Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ростгӯй бошед

Ростгӯй бошед

«Ба якдигар рост гӯед» (ЗАК. 8:16).

СУРУДҲО: 34, 18

1, 2. Чӣ ба инсоният зарари калонтарин мерасонад ва онро кӣ ихтироъ кардааст?

БАЪЗЕ чизҳое ки одамон ихтироъ карданд, ба монанди чароғи электрикӣ, телефон, яхдон ва мошин ҳаёти моро беҳтар гардонданд. Дар баробари ин боз чизҳое сохта шудаанд, ки ба зарари мо мебошанд, масалан, сигор, яроқи оташфишон, мина ва бомбаи атомӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Вале чизе ҳаст, ки аз ҳамаи ин пеш ихтироъ шуда буд ва ба одамизод зарари калонтарин оварда истодааст. Оё медонед, ки ин чист? Ин сухани дурӯғ аст! Дурӯғ ин маълумоти нодурусте мебошад, ки бо мақсади фиреб додани касе гуфта мешавад. Аввалин дурӯғро кӣ ихтироъ кард? Шайтон Иблис! Исо Иблисро «падари дурӯғ» номид. (Юҳанно 8:44-ро хонед.) Якум дурӯғро ӯ кай гуфта буд?

2 Иблис ин дурӯғро ҳазорҳо сол пеш дар боғи Адан гуфта буд. Ҷуфти аввалини инсонӣ Одаму Ҳавво дар биҳиште, ки Офаридгорашон ба онҳо дода буд, хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд. Худо онҳоро огоҳ кард, ки агар «аз дарахти маърифати неку бад» хӯранд, онҳо мемиранд. Лекин Шайтон ба воситаи мор ба Ҳавво гуфт: «Не, нахоҳед мурд». Ин аввалин дурӯғе буд, ки гуфта шуд. Шайтон ҳамчунин гуфт: «Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд» (Ҳас. 2:15–17; 3:1–5).

3. Чаро дурӯғи Шайтон бадқасдона буд ва он ба чӣ оварда расонд?

3 Дурӯғе, ки Шайтон гуфт, бадқасдона буд, чунки вай хуб медонист, ки агар Ҳавво ба ӯ бовар карда, аз меваи дарахт хӯрад, вай мемирад. Одаму Ҳавво ба амри Яҳува беитоатӣ карданд ва оқибат мурданд (Ҳас. 3:6; 5:5). Ғайр аз ин, ба воситаи он гуноҳ «марг ба тамоми одамон гузашт». Дар асл, «марг бар инсоният, ҳатто бар онҳое, ки мисли Одам гуноҳ накарда буданд, ҳукмронӣ мекард» (Рум. 5:12, 14). Барои ҳамин, мо имрӯз комил нестем ва аз ҳаёти ҷовидонае, ки Худо ният карда буд, баҳра намебарем. Баръакс, «рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол». Бар замми ин, тамоми ҳаёти мо «аз заҳмат ва ҷафо иборат аст» (Заб. 89:10). Ин ҳолати ғамовар маҳз аз сабаби дурӯғи Шайтон ба миён омад.

4. а) Ба кадом саволҳо мо бояд ҷавоб ёбем? б) Мувофиқи Забур 14:1, 2 танҳо чӣ гуна одамон дӯсти Яҳува шуда метавонанд?

4 Исо дар бораи Шайтон гуфт, ки ӯ «дар ростӣ устувор намонд, чунки дар ӯ ростӣ нест». Шайтон дигар нашудааст, зеро то ҳол «тамоми дунёро гумроҳ мекунад» (Ваҳй 12:9). Мо намехоҳем, ки Шайтон моро гумроҳ кунад. Барои ҳамин, мо бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: Чӣ тавр Шайтон одамонро фиреб медиҳад? Чаро одамон одатан дурӯғ мегӯянд? Мо чӣ кор кунем, то ҳамеша ростгӯй бошем ва чун Одаму Ҳавво дӯстиамонро бо Яҳува гум накунем? (Забур 14:1, 2-ро хонед.)

