Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 25

«Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид»

«Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид»

«Ман Худам гӯсфандони Худро хоҳам талабид ва аз аҳволашон хабар хоҳам гирифт» (ҲИЗ. 34:11).

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Яҳува худро бо модар муқоиса кард?

ЯҲУВА дар замони Ишаъё-пайғамбар ба халқаш чунин савол дод: «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд?» Яҳува суханашро давом дода гуфт: «Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард» (Иш. 49:15). Яҳува одатан худро бо модар муқоиса намекунад. Вале барои нишон додани он ки Ӯ ба хизматгоронаш то чӣ андоза дилбастагӣ дорад, меҳри модару кӯдакро мисол овард. Ҷасмин ном хоҳар мегӯяд: «Вақте модар кӯдаки хурдашро парасторӣ мекунад, байни онҳо меҳри хосае пайдо мешавад, ки тамоми умр давом меёбад». Аксари модарон бо суханони ӯ розиянд.

2. Вақте аз Яҳува яке аз фарзандонаш дур мешавад, Ӯ чӣ ҳис мекунад?

2 Ҳатто вақте яке аз фарзандони Яҳува ба Ӯ хизмат карданро бас мекунад ва дигар ба ҷамъомад намеравад, Ӯ инро пай мебарад. Пас, вақте Яҳува мебинад, ки ҳар сол ҳазорҳо хизматгоронаш ғайрифаъол * мегарданд, ин барояш беҳад дардовар аст.

3. Яҳува нисбати гӯсфандони гумшудааш чӣ мехоҳад?

3 Бисёр бародару хоҳарони ғайрифаъол ба ҷамъомад бармегарданд, ки мо аз ин бениҳоят хурсанд мешавем! Яҳува мехоҳад, ки ҳамаи онҳо баргарданд ва мо ҳам инро сахт мехоҳем (1 Пет. 2:25). Чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем? Пеш аз дида баромадани ин савол, аввал хуб мебуд донем, ки чаро баъзеҳо ба ҷамъомад ва хизмат рафтанро бас мекунанд.

ЧАРО БАЪЗЕҲО БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КАРДАНРО БАС МЕКУНАНД?

4. Кор ба баъзеҳо чӣ тавр таъсир мекунад?

4 Баъзеҳо ба кор дода мешаванд. «Тамоми вақту қувватам ба кор сарф мешуд,— мегӯяд бародар Ҳонг *, ки дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ зиндагӣ мекунад.— Ман бехирадона фикр карда ба худ мегуфтам, ки агар шароити моддиамро беҳтар кунам, ба Яҳува хубтар хизмат карда метавонам. Барои ҳамин соатҳои зиёд кор мекардам. Ман ба вохӯриҳо торафт кам мерафтагӣ шудам ва оқибат тамоман рафтанро бас кардам. Ба назарам ҷаҳони Шайтон тавре сохта шудааст, ки одамонро оҳиста-оҳиста аз Худо дур кунад».

5. Душвориҳои пайиҳам ба як хоҳари мо чӣ гуна таъсир расонд?

5 Баъзе бародару хоҳарон ба дарёи душвориҳо меғӯтанд. Хоҳар Анна, ки аз Бритониё аст, модари панҷ фарзанд мебошад. «Як фарзанди ман маъюб таваллуд шуд,— мегӯяд Анна.— Баъдтар яке аз духтаронам аз ҷамъомад хориҷ гашт ва як писарам бошад, бемории рӯҳӣ шуд ва ӯро нигоҳубини зиёд лозим буд. Ғаму андӯҳ маро аз по афтонд ва ман ба ҷамъомаду хизмат намерафтагӣ шудам; оқибат ғайрифаъол шудам». Дили мо ба Анна ва оилааш, инчунин ба дигар шахсоне, ки чунин мушкилиҳо доранд, сахт месӯзад.

6. Агар шахс маслиҳати Қӯлассиён 3:13-ро ба кор набарад, оқибат чӣ шуда метавонад?

6 Қӯлассиён 3:13-ро хонед. Баъзеҳо аз ягон ҳамимон хафа мешаванд ва аз ин сабаб ба ҷамъомад омаданро бас мекунанд. Павлуси расул дарк мекард, ки шахс баъзан «барои аз дигаре шикоят кардан» ҳақиқатан сабаб дошта метавонад. Ҳатто мумкин бародар ё хоҳаре бо мо беадолатона муносибат кард ва мо аз ин азоб мекашем. Агар шахс ба хафагию алам дода шавад, аз халқи Худо дур шуда метавонад. Мисоли бародар Паблоро меорем, ки аз Амрикои Ҷанубӣ аст. Ӯро ба рафтори нодурусте ноҳақ айбдор карданд, ки дар натиҷа ӯ аз таъйиноти дар ҷамъомад доштааш маҳрум шуд. «Ин ба ман сахт алам кард,— мегӯяд Пабло. Оқибат ман ҷамъомадравиро бас кардам».

