Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

1918— Сад сол пеш

1918— Сад сол пеш

«Бурҷи дидбонӣ» аз 1 январи соли 1918 бо чунин суханон оғоз мешуд: «Соли 1918 бо худ чӣ меорад?» Дар Аврупо ҳанӯз Ҷанги Якуми Ҷаҳон давом меёфт, вале воқеаҳое, ки аввали сол рӯй доданд, ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ва умуман ба ҳама одамон гӯё аз чизҳои хуб дарак медоданд.

СУЛҲ ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОН

8-уми январи соли 1918 Президент Вудро Вилсон дар Конгресси Амрико (мақомоти қонунгузори ИМА) бо нутқ баромад карда, 14 фикри асосиро қайд намуд. Ба ақидаи ӯ амалӣ гардондани ин фикрҳо барои барпо кардани «сулҳи пойдор ва адолат» дар ҷаҳон муҳим буданд. Ӯ дар баромадаш гуфт, ки байни давлатҳо муносибатҳои сиёсӣ бояд ошкоро бошанд, истеҳсоли яроқ кам карда шавад ва «иттиҳоди миллатҳо», ки «ҳам ба давлатҳои хурд ва ҳам калон» манфиат меорад, ташкил дода шавад. Дар асоси «14 фикр»-и Вудро Вилсон баъдтар шартномаи Версал баста шуд ва Лигаи Миллатҳо ташкил ёфт. Ҳамин тавр Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба охир расид.

ШИКАСТИ МУХОЛИФИН

Нигоҳ накарда ба таъқибот ва бесарусомониҳои соли пешина *, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас умед доштанд, ки соли 1918 ба онҳо сулҳу оромӣ меорад. Баъди воқеаҳое, ки дар вохӯрии солонаи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ рӯй доданд, ба назар чунин метофт, ки гӯё вазъият беҳтар мешавад.

Он вохӯрӣ 5-уми январи соли 1918 баргузор гашт. Дар он инчунин якчанд бародарони номдор, ки аз Байт-Ил хориҷ шуда буданд, ҳузур доштанд. Онҳо кӯшиш намуданд, ки идора кардани ташкилотро ба дасти худ гиранд. Вохӯриро бародари содиқ Ричард Барбер, ки чун нозири сайёр хизмат мекард, бо дуо оғоз намуд. Баъди шунидани ҳисобот оиди корҳои соли гузашта, интихоби директорони ташкилот баргузор гардид. Бародар Барбер ба ин вазифаҳо номзадии Ҷозеф Рутерфорд ва шаш бародари дигарро пешниҳод намуд. Баъд як намояндаи тарафи мухолифин ҳафт каси дигарро пешкаш кард, ки дар байни онҳо шахсони Байт-Илро тарккарда низ буданд. Вале нақшаи онҳо барбод рафт, зеро аксарияти овоздиҳандагон ба ҳайати директорон Рутерфорд ва шаш бародари содиқро интихоб карданд.

Бисёр бародароне, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, гуфтанд, ки «дар умрамон якум бор дар чунин анҷумани пурбаракат иштирок кардем». Вале хурсандии онҳо дер давом накард.

ЗИДДИЯТҲО НИСБАТИ «СИРРИ БА ОХИРРАСИДА»

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар давоми якчанд моҳ китоби «Сирри ба охиррасида»-ро паҳн карданд. Одамони самимӣ ин китобро, ки ҳақиқатҳои Каломи Худоро фаҳмонда медод, бо хурсандӣ гирифта мехонданд.

Эдвард Крист ном нозири сайёр нақл кард, ки чӣ тавр як ҷуфти ҳамсарон китоби «Сирри ба охиррасида»-ро гирифта хонданд ва ҳамагӣ дар давоми панҷ ҳафта ҳақиқатро қабул карданд. Аз рӯйи гуфти ӯ, «ҳам зан ва ҳам шавҳар пурра худро ба Худо бахшиданд ва хеле хуб пешравӣ мекарданд».

Як мард ин китобро гирифта хонд ва чизҳои фаҳмидаашро даррав ба рафиқаш нақл кард. Суханони ин китоб ба ӯ «зарба заданд». Он мард нақл мекунад: «Ман аз кӯчаи Авенюи сеюм мегузаштам ва ногаҳон чизе аз боло омада ба китфам зад. Ман гумон кардам, ки ягон хишт афтид, вале ин китоби “Сирри ба охиррасида” буд... Ман онро ба хона оварда, то охираш хондам... Баъдтар фаҳмидам, ки як диндор ба ғазаб омада, ин китобро аз тиреза ба берун ҳаво додааст... Вале ман боварии калон дорам, ки он мард чӣ қадаре ки аз минбари калисо ё дигар роҳ мавъиза накарда бошад ҳам, бо ин кораш ба шумораи бештари одамон ҳақиқатро расонд... Ба туфайли ғазаби ӯ мо ҳоло Худоро ҷалол дода истодаем».

