Шайтон ин амри Яҳуваро нодуруст маънидод мекард. Вай бо саволаш нишон доданӣ буд, ки гӯё Худо саховатманд нест. Баъд аз ин Ҳавво шояд ба фикр афтод, ки Худо аз онҳо чизи хуберо пинҳон мекунад.

10. Чӣ тавр Шайтон рӯйирост номи Худоро сиёҳ кард ва дар натиҷа чӣ шуд?

10 То он дам Ҳавво ба Яҳува итоаткор буд. Ӯ ҳангоми ба саволи Шайтон ҷавоб додан амри аниқу равшани Яҳуваро такрор карда гуфт, ки ба меваи дарахти манъшуда ҳатто даст расондан мумкин нест. Ҳавво медонист, ки беитоатӣ ба Худо ба марг оварда мерасонад. Вале Шайтон ба ӯ гуфт: «Не, нахоҳед мурд» (Ҳас. 3:2–4). Шайтон гапро дигар тоб надода акнун рӯйирост ба Худо тӯҳмат кард. Ӯ номи Худоро сиёҳ кард, чунки ба Ҳавво тавре гап зад, ки гӯё Худо дурӯғгӯ аст. Ҳамин тавр Шайтон «Иблис» гашт, ки маънояш тӯҳматчӣ аст. Ҳавво ба гапи Шайтон даромада фиреб хӯрд (1 Тим. 2:14). Ӯ бисёртар на ба Яҳува, балки ба Шайтон бовар кард. Вай аз меваи дарахти манъшуда канда хӯрд ва баъд ба Одам низ дод (Ҳас. 3:6).

11. Нахустволидони мо ба Шайтон чӣ гуна ҷавоб дода метавонистанд?

11 Лаҳзае фикр кунед, ки Ҳавво ба Шайтон чӣ тавр бояд ҷавоб медод. Масалан, ӯ метавонист сухани Шайтонро бурида чунин гӯяд: «Исто, ту худат кистӣ? Ман кӣ будани туро намедонам, лекин медонам, ки Яҳува Падари ман аст, ман Ӯро дӯст медорам ва ба Ӯ бовар мекунам. Яҳува ба ману Одам ҳама чиро додааст. Чӣ хел забонат гашт, ки дар бораи Падари ман гапҳои бад гӯйӣ? Рав аз ин ҷо!» Агар Ҳавво чунин мегуфт, Яҳува аз вафодории духтари азизаш чӣ қадар хурсанд мешуд! (Мас. 27:11). Вале Ҳавво ба Яҳува меҳру садоқат надошт; ба Одам низ ин хислатҳо намерасид. Барои ҳамин вақте Шайтон дар ҳаққи Яҳува тӯҳмат кард, онҳо тарафи Ӯро нагирифтанд ва номашро аз тӯҳмат пок насохтанд.

12. Чӣ тавр Шайтон дар дили Ҳавво шубҳа андохт ва Одаму Ҳавво чӣ кор накарданд?

12 Чи хеле ки гуфтем, Шайтон аввал саволе дода дар дили Ҳавво шубҳа андохт. Баъди шунидани гапҳои вай Ҳавво дудила шуд, ки Яҳува Падари хуб аст. Вақте Шайтон дурӯғ гуфта Яҳуваро бадном кард, Одаму Ҳавво хомӯш истоданд ва барои тарафи Ӯро гирифтан ягон кор накарданд. Барои ҳамин Шайтон тавонист осонакак онҳоро фиреб диҳад ва ба роҳи худ дарорад. Вай имрӯз низ чунин усулҳоро истифода мебарад. Ӯ таълимоти бисёреро паҳн кардааст, ки номи Худоро сиёҳ мекунад. Одамоне, ки ба он ақидаҳои дурӯғ бовар мекунанд, ба осонӣ ба таъсири Шайтон дода мешаванд ва аз итоат ба қонунҳои Худо рӯй метобанд.

ЯҲУВА НОМИ ХУДРО МУҚАДДАС МЕГАРДОНАД

13. Чӣ тавр Ҳизқиёл 36:23 мавзӯи асосии Китоби Муқаддасро қайд мекунад?

13 Оё Яҳува ба беҳурмат шудани номаш бепарвоӣ кард? Албатта не! Аз аввал то охири Навиштаҳо диққат ба он равона карда шудааст, ки Худо чӣ гуна чора андешид, то номашро аз бадгӯйӣ пок созад (Ҳас. 3:15). Маҳз ҳамин чиз мавзӯи асосии Китоби Муқаддас мебошад. Онро ба таври кӯтоҳ чунин баён кардан мумкин аст: Яҳува ба воситаи Подшоҳии осмонӣ, ки шоҳи он Исо аст, номи Худро муқаддас месозад ва сулҳу адолатро дар замин барқарор мекунад. Хулоса, вақте мо Каломи Худоро мехонем, мефаҳмем, ки чӣ тавр Худо номи Худро муқаддас мегардонад. (Ҳизқиёл 36:23-ро хонед.)