ЧӢ ТАВР ШАЙТОН ОДАМОНРО ФИРЕБ МЕДИҲАД?

5. Чӣ тавр Шайтон имрӯз одамонро фиреб мекунад?

5 Мо худро аз фиреби Шайтон эмин нигоҳ дошта метавонем. Зеро чуноне ки Павлуси расул гуфт, «мо аз ҳилаву найранги вай бехабар нестем» (2 Қӯр. 2:11). Мо медонем, ки тамоми ҷаҳонро, аз он ҷумла дини дурӯғ, сиёсатмадорони порахӯр ва савдогарони чашмгуруснаро Шайтон идора мекунад (1 Юҳ. 5:19). Аз ин рӯ, ҷойи тааҷҷуб нест, ки Шайтон ва девҳояш ба одамони соҳибқудрат таъсир расонда, онҳоро ба дурӯғ гуфтан тела медиҳанд (1 Тим. 4:1, 2). Масалан, баъзе тоҷирону савдогарон дар рекламаҳои худ ба одамон дурӯғ мегӯянд, то ки моли пастсифату зараровари худро ба онҳо фурӯшанд ё бо роҳи фиреб пул кор кунанд.

6, 7. а) Чаро хусусан роҳбарони диние, ки дурӯғро таълим медиҳанд, дар пеши Худо гунаҳкоранд? б) Шумо кадом таълимоти дурӯғи диниро медонед?

6 Хусусан дурӯғи роҳбарони динӣ ба одамон зарари калон мерасонад, зеро касоне, ки ба онҳо бовар мекунанд, ҳаёти ояндаи худро зери хатар мегузоранд. Агар шахс таълимоти дурӯғро қабул карда, корҳоеро кунад, ки дар асл Худо аз онҳо нафрат дорад, ӯ имконияти ҷовидона зистанро аз даст дода метавонад (Ҳуш. 4:9). Исо медонист, ки дар замони ӯ роҳбарони динӣ одамонро гумроҳ мекунанд. Вай рӯирост ба онҳо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя, зеро баҳр ва хушкиро давр мезанед, то ақаллан як нафарро ба дини худ дароред ва, чун ба мақсадатон мерасед, ӯро аз худ ду баробар зиёдтар сазовори он мегардонед, ки ба водии Ҳиннӯм [нобудшавии абадӣ] партофта шавад» (Мат. 23:15; эзоҳ). Исо он роҳбарони диниро бо суханони сахт маҳкум карда гуфт, ки онҳо ба падарашон Иблис, ки «одамкуш» аст, пайравӣ мекунанд (Юҳ. 8:44).

7 Имрӯз роҳбарони динӣ хеле зиёданд ва онҳо унвонҳои гуногун доранд. Ба монанди роҳбарони динии асри як, онҳо «ростиро бо ҳар гуна беинсофӣ пинҳон медоранд» ва «ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд» (Рум. 1:18, 25). Онҳо ба одамон чизҳои дурӯғро таълим медиҳанд. Масалан онҳо мегӯянд, ки гӯё одам рӯҳи намиранда дорад, шахс баъди марг бо тани дигар таваллуд мешавад, гунаҳкорон дар дӯзах месӯзанд ва гӯё тарзи зиндагии ҳомосексуалистӣ ва издивоҷи одамони ҳамҷинс дар пеши Худо ягон чизи бад ҳисоб намешавад.

8. Ба наздикӣ роҳбарони сиёсӣ кадом дурӯғро эълон мекунанд ва мо бояд ба он чӣ гуна муносибат кунем?

8 Сиёсатмадорон дурӯғ гуфта одамонро гумроҳ месозанд. Ва ба наздикӣ мо боз як дурӯғи калонтаринро мешунавем. Роҳбарони сиёсӣ эълон хоҳанд кард, ки гӯё дар тамоми ҷаҳон «сулҳу амният»-ро ба даст оварданд. Вале онҳо «ногаҳон нобуд хоҳанд шуд». Мо набояд ба дурӯғи пешвоёни сиёсӣ бовар кунем. Чунки дар асл ҳолати ин ҷаҳон хеле хароб аст ва онҳо инро аз одамон пинҳон медоранд. Мо нағз медонем, ки «рӯзи Яҳува айнан ҳамон тавре меояд, ки дузд дар шаб» (1 Тас. 5:1–4).

