Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43

Ба Яҳува пурра вафодор бошед!

Ба Яҳува пурра вафодор бошед!

«Худованд Худои ғаюр... аст» (НАҲУМ 1:2).

СУРУДИ 7 Бахшидани худ ба Яҳува

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро Яҳува сазовор аст, ки мо пурра ба Ӯ вафодор бошем?

ЯҲУВА сазовор аст, ки мо пурра ба Ӯ вафодор бошем, чунки Ӯ Офаридгор ва Сарчашмаи ҳаёт аст (Ваҳй 4:11). Лекин хатаре ба мо таҳдид мекунад. Ҳарчанд мо Яҳуваро дӯст медорем ва ҳурмат мекунем, чунин шуданаш мумкин аст, ки мо ба дигар чизҳо дил баста, ба Ӯ сад фоиз вафодор намемонем. Ин чӣ тавр рӯй дода метавонад? Пеш аз ба ин савол ҷавоб додан дар аввал биёед фаҳмем, ки пурра вафодор будан худаш чӣ маъно дорад.

2. Мувофиқи Хуруҷ 34:14 агар пурра ба Яҳува содиқ бошем, мо чӣ кор мекунем?

2 Дар Китоби Муқаддас «ба Худо вафодор будан» маънои онро дорад, ки Ӯро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем. Агар мо пурра ба Яҳува вафодор бошем, мо танҳо Ӯро ибодат хоҳем кард. Мо ба ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз намегузорем, ки дар диламон ҷойи Яҳуваро гирад. (Хуруҷ 34:14 *-ро хонед.)

3. Чаро муҳаббату вафодории мо ба Яҳува кӯр-кӯрона нест?

3 Муҳаббату вафодории мо ба Яҳува кӯр-кӯрона нест, балки ба донише, ки мо дар бораи Ӯ дорем, асос меёбад. Масалан, мо хислатҳои зебо ва нияти олиҷаноби Ӯро дар бораи инсоният фаҳмида бениҳоят хурсанд шудем. Мо донистем, ки Худо чиро дӯст медораду аз чӣ нафрат дорад ва ин меъёрҳои Ӯ ба мо маъқуланд. Яҳува ба мо имконияти пуршараф додааст, ки дӯсташ шавем (Заб. 24:14). Ҳар як чизе ки мо дар бораи Офаридгорамон мефаҳмем, моро ба Ӯ наздиктар месозад (Яъқ. 4:8).

4. а) Иблис барои содиқии моро ба Яҳува суст кардан аз чӣ истифода мебарад? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Иблис ин ҷаҳонро идора карда кӯшиш мекунад, ки онро ба таври ҷолиб нишон диҳад, то мо хоҳишҳои табииамонро ба таври нодуруст қонеъ гардонем ва ба сустиҳои худ дода шавем (Эфс. 2:1–3; 1 Юҳ. 5:19). Мақсади вай меҳри моро аз Яҳува рабудан аст, то мо ба чизҳои дигар дил баста ба Яҳува пурра содиқ намонем. Биёед дида бароем, ки Шайтон бо кадом ду роҳ инро карда метавонад. Якум, вай моро ба васваса меандозад, ки ба пулу чиз меҳр бандем ва дуюм, вақтхушиҳои ношоямро интихоб кунем.

БА ПУЛПАРАСТӢ ДОДА НАШАВЕД

5. Чаро мо бояд эҳтиёт бошем, то ба пул меҳр набандем?

5 Ҳамаи мо табиатан мехоҳем, ки нағз хӯрем, нағз пӯшем ва дар шароити хуб зиндагӣ кунем ва, албатта, барои ҳамаи ин пул даркор аст. Лекин мо бояд эҳтиёт шавем, ки ба пулу чиз меҳр набандем. Бисёр одамони ҷаҳон «пулпараст»-анд ва чизу чораро дӯст медоранд (2 Тим. 3:2). Исо медонист, ки дар пайравони ӯ низ чунин васваса пайдо шуда метавонад. «Ҳеҷ кас ғуломи ду хӯҷаин буда наметавонад,— гуфт ӯ.— Чунки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст медорад, ё якеро эҳтиром карда, дигареро хор медорад. Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед» (Мат. 6:24). Шахсе ки ба Яҳува ибодат мекунаду ҳамзамон аз паси боигарӣ медавад, гӯё ба ду хӯҷаин хизмат мекунад. Ӯ ба Яҳува пурра вафодор буда наметавонад.

