Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳақиқатро таълим диҳед

Ҳақиқатро таълим диҳед

«Худовандо... Таҳкурсии каломи Ту ҳақ асту рост» (ЗАБ. 118:159, 160).

СУРУДҲО: 153, 45

1, 2. а) Исо кадом корро дар ҳаёташ дар ҷойи аввал монда буд ва барои чӣ? б) Чӣ кор кунем, то чун «ҳамкорони Худо» муваффақият ба даст орем?

ИСОИ МАСЕҲ ҳам дуредгар ва ҳам хизматгузори Худо буд (Марқ. 6:3; Рум. 15:8). Ӯ хеле хуб аз ӯҳдаи ҳар дуи ин кор мебаромад. Исо бо истифодаи асбобҳои дуредгарӣ аз чӯбу тахта маҳсулоти фоиданоки рӯзғор сохта метавонист. Ва чун хизматгори Худо ӯ дониши доштаашро моҳирона истифода бурда, ба одамон барои фаҳмидани ҳақиқатҳои Каломи Худо кӯмак мекард (Мат. 7:28; Луқ. 24:32, 45). Дар синни 30-солагӣ Исо асбобҳои дуредгариро ба як тараф монд ва аз пайи коре шуд, ки онро аз ҳама муҳим меҳисобид. Ӯ гуфта буд, ки яке аз мақсадҳои ба замин омаданаш — ин эълон кардани хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо аст (Мат. 20:28; Луқ. 3:23; 4:43). Исо дар ҳаёташ кори мавъизаро дар ҷойи аввал мегузошт ва мехост, ки дигарон низ дар ин кор ба ӯ ҳамроҳ шаванд (Мат. 9:35–38).

2 Аксари мо дуредгар набошем ҳам, ҳамаи мо хизматгорони Худо мебошем ва ба дигарон ҳақиқатро таълим медиҳем. Ин кор чунон муҳим аст, ки худи Яҳува дар он иштирок мекунад ва мо «ҳамкорони Худо ҳастем» (1 Қӯр. 3:9; 2 Қӯр. 6:4). Мо дарк мекунем, ки «таҳкурсии каломи [Яҳува] ҳақ асту рост» (Заб. 118:159, 160). Аз ин рӯ, мо мехоҳем дар хизмат «каломи ростиро дуруст таълим» диҳем. (2 Тимотиюс 2:15-ро хонед.) Чӣ ба мо кӯмак мекунад? Вақте ки мо моҳирона истифода бурдани Китоби Муқаддасро, ки асбоби асосиамон мебошад, ёд мегирем, хизмати мо самаранок мегардад. Ташкилоти Яҳува барои хизмати мо боз дигар асбобҳоро фароҳам овардааст. Ин асбобҳо дар чорчӯбаи «Маводҳои таълимдиҳӣ» номбар шудаанд. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр онҳоро хубтар истифода барем.

3. Дар вақти боқимонда мо диққатамонро бояд ба чӣ равона кунем ва суханони Аъмол 13:48 чӣ тавр ба мо кӯмак мекунанд?

3 Шояд шумо ҳайрон шавед, ки чаро мо он воситаҳоро «Маводҳо барои мавъиза» неву «Маводҳои таълимдиҳӣ» меномем. «Мавъиза кардан» маънои эълон кардани ягон хабарро дорад. «Таълим додан» бошад, маънои онро дорад, ки мо он хабарро фаҳмонда медиҳем, то ки шахс чизи шунидаашро дарк кунад ва мувофиқи он амал намояд. То тамом шудани ин тартибот вақт кам мондааст. Ва мо бояд дар ин вақти кӯтоҳ диққатамонро ба сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас ва таълим додани ҳақиқат равона кунем. Яъне мо бояд ҷидду ҷаҳд карда, одамонеро ҷӯем, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд ва ба онҳо барои хизматгори Яҳува шудан кӯмак кунем. (Аъмол 13:44–48-ро хонед.)

