МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12
Ба якдигар ҳамдарду дилсӯз бошед
«Ҳамаатон... ҳамдард... бошед» (1 ПЕТ. 3:8).
СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем
ПЕШГУФТОР *
1. Мувофиқи 1 Петрус 3:8, чаро дар байни одамони ғамхору меҳрубон будан ба мо маъқул аст?
ДАР байни одамони ғамхору меҳрубон будан ба мо маъқул аст. Чунин касон кӯшиш мекунанд, ки фикру ҳиссиёти моро фаҳманд ва ба ғаму шодии мо шарик бошанд. Онҳо ҳамеша, ҳатто мо ҳоло нагуфта дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ин гуна одамони дилсӯзу ҳамдардро * ҳама дӯст медоранд. (1 Петрус 3:8-ро хонед.)
2. Аз кадом сабабҳо дилсӯз будан на ҳама вақт осон аст?
2 Чун хизматгорони Худо мо мехоҳем, ки ғамхору дилсӯз бошем. Лекин рости гап, ин на ҳама вақт осон аст. Чаро? Як сабабаш ин, ки ҳамаи мо нокомилем (Рум. 3:23). Ҳамаи мо табиатан майл дорем, ки асосан дар бораи худамон фикр кунем. Вале мо бояд бо ин майли нодуруст мубориза бурда дар бораи беҳбудии дигарон низ фикр кунем. Инчунин, баъзеҳо аз сабаби тарбия ё таъсири ҳаёти пешинаашон он қадар дилсӯз нестанд. Ба болои ҳамаи ин, рӯҳияи «худбин»-онаи аксари одамони имрӯза низ ба мо таъсир карда метавонад (2 Тим. 3:1, 2). Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба ин монеаҳо нигоҳ накарда нисбати дигарон ҳамдарду дилсӯз бошем?
3. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бисёртар дилсӯз бошем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
3 Барои бисёртар дилсӯз будан мо бояд ба намунаи Яҳува ва Исо пайравӣ кунем. Чунки Яҳува Худои муҳаббат аст ва Ӯ дар зоҳир кардани ҳамдардӣ намунаи беҳтарин мебошад 1 Юҳ. 4:8). Исо бошад, комилан ба хислатҳои Падараш тақлид мекард (Юҳ. 14:9). Ҳангоми дар замин буданаш вай нишон дод, ки чӣ тавр инсон бояд нисбати дигарон дилсӯз бошад. Дар ин мақола мо аввал мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо нисбати дигарон дилсӯзанд. Сипас мебинем, ки чӣ тавр мо ба намунаи онҳо пайравӣ карда метавонем.
(ЯҲУВА ХУДОИ ҲАМДАРД АСТ
4. Чӣ тавр ояти Закарё 2:8 нишон медиҳад, ки Яҳува дар бораи халқаш ғамхорӣ мекунад?
4 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува ба хизматгоронаш ғамхор аст. Масалан, ба ёд оред, ки дар замони қадим вақте исроилиён азоб мекашиданд, Яҳува чӣ ҳис мекард. «Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард»,— гуфта шудааст дар Каломи Ӯ (Иш. 63:7–9). Баъдтар, ба воситаи пайғамбар Закарё, Яҳува гуфт, ки агар касе ба халқи Ӯ зулм кунад, гӯё шахсан бар зидди Ӯ мебарояд. Яҳува ба халқаш гуфт: «Ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми [Ман] даст расонда бошад». (Закарё 2:8-ро хонед.) Ин мисоли олиҷаноб нишон медиҳад, ки Яҳува то чӣ андоза нисбати халқаш ғамхор аст.
5. Мисол оред, ки барои халқашро аз ҷабру ҷафо раҳо кардан Яҳува чӣ кор кард?
5 Вақте ки хизматгоронаш азоб мекашанд, Яҳува на танҳо ҳамдардӣ мекунад, балки барои сабук кардани азоби онҳо чора меандешад. Масалан, вақте исроилиён аз ғуломӣ дар Миср азоб мекашиданд, Яҳува дарду азобашонро дида онҳоро раҳо кардан хост. Ӯ ба Мӯсо гуфт: «Мазаллати [хорузории] қавми Худро... дидам, ва фиғони онҳоро... шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам. Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам» (Хур. 3:7, 8). Чуноне ки медонем, Яҳува аз раҳму дилсӯзӣ онҳоро аз ғуломӣ озод кард. Садсолаҳо пас, вақте исроилиён дар Замини ваъдашуда зиндагӣ мекарданд, душманон ба онҳо ҳамла намуданд. Яҳува чӣ кор кард? Ӯ «ба сабаби оҳу нолаи онҳо, ки аз дасти золимон ва ситамгарони худ мекарданд, ба онҳо дилсӯзӣ менамуд». Ӯ доваронро фиристод, то халқи Исроилро аз душманонаш наҷот диҳад. Яъне боз Яҳува аз раҳму шавқат ба халқаш мадад расонд (Дов. 2:16, 18).