Баъзе масеҳиёни лудкия дар бораи худ чӣ фикр мекарданд? Яҳува ва Исо оиди онҳо чӣ фикр доштанд? (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Аз суханоне, ки Исо ба ҷамъомади Лудкия гуфт, мо чӣ меомӯзем?

6 Масеҳиёни ҷамъомади Лудкия каттагӣ карда мегуфтанд: «Ман бой ҳастам ва сарвати зиёде ҷамъ кардааму ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нестам». Вале дар чашми Яҳува ва Исо онҳо «бадбахт, ҳақир, камбағал, кӯр ва бараҳна» буданд. Исо онҳоро на барои бой буданашон, балки барои он сарзаниш кард, ки онҳо пулу боигариро сахт дӯст медоштанд ва ин ба муносибаташон бо Яҳува зарар мерасонд (Ваҳй 3:14–17). Агар мо пай барем, ки дар диламон нисбати пул меҳр пайдо шуда истодааст, мо бояд дарҳол фикрронии худро ислоҳ кунем (1 Тим. 6:7, 8). Агар мо ягон чора наандешем, пулпарастӣ дар диламон реша медавонад, он гоҳ мо мисли пештара Яҳуваро бо тамоми дил ибодат карда наметавонем. Яҳува «Худои рашкнок аст», барои ҳамин аз мо вафодории пурраро талаб мекунад (Такр. Ш. 4:24). Чӣ тавр пул метавонад дар диламон ҷойи Яҳуваро гирад?

7–9. Шумо аз мисоли Давид ном пири ҷамъомад чӣ меомӯзед?

7 Мисоли Давид номи пири ҷамъомадро, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад, дида мебароем. Ӯ нақл мекунад, ки дар ширкате кори хуб дошт, маоши калон мегирифт ва ҳатто яке аз одамони номдори мамлакат буд. «Ман фикр мекардам, ки ҳамаи ин чизҳо баракати Яҳува аст»,— мегӯяд Давид. Лекин оё ҳақиқатан ҳамин хел буд?

8 Бо мурури вақт Давид пай бурд, ки кораш ӯро аз Яҳува дур карда истодааст. «Ман аҳамият додам, ки ҳангоми ҷамъомад ва ҳатто хизмат, дар бораи мушкилиҳои корхона фикр мекунам,— мегӯяд Давид.— Ман пули зиёд кор мекардам, вале асабҳоям торафт хароб мешуд ва дар муносибат бо ҳамсарам душвориҳо пайдо шуданд».

9 Давид дарк кард, ки дар ҳаёташ кадом чиз муҳим буданашро бояд муайян кунад. «Ман қатъиян қарор додам, ки ҳаётамро дигар мекунам»,— мегӯяд ӯ. Давид хост, ки реҷаи корашро дигар кунад ва оиди ин ба сардораш гуфт. Лекин сардораш розӣ нашуд ва дар натиҷа ӯ корашро аз даст дод. Вай чӣ кор кард? «Рӯзи дигар ман барои пешрави ёвар шудан варақа пур кардам»,— мегӯяд ӯ. Барои оилаи худро таъмин кардан Давиду занаш чун фаррош ба кор даромаданд. Чанде пас ӯ пешрави доимӣ гашт ва занаш ҳам баъдтар дар ин намуди хизмат ба ӯ ҳамроҳ шуд. Кори интихоб кардаи ин ҳамсаронро бисёриҳо паст мешуморанд, вале барои онҳо намуди кор он қадар аҳамият надорад. Ҳарчанд даромадашон аз пештара даҳ баробар кам шуд, вале пули онҳо ба рӯпӯш кардани хароҷоти ҳармоҳаашон мерасад. Давиду занаш мехоҳанд, ки Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоранд ва онҳо шахсан боварӣ ҳосил карданд, ки Ӯ дар бораи касоне, ки чизҳои рӯҳониро дар якум ҷо мегузоранд, албатта, ғамхорӣ мекунад (Мат. 6:31–33).

10. Чӣ тавр мо дили худро тафтиш карда метавонем?