4. Чӣ тавр мо муайян мекунем, ки шахс «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» аст ва чӣ тавр чунин шахсонро ёфта метавонем?

4 Чӣ тавр мо фаҳмида метавонем, ки шахс «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» аст? Чи хеле ки дар асри як буд, имрӯз низ ягона роҳи чунин одамонро ёфтан ин мавъиза кардан аст. Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба кадом шаҳр ё деҳае надароед, онҳоеро ҷӯед, ки ба қабул кардани шумо сазоворанд» (Мат. 10:11). Барои ҳамин, мо ҳам бояд одамони «сазовор»-ро ҷӯем. Мо баъзан одамонеро вомехӯрем, ки самимӣ нестанд, ҳавобаланданд ва нисбати Худо бепарвоянд. Чунин одамон хушхабарро гӯш кардан намехоҳанд. Лекин мо одамонеро бояд ҷӯем, ки самимӣ, фурӯтан ва ташнаи ҳақиқат мебошанд. Ин корро ба касби дуредгарие, ки Исо мекард, монанд кардан мумкин аст. Ӯ дару тиреза, мизу курсӣ, юғи чӯбин ва дигар чизҳоро месохт. Лекин барои ин аввал чӯбу тахтаҳои мувофиқро меёфт. Сипас қуттии асбобҳояшро мегирифт ва маҳораташро истифода бурда аз чӯб чизҳои даркориро месохт. Ба ин монанд, мо ҳам аввал бояд одамони самимиро ёбем ва сипас асбобу маводҳо ва маҳорати худро истифода бурда, аз онҳо шогирд тайёр кунем (Мат. 28:19, 20).

5. Маводҳои таълимдиҳии мо чӣ хусусият доранд? Мисол оред. (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Одатан ҳар як асбоб вазифаи муайянро иҷро мекунад. Масалан, дар бораи асбобҳои дуредгарие, ки Исо истифода мебурд, фикр кунед *. Баъзеи он асбобҳоро ба кор бурда, Исо дар тахта нишона мегузошт, бо баъзеашон онро чен мекард, мебуррид, сӯрох мекард ё ду тахтаро пайваст менамуд. Ба ин монанд, ҳар як маводи таълимдиҳии мо низ вазифаи муайянро иҷро мекунад. Биёед чӣ тавр истифода бурдани ин маводҳоро дида бароем.

МАВОДҲОЕ, КИ МОРО БА ОДАМОН ШИНОС МЕКУНАНД

6, 7. а) Чӣ тавр шумо корти сайтамонро истифода мебаред? б) Дар даъватнома ба вохӯриҳои ҷамъомад бо кадом ду мақсад пешбинӣ шудааст?

6 Корти сайт. Ин мавод хурдакак бошад ҳам, вале фоидаи калон дорад. Ин корт ба одамон мефаҳмонад, ки мо Шоҳидони Яҳува ҳастем ва онҳоро ба сайти мо равона мекунад. Одамон метавонанд ба сайтамон даромада, дар бораи мо маълумоти бештар гиранд ва ҳатто омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост намоянд. Аллакай зиёда аз 400 000 нафар одамон тавассути сайти jw.org омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост карданд. Ғайр аз ин, ҳар рӯз садҳо нафари дигар чунин дархост мефиристанд. Шумо метавонед якчанд кортро ҳамроҳи худ гирифта гардед, то дар вақти пайдо шудани имконият онро ба одамон пешниҳод намоед.

7 Даъватнома. Дар даъватнома ба вохӯриҳо навишта шудааст: «Бо Шоҳидони Яҳува Китоби муқаддасро омӯзед». Ва ин даъватнома бо ду мақсад пешбинӣ шудааст: 1) таклиф кардан ба вохӯриҳои оммавӣ ва 2) пешниҳод кардани омӯзиш. Яъне ин даъватнома ба одамон на танҳо кӣ будани моро мефаҳмонад, балки онҳоеро, ки «мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд», ба омӯхтани Каломи Худо даъват мекунад (Мат. 5:3). Албатта, мо ба вохӯриҳоямон одамонро бо хурсандӣ қабул мекунем, новобаста аз он ки онҳо омӯзиш кардан мехоҳанд ё не. Чунки агар онҳо ташриф оранд, худашон мебинанд, ки аз Китоби Муқаддас чизҳои зиёдро фаҳмидан мумкин аст.