Ба китоби «Сирри ба охиррасида» на танҳо он диндор зид буд. Масалан, ҳокимияти Канада 12-уми феврали соли 1918 ин китобро манъ кард, зеро гумон дошт, ки он мардумро ба муқобили давлат бармеангезад ва онҳоро аз иштирок дар ҷанг бозмедорад. Дере нагузашта, ҳокимияти Иёлоти Муттаҳида низ онро манъ намуд. Намояндагони давлат дар Пенсилвания ва Калифорния бинои Байт-Ил ва офисҳои ташкилотро кофтуков намуда, ба айбдор кардани аъзоёни роҳбарикунандаи ташкилот далелҳо меҷустанд. 14-уми марти соли 1918 Вазорати адлияи ИМА даъво кард, ки тарғиботи ин адабиёт барои пеш бурдани сиёсати ҷангии давлат халал мерасонад ва қонун оиди ҷосусиро вайрон мекунад. Бинобар ин вазорат ин китобро манъ кард.

ҲАБС ШУДАНИ БАРОДАРОН

7-уми майи соли 1918 ба Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида фармон дода шуд, ки бародарони зерин дастгир ва ҳабс карда шаванд: Ҷованни Дечекка, Ҷорҷ Фишер, Александр Макмиллан, Роберт Мартин, Фредерик Робисон, Ҷозеф Рутерфорд, Вилям ван Амбург ва Клейтон Вудворт. Ин бародаронро айбдор мекарданд, ки гӯё онҳо одамонро тарғиб мекунанд, то ба давлат беитоатӣ кунанд ва ба хизмати ҳарбии ИМА нараванд. Мурофиаи судии онҳо 5-юми июни соли 1918 сар шуд ва шубҳае набуд, ки онҳо маҳкум мешаванд. Чаро?

Ҳама чиз бар зидди онҳо буд. Масалан вазири адлияи Иёлоти Муттаҳида қонун оиди ҷосусиро «яроқи хуб бар муқобили тарғибот» номид. Ба ин қонун ислоҳоте пешниҳод шуда буд, ки он ҳуқуқи касонеро, ки «бо нияти хуб гапҳои ростро чоп мекунанд ва он ба қонунвайронкунӣ оварда намерасонад», ҳимоя мекард. Лекин 16 майи соли 1918 дар Конгресси ИМА, ин ислоҳот рад карда шуд. Ва дар рафти маҷлис китоби «Сирри ба охиррасида» мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт. Дар қайди Конгресси Иёлоти Муттаҳида чунин омада буд: «Яке аз хатарноктарин тарғибот ин китоби “Сирри ба охиррасида” аст. Он боварии аскаронро ба давлат суст мегардонад ва одамонро ташвиқ мекунад, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд».

20-уми июни соли 1918 ҳайати суд ҳашт бародаронро ба ҳамаи ҷиноятҳои номбурда айбдор донист. Рӯзи дигар судя қарорашро эълон кард. Ӯ инчунин гуфт: «Тарғиботи диние, ки ин одамон онро боғайратона ҳимоя ва паҳн мекунанд... аз қувваҳои ҳарбии Германия ҳам хатарноктар аст. Ба онҳо бояд ҷазои вазнин таъйин карда шавад». Суд қарор кард, ки бародарон аз 10 то 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Баъди ду ҳафта онҳоро ба ҳабсхонаи Атланта (Ҷорҷия) бурданд.

КОРИ МАВЪИЗА ДАВОМ МЕЁБАД

Дар муддати ин вақт Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бо таъқиботи сахт дучор шуданд. Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР) пурра фаъолияти онҳоро зери тафтишу таҳлил қарор дода, ҳазорҳо ҳуҷҷат тартиб медоданд. Ин ҳисобот нишон медиҳад, ки бародарон дар кори мавъиза дасташонро суст намекарданд.

Сардори почта дар шаҳри Орландои Флорида ба Бюрои тафтишотии Амрико нома навишта, чунин гуфт: «[Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас] дар шаҳр хона ба хона мавъиза мекунанд ва аксар вақт шабона мегарданд... Ба назар менамояд, ки онҳо ҷӯшу хурӯши фаъолияташонро суст карданӣ нестанд».