10 Хоҳ пули зиёд дошта бошем, хоҳ кам, ҳамаи мо бояд диламонро эҳтиёт кунем, то ки пулдӯст нашавем. Мо набояд гузорем, ки дар ҳаётамон кор назар ба хизмати Яҳува муҳимтар гардад. Бо ёрдами саволҳои зерин мо худро тафтиш карда метавонем: «Оё ҳангоми вохӯриҳои ҷамъомад ва хизмат ман бисёр вақт дар бораи корам фикр мекунам? Оё ман доимо хавотирам, ки дар оянда чӣ хел худро таъмин мекунам? Оё барои пулу чиз шуда байни ману ҳамсарам нофаҳмиҳо сар мезананд? Оё ман тайёрам, кореро, ки дар назари дигарон паст аст, иҷро кунам, то ба Яҳува бисёртар хизмат намоям?» (1 Тим. 6:9–12). Ҳангоми мулоҳиза оиди ин саволҳо биёед фаромӯш накунем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва ба онҳое, ки ба Ӯ вафодоранд, чунин ваъда медиҳад: «Ҳеҷ гоҳ туро намепартоям ва ҳеҷ гоҳ туро танҳо намемонам». Барои ҳамин Павлуси расул гуфт, ки «аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед» (Ибр. 13:5, 6).

ДАР ИНТИХОБИ ВАҚТХУШИҲО ЭҲТИЁТ ШАВЕД

11. Вақтхушӣ ба одам чӣ хел таъсир карда метавонад?

11 Яҳува мехоҳад, ки мо аз ҳаёт хурсандӣ гирем ва вақтхушиҳо дар ҳақиқат метавонанд табъи моро болида созанд. Дар Каломи Худо низ гуфта шудааст: «Барои одамизод чизе хубтар аз ин нест, ки бихӯрад ва бинӯшад ва ҷони худро аз меҳнати худ лаззат диҳад» (Воиз 2:24). Лекин бисёри вақтхушиҳои ҷаҳон ба мо таъсири бад расонда метавонанд. Чунки онҳо ахлоқи одамонро вайрон карда онҳоро бармеангезанд, ки чизҳоеро, ки Яҳува манъ мекунад, раво ҳисобанд ва ҳатто дӯст доранд.

Вақтхушии шумо аз «дастархон»-и кист? (Ба сархатҳои 11–14 нигаред.) *

12. Чаро мувофиқи 1 Қӯринтиён 10:21, 22 мо дар интихоби вақтхушиҳо бояд эҳтиёткор бошем?

12 Мо мехоҳем, ки ба Яҳува пурра содиқ бошем, аз ин рӯ наметавонем ҳам аз «дастархони Яҳува» ва ҳам аз «дастархони девҳо» хӯрок хӯрем. (1 Қӯринтиён 10:21, 22-ро хонед.) Бо касе хӯрок хӯрдан бисёр вақт нишонаи дӯстӣ аст. Агар мо вақтхушиеро интихоб кунем, ки дар он зӯроварӣ, сеҳру ҷоду, бадахлоқӣ ё дигар корҳои ҷисм ва рӯҳияи ин ҷаҳон дида шавад, мо дар асл гӯё бо душманони Худо нишаста хӯрокеро, ки онҳо тайёр кардаанд, мехӯрем. Оқибат аз ин на танҳо худамон зарар мебинем, ҳамчунин муносибати мо бо Яҳува вайрон мешавад.

13, 14. Дар асоси Яъқуб 1:14, 15 вақте ба майнаи мо чизҳои нораво дохил мешаванд, ин чӣ хатар дорад? Мисол оред.

13 Биёед бинем, ки аз кадом ҷиҳатҳо вақтхушӣ ба хӯрок монанд аст. Ҳангоми хӯрок хӯрдан мо интихоб мекунем, ки чиро ба даҳонамон андозем. Вале вақте мо хӯрокро фурӯ мебарем, ҳазми он сар мешавад ва мо таъсири онро дигар идора карда наметавонем. Истеъмоли ғизои солим саломатии моро беҳтар мекунад, вале аз истеъмоли хӯроки зараровар саломатии мо бад мешавад. Таъсири онро мо шояд дар як шаб нафаҳмем, лекин бо гузашти вақт он, албатта, маълум мегардад

14 Чун дар мавриди хӯрок ҳангоми интихоби вақтхушӣ низ ихтиёр дар дасти худамон аст, ки ба майнаи худ чиро роҳ диҳему чиро не. Баъди он ки мо аллакай онро гӯш кардем, ё тамошо кардем, мо таъсирашро дигар идора карда наметавонем. Хоҳем нахоҳем он ба ақлу дили мо таъсир мекунад. Вақтхушии фоиданок ба мо тароват ва хурсандӣ мебахшад, вақтхушии бад бошад, зарар мерасонад. (Яъқуб 1:14, 15-ро хонед.) Таъсири вақтхушии бадро мо шояд дарҳол нафаҳмем, вале оқибат он, албатта, аён мегардад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро масхара кунанд. Он чӣ одам мекорад, ҳамонро дарав хоҳад кард. Касе, ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