8. Чаро муҳим аст, ки одамон ақаллан як бор ба ҷамъомад оянд? Мисол оред.

8 Муҳим аст, ки мо ба ҷамъомад таклиф кардани одамонро давом диҳем, то онҳо ақаллан як бор дар он ҳузур дошта тавонанд. Чаро? Чунки вақте онҳо ба ҷамъомадҳои мо меоянд, фаровонии ғизои рӯҳониро дида дарк мекунанд, ки то чӣ андоза он аз динҳои дурӯғ фарқ мекунад (Иш. 65:13). Масалан, як ҷуфти ҳамсарон Рей ва Линда, аз Иёлоти Муттаҳида, чанд сол пеш ин фарқиятро пай бурданд. Онҳо ба Худо бовар доштанд ва дар бораи Ӯ бисёртар фаҳмидан мехостанд. Ин ҳамсарон ба ҳар як калисоҳои шаҳрашон мерафтанд ва дини ҳақиқиро меҷустанд. Ҳамин тавр, онҳо бо бисёр калисоҳо ва равияҳои динӣ шинос шуданд. Онҳо аз аввал калисоеро меҷустанд, ки ба ду талабот ҷавобгӯ бошад. Якум, аз он ҷо бояд ягон чизро таълим гиранд ва дуюм, либоспӯшии аъзоёни он бояд ба одамони худотарс монанд бошад. Давоми якчанд сол, онҳо ба ҳама калисои шаҳрашон рафтанд, вале сахт дилхунук шуданд. Онҳо ягон чиро наомӯхтанд ва намуди зоҳирии аъзоёни он калисоҳо ношоиста буд. Баъди рафтан ба калисои охирон, Линда ба кораш рафт ва Рей бошад, ба хона равон шуд. Дар роҳ ӯ аз назди Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува мегузашт ва чунин фикр кард: «Як ба ин толор дароям-чӣ? Мехоҳам бинам, ки он ҷо чӣ гап аст». Албатта, ӯ дар вохӯрӣ чизҳоеро дид, ки дар ягон ҷойи дигар надида буд! Ҳама дар он ҷо меҳрубону хушмуомила буданд ва сару либоси шоиста доштанд. Рей дар қатори аввал нишаста барномаро гӯш кард ва он ба ӯ хеле маъқул шуд! Павлус гуфта буд, ки шахсе ки аввалин бор ба вохӯрии масеҳӣ меояд, метавонад чунин гӯяд: «Дар ҳақиқат, Худо дар миёни шумост» (1 Қӯр. 14:23–25). Бо Рей низ он рӯз айнан ҳамин хел шуд. Баъди ин, Рей ҳар якшанбе ба вохӯрӣ мерафт ва чанде пас ӯ ба вохӯриҳои байни ҳафта низ рафтанро сар кард. Линда ҳам ба ҷамъомадҳо мерафтагӣ шуд. Ҳарчанд синну соли ин ҳамсарон аз 70 боло буд, онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд ва баъдтар таъмид гирифтанд.

МАВОДҲО БАРОИ САР КАРДАНИ СӮҲБАТ

9, 10. а) Чаро истифода бурдани рисолаҳо осон аст? б) Истифода бурдани рисолаи «Салтанати Худо чист?»-ро фаҳмонед.

9 Рисолаҳо. Дар қатори маводҳои таълимдиҳии мо ҳашт рисола ҳаст, ки бо ёрии онҳо сӯҳбатро сар кардан осон аст. Онҳо соли 2013 аз нашр баромаданд ва то имрӯз қариб 5 миллиард нусха чоп шудааст. Шакли ҳамаи ин рисолаҳо якхелаанд. Агар шумо истифода бурдани яктои онҳоро ёд гиред, дигар рисолаҳоро низ бемалол истифода бурда метавонед. Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кардан мумкин аст?