14. Ба исён дар боғи Адан Яҳува чӣ тавр муносибат кард? Чӣ тавр тарзи рафтори Ӯ номашро муқаддас гардонд?

14 Ҳарчанд Шайтон борҳои зиёд кӯшиш кард, ки ба иҷрошавии нияти Худо халал расонад, ҳар дафъа тираш хато мехӯрд. Китоби Муқаддас чӣ тавр амал кардани Яҳуваро нишон медиҳад ва тарзи амали Ӯ исбот мекунад, ки Яҳува дар ҳақиқат Падари пур аз муҳаббат ва Ҳокими беҳтарин аст. Албатта исёни Шайтон ва касоне, ки тарафдори вай шуданд, ба Яҳува хеле дарднок буд (Заб. 77:40). Лекин дар ҳалли ин масъала Ӯ хирад ва пуртоқатӣ зоҳир намуд ва аз рӯйи адолат рафтор кард. Ҳамчунин Яҳува қудрати беинтиҳояшро борҳои зиёд ба кор бурд. Дар ҳамаи корҳои Ӯ пеш аз ҳама муҳаббаташ дида мешавад (1 Юҳ. 4:8). Хулоса, Яҳува барои муқаддас гардондани номаш пайваста амал мекунад.

Шайтон дар бораи Яҳува ба Ҳавво дурӯғ гуфт; садсолаҳо боз ӯ ба Худо тӯҳмат карданро давом медиҳад (Ба сархатҳои 9, 10 ва 15 нигаред.) *

15. Чӣ тавр Шайтон имрӯз номи Худоро сиёҳ мекунад ва бо кадом натиҷа?

15 Шайтон то имрӯз номи Яҳуваро сиёҳ мекунад. Ӯ дар дили одамон шубҳа меандозад, ки Худо тавоно, одил, бохирад ва ғамхор аст. Масалан, Шайтон кӯшиш мекунад, то одамонро боварӣ бахшад, ки Худо нест ва ҳаёт дар рӯйи замин худ аз худ пайдо шудааст. Агар одамон ба ҳастии Худо бовар кунанд, Шайтон ба онҳо талқин мекунад, ки меъёрҳои Ӯ озодии одамонро маҳдуд мекунад ва аз рӯйи онҳо зистан беҳад душвор аст. Шайтон ҳатто таълимот оиди дӯзахи оташинро паҳн кардааст, ки он Худоро дилсахту бераҳм нишон медиҳад. Ин чизҳо дар ҳаққи Худо тӯҳмат мебошанд. Вақте одамон ба ин гапҳои дурӯғ ва даҳшатнок бовар мекунанд, онҳо мисли Одаму Ҳавво ба осонӣ ҳукмронии Яҳуваро рад менамоянд. То вақти пурра нест карда шуданаш Шайтон Яҳуваро бадном кардан мегирад ва ӯ кӯшиш мекунад, ки шуморо низ аз Яҳува дур кунад. Оё вай ба ин мақсадаш ноил мегардад?

НАҚШИ ШУМО ДАР ҲАЛЛИ САВОЛИ БАҲСНОК

16. Мо кадом корро карда метавонем, ки Одаму Ҳавво накарданд?

16 Яҳува ба одамони нокомил имконият медиҳад, ки дар муқаддас гаштани номи Ӯ саҳм гузоранд. Одаму Ҳавво Яҳуваро тарафгирӣ накарданд, шумо бошед инро карда метавонед. Ҳарчанд бисёри одамони ин ҷаҳон ба номи Худо имон намеоранд ва Ӯро сиёҳ мекунанд, шумо имконият доред, ки Яҳуваро сафед кунед ва дар борааш ҳақиқатро гӯед. Шумо номи Яҳуваро аз бадгӯйӣ тоза мекунед агар ба дигарон нақл кунед, ки Ӯ Худои пок ва некӯкор аст, аз рӯйи адлу инсоф ва муҳаббат амал мекунад (Иш. 29:23). Инчунин шумо аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува зиндагӣ карда нишон медиҳед, ки мехоҳед Ӯ Ҳокими шумо бошад. Шумо метавонед ба одамон фаҳмонед, ки фақат ҳукмронии Яҳува пурра аз рӯйи адлу инсоф аст ва танҳо он ба ҳамаи офаридаҳо сулҳу хушбахтӣ меорад (Заб. 36:9, 37; 145:5, 6, 10).

17. Чӣ тавр Исо номи Падарашро аз доғ пок мекард?