7. Боз аз кадом сабаб шахс метавонад аз ҷамъомад дур шавад?

7 Агар кас дар гузашта гуноҳи ҷиддие содир карда бошад, шояд виҷдонаш ӯро сахт азоб диҳад ва ӯ худро ба муҳаббати Яҳува дигар сазовор наҳисобад. Ҳатто баъди аз гуноҳаш пушаймон шуданаш низ ӯ шояд фикр кунад, ки одами ношуд аст ва барои дар байни халқи Худо будан лоиқ нест. Бародаре бо номи Франсиско чунин ҳиссиёт дошт. «Ман барои содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ танбеҳ гирифтам,— мегӯяд ӯ.— Ҳарчанд баъди дар ҷамъомад барқарор шудан ман ба вохӯриҳо мерафтам, ман то ҳол худро гунаҳкор меҳисобидам ва фикр мекардам, ки барои дар байни халқи Худо будан сазовор нестам. Виҷдонам маро азоб медод ва ман ҳис мекардам, ки гӯё Яҳува маро набахшидааст. Оҳиста-оҳиста ман ба ҷамъомад ва хизмат рафтанро бас кардам». Шумо ба онҳое, ки бо душвориҳои дар боло номбаршуда дучор мешаванд, чӣ гуна муносибат мекунед? Оё дилатон ба ин бародару хоҳарон месӯзад? Ба фикратон Яҳува нисбати онҳо чӣ ҳис мекунад?

ЯҲУВА ГӮСФАНДОНИ ХУДРО ДӮСТ МЕДОРАД

Чӯпони исроилӣ гӯсфанди гумшудаашро ёфта дар бораи он нағз ғамхорӣ мекунад (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.) *

8. Оё Яҳува касонеро, ки як вақтҳо ба Ӯ хизмат мекарданд, фаромӯш мекунад? Фаҳмонед.

8 Яҳува касонеро, ки як вақтҳо ба Ӯ хизмат мекарданду муддате аз ташкилоташ дур мешаванд, фаромӯш намекунад. Ӯ ҳамчунин корҳоеро, ки онҳо барои Ӯ кардаанд, аз хотир намебарорад (Ибр. 6:10). Ишаъё-пайғамбар барои нишон додани он ки то чӣ андоза Яҳува ба хизматгоронаш ғамхор аст, чунин мисоли зебое овард: «Ӯ мисли чӯпоне рамаи Худро хоҳад чаронид. Баррагонро бо бозуи Худ ҷамъ карда, дар оғӯши Худ хоҳад гирифт» (Иш. 40:11). Яҳува Чӯпони бузург аст. Вақте яке аз гӯсфандонаш аз рама дур мешаванд, Ӯ чӣ ҳис мекунад? Исо барои инро фаҳмондан аз шогирдонаш пурсид: «Шумо чӣ фикр доред: агар касе сад гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳо гум шавад, магар наваду нӯҳ гӯсфандашро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшудааш намеравад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар гӯсфандашро ёбад, барои он назар ба наваду нӯҳ гӯсфанде, ки гум нашуда буданд, бештар шодӣ мекунад» (Мат. 18:12, 13).

9. Дар замони қадим чӯпони хуб ба гӯсфандонаш чӣ тавр ғамхорӣ мекард? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

9 Чаро дар Китоби Муқаддас Яҳува ба чӯпон монанд карда шудааст? Зеро дар замонҳои қадим чӯпони хуб ба гӯсфандонаш нағз ғамхорӣ мекард. Масалан, Довуд барои ҳимояи гӯсфандонаш бо шеру хирс ҷанг мекард (1 Подш. 17:34, 35). Чӯпони хуб ҳатто гум шудани як гӯсфандашро пай мебурд (Юҳ. 10:3, 14). Ӯ 99 гӯсфандашро дар молхона мегузошт ё аз чӯпонони дигар хоҳиш мекард, ки ба онҳо нигоҳ кунад ва худаш аз пайи кофтани ҳамон гӯсфанд мешуд. Исо бо ёрии ин мисол ба мо дар бораи Яҳува як чизи муҳимро фаҳмонд: «Падари осмонии ман низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад» (Мат. 18:14). Исо ин ҷо «хурдон» гуфта, онҳоеро дар назар дошт, ки аз рамаи Худо дур шудаанд

Чӯпони исроилӣ гӯсфанди гумшударо ёфта ба он ғамхорӣ карда истодааст. (Ба сархати 9 нигаред.)

ЯҲУВА ГӮСФАНДОНИ ХУДРО ҶУСТУҶӮ МЕКУНАД

10. Яҳува дар Ҳизқиёл 34:11–16 чӣ ваъда додааст?