10 Шояд шумо мехоҳед рисолаи «Салтанати Худо чист?»-ро истифода баред. Ба ҳамсӯҳбататон саҳифаи аввалро нишон дода, пурсед: «Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки Салтанати Худо чист?» Дар поён се варианти ҷавоб оварда шудааст. Пешниҳод кунед, ки шунаванда яке аз онҳоро интихоб кунад. Дуруст ё нодуруст будани ҷавобашро қайд накарда, саҳифаи дуюмро кушоед ва диққати шахсро ба сарлавҳаи «Китоби Муқаддас чунин мегӯяд» равона созед. Аз он ҷо оятҳои Дониёл 2:44 ва 7:14-ро хонед. Агар имконият бошад, сӯҳбатро давом диҳед. Дар қафои рисола, зери сарлавҳаи «Дар ин бора фикр кунед» саволи «Ҳаёт дар зери Салтанати Худо чӣ гуна хоҳад буд?» оварда шудааст. Ба шахс пешкаш кунед, ки ин саволро дар сӯҳбати оянда муҳокима мекунед. Дар боздид шумо метавонед ба дарси 7-уми брошураи «Хабарҳои нағз» ишора кунед. Бо ёрии ин мавод омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардан мумкин аст.

МАВОДҲО БАРОИ БЕДОР КАРДАНИ ШАВҚИ ОДАМОН

11. Маҷаллаҳои мо бо кадом мақсад тайёр карда мешаванд ва мо дар бораи онҳо бояд чиро донем?

11 Маҷаллаҳо. «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» маҷаллаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати шумора ва тарҷума дар ҷаҳон ягон маҷаллаи дигар ба онҳо баробар шуда наметавонад. Ин маҷаллаҳо тавре тайёр карда мешаванд, ки мавзӯи дар муқова овардашуда ба ҳама гуна одамон шавқовар бошанд. Мо бо истифодаи ин маҷаллаҳо метавонем шавқи одамонро бедор кунем ва диққаташонро ба он чизе ки дар ҳаёт муҳим аст, равона созем. Вале аввал мо бояд худамон донем, ки кадом маҷалла ба кадом гурӯҳи одамон тайёр карда шудааст.

12. а) Маҷаллаи «Бедор шавед!» барои доираи кадом хонандагон тайёр карда мешавад? б) Оё шумо ба наздикӣ ин маводро дар хизмат истифода бурдед?

12 «Бедор шавед!» Ин маҷалла барои хонандагоне тайёр карда мешавад, ки дар бораи Китоби Муқаддас кам медонанд ё умуман маълумот надоранд. Шояд онҳо дар бораи таълимоти масеҳӣ чизеро намедонанд, ба дин боварӣ надоранд, ё дарк намекунанд, ки маслиҳатҳои Китоби Муқаддас то чӣ андоза фоиданоканд. Мақсади асосии «Бедор шавед!» ин хонандагонро ба вуҷуд доштани Худо боварӣ бахшидан аст (Рум. 1:20; Ибр. 11:6). Он ҳамчунин имони одамонро ба он қавӣ мекунад, ки Китоби Муқаддас дар ҳақиқат «каломи Худо» аст (1 Тас. 2:13). Се шумораи соли 2018 ба чунин мавзӯъҳо бахшида шудаанд: «Роҳ ба сӯйи хушбахтӣ», «12 сирри оилаҳои хушбахт» (рус.), «Кӯмак ба дилшикастагон» (рус.)

13. а) Нашри оммавии «Бурҷи дидбонӣ» барои киҳо пешбинӣ шудааст? б) Оё шумо ба наздикӣ ин маводро дар хизмат истифода бурдед?