ЧАРО ОДАМОН АКСАР ВАҚТ ДУРӮҒ МЕГӮЯНД?

9, 10. а) Чаро одамон дурӯғ мегӯянд ва он ба чӣ оварда мерасонад? б) Дар бораи Яҳува мо бояд чиро дар хотир дорем?

Вақте ягон чизи нав ихтироъ мешавад ё навоварие рӯй медиҳад, он рафта-рафта барои одамон серистеъмол мегардад. Дар бораи дурӯғ низ чунин гуфтан мумкин аст. Чунки имрӯз на танҳо одамони бонуфуз дурӯғ мегӯянд. Дар ҷамъият дурӯғ хеле паҳн шудааст. Нависандае бо номи Юдиджит Баттачарджи дар мақолаи худ менависад, ки «хислати дурӯғгӯӣ дар одамон хеле чуқур реша давондааст». Яъне барои одамон дурӯғ гуфтан як чизи табиӣ шудааст. Аксари одамон барои он дурӯғ мегӯянд, ки худро ҳимоя кунанд, хатогӣ ё ҷиноятҳояшонро рӯйпӯш кунанд ё фоидаи пулӣ ба даст оранд. Дар он мақола инчунин гуфта шудааст, ки баъзе касон «ба одамони бегона, ҳамкорони худ, дӯстон ва шахсони наздикашон бемалол дурӯғ мегӯянд».

10 Оқибати дурӯғ ин аст, ки одамон ба ҳамдигар бовариашонро гум мекунанд ва муносибати онҳо вайрон мешавад. Масалан, тасаввур кунед, ки то чӣ андоза дардовар аст, агар зан ба шавҳари вафодори худ хиёнат карда, барои рӯйпӯш кардани рафтори бадахлоқонааш дурӯғ гӯяд. Инчунин агар мард зану фарзандонашро дар хона азоб диҳаду дар ҳузури дигарон бошад, худро марди меҳрубону ғамхор вонамуд созад, ин нафратовар аст. Лекин фаромӯш набояд кард, ки чунин шахсони фиребгар ҳеҷ чизро аз Яҳува пинҳон карда наметавонанд, зеро ҳама чиз дар пеши чашмони Ӯ «бараҳна ва аён аст» (Ибр. 4:13).

11. Аз намунаи бади Ҳанониё ва Сафира мо чӣ дарс мегирем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Дар Китоби Муқаддас мисоли ҳамсарони масеҳӣ, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, оварда шудааст. Онҳо Ҳанониё ва Сафира мебошанд, ки «ба таъсири Шайтон дода шуда», ба Худо дурӯғ гуфтанд. Ин ҳамсарон дар дили худ нияти бадро ҷой дода, расулонро фиреб карданӣ шуданд. Онҳо заминашонро фурӯхта, танҳо як қисми пули онро ба расулон оварданд, лекин гуфтанд, ки ҳамаи пулро овардаанд. Бо ин корашон онҳо мехостанд, ки дар пеши аъзоёни ҷамъомад худро хеле дасткушод нишон диҳанд. Вале Яҳува медид, ки онҳо дурӯғ мегӯянд ва онҳоро барои ин корашон ҷазо дод (Аъм. 5:1–10).

12. Бо онҳое, ки бадқасдона дурӯғ мегӯянду тавба намекунанд, чӣ мешавад ва чаро?

12 Яҳува ба шахсоне, ки дурӯғ мегӯянд, чӣ гуна муносибат мекунад? Шайтон ва ҳамаи онҳое, ки бадқасдона дурӯғ мегӯянду тавба намекунанд, оқибат «ба кӯли оташ» партофта мешаванд. Яъне онҳо абадан нест хоҳанд шуд (Ваҳй 20:10; 21:8; Заб. 5:7). Чаро? Зеро Яҳува онҳоро бо касоне, ки «корҳояшон дар назари Худо нафратангез аст», дар як қатор мемонад (Ваҳй 22:15, эзоҳ).