Полковники Вазорати ҳарбӣ ба бюрои тафтишотӣ дар бораи фаъолияти Фредерик Френс, ки баъдтар чун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда хизмат кардааст, ҳисобот дод. Полковник чунин навишт: «Фредерик Френс бо фурӯхтани қариб ҳазор нусхаи “Сирри ба охиррасида” фаъолона машғул аст».

Чарлз Фекел, ки баъдтар ӯ низ чун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда хизмат кардааст, бо муқобилияти хеле бераҳмона дучор шуд. Ӯро ҳангоми паҳн кардани китоби «Сирри ба охиррасида» кормандони ҳукумат дастгир намуданд. Онҳо инчунин тамоми мактубҳоеро, ки ӯ мегирифт ва мефиристод, назорат мекарданд. Ӯро «душмани австриягӣ» номида, як моҳ дар шаҳри Балтимор (Мэриленд) ҳабс карданд. Ӯ ба шахсоне, ки ӯро пурсуков мекарданд, далерона шаҳодат дода, суханони дар 1 Қӯринтиён 9:16 навиштаи Павлусро ба хотир меовард. Он ҷо гуфта шудааст: «Вой бар ҳоли ман агар хушхабарро эълон накунам!» *

Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба ғайр аз боғайратона мавъиза карданашон барои озод шудани ҳашт бародароне, ки дар ҳабсхонаи Атланта буданд, аз одамон имзо ҷамъ мекарданд. Анна Карднер ном хоҳар ба хотир меорад: «Мо ҳама вақт машғули коре будем. Масалан, вақте ки бародарон дар ҳабс буданд, кори мо ҷамъ кардани имзо буд. Мо хона ба хона гашта, ҳазорҳо имзо ҷамъ намудем! Мо ба одамон мегуфтем, ки он мардон масеҳиёни ҳақиқӣ мебошанд ва ноҳақ ҳабс шудаанд».

АНҶУМАНҲО

Дар он давраи душвор зуд-зуд анҷуманҳо гузаронда мешуданд, ки онҳо ба бародарият қуввати рӯҳонӣ мебахшиданд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин қайд шуда буд: «Дар давоми ин сол зиёда аз чил анҷуман гузаронда шуд. Аз ҳамаи ин анҷуманҳо ҳисоботи рӯҳбаландкунанда фиристода мешуданд. Пештар ҳамаи анҷуманҳо дар охири тобистон ё аввали тирамоҳ мегузаштанд, вале ҳозир бошад, ҳар моҳ мегузаранд».

Одамони самимӣ то ҳол хушхабарро нағз гӯш мекарданд. Дар анҷумане, ки дар шаҳри Кливленд (Оҳайё) баргузор гардид, қариб 1200 кас ҳузур доштанд ва 42 нафар таъмид гирифт. Дар байни таъмидгирандагон ҷавоне буд, ки назар ба бисёр одамони калонсоли ин ҷаҳон Худоро бештар қадр мекард ва худро ба Ӯ бахшид.

ЧӢ ДАР ПЕШ БУД?

Соли 1918 ба охир мерасид, вале Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас намедонистанд, ки онҳоро чӣ интизор аст. Дар Бруклин баъзе моликияти ташкилот фурӯхта шуд ва идораи марказӣ ба Питтсбург (Пенсилвания) кӯчид. Дар муддати ҳабс будани бародарони масъул, гузаронидани вохӯрии солонаи навбатӣ бо иштироки намояндагони ташкилот ба 4 январи соли 1919 ба нақша гирифта шуд. Чӣ дар пеш буд?

Бародарони мо ҷидду ҷаҳди худро суст намекарданд. Онҳо боварии қавӣ доштанд, ки оқибат албатта ҳамааш хуб мешавад. Аз ин рӯ, барои матни солонаи 1919 ояти зеринро интихоб карданд: «Ҳар олоте, ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (Иш. 54:17). Онҳоро дигаргунии калоне интизор буд, ки дар натиҷа имонашонро қавӣ гардонд ва онҳоро барои иҷрои кори бузурге, ки дар пеш буд, қувват бахшид.

^ сарх. 6 Нигаред ба «Солномаи 2017» (рус.), саҳ. 172–176, мақолаи «1917 — Сад сол пеш».

^ сарх. 22 Тарҷумаи ҳоли бародар Чарлз Фекел дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.), аз 1 марти с. 1969, мақолаи «Шодмонӣ аз истодагарӣ дар кори нек» чоп шуда буд.