10 Яҳува ҳар як гӯсфандашро, аз он ҷумла он «хурдон»-еро, ки аз рамааш дур шудаанд, дӯст медорад. Ба воситаи Ҳизқиёл-пайғамбар Худо ваъда дод, ки гӯсфандони гумшудаашро мекобад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки аз нав ба наздаш оянд. Яҳува якчанд амалҳоро номбар кард, ки одатан чӯпони исроилӣ ба ҷо меовард. (Ҳизқиёл 34:11–16-ро хонед.) Якум, чӯпон бояд вақту қуввати худро сарф карда гӯсфандашро мекофт. Баъде ки онро ёфт, гашта ба рама мебурд. Агар гӯсфанд захмин ё гурусна бошад, чӯпон бо меҳрубонӣ захмҳояшро баста онро ба дасташ мебардошт ва шикамашро сер мекард. Пирон, ки чӯпонони «рамаи Худо»-янд, барои гӯсфандони Яҳуваро ба рама баргардондан бояд корҳои ба ин монандро ба ҷо оранд (1 Пет. 5:2, 3). Пирон гӯсфандони гумшударо мекобанд ва ба онҳо бо меҳрубонӣ кӯмак мекунанд, то ба ҷамъомад баргарданд ва аз нав бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунанд *.

11. Чӯпони хуб чиро дарк мекард?

11 Чӯпони хуб мефаҳмид, ки ягон гӯсфандаш гум шуданаш мумкин. Ва агар мабодо гӯсфанде аз рама дур мешуд, чӯпон баъди ёфтанаш ӯро намезад. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр баъзе хизматгорони Худо дар замони қадим муддате рӯҳан суст шуданд ва чӣ тавр Худо ба онҳо кӯмак кард.

12. Яҳува бо Юнус чӣ хел муносибат кард?

12 Пайғамбар Юнус аз иҷрои супориши Худо гурехт. Ҳатто баъди ин кораш Яҳува дарҳол аз ӯ рӯ нагардонд. Мисли чӯпони хуб Яҳува ӯро наҷот дод ва кӯмак кард, ки аз нав рӯҳан бақувват шавад ва супориши Ӯро иҷро кунад (Юнус 2:7; 3:1, 2). Баъдтар Яҳува бо мисоли ниҳоли каду ба Юнус фаҳмонд, ки ҳаёти ҳар як одам барои Ӯ чӣ қадар азиз аст (Юнус 4:10, 11). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Вақте ягон воиз ғайрифаъол мегардад, пирон тез хулоса намекунанд, ки вай Яҳуваро дӯст намедорад. Баръакс, онҳо кӯшиш карда мефаҳманд, ки аз кадом сабаб он воиз ба ҷамъомад ва хизмат намеравад. Вақте он гӯсфанди гумшуда ба рамаи Яҳува бармегардад, пирон ба ӯ меҳрубонӣ ва ғамхорӣ зоҳир карданро давом медиҳанд.

13. Яҳува ба нависандаи Забур 72 чӣ тавр муносибат кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

13 Ба назари нависандаи Забур 72 чунин тофт, ки бадкорон хушу хуррам зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯҳафтода шуд. Дар сари ӯ чунин фикр пайдо шуд, ки аз хизмати Худо ягон фоида нест (Заб. 72:12, 13, 16). Яҳува ба ӯ чӣ тавр муносибат кард? Ӯ вайро маҳкум накард, балки суханонашро дар Каломаш ҷой дод. Забурнавис оқибат дарк кард, ки дар ҳаёт аз ҳама чизи қимат ин муносибати наздик бо Худо аст (Заб. 72:23, 24, 26, 28). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Вақте ягон кас ба дуруст будани роҳҳои Яҳува шубҳа пайдо мекунад, пирон набояд зуд ӯро танқид кунанд. Ба ҷойи ин онҳо бояд кӯшиш карда фаҳманд, ки чаро вай чунин мегӯяд ё рафтор мекунад. Сипас онҳо метавонанд бо ёрии оятҳои лозимаи Китоби Муқаддас ӯро рӯҳбаланд кунанд.

14. Чаро Илёс ба ёрдам мӯҳтоҷ буд ва чӣ тавр Яҳува ӯро дастгирӣ кард?

14 Пайғамбар Илёс аз дасти малика Изобал гурехт (3 Подш. 19:1–3). Вай гумон кард, ғайр аз вай дигар ҳеҷ кас ба Яҳува хизмат намекунад ва ҳис кард, ки гӯё корҳои кардааш беҳуда буданд. Илёс чунон рӯҳафтода шуд, ки ҳатто мурдан хост (3 Подш. 19:4, 10). Яҳува ба ҷойи танқид кардани хизматгораш, вайро боварӣ бахшид, ки ӯ танҳо нест; ӯ метавонад ба қудрати Худояш такя кунад ва гуфт, ки барои вай ҳоло кор бисёр аст. Яҳува бо меҳрубонӣ ташвишҳои Илёсро гӯш кард ва ба вай таъйинотҳои нав дод (3 Подш. 19:11–16, 18). Дарс барои мо кадом аст? Ҳар яки мо, хусусан пирон, бояд бо гӯсфандони Яҳува меҳрубон бошем. Агар ҳатто шахс бо қаҳру алам гап занад ё худро ба меҳрубонии Яҳува носазовор ҳисобад, пирон дарди дили ӯро гӯш мекунанд. Сипас онҳо гӯсфанди гумшударо боварӣ мебахшанд, ки Яҳува ӯро қадр мекунад.

БА ГӮСФАНДИ ГУМШУДА МИСЛИ ЯҲУВА МУНОСИБАТ КУНЕД

15. Мувофиқи Юҳанно 6:39 Исо ба гӯсфандони Падараш чӣ гуна муносибат мекард?

15 Яҳува нисбати гӯсфандони гумшудааш аз мо чӣ гуна муносибатро интизор аст? Инро аз намунаи Исо фаҳмидан мумкин. Ӯ медонист, ки дар чашми Яҳува ҳар як гӯсфандаш азиз аст, барои ҳамин ӯ бо тамоми қувваташ ба «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил» кӯмак мекард, ки ба назди Яҳува баргарданд (Мат. 15:24; Луқ. 19:9, 10). Исо чун «чӯпони нек» ҳаматарафа кӯшиш мекард, ки ягон гӯсфанди Яҳуваро гум накунад. (Юҳанно 6:39 ва 10:11-ро хонед.)

16, 17. Пирон ба воизони ғайрифаъол бояд бо кадом рӯҳия ёрдам кунанд? (Ба чорчӯбаи  «Воизи ғайрифаъол худро чӣ хел ҳис мекунад?» нигаред.)

16 Павлуси расул пирони ҷамъомади Эфсӯсро насиҳат кард, ки ба намунаи Исо пайравӣ кунанд. Ӯ гуфт: «Шумо бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад”» (Аъм. 20:17, 35). Аз ин оят маълум мегардад, ки бар дӯши пирон масъулияти хеле муҳим гузошта шудааст, ки ба гӯсфандони Яҳува ғамхорӣ кунанд. Салвадор ном пири ҷамъомад аз Испониё мегӯяд: «Вақте ман фикр мекунам, ки Яҳува дар бораи гӯсфандони гумшудааш то чӣ андоза ғам мехӯрад, дар дилам хоҳиш пайдо мешавад, ки барои ба онҳо кӯмак кардан ҳар чизи аз дастам меомадаро кунам. Чун чӯпони рамаи Худо ман дарк мекунам, ки Яҳува инро аз ман интизор аст».

17 Дар ин мақола мо оиди якчанд хизматгорони Худо сухан рондем, ки муддате аз Яҳува дур шуда буданд. Лекин ба ҳамаи онҳо кӯмак расонда шуд, то ба назди Яҳува баргарданд. Айни ҳол боз бисёри онҳое, ки аз рамаи Яҳува дур шудаанд, мехоҳанд, ки ба оғӯши Ӯ баргарданд. Дар мақолаи навбатӣ мо муфассалтар мефаҳмем, ки чӣ тавр ба онҳо ёрӣ дода метавонем.

СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!

^ сарх. 5 Чаро баъзе касоне, ки солҳои зиёд содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд, аз ҷамъомад дур мешаванд? Яҳува нисбати онҳо чӣ ҳис мекунад? Чӣ тавр Ӯ дар гузашта ба баъзе хизматгоронаш, ки муддате рӯҳан суст шуданд, кӯмак кард? Ба ин саволҳо мо дар мақолаи мазкур ҷавоб меёбем.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Воизоне, ки шаш моҳ ё зиёда аз он оиди хизмати мавъиза ҳисобот намедиҳанд, воизи ғайрифаъол мегарданд. Бо вуҷуди ин онҳо бародару хоҳари мо мемонанд ва мо онҳоро дӯст медорем.

^ сарх. 4 Баъзе номҳо дигар шудаанд.

^ сарх. 10 Дар мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр пирони ҷамъомад ин се амалро ба ҷо оварда метавонанд.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМҲО: Чӯпони исроилӣ аз гум шудани яке аз гӯсфандонаш ба ташвиш афтода ба кофтанаш мебарояд ва онро ёфта аз нав ба рама меорад. Имрӯз пирони ҷамъомад низ ҳамин хел мекунанд.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳари ғайрифаъоле аз даруни автобус ба бародар ва хоҳаре, ки бо хурсандӣ мавъиза доранд, нигоҳ мекунад.