13 «Бурҷи дидбонӣ». Нашри оммавии ин маҷалла асосан мавзӯъҳои рӯҳониро дар бар мегирад ва барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ба Худо ва Каломи Ӯ ба андозае эҳтиром доранд. Онҳо дар бораи Китоби Муқаддас каму беш донанд ҳам, таълимоти онро аниқ намефаҳманд (Рум. 10:2; 1 Тим. 2:3, 4). Се шумораи соли 2018 ба чунин мавзӯъҳо бахшида шудаанд: «Китоби ҳама давру замон», «Дар оянда моро чӣ интизор аст?» (рус.), «Оё Худо ба шумо ғамхорӣ мекунад?» (рус.)

МАВОДҲОИ ТАЪСИРБАХШ

14. а) Чор видеонавор аз «Маводҳои таълимдиҳии мо» бо кадом мақсад омода шудаанд? б) Истифодаи ин видеонаворҳо ба хизмати шумо чӣ манфиат овард?

14 Видеонаворҳо. Дар рӯзҳои Исо дуредгар фақат асбобҳои дастиро истифода мебурд. Лекин имрӯз бошад, чунин асбобҳо ба мисли арра, парма, ранда, болға дар намуди электрикӣ баромадаанд ва кори дуредгаронро хеле осон мекунанд. Ба ин монанд, имрӯз мо ғайр аз адабиётҳо боз видеонаворҳои шавқовар дорем, ки дар хизмат ба одамон нишон дода метавонем. Чортои онҳо аз ҷумлаи маводҳои таълимдиҳиамон мебошанд: «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?», «Омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ гуна мегузарад?», «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» ва «Шоҳидони Яҳува кистанд?» (рус.) Видеонаворҳое, ки ду дақиқа ё камтаранд, барои сӯҳбати аввал мувофиқанд. Наворҳои дарозтарро дар вақти боздид ё ба шахсоне, ки барои сӯҳбат вақти зиёдтар доранд, нишон дода метавонем. Ин маводҳои олиҷаноб метавонанд одамонро барангезанд, ки омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунанд ва ба ҷамъомадҳо биёянд.

15. Мисол оред, ки вақте шахс ягон видеонаворамонро бо забони модариаш тамошо мекунад, ин ба ӯ чӣ гуна таъсир карда метавонад.

15 Масалан, як хоҳар занеро вохӯрд, ки аз Микронезия омада буд ва бо забони япӣ гап мезад ва хоҳарамон ба вай виденавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?»-ро ба забони модарии ӯ нишон дод. Он зан видеонаворро дидан замон хитоб кард: «Ин забони ман аст. Бовариам намеояд! Аз лаҳҷаи ин мард маълум, ки ӯ аз ҷазираи ман аст. Ӯ ба забони модарии ман гап мезанад!» Баъд он зан гуфт, ки мехоҳад аз вебсайти jw.org бо забони худаш ҳамаи адабиётро хонад ва ҳар як наворро тамошо кунад. (Бо Аъмол 2:8, 11 муқоиса кунед.) Мисоли дигар дар бораи як хоҳарест, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад. Ӯ суроғаи ин видеонаворро бо забони модариаш ба ҷияни худ, ки дар қитъаи дигари замин зиндагӣ мекунад, ирсол кард. Ҷиянаш онро тамошо кард ва ба ӯ чунин нома навишт: «Ба ман хусусан ҳамон ҷойи видеонавор таъсир кард, ки Замин дар дасти Шайтон гуфта шудааст. Ман омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост кардам». Ҷияни он хоҳарамон дар мамлакате зиндагӣ мекунад, ки он ҷо фаъолияти мо маҳдуд аст.

МАВОДҲО БАРОИ ТАЪЛИМ ДОДАНИ ҲАҚИҚАТ

16. Хусусияти ҳар яки ин брошураҳоро фаҳмонед: а) «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед». б) «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» в) «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?»

