Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 44

Пеш аз омадани мусибати бузург дӯстиатонро бо ҳам қавитар созед

Пеш аз омадани мусибати бузург дӯстиатонро бо ҳам қавитар созед

«Дӯст ҳар вақт дӯст медорад» (МАС. 17:17).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

Дар давоми «мусибати бузург» мо ба дӯстони хуб мӯҳтоҷ мешавем (Ба сархати 2 нигаред.) *

1, 2. Мувофиқи 1 Петрус 4:7, 8 чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба вазъиятҳои душвор тоб орем?

БО НАЗДИК шудани анҷоми «рӯзҳои охир» мо метавонем бо мушкилиҳои хеле сахт рӯ ба рӯ шавем (2 Тим. 3:1). Масалан, дар яке аз давлатҳои Африқои Ғарбӣ баъди гузаштани интихоботе одамон шӯриш бардоштанд. Ва аз сабаби бетартибию зӯровариҳои гирду атроф бародару хоҳарони мо қариб шаш моҳ дар ҳолати хеле хатарнок қарор доштанд. Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба ин вазъияти душвор тоб оранд? Баъзеҳо дар хонаи бародару хоҳароне паноҳ ёфтанд, ки дар маҳалли нисбатан бехатар мезистанд. Як бародар мегӯяд: «Хайрият, ки он вақт дӯстонам дар барам буданд. Мо якдигарро дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекардем».

2 Агар мо имрӯз дӯстони хубу вафодор дошта бошем, дар давоми «мусибати бузург» якдигарро дастгирӣ хоҳем кард (Ваҳй 7:14). Пас, хуб мебуд, ки аллакай аз ҳозир бо ҳамдигар пайвандҳои дӯстиро мустаҳкам созем. (1 Петрус 4:7, 8-ро хонед.) Дар ин бобат мо аз ҳаёти Ирмиё-пайғамбар бисёр чизҳои хубро омӯхта метавонем. Ирмиё дар замони беҳад душворе зиндагӣ мекард, ки оқибат Ерусалим нобуд шуд *. Ва ӯ маҳз бо кӯмаки дӯстонаш ба ҳамаи он мушкилиҳо тоб овард. Мо аз воқеаҳои ҳаёти ӯ чӣ дарс гирифта метавонем?

АЗ НАМУНАИ ИРМИЁ ИБРАТ ГИРЕД

3. а) Аз боиси чӣ Ирмиё худро аз дигарон дур гирифта метавонист? б) Ирмиё ба котиби худ Борух чиро нақл мекард ва ин чӣ натиҷа овард?

3 Ирмиё камаш 40 сол дар байни мардуми ба Яҳува хиёнаткор зиндагӣ мекард. Эҳтимол дар зодгоҳаш, шаҳри Анотӯт, баъзе хешу табор ва ҳамсоягонаш низ ба ӯ муқобилат мекарданд (Ирм. 11:21; 12:6). Аз ҳамаи ин рӯҳафтода шуда Ирмиё метавонист худро аз одамон тамоман дур кашад. Лекин ӯ чунин накард. Ӯ ҳиссиёт ва дарди дилашро ба дӯсти вафодораш — котиби худ Борух нақл мекард, ки имрӯз мо низ Китоби Муқаддасро хонда аз фикру ҳиссиёти ӯ огоҳ мешавем (Ирм. 8:21; 9:1; 20:14–18; 45:1). Борух аз даҳони Ирмиё воқеаҳои ҳаёти ӯро шунида рӯйи қоғаз меовард, ки дар давоми чунин ҳамкории наздик байни онҳо дӯстиву рафоқат ва эҳтиром зиёд мешуд (Ирм. 20:1, 2; 26:7–11).

4. Яҳува ба Ирмиё чӣ супориш дод ва чӣ тавр ин таъйинот дӯстии ӯву Борухро мустаҳкам гардонд?

4 Ирмиё далерона исроилиёнро аз харобшавии Ерусалим огоҳ мекард (Ирм. 25:3). Яҳува боз одамонро ба тавба даъват карданӣ шуда аз Ирмиё хоҳиш кард, ки огоҳиҳои Ӯро дар дастхате нависад (Ирм. 36:1–4). Ирмиё ва Борух ин супориши Яҳуваро якҷоя иҷро карданд, ки ба ин эҳтимол якчанд моҳ рафт. Дар ин муддат аз муоширати якдигар имони ҳардуяшон ҳам бешубҳа мустаҳкам мешуд.

5. Чӣ хел Борух исбот кард, ки барои Ирмиё дӯсти ҳақиқӣ аст?

Вақте фурсати он расид, ки суханони дастхат ошкор гардад, Ирмиё ба Борух супориш дод, ки рафта онро ба мардум хонад (Ирм. 36:5, 6). Ва Борух нотарсона ин супориши хатарнокро иҷро намуд. Бешубҳа, Ирмиё бо дӯсти далераш Борух фахр мекард, чунки ӯ ба саҳни маъбад рафта ба мардум он дастхатро хонд (Ирм. 36:8–10). Мирони Яҳудо аз ин хабар ёфта ба Борух амр доданд, ки он суханонро барои онҳо низ хонад (Ирм. 36:14, 15). Баъд аз ин суханони Ирмиё ба мирон хонда шуд, онҳо қарор карданд, ки ба подшоҳ Еҳӯёқим онро мерасонанд. Ва ба Борух гуфтанд: «Рафта, ту ва Ирмиё пинҳон шавед, то касе надонад, ки шумо куҷоед» (Ирм. 36:16–19). Дар ҳақиқат, ин маслиҳати хуб буд!

6. Ирмиё ва Борух ба муқобилият чӣ хел муносибат карданд?

6 Шоҳ Еҳӯёқим аз шунидани суханони он дастхат чунон ба хашм омад, ки онро сӯзонд ва амр дод, ки Ирмиё ва Борухро дастгир кунанд. Лекин Ирмиё аз ин натарсид. Ӯ дастхати дигареро гирифта ба Борух дод ва ӯ аз нав аз даҳони Ирмиё «ҳамаи суханони тӯмореро [дастхатеро], ки Еҳӯёқим подшоҳи Яҳудо ба оташ сӯзонида буд», навишт (Ирм. 36:26–28, 32).

7. Ҳамкории Ирмиё ва Борух ба муносибати онҳо чӣ хел таъсир расонд?

7 Одатан касоне, ки сахтиҳоро якҷоя аз сар мегузаронанд, бо ҳам дӯстони қарин мегарданд. Ва тасаввур кардан мумкин аст, ки чӣ тавр Ирмиё ва Борух ҳангоми аз нав навиштани дастхате, ки шоҳ Еҳӯёқим сӯзонд, якдигарро нағзтар шинохта дӯстиашон боз ҳам наздиктар шуд. Барои он ки дӯстиамон бо ҳамимонон мисли Ирмиё ва Борух мустаҳкам бошад, мо бояд чӣ кор кунем?

БА ДӮСТОНАТОН ДИЛИ ХУДРО КУШОЕД

8. Барои дӯсти наздик шудан ба мо чӣ халал расонда метавонад ва чаро мо набояд таслим шавем?

8 Агар дар гузашта моро хафа карда бошанд, шояд мо метарсем, ки ба дигарон дарди дил кунем (Мас. 18:19, 24). Ё мо ҳис мекунем, ки барои бо касе дӯсти наздик шудан вақту қувват надорем. Лекин мо набояд таслим шавем. Агар мо хоҳем, ки дар вақти душвориҳо бародару хоҳарон дар паҳлӯямон бошанд, мо бояд аз ҳозир ба онҳо боварӣ карданро ёд гирем. Барои дӯсти ҳақиқӣ гаштан фикру ҳиссиётамонро гуфтан муҳим аст (1 Пет. 1:22).

9. а) Чӣ хел Исо нишон дод, ки ба дӯстонаш бовар мекунад? б) Барои чӣ сӯҳбати ошкорову самимӣ муҳим аст? Мисол оред.

9 Исо ба дӯстонаш дар бораи ҳиссиёти худ кушоду равшан гап мезад ва бо ин нишон медод, ки ба онҳо боварӣ дорад (Юҳ. 15:15). Мо ҳам мисли ӯ метавонем дар бораи хурсандию зиқӣ ва ташвишу хавотирии худ ба дӯстонамон нақл кунем. Агар шумо дарди дили касеро бодиққат гӯш кунед, шояд шумо пай баред, ки бисёр фикру ҳиссиёт ва мақсадҳои шумо бо ҳам монанданд. Мисоли хоҳари 20-сола Синдиро меорем. Ӯ бо Мари-Луиз ном хоҳари пешрав, ки 60-сола аст, дӯстӣ мекард. Онҳо ҳар ҳафта саҳарии рӯзи панҷшанбе бо ҳам хизмат карда бо якдигар дар мавзӯъҳои гуногун озодона гап мезаданд. Синди мегӯяд: «Бо дӯстонам озодона аз таҳти дил сӯҳбат кардан ба ман маъқул аст, чунки ин ба ман кӯмак мекунад, ки дӯстонамро хубтар фаҳмам ва шиносам». Дар фазои гарми сӯҳбати ошкорову самимӣ ниҳоли дӯстии мо сабзида бор меорад. Агар шумо ҳам монанди Синди бо дигарон гарму ошкоро сӯҳбат кунед, дӯстиатон бо онҳо метавонад қавӣ гардад (Мас. 27:9).

ЯКҶОЯ ҲАМКОРӢ КУНЕД

Дӯстони хуб дар хизмат ҳамкорӣ мекунанд (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Мувофиқи Масалҳо 27:17 ҳамкорӣ бо ҳамимонон чӣ натиҷа меорад?

10 Чун дар мавриди Ирмиё ва Борух вақте мо аз як гиребон сар бароварда бо ҳамимонон ҳамкорӣ менамоем, ба онҳо наздиктар мешавем. Инчунин мо хислатҳои зебояшонро мушоҳида карда аз онҳо чизҳои хубро омӯхта метавонем. (Масалҳо 27:17-ро хонед.) Масалан, ҳангоми бо ягон бародар ё хоҳар хизмат кардан вақте шумо мебинед, ки чӣ хел ӯ дар бораи имонаш далерона гап мезанад ё дар бораи Яҳува ва ниятҳои Ӯ бо як дилпурӣ сухан меронад, магар меҳри шумо ба ӯ зиёдтар намегардад?

11, 12. Мисол оред, ки чӣ тавр дар хизмат ҳамкорӣ кардан пайванди дӯстии моро мустаҳкам мекунад.

11 Ду мисолро дида мебароем, ки чӣ тавр дар хизмат ҳамкорӣ кардан муносибати моро бо ҳамимонон наздиктар мекунад. Аделин ном хоҳари 23-сола ва дугонааш Кендис барои хизмат ба маҳалле рафтанд, ки дар он ҷо кам мавъиза мешуд. Аделин мегӯяд: «Мо мехостем, ки бо ғайрати бештар хизмат карда хурсандӣ гирем. Азбаски мо ба рӯҳбаландӣ ниёз доштем, кӯшиш кардем, ки ба Яҳува чизи беҳтаринамонро диҳем». Онҳо аз якҷоя ҳамкорӣ кардан чӣ манфиат гирифтанд? «Дар охири ҳар рӯз мо муҳокима мекардем, ки чӣ хел дар хизмат воқеаҳои шавқовар доштем ва чӣ тавр дасти Яҳуваро ҳис кардем,— мегӯяд ӯ. Аз ин сӯҳбатҳои гарм ҳар дуи мо баҳра мегирифтем ва якдигарро хубтар мешинохтем».

12 Ду хоҳари муҷаррад аз Фаронса Лайила ва Марианн панҷ ҳафта ба пойтахти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, шаҳри Банги, хизматкунӣ рафтанд. Лайила дар ин бора мегӯяд: «Ману Марианн бо душвориҳо дучор шудем, лекин муоширати хуб ва муҳаббати самимӣ дӯстиамонро наздиктар кард. Ман медидам, ки чӣ тавр Марианн барои ба шароити нав мутобиқ шудан кӯшиш мекунад, одамони маҳаллиро дӯст медорад ва дар хизмат боғайрат аст. Ҳамаи инро дида ҳурмати ман нисбати ӯ боз ҳам зиёдтар гашт». Ба шумо шарт нест, ки барои ҳамимононро хубтар шинохтан ба дигар давлат рафта хизмат кунед. Шумо имконият доред, ки ҳар дафъа бо бародару хоҳарони маҳаллатон хизмат карда онҳоро хубтар шиносед ва пайванди дӯстиатонро мустаҳкамтар кунед.

БА ХИСЛАТҲОИ ХУБИ ДӮСТОНАТОН ДИҚҚАТ ДИҲЕД ВА БАХШАНДА БОШЕД

13. Ҳангоми ҳамкории наздик бо дигарон мо бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуда метавонем?

13 Ҳангоми бо дӯстонамон зич ҳамкорӣ кардан мо на танҳо хислатҳои хуби онҳоро, балки баъзан камбудиҳои онҳоро низ мебинем. Нигоҳ накарда ба ин чӣ тавр мо дӯсти наздик монда метавонем? Биёед боз дар бораи мисоли Ирмиё фикр кунем. Чӣ ба ӯ кӯмак мекард, ки хислатҳои хуби дигаронро бештар бинаду ба камбудиҳояшон чашм пӯшад?

14. Ирмиё дар бораи Яҳува чиро омӯхт ва ин ба ӯ чӣ тавр кӯмак кард?

14 Ирмиё китоберо, ки бо номи ӯ хонда шудааст, навишт ва аз афташ нависандаи китобҳои 3-юм ва 4-уми Подшоҳон низ ӯ мебошад. Ҳангоми навиштани он китобҳо ӯ хубтар дарк кард, ки то чӣ андоза Яҳува нисбати одамони нокомил меҳрубон аст. Масалан, ӯ донист, ки вақте шоҳ Аҳъоб аз бадкориҳои худ пушаймон шуд, Яҳува ваъда дод, ки дар вақти зинда будани ӯ бар тамоми хонадонаш фалокат намеорад (3 Подш. 21:27–29). Ҳамчунин Ирмиё медонист, ки Менашше Яҳуваро аз Аҳъоб ҳам зиёдтар хафа кард, вале баъди тавба карданаш Яҳува ӯро бахшид (4 Подш. 21:16, 17; 2 Вақ. 33:10–13). Аз афташ донистани он воқеаҳо ба Ирмиё кӯмак мекард, ки бо дӯстонаш мисли Яҳува пурсабр ва меҳрубон бошад (Заб. 102:8, 9).

15. Ҳангоми дар хизмати Яҳува суст шудани Борух чӣ тавр Ирмиё ба пурсабрии Яҳува пайравӣ кард?

15 Ба ёд оред, ки чӣ тавр Борух дар хизмати Яҳува муддате суст шуда фикру ҳушашро ба дигар чизҳо равона кард. Ирмиё дар ин вақт чӣ кор кард? Ба ҷойи он ки даррав аз дӯсташ рӯй гардонад, ӯ ба Борух меҳрубонона насиҳат дод ва огоҳии қатъии Яҳуваро ба ӯ расонд (Ирм. 45:1–5). Мо аз ин воқеа чӣ дарс мегирем?

Дӯстони хуб якдигарро мебахшанд (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Мувофиқи Масалҳо 17:9 барои нигоҳ доштани дӯстӣ мо бояд чӣ кор кунем?

16 Албатта, мо набояд аз бародару хоҳарон комилиро интизор шавем. Барои ҳамин ғайр аз пайдо кардани дӯстони наздик, ба мо ҳамчунин лозим аст, ки он ниҳоли дӯстиро парвариш кунем. Агар дӯстони мо ба ягон хатогӣ роҳ диҳанд, мо бояд ба онҳо дар асоси Каломи Худо рӯйирост ва ҳамзамон бо меҳрубонӣ маслиҳат диҳем, охир, дӯстон оинаи якдигаранд (Заб. 140:5). Ва агар баногоҳ онҳо моро ранҷонанд, хуб мебуд, ки онҳоро бахшем. Баъди бахшидан мо набояд аз нав хатои онҳоро ба худашон ё дигарон гӯем. (Масалҳо 17:9-ро хонед.) Дар ин замонҳои душвор ба мо лозим аст, ки на ба камбудиҳои хоҳару бародарон, балки ба хислатҳои хубашон бештар диққат диҳем. Ҳамин тавр мо аз ҳозир пайвандҳои дӯстиро бо якдигар қавӣ мегардонем. Ин хеле муҳим аст, зеро дар давоми мусибати бузург мо ба дӯстони наздик мӯҳтоҷ мешавем.

БИГЗОР МУҲАББАТ ДАР БАЙНАТОН ПОЙДОР БОШАД!

17. Чӣ тавр Ирмиё нишон дод, ки дар вақтҳои тангӣ дӯсти ҳақиқӣ буд?

17 Чуноне ки мегӯянд, «дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст дар парешонҳолию дармондагӣ». Ирмиё-пайғамбар маҳз ана ҳамин хел дӯст буд. Масалан, баъди он ки дӯсташ Абдумалик Ирмиёро аз чоҳи пур аз лойқа берун бароварда аз мурдан наҷот дод, Абдумалик тарсид, ки мирони шаҳр барои ин кораш ӯро мекушанд. Вақте Ирмиё дар ин бора шунид, ӯ ором нанишаст ва фикр накард, ки дӯсташ ягон илоҷ карда худаш ҳисобашро меёбад. Ҳарчанд Ирмиё маҳбус буд, вай ҳар кори аз дасташ меомадаро карда ба дӯсташ Абдумалик ваъдаи тасаллибахши Яҳуваро расонд (Ирм. 38:7–13; 39:15–18).

Дӯстони хуб дар рӯзҳои сахт ба бародару хоҳарон кӯмак мекунанд (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Вақте дӯстонамон рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, мо мувофиқи Масалҳо 17:17 бояд чӣ кор кунем?

18 Имрӯз бародару хоҳарони мо бо мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, бисёриҳо аз офатҳои табиӣ ва ҷангҳо зарар мебинанд. Вақте чунин воқеаҳои нохуш рӯй медиҳанд, баъзе аъзоёни ҷамъомад ҳамимонони осебдидаро дар хонаҳои худ ҷо мекунанд ё аз ҷиҳати моддӣ ба онҳо кӯмак мерасонанд. Вале боз як кори дигаре ҳаст, ки аз дасти ҳамаи мо меояд. Ин дар ҳаққи онҳо дуо гуфтан аст. Агар мо шунавем, ки бародар ё хоҳаре рӯҳафтода аст, шояд ба ӯ чӣ гуфтан ё чӣ хел кӯмак карданро надонем. Вале ба ҳар ҳол, мо метавонем ба наздаш рафта ҳамроҳаш шинем, вақте гап мезанад, бо ҳамдардӣ ӯро гӯш кунем ва оятҳои дӯстдоштаамонро, ки барояш тасаллибахш буда метавонанд, хонем (Иш. 50:4). Хулоса, дар лаҳзаҳои душвор дӯстонамонро бояд танҳо намонем. (Масалҳо 17:17-ро хонед.)

19. Чӣ тавр аз ҳозир инкишоф додани дӯстии мустаҳкам дар оянда ба мо кӯмак мекунад?

19 Мо бояд ҳаматарафа кӯшиш кунем, ки аз ҳоло бо бародару хоҳарон дӯсти наздик шавем ва дӯстиамонро мустаҳкам кунем. Чунки душманони мо бо паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ кӯшиш хоҳанд кард, ки байни мо ҷудоӣ андозанд. Онҳо мехоҳанд, ки мо бовариро ба якдигар гум кунем ва ҳамимононамонро дастгирӣ накунем. Вале агар пайвандҳои дӯстӣ байни мо мустаҳкам бошанд, он гоҳ кӯшишҳои душманон бар абас хоҳад буд. Ва ҳеҷ чиз наметавонад дӯстиву ягонагии моро барҳам диҳад. Чунин дӯстӣ на танҳо то охири ин тартибот, балки то абад давом хоҳад ёфт!

СУРУДИ 16 Сӯйи Салтанати Худо гурезед!

^ сарх. 5 Азбаски рӯз аз рӯз анҷоми ин тартибот наздик шуда истодааст, ҳамаи мо бояд муносибати худро бо бародару хоҳарон мустаҳкамтар гардонем. Дар ин мақола мо ҳаёти Ирмиё-пайғамбарро дида мебароем ва аз он дарсҳои фоиданок мегирем. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки қавӣ кардани дӯстӣ чӣ тавр ба мо дар рӯзҳои тангӣ кӯмак хоҳад кард.

^ сарх. 2 Воқеаҳои дар китоби Ирмиё тасвиршуда аз рӯйи тартиби иҷрошавиашон навишта нашудаанд.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Ин расм нишон медиҳад, ки дар оянда ҳангоми «мусибати бузург» чӣ рӯй дода метавонад. Якчанд бародару хоҳарон эҳтиёткорона зери боми хонаи як бародар ҷамъ омадаанд. Онҳо дар он замони душвор аз муоширати якдигар тасаллӣ меёбанд. Ҳамон бародару хоҳарон пеш аз сар шудани мусибати бузург бо ҳамдигар аллакай дӯстии наздик инкишоф додаанд.