6. Мисол оред, ки чӣ тавр Яҳува нисбати шахсе, ки фикраш нодуруст аст, ғамхорӣ кард.
Юнус 3:10–4:11). Чанде пас Юнус хатои худро фаҳмида аз раҳмдилии Яҳува дарс гирифт. Яҳува лозим донист, ки ин воқеа барои манфиати мо дар Каломаш навишта шавад ва барои ин худи Юнусро истифода бурд (Рум. 15:4) *.
6 Яҳува ҳамеша нисбати ходимонаш дилсӯз аст, ҳатто агар фикри онҳо на ҳама вақт дуруст бошад ҳам. Инро мисоли Юнус-пайғамбар нишон медиҳад. Худо барои эълон кардани довариаш ӯро ба Нинве фиристод. Вақте мардуми Нинве аз бадкориҳои худ тавба карданд, Худо онҳоро нобуд накард. Лекин чунин ранг гирифтани воқеа ба Юнус маъқул нашуд ва ӯ сахт ба қаҳр омад. Чунки пешгӯйи ӯ иҷро нашуд. Вале Яҳува пурсаброна ба Юнус кӯмак кард, ки фикрашро ислоҳ кунад (7. Раҳмдилии Яҳува моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
7 Ин мисолҳо моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува нисбати хизматгоронаш раҳмдилу меҳрубон аст. Ӯ аз дарду азоби ҳар яки мо бохабар аст. Дар ҳақиқат, Яҳува «донандаи дилҳои тамоми банӣ-одам ҳаст» (2 Вақ. 6:30). Ӯ тамоми ҳиссиёт ва сири дили моро медонад. Инчунин Худо медонад, ки мо чӣ қадар озмоишро бардошта метавонем. Ва «Ӯ намегузорад, ки [мо] берун аз қуввати худ» озмуда шавем (1 Қӯр. 10:13). Ин ваъда моро хеле тасаллӣ мебахшад!
ИСО БА ДИГАРОН ХЕЛЕ ДИЛСӮЗ БУД
8–10. Аз кадом сабабҳо Исо нисбати дигарон ғамхору меҳрубон буд?
8 Исо ҳангоми дар замин буданаш нисбати одамон хеле раҳмдилу меҳрубон буд. Барои ин камаш се сабаб вуҷуд дошт. Якум, чи тавре ки дар боло гуфтем, Исо мисли оина хислатҳои Падарашро комилан инъикос мекард. Ба монанди Яҳува Исо низ одамонро дӯст медошт. Дар вақти офариниш ӯ ба Падараш дастёр буд ва аз ин хушҳолӣ менамуд, вале аз офарида шудани одамизод вай бисёртар хурсандӣ мекард (Мас. 8:31). Ана барои ҳамин Исо нисбати одамон ин қадар мушфиқу меҳрубон буд.
9 Дуюм сабаб, ин ки мисли Яҳува Исо дилҳоро хонда метавонад. Яъне ӯ ниятҳо ва фикрҳои одамонро медонад (Мат. 9:4; Юҳ. 13:10, 11). Барои ҳамин вақте Исо одамони дилшикастаро медид, аз раҳм онҳоро тасаллӣ медод (Иш. 61:1, 2; Луқ. 4:17–21).
10 Сеюм сабаб ин аст, ки худи Исо ҳангоми дар замин буданаш баъзе душвориҳои одамиро аз сар гузаронида буд. Масалан, кадом душвориҳоро? Исо эҳтимол дар оилаи камбағал калон шуд. Ӯ ҳунари падархондаш, Юсуфро, ёд гирифта бо вай кор мекард. Барои ҳамин ранҷи меҳнату заҳматро ӯ медонист (Мат. 13:55; Марқ. 6:3). Аз афташ, Юсуф пеш аз сар шудани хизмати Исо вафот кард. Аз ин рӯ Исо мефаҳмид, ки марги шахси наздик то чӣ андоза дардовар аст. Ҳамчунин Исо медонист, ки зиндагӣ дар оилае, ки аъзоёнаш эътиқоди гуногун доранд, чӣ қадар душвор аст (Юҳ. 7:5). Ин ва дигар ҳолатҳо ба Исо кӯмак мекард, ки ғами дили одамонро фаҳмад.
11. Хусусан дар кадом мавридҳо дилсӯз будани Исо аён мешуд? Фаҳмонед. (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
11 Дилсӯзии Исо хусусан ҳангоми нишон додани мӯъҷизаҳояш дида мешуд. Ӯ на танҳо барои пайғамбар буданаш мӯъҷиза Мат. 20:29–34; Марқ. 1:40–42). Масалан, боре Исо ба як марди ношунаво раҳмаш омад ва ӯро аз байни мардум ба як тараф бурда шифо дод. Дар мавриди дигар, ӯ писари ягонаи бевазанеро эҳё кард (Марқ. 7:32–35; Луқ. 7:12–15). Исо дарди он шахсонро дар худ ҳис карда хост ба онҳо кӯмак кунад.
мекард, балки азоби одамонро дида дилаш ба онҳо месӯхт (12. Мувофиқи Юҳанно 11:32–35 чӣ тавр Исо ба Мартову Марям ҳамдардӣ нишон дод?
12 Масалан, дилсӯз будани Исо дар он аён гашт, ки ӯ ба ғами Маряму Марто шарик шуд. Вақте ӯ дид, ки онҳо аз марги бародарашон, Лаъзор, сахт андӯҳгинанд, «аз чашмони Исо ашк равон шуд». (Юҳанно 11:32–35-ро хонед.) Оё Исо танҳо барои он ашк рехт, ки дӯсти наздикаш вафот кард? Не, охир ӯ медонист, ки чанде пас ӯро эҳё мекунад. Асосан дидани оҳу нолаи дӯстони азодораш дили Исоро об кард.
13. Чаро донистани он ки Исо дилсӯзу ғамхор аст, моро рӯҳбаланд мекунад?
13 Донистани он ки Исо дилсӯзу ҳамдард аст, дилҳои моро гарм мекунад. Мо ӯро дӯст медорем, чунки ӯ ба дигарон дилсӯзу ғамхор буд (1 Пет. 1:8). Ҳоло Исо дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст. Ин моро рӯҳбаланд мекунад, зеро ба наздикӣ ӯ ҳамаи азобу уқубатҳоро бартараф месозад. Азбаски Исо дарду ғами одамонро дар худ чашид, гуфтан мумкин аст, ки ӯ ба таври беҳтарин ба одамон кӯмак карда метавонад, то онҳо аз ҷароҳатҳои расондаи ҳукмронии Шайтон шифо ёбанд. Дар ҳақиқат, доштани чунин Подшоҳе, ки «дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ» карда метавонад, баракати бузург аст (Ибр. 2:17, 18; 4:15, 16).
БА НАМУНАИ ЯҲУВА ВА ИСО ПАЙРАВӢ КУНЕД
14. Мувофиқи суханони Эфсӯсиён 5:1, 2 чӣ моро бармеангезад, ки бисёртар меҳрубону дилсӯз бошем?
14 Инак, мо дида баромадем, ки то чӣ андоза Яҳува ва Исо дилсӯзанд. Оиди намунаи онҳо мулоҳиза рондан моро бармеангезад, ки нисбати дигарон бештар меҳрубону дилсӯз бошем. (Эфсӯсиён 5:1, 2-ро хонед.) Албатта, мо мисли онҳо дилу нияти одамонро хонда наметавонем, лекин ба ҳар ҳол мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳиссиёт ва эҳтиёҷоти онҳоро фаҳмем (2 Қӯр. 11:29). Баръакси одамони ин ҷаҳон мо мехоҳем, ки «на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр» кунем (Флп. 2:4).
15. Хусусан ба киҳо лозим аст, ки ҳамдарду меҳрубон бошанд?
15 Хусусан пирони ҷамъомад бояд дилсӯзу ғамхор бошанд, чунки онҳо дар назди Яҳува барои ғамхорӣ кардан ба гӯсфандонаш ҷавобгаранд (Ибр. 13:17). Барои кӯмак кардан ба бародару хоҳарон, пирон бояд дарди дили онҳоро фаҳманд. Чӣ тавр онҳо инро карда метавонанд?
16. Пири дилсӯз ба ҳамимонон чӣ тавр муносибат мекунад ва чаро ин муҳим аст?
16 Пире, ки дилсӯз аст, барои бародару хоҳарон вақташро дареғ намедорад. Вақте касе бо мушкилие ба назди ӯ меояд, ӯ аз вазъияташ пурсон шуда, сипас вайро бодиққат ва пурсаброна гӯш мекунад. Зоҳир кардани ин хислатҳо муҳим аст, хусусан агар касе дарди дил кардан хоҳаду барои баён кардани ҳиссиёташ душворӣ кашад (Мас. 20:5). Агар пири ҷамъомад бо омодагӣ вақти худро барои ҳамимонон сарф кунад, байни онҳо бовариву меҳр зиёдтар мегардад (Аъм. 20:37).
17. Бисёри бародару хоҳарон дар пирони ҷамъомад бештар кадом хислатро қадр мекунанд? Мисол оред.
17 Бисёр бародару хоҳарон мегӯянд, ки дар пирони ҷамъомад бисёртар дилсӯзии онҳоро қадр мекунанд. Чаро? «Агар пирон дилсӯз бошанд, ту бемалол ба онҳо гапатро гуфта метавонӣ, чунки медонӣ ки онҳо туро мефаҳманд,— мегӯяд хоҳар Аделайде.— Аз тарзи гапзаниашон ту метавонӣ пай барӣ, ки дили онҳо ба ту месӯзад». Як бародар бошад, чунин мегӯяд: «Вақте ман бо пире дар бораи мушкилиам гап мезадам, аҳамият додам, ки дар чашмони ӯ ашк ҳалқа зад. Меҳрубонии ӯ ҳеҷ аз хотирам намеравад» (18. Чӣ тавр мо нисбати дигарон бештар дилсӯз буда метавонем?
18 Албатта, на танҳо пирон бояд дилсӯз бошанд. Ҳар яки мо ин хислатро дар худ инкишоф дода метавонем. Чӣ тавр? Кӯшиш кунед фаҳмед, ки аъзоёни ҷамъомад ва наздиконатон кадом мушкилиҳоро аз сар гузаронда истодаанд. Аз кору бори ҷавонон пурсон шавед; ба шахсони бемор, пиронсол ва онҳое, ки шахси наздикашонро аз даст додаанд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз аҳволашон пурсед. Вақте онҳо дар бораи худ нақл мекунанд, бодиққат гӯш кунед. Нишон диҳед, ки дарду ғами онҳоро мефаҳмед ва нисбаташон бепарво нестед. Кӯмаки аз дастатон меомадаро дареғ надоред. Ҳамин тавр мо ба дигарон самимона муҳаббат зоҳир мекунем (1 Юҳ. 3:18).
19. Чаро ҳангоми дигаронро дилбардорӣ кардан, мо бояд бомулоҳиза бошем?
19 Ҳангоми кӯмак ба дигарон мо бояд оқилу бомулоҳиза бошем. Чаро? Чунки ҳар одам ба душвориҳо ҳар хел муносибат мекунад. Баъзеҳо дарҳол дилашонро мекушоянд, дигарон бошанд, камгапанд ва намехоҳанд, ки дар бораи душвориҳояшон гап зананд. Барои ҳамин, ёрдам мекунам гуфта, набояд аз ҳад кунҷкобӣ кунем ва оиди ҳаёти шахсиаш пурсуков кунем (1 Тас. 4:11). Лекин агар касе ба мо дилашро холӣ кунаду мо бо гуфтаҳояш розӣ набошем-чӣ? Ба ҳар ҳол дар ёд бояд дошт, ки ин дарди дили ӯст. Хуб мебуд, ки мо гапи ӯро набурида гӯш кунем. Ин аллакай барои ӯ дилбардорӣ мешавад (Мат. 7:1; Яъқ. 1:19).
20. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?
20 Мо на танҳо нисбати бародару хоҳарон ғамхору дилсӯз будан мехоҳем. Балки ин хислати зеборо мо дар хизмат низ зоҳир кардан мехоҳем. Чӣ тавр мо нисбати одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, ҳамдарду дилсӯз буда метавонем? Биёед дар мақолаи навбатӣ инро муҳокима кунем.
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
^ сарх. 5 Яҳува ва Исо нисбати ҳиссиёти дигарон бепарво нестанд. Чӣ тавр мо ба намунаи онҳо пайравӣ карда метавонем? Чаро мо бояд ҳамдард бошем ва бо кадом роҳҳо инро нишон дода метавонем? Ин саволҳо дар ин мақола муҳокима мешаванд.
^ сарх. 1 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ҳамдардӣ маънои онро дорад, ки шахс кӯшиш мекунад, ки худро ба ҷойи каси дигар монда ғами ӯро дар худ ҳис кунад (Рум. 12:15). Ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ҳаммаъноянд.
^ сарх. 6 Яҳува ҳамчунин ба дигар хизматгорони содиқаш, ки рӯҳафтодагӣ ҳис мекарданд ва ё тарс доштанд, раҳму шавқат зоҳир мекард. Инро мисоли Ҳанно (1 Подш. 1:10–20), Илёс (3 Подш. 19:1–18) ва Абдумалик (Ирм. 38:7–13; 39:15–18) нишон медиҳад.
^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар вохӯриҳои ҷамъомад мо имконият дорем, ки бо дигарон муошират кунем. Дар расми якум, пири ҷамъомаде меҳрубонона бо воизи ҷавон ва модараш сӯҳбат мекунад. Дар расми дуюм, падар бо духтараш ба хоҳари пиронсол кӯмак карда истодаанд. Дар расми сеюм бошад, ду пири ҷамъомад хоҳареро, ки ба маслиҳат мӯҳтоҷ аст, бодиққат гӯш мекунанд.