16 Брошураҳо. Шумо бо шахсе, ки хонданаш суст аст ё ба забони модариаш адабиёти ташкилотамон нест, чӣ тавр омӯзиш мегузарондед? Мо барои чунин шахсон низ маводи мувофиқ дорем, ки ин брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» аст *. Маводи олиҷаноб барои сар кардани омӯзиш ин брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» аст. Шумо метавонед аз саҳифаи охирон 14 мавзӯи номбаршударо ба шахс нишон диҳед ва пурсед, ки кадоме аз онҳо барояш аз ҳама шавқоваранд. Ва аз ҳамон дарс омӯзишро сар кунед. Шояд шумо аллакай боварӣ ҳосил кардед, ки дар вақти боздидҳо истифода бурдани ин тарз натиҷаҳои хуб меорад. Номи брошураи сеюм «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» аст. Ин мавод тавре омода шудааст, ки омӯзандагон бо ташкилоти Яҳува хубтар шинос шаванд. Тарзи истифода бурдани он дар «Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ» аз моҳи марти 2017 фаҳмонда шудааст.

17. а) Хусусияти ҳар як китобҳои номбаршударо фаҳмонед. б) Аз онҳое, ки таъмид мегиранд, чӣ талаб карда мешавад?

17 Китобҳо. Агар шумо бо ёрии брошура омӯзишро сар карда бошед, дар вақти лозима метавонед ба «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» гузаред. Ин мавод ба шахс кӯмак мекунад, ки дар бораи таълимоти асосии Китоби Муқаддас дониши васеъ гирад. Баъди тамом кардани ин китоб, агар омӯзанда пешравии рӯҳонӣ карда истода бошад, аз рӯйи китоби «Дар муҳаббати Худо бимонед» * омӯзишро давом диҳед. Ин мавод ба омӯзанда ёрдам медиҳад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзааш ба кор бурдани принсипҳои Каломи Худоро ёд гирад. Ҳатто баъди таъмид муҳим аст, ки омӯзандагон ин китобҳоро то охир омӯзиш кунанд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки таҳкурсии имонашон мустаҳкам шавад ва ба Яҳува содиқ монанд. (Қӯлассиён 2:6, 7-ро хонед.)

18. а) Ояти 1 Тимотиюс 4:16 моро ба чӣ бармеангезад ва ин кор чӣ натиҷа меорад? б) «Маводҳои таълимдиҳӣ»-ро мо бояд бо кадом мақсад истифода барем?

18 Яҳува ба мо чун ба хизматгоронаш супориш додааст, ки ба дигарон «каломи ростӣ, яъне хушхабар»-ро таълим диҳем, зеро одамон ба воситаи ин ҳаёти ҷовидониро ба даст оварда метавонанд. (Қӯл. 1:5; 1 Тимотиюс 4:16-ро хонед.) Барои иҷрои ин кор, ташкилоти Худо ба мо «Маводҳои таълимдиҳӣ» додааст, ки дар он ҷо чизҳои барои хизмат зарурӣ ҳастанд. (Ба чорчӯбаи « Маводҳои таълимдиҳӣ» нигаред.) Биёед ҳар чи хубтар истифода бурдани ин маводҳоро ёд гирем. Ҳар як воиз худаш қарор мекунад, ки дар хизмат кай ва кадоме аз ин маводҳоро истифода барад. Вале мақсади мо танҳо тақсим кардани адабиёт нест ва мо онро ба одамоне, ки ба хушхабар ягон шавқ зоҳир намекунанд, намедиҳем. Мақсади мо — аз одамони самимӣ, фурӯтан ва ташнаи ҳақиқат, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд, шогирд тайёр кардан аст (Аъм. 13:48; Мат. 28:19, 20).

^ сарх. 5 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ», аз 1 августи с. 2010 (рус.), мақолаи «Касби дуредгарӣ» ва чорчӯбаи «Асбобҳои дуредгарӣ».

^ сарх. 16 Агар шахс тамоман хонда натавонад, шумо метавонед, бо ёрии брошураи «Худоро гӯш кунед», ки асосан аз расмҳо иборат аст, омӯзиш гузаронед.

^ сарх. 17 Агар ин китоб ҳоло ба забони шумо дастрас набошад, то вақти нашр шуданаш, метавонед аз китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» омӯзиш кунед.