Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11

Ба овози Яҳува гӯш диҳед

Ба овози Яҳува гӯш диҳед

«Ин Писари азизи Ман аст... Ӯро гӯш кунед» (МАТ. 17:5).

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. a) Чӣ тавр имрӯз Яҳува бо одамон гап мезанад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ЯҲУВА ҳама вақт фикрҳояшро ба мо маълум месозад. Масалан, дар замонҳои қадим Ӯ пайғамбарон, фариштагон ва Писараш — Исои Масеҳро истифода мебурд, то халқашро аз хости Худ огоҳ созад (Омӯс 3:7; Ғал. 3:19; Ваҳй 1:1). Имрӯз Яҳува бо воситаи Каломаш бо мо гап мезанад. Аз он мо фикрҳо ва роҳҳои Ӯро меомӯзем.

Вақте Исо дар рӯйи замин буд, Яҳува се бор аз осмон сухан гуфт. Биёед дида бароем, ки Яҳува чӣ гуфт, мо аз суханони Ӯ чӣ омӯхта метавонем ва чӣ кор кунем, то онҳо ба мо манфиат оранд.

«ТУ ПИСАРИ АЗИЗИ МАН ҲАСТӢ»

3. Мувофиқи Марқӯс 1:9–11 вақте Исо таъмид гирифт, Яҳува чӣ гуфт ва он суханон кадом се чизи муҳимро тасдиқ мекунанд?

3 Марқӯс 1:9–11-ро хонед. Дар ин оятҳо нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Яҳува бори аввал аз осмон гап зад. Ӯ ба Исо гуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ; Ман аз ту розиям». Бо ин суханон Яҳува муҳаббат ва бовариашро ба ӯ баён кард. Тасаввур кунед, ки Исо аз шунидани овози Падараш то чӣ андоза хурсанд шуд. Бо он суханон Яҳува се чизи муҳимро қайд кард. Якум, Исо Писари Ӯ мебошад. Дуюм, Яҳува Писарашро дӯст медорад. Ва сеюм, Ӯ аз Писараш розӣ аст. Биёед, маънои ҳар яки онҳоро муфассалтар дида бароем.

4. Дар вақти таъмид Исо ба кадом маъно бо Падараш муносибати нав пайдо кард?

4 «Ту Писари... Ман ҳастӣ». Бо ин суханонаш Яҳува нишон дод, ки Писари азизаш Исо бо Ӯ муносибати нав пайдо кард. Ҳангоми дар осмон буданаш Исо аллакай Писари рӯҳии Яҳува ба ҳисоб мерафт. Вале баъди таъмид ӯ бо рӯҳи муқаддас тадҳин гашт. Ва Яҳува қайд кард, ки Исо акнун чун Писари тадҳиншудаи Ӯ умед дорад ба осмон баргашта Подшоҳ ва Саркоҳин таъйин гардад (Луқ. 1:31–33; Ибр. 1:8, 9; 2:17). Ана акнун мо медонем, ки чаро Яҳува дар рӯзи таъмиди писараш «Ту Писари... Ман ҳастӣ» гуфт (Луқ. 3:22).

Мо кӯшиш мекунем, ки дигаронро таъриф ва рӯҳбаланд кунем (Ба сархати 5 нигаред.) *

5. Чӣ тавр мо дар нишон додани муҳаббат ва рӯҳбаландкунӣ ба Яҳува пайравӣ карда метавонем?

5 «Ту... азизи ман ҳастӣ». Яҳува ба Исо муҳаббату розигиашро изҳор карда, ба мо намуна нишон дод, ки барои рӯҳбаландкунии дигарон имконият ҷӯем (Юҳ. 5:20). Магар ба ҳамаи мо маъқул нест, вақте касе ба мо меҳрубонӣ мекунад ва барои кори хубамон таъриф менамояд? Ба мисли ин, бародару хоҳарон ва наздиконамон низ ба суханони ширин ва рӯҳбаландӣ ниёз доранд. Вақте мо дигаронро таъриф мекунем, мо имони онҳоро қавӣ мегардонем ва барои содиқона ба Яҳува хизмат карданашон кӯмак мерасонем. Хусусан ба волидон зарур аст, ки фарзандони худро рӯҳбаланд кунанд. Вақте онҳо фарзандонашонро аз таҳти дил таъриф мекунанд ва бо меҳр навозиш мекунанд, онҳо чун ниҳол сабзида нашъунамо меёбанд.

6. Чаро мо аз Исо дилпур буда метавонем?