17 Вақте мо номи Яҳуваро аз бадӣ пок месозем, мо ба Исо пайравӣ мекунем (Юҳ. 17:26). Ӯ барои сафед кардани Яҳува чӣ кор мекард? Ӯ ғайр аз он ки номи Падарашро ба ҳама ошкор мекард, инчунин таълим медод, ки Яҳува чӣ гуна Худо аст. Масалан, ӯ нодуруст будани таълимоти фарисиёнро фош мекард, зеро онҳо Яҳуваро ба мардум чун Худои сахтгир, бепарво ва сангдил нишон медоданд. Исо ба одамон мефаҳмонд, ки Падари Ӯ одамонро дӯст медорад, аз онҳо чизҳои душворро талаб намекунад, пурсабр ва бахшанда аст. Худи Исо дар ҳаёти ҳаррӯза ба хислатҳои Яҳува комилан пайравӣ мекард ва бо ин низ нишон медод, ки Падараш чӣ гуна аст (Юҳ. 14:9).

18. Чӣ тавр мо номи Яҳуваро аз дурӯғ ва тӯҳмат пок месозем?

18 Мисли Исо мо ҳам метавонем ба дигарон дар бораи Яҳува нақл карда ба онҳо фаҳмонем, ки то чӣ андоза Ӯ Худои ғамхор ва меҳрубон аст. Ҳамин тавр мо номи Падарамонро аз дурӯғ ва тӯҳмат пок месозем ва ба одамон кӯмак мекунем, ки номи Худоро донанд ва ба он чун ба чизи муқаддас муносибат кунанд. Мо нокомил бошем ҳам, ба хислатҳои Яҳува пайравӣ карда метавонем (Эфс. 5:1, 2). Вақте одамон рафтору гуфтори неки моро мебинанд, онҳо аз ин мефаҳманд, ки Худои мо дар асл чӣ гуна аст. Ғайр аз ин мо ба одамон барои аз ақидаҳои дурӯғ озод шудан кӯмак карда номи Яҳуваро аз бадгӯйӣ пок месозем *. Инчунин мо исбот мекунем, ки одамони нокомил ба Худо содиқ монда метавонанд (Айюб 27:5).

Мо ба омӯзандагони худ кӯмак мекунем, то онҳо фаҳманд, ки Яҳува Худои ғамхору меҳрубон аст (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.) *

19. Мувофиқи Ишаъё 63:7 ҳангоми таълим додани дигарон мақсади асосии мо бояд кадом бошад?

19 Барои аз тӯҳмат пок кардани номи Яҳува боз як чизи дигар ба мо кӯмак мекунад. Вақте мо ба дигарон ҳақиқатро таълим медиҳем, бисёр вақт диққатро ба он равона мекунем, ки Яҳува Ҳокими тамоми Олам аст ва ба қонунҳои Ӯ бояд итоат кунем. Ин албатта дуруст, лекин мақсади асосии мо муҳаббати Яҳуваро дар дили омӯзандагон ҷойгир кардан аст. Барои ин диққати омӯзандаро бештар ба хислатҳои неки Яҳува равона кунед ва фаҳмонед, ки дар паси номи Яҳува чӣ гуна Шахсият истодааст. (Ишаъё 63:7-ро хонед.) Бо чунин тарз омӯзиш гузаронда мо ба дигарон кӯмак мекунем, ки Яҳуваро чун Падар дӯст доранд ва ба Ӯ аз муҳаббат итоат кунанд ва содиқ бошанд.

20. Дар мақолаи навбатӣ мо кадом мавзӯро дида мебароем?

20 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, то бо рафтор ва таълимдиҳии худ обрӯйи Яҳуваро бардорем ва дигаронро ба Ӯ ҷалб кунем? Ин мавзӯро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Дар пеши тамоми одамизод ва фариштагон кадом масъалаи муҳим истодааст? Чаро он масъала хеле муҳим аст ва дар ҳалли он мо чӣ нақш мебозем? Донистани ҷавоб ба ин саволҳо муносибати моро бо Яҳува мустаҳкам мегардонад.

^ сарх. 18 Баъзан дар адабиёти мо гуфта мешуд, ки «некном будани Яҳува исбот гардад» гуфтан нодуруст аст, зеро на номи Ӯ, балки ҳокимияташ зери шубҳа гузошта шуда буд. Лекин дар вохӯрии солонаи 2017 оиди ин фаҳмиши аниқтар баён гардид. Нотиқ гуфт: «Одӣ карда гӯем, вақте мо дар дуо мегӯем, ки некномии Яҳува исбот шавад, ин нодуруст нест, чунки номи неки Ӯ ҳатман бояд аз бадномӣ пок гардад». (Дар LIBRARY > JW BROADCASTING® ба барномаи моҳи январи с. 2018 нигаред).

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМҲО: Иблис ба Ҳавво гуфт, ки Худо дурӯғ мегӯяд ва ҳамин тавр дар ҳаққи Худо тӯҳмат кард. Дар давоми асрҳо Шайтон бисёр ақидаҳои дурӯғро паҳн кард. Масалан, таълимот оиди дӯзах Худоро бераҳм нишон медиҳад, эволютсия бошад, таълим медиҳад, ки одамонро Худо наофаридааст, балки як намуди ҳайвон ташаккул ёфта ба инсон табдил ёфтааст.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ҳангоми гузаронидани омӯзиш диққатро ба хислатҳои Худо равона карда истодааст.