13. Мо дар бораи Яҳува чиро медонем ва ин моро ба чӣ бармеангезад?

13 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува «одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд» ва «дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест» (Ад. 23:19; Ибр. 6:18). Яҳува аз «забони дурӯғгӯй» нафрат дорад (Мас. 6:16, 17). Ва агар мо хоҳем, ки ба Ӯ писанд оем, мо бояд ҳамеша мувофиқи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ кунем ва ростқавл бошем. Барои ҳамин, мо «ба якдигар дурӯғ» намегӯем (Қӯл. 3:9).

МО ҲАМЕША РОСТ МЕГӮЕМ

14. а) Масеҳиёни ҳақиқӣ аз пайравони дини дурӯғ бо чӣ фарқ мекунанд? б) Принсипи дар Луқо 6:45 навишташударо фаҳмонед.

14 Яке аз хусусиятҳое, ки масеҳиёни ҳақиқӣ бо он аз пайравони дини дурӯғ фарқ мекунанд, кадом аст? Мо гапи ростро мегӯем. (Закарё 8:16, 17-ро хонед.) Чуноне ки Павлус фаҳмонд, мо бо ростгӯии худ «нишон медиҳем, ки ба хизматгори Худо будан муносибем» (2 Қӯр. 6:4, 7). Исо дар бораи одамон гуфт: «Дар дил чизе бошад, ба забон ҳамон меояд» (Луқ. 6:45). Ин маънои онро дорад, ки шахсе ки дар дили худ ростгӯй аст, ҳамеша гапи ростро мегӯяд. Ӯ бо бегонагон, ҳамкорон, дӯстон ва наздикон ростқавл аст. Ва хоҳ гап дар бораи чизҳои майда равад, хоҳ оиди масъалаҳои ҷиддӣ, вай дурӯғ намегӯяд. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳама вақт ростқавл будан мехоҳем? Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.

Ба фикри шумо ин хоҳар ба кадом хатогӣ роҳ дода истодааст? (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.)

15. а) Чаро чун дурӯя ҳаёт бурдан беақлона аст? б) Чӣ ба ҷавонон ёрӣ медиҳад, ки ба фишори ҳамсолон муқобилат кунанд? (Ба эзоҳ нигаред.)

15 Агар шумо ҷавон бошед, шояд мисли ҳамсолонатон будан хоҳед. Ин хоҳиш баъзе ҷавононро ба он барангехт, ки чун дурӯя ҳаёт ба сар баранд. Онҳо дар пеши наздикон ва аъзоёни ҷамъомад худро худотарс вонамуд месозанд, лекин дар пеши ҳамсолон ё ҳангоми истифодаи шабакаҳои интернетӣ одами тамоман дигар мешаванд. Баъзе аз ин ҷавонон суханони қабеҳу ҳақоратомезро истифода мебаранд, либосҳои ношоиста мепӯшанд, мусиқии бадахлоқона гӯш мекунанд, нӯшокиҳои спиртӣ ва нашъа истеъмол мекунанд, пинҳонӣ ба мулоқот мераванд ва ба корҳои аз ин ҳам бадтар дода мешаванд. Онҳо волидон, ҳамимонон ва Худоро фиреб доданӣ мешаванд (Заб. 25:4, 5). Вақте ки шахс Яҳуваро танҳо «дар сухан эҳтиром» мекунаду лекин дилаш аз Ӯ дур аст, Яҳува инро медонад (Марқ. 7:6). Пас, то чӣ андоза хуб аст, ки дили мо «аз гуноҳкорон ҳасад набарад», балки ҳамеша тарсгори Худованд бошад (Мас. 23:17) *.

16. Вақте ки барои ягон намуди хизмати пурравақт варақа пур мекунем, ба саволҳо чӣ гуна ҷавоб додан муҳим аст?