6 «Ман аз ту розиям». Ин суханон нишон медиҳанд, ки Яҳува аз Исо дилпур буд, ки ӯ хости Падарашро содиқона иҷро мекунад. Азбаски Яҳува ба Исо боварии комил дошт, мо низ метавонем боварӣ дошта бошем, ки Исо ҳатман тамоми ваъдаҳои Яҳуваро иҷро хоҳад кард (2 Қӯр. 1:20). Агар мо дар бораи намунаи Исо мулоҳиза ронем, ин моро бармеангезад, ки аз ӯ бисёртар таълим гирем ва ба намунааш пайравӣ кунем. Чи хеле ки Яҳува аз Исо дилпур буд, Ӯ аз ҳамаи мо низ дилпур аст, ки мо ба Исо пайравӣ карданро давом медиҳем (1 Пет. 2:21).

«ӮРО ГӮШ КУНЕД»

7. Мувофиқи Матто 17:1–5 боз кай Яҳува аз осмон гап зад ва чӣ гуфт?

7 Матто 17:1–5-ро хонед. Боре Исо ҳамроҳи шогирдонаш Петрус, Яъқуб ва Юҳанно ба кӯҳи баланде баромад. Дар он ҷо онҳо рӯъёи ғайриодие диданд. Исо дар назди онҳо «дигаргун шуд». Чеҳраи ӯ дурахшид ва либосаш мисли нур сап-сафед гардид. Ногаҳон Мӯсо ва Илёс пайдо шуданд, ки бо Исо дар бораи марг ва эҳёшавиаш гуфтугӯ мекарданд. Ҳарчанд шогирдонро «хоб зер кард»-а буд, ҳангоми дидани ин рӯъё онҳо пурра ҳушёр буданд (Луқ. 9:29–32). Баъд дар болои сарашон абре пайдо шуд ва аз он садое баромад, ки ин овози Худо буд. Ин бори дуюм буд, ки Яҳува аз осмон гап зад. Ҳангоми таъмиди Исо Яҳува ба ӯ гуфта буд, ки «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям». Вале ин дафъа бошад, Яҳува чунин илова кард: «Ӯро гӯш кунед».

8. Рӯъё ба Исову шогирдонаш чӣ гуна таъсир кард?

8 Дар он рӯъё шогирдон ҷалоли ояндаи Исо ва қудрати ӯро чун Ҳоким дар Подшоҳии Худо диданд. Албатта, Исо аз ин рӯъё рӯҳбаландиву қувват гирифт, зеро ба наздикӣ бояд ба марги пуразоб тоб меовард. Ин рӯъё ҳамчунин имони шогирдони ӯро қавӣ гардонда онҳоро ба озмоишу супоришҳои дар пешбуда тайёр кард. Қариб 30 сол пас, Петруси расул ба он рӯъё ишора карда нишон дод, ки ӯ онро хуб дар хотир дорад (2 Пет. 1:16–18).

9. Исо ба шогирдонаш чӣ гуна маслиҳатҳои фоиданок дод?

9 «Ӯро гӯш кунед». Бо ин суханон Яҳува нишон додан мехост, ки мо ба гуфтаҳои Писараш гӯш диҳем ва ба ӯ итоат кунем. Ҳангоми дар замин буданаш Исо чӣ гуфт? Ӯ бисёр чизҳои муҳимро гуфт, ки мо бояд ба онҳо гӯш диҳем. Масалан, ӯ пайравонашро таълим дод, ки хушхабарро чӣ тавр мавъиза кунанд ва гаштаву баргашта хотиррасон мекард, ки ҳушёру бедор монанд (Мат. 24:42; 28:19, 20). Ӯ ҳамчунин онҳоро барангехт, ки дар кори Худованд саъю кӯшиш карда ноумед нашаванд (Луқ. 13:24). Боз Исо қайд кард, ки якдигарро дӯст дошта ягонагиро нигоҳ доранд ва амрҳояшро риоя кунанд (Юҳ. 15:10, 12, 13). Чӣ маслиҳатҳои хубе дод Исо ба шогирдонаш! Он маслиҳатҳо то имрӯз арзиши худро гум накардаанд.

10, 11. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки Исоро гӯш мекунем?

10 Исо гуфт: «Ҳар касе, ки тарафдори ростист, ба овози ман гӯш медиҳад» (Юҳ. 18:37). Яке аз роҳҳои гӯш додан ба Исо ин аст, ки «нисбати якдигар пурсабр» бошем ва «якдигарро бо омодагӣ» бахшем (Қӯл. 3:13; Луқ. 17:3, 4). Инчунин мо ба овози Исо гӯш медиҳем, агар «ҳам дар вақти мувофиқ ва ҳам дар вақти душвор» хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза кунем (2 Тим. 4:2).

11 Исо гуфт: «Гӯсфандони ман ба овози ман гӯш медиҳанд» (Юҳ. 10:27). Барои ба овози Исо гӯш додан мо бояд ба суханони ӯ на танҳо диққат диҳем, балки ҳамчунин онҳоро иҷро кунем. Пайравони Исо намегузоранд, ки «ташвишҳои зиндагӣ» ҳуши онҳоро парешон созад (Луқ. 21:34). Баръакс, онҳо ҳатто дар вақтҳои мушкил ба амрҳои Исо итоат мекунанд. Бисёр бародару хоҳарон ба душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Масалан, онҳо ба таъқиботи шадид, камбағаливу қашшоқӣ ва офатҳои табиӣ тоб меоранд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, онҳо ба Яҳува содиқ мемонанд. Исо онҳоро бо суханони зерин рӯҳбаланд мекунад: «Ҳар касе, ки амрҳои маро қабул мекунад ва ба ҷо меорад, маро дӯст медорад. Ҳар касе, ки маро дӯст медорад, Падарам ӯро дӯст медорад» (Юҳ. 14:21).

Бо хизмати мавъиза банд буда мо ба овози Исо гӯш медиҳем (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Боз бо кадом роҳ мо нишон дода метавонем, ки ба Исо гӯш медиҳем?

12 Ҳамчунин ба бародарони масъул итоат карда бо ин мо Исоро гӯш мекунем (Ибр. 13:7, 17). Солҳои охир дар ташкилоти Яҳува бисёр дигаргуниҳо рӯй доданд. Масалан, ҳоло мо дар хизмат маводҳо ва тарзҳои навро истифода мебарем, тарзи гузаронидани вохӯрии байниҳафтагӣ дигар шуд ва усули сохтан, таъмир ва нигоҳубини толорҳои ибодат низ тағйир ёфтанд. Дар бобати ҳамаи ин чизҳо бародарон ба мо дастуроти фоиданок ва оқилона медиҳанд, ки бешубҳа мо инро қадр мекунем. Агар мувофиқи дастуроти саривақтии ташкилот амал кунем, Яҳува, албатта, кӯшишҳои моро баракат медиҳад.

13. Итоат кардан ба Исо ба мо чӣ манфиат меорад?

13 Вақте мо ба ҳамаи таълимоти Исо итоат мекунем, ин ба мо манфиат меорад. Исо ваъда дод, ки таълимоти ӯ ба шогирдонаш қувват ва тароват мебахшад. «Ман ба шумо қувват хоҳам бахшид,— гуфт ӯ.— Зеро юғи ман қулай ва бори ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Каломи Худо, ки чор Инҷилро дар бораи ҳаёт ва хизмати Исо дар бар мегирад, дар ҳақиқат ба мо қувват мебахшад ва моро хирадманд мегардонад (Заб. 18:8; 22:3). Исо гуфт, ки хушбахтанд «касоне, ки Каломи Худоро мешунаванд ва риоя мекунанд» (Луқ. 11:28).

ЯҲУВА НОМИ ХУДРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАД

14, 15. а) Мувофиқи Юҳанно 12:27, 28 бори сеюм кай Яҳува аз осмон гап зад? б) Барои чӣ суханони Яҳува Исоро тасаллӣ ва қувват бахшиданд?

14 Юҳанно 12:27, 28-ро хонед. Дар Инҷили Юҳанно дар бораи сеюм мавриде, ки Яҳува аз осмон сухан гуфт, нақл карда мешавад. Исо якчанд рӯз пеш аз маргаш ба Ерусалим омад, то бори охир Иди раҳоиро қайд кунад. Ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки хеле дар изтироб аст. Сипас, ӯ дуо гуфт: «Падар, номи Худро ҷалол деҳ». Дар ҷавоб, аз осмон садо омад: «Ҷалол додам ва боз ҷалол хоҳам дод».

15 Исо дар изтироб буд, чунки барои ба Яҳува содиқ мондан масъулияти бузургеро ҳис мекард. Исо медонист, ки чанде пас душманон ӯро ваҳшиёна қамчинкорӣ карда, бераҳмона ба қатл мерасонанд (Мат. 26:38). Лекин Исо бештар аз он дар ташвиш буд, ки чун куфргӯй кушта шудани ӯ ба номи Падараш доғ наорад. Вай дар бораи ҷалол ёфтани номи Яҳува ғам мехӯрд. Бинобар ин суханоне, ки Яҳува аз осмон гуфт, аз афташ Исоро хеле ором карданд ва боварӣ бахшиданд, ки номи Яҳува, албатта, ҷалол меёбад. Аз он суханони Падараш Исо эҳтимол хеле тасаллӣ ёфт ва барои истодагарӣ дар озмоиши пешистода қувват пайдо кард. Ҳарчанд он вақт шояд фақат Исо овози Падарашро шунид, Яҳува роҳбарӣ кард, ки он суханон барои мо дар Каломаш навишта шаванд (Юҳ. 12:29, 30).

Яҳува номашро ҷалол дода халқашро наҷот медиҳад (Ба сархати 16 нигаред.) *

16. Аз кадом сабаб мо шояд баъзан ба ташвиш меоем?

16 Мо низ мисли Исо шояд ба ташвиш меоем, ки номи Яҳува беобрӯ нагардад. Душманони ҳақиқат моро мисли Исо эҳтимол ноҳақ айбор кунанд ё дар бораи мо овозаҳои бардурӯғ паҳн намоянд. Мо шояд ба ташвиш оем, ки ин овозаҳо обрӯи Яҳува ва ташкилоташро мерезонанд. Лекин дар асл, ба мо лозим нест, ки аз ҳад зиёд ба ташвиш оем. Мо метавонем дар чунин лаҳзаҳо суханони аз осмон гуфтаи Яҳуваро ба хотир орем. Ва он гоҳ «осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили [моро] ба воситаи Исои Масеҳ муҳофизат мекунад» (Фил. 4:6, 7). Яҳува ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки номаш беобрӯ шавад. Ба воситаи Подшоҳии Худ Ӯ тамоми зарареро, ки Шайтон ва ҷаҳони вай ба ходимони содиқаш расонданд, бартараф хоҳад кард (Заб. 93:22, 23; Иш. 65:17).

ИМРӮЗ НИЗ АЗ ШУНИДАНИ ОВОЗИ ЯҲУВА МАНФИАТ ГИРЕД

17. Мувофиқи Ишаъё 30:21 имрӯз Яҳува бо кадом роҳ бо мо гап мезанад?

17 Яҳува имрӯз низ бо мо гап мезанад. (Ишаъё 30:21-ро хонед.) Ӯ аз осмон ба мо сухан нагӯяд ҳам, бо воситаи Каломаш — Китоби Муқаддас моро роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин рӯҳи Яҳува «идоракунандаи боваринок»-ро бармеангезад, ки ходимони Ӯро бо хӯроки рӯҳонӣ таъмин кунад (Луқ. 12:42). Шукри Яҳува мо бо фаровонӣ ғизои рӯҳонӣ дорем. Масалан, адабиёт дар намуди чопиву электронӣ дастрас аст. Инчунин аудиосабтҳову видеонаворҳо дастархони Яҳуваро бойтар мегардонанд.

18. Чӣ тавр суханони Яҳува имону далерии моро зиёд мегардонанд?

18 Биёед суханони Яҳуваро, ки ба Писараш гуфта буд, фаромӯш накунем! Он суханони Худо, ки ҳоло дар Каломаш аст, моро боварӣ мебахшанд, ки ҳама чиз зери назорати Ӯст ва ҳар зарареро, ки мо аз дасти Шайтон ва ҷаҳони вай дидем, Худо бартараф мекунад. Биёед бо азми қавӣ ва аз таҳти дил ба овози Яҳува гӯш диҳем. Он гоҳ ҳама гуна душвориҳои имрӯза ва мушкилиҳои ояндаро мо бо сарбаландӣ паси сар хоҳем кард. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад: «Ба шумо истодагарӣ лозим аст, то баъди иҷро кардани хости Худо чизҳои ваъдашударо ба даст оред» (Ибр. 10:36).

СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст

^ сарх. 5 Вақте Исо дар рӯйи замин буд, Яҳува се маротиба аз осмон гап зад. Дар яке аз он мавридҳо Ӯ ба шогирдони Исо амр дод, ки Писарашро гӯш кунанд. Имрӯз Ӯ бо мо ба воситаи Каломаш, ки таълимоти Исоро дар бар мегирад, гап мезанад. Инчунин Ӯ тавассути ташкилоташ ба мо гап мезанад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки гӯш додан ба Яҳува ва Исо ба мо чӣ манфиат меорад.

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМ: Пири ҷамъомад мебинад, ки бародари ҷавон дар рӯбучини ибодатгоҳ ва додани адабиёт кӯмак мерасонад. Ӯ вайро самимона таъриф мекунад.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМ: Ҷуфте аз Серра-Леоне ба моҳигире даъватнома дода ӯро ба вохӯрӣ таклиф мекунанд.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Шоҳидон дар мамлакате, ки фаъолиятамон маҳдуд аст, дар хона ҷамъомад мегузаронанд. Онҳо тавре либос пӯшидаанд, ки диққати одамони берунро ба худ ҷалб накунанд.