16 Мумкин шумо мехоҳед чун пешрави доимӣ хизмат кунед ё дар ягон намуди хизмати махсус иштирок намоед, масалан дар хизмати Байт-Ил. Хеле муҳим аст, ки ҳангоми пур кардани варақа ба саволҳое, ки оиди саломатиатон, интихоби вақтхушиҳо ва ахлоқи шумо дода шудаанд, ростқавлона ҷавоб диҳед (Ибр. 13:18). Чӣ бояд кард, агар шумо ба ягон рафтори нопок ё шубҳанок даст зада будеду лекин ба пирон муроҷиат накардед? Аз онҳо кӯмак пурсед, то ки минбаъд бо виҷдони пок ба Яҳува хизмат карда тавонед (Рум. 9:1; Ғал. 6:1).

17. Вақте ки мухолифон оиди ҳамимонон савол медиҳанд, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

17 Фарз мекунем, давлатдорон фаъолияти Шоҳидони Яҳуваро дар мамлакат маҳдуд мекунанд ва шуморо даъват намуда, дар бораи бародарон пурсуков менамоянд. Дар ин маврид шумо чӣ гуна бояд рафтор кунед? Оё ҳама чизеро ки медонед, бояд нақл кунед? Мисоли Исоро ба ёд оред. Вақте ки ӯро ҳокими Рум пурсуҷӯ кард, Исо чӣ гуна рафтор намуд? Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан» аст. Ва Исо мувофиқи ин принсип амал карда, ба баъзе саволҳои Пилотус тамоман ҷавоб надод (Воиз 3:1, 7; Мат. 27:11–14). Мо низ дар чунин вазъият бояд хеле эҳтиёткорона амал намоем, то ҳаёти ҳамимононро зери хатар нагузорем (Мас. 10:19; 11:12).

Кай мо бояд хомӯш бошем ва кай бояд ҳақиқати ҳолро гӯем? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.)

18. Вақте пирон оиди ҳамимонон аз мо мепурсанд, мо бояд чӣ кор кунем?

18 Мавриди дигарро тасаввур кунед. Касе аз ҷамъомад гуноҳи ҷиддие содир кардаасту шумо аз ин бохабаред. Пирон, ки ба ахлоқан пок нигоҳ доштани ҷамъомад вазифадоранд, шояд аз шумо оиди воқеаи рӯйдода пурсанд. Дар ин маврид шумо чӣ кор мекунед? Агар шахси гунаҳкор дӯст ё аъзои оилаатон бошад-чӣ? «Каси ростгӯй адолатро баён мекунад» (Мас. 12:17; 21:28). Барои ҳамин, шумо бояд ба пирон чизе ки медонед, пурра нақл кунед ва ягон чиро пинҳон надоред. Пирон ҳақ доранд, ки асли воқеаро пурра донанд. Танҳо он вақт онҳо метавонанд ба шахси гунаҳкор бо роҳи беҳтарин ёрдам диҳанд, то муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад (Яъқ. 5:14, 15).

19. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

19 Довуди забурнавис ба Яҳува дуо мегуфт: «Ту ростиро дар замирам [дилам] хоҳон ҳастӣ» (Заб. 50:8). Довуд дарк мекард, ки барои ростқавл будан, мо бояд дили пок дошта бошем. Масеҳиёни ҳақиқӣ дар ҳамаи ҷонибҳои ҳаёт «ба якдигар рост» мегӯянд. Хизматгорони Худо аз пайравони динҳои дурӯғ боз бо он фарқ мекунанд, ки онҳо аз Китоби Муқаддас ҳақиқатро таълим медиҳанд. Ин мавзӯъро дар мақолаи навбатӣ дида мебароем.

^ сарх. 15 Нигаред ба брошураи «Даҳ саволи ҷавонон», саволи 6-ум, «Чӣ хел ба таъсири бади ҳамсолон дода нашавам?» ва китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2, «Оё чун дурӯя ҳаёт бурданро бас кардан лозим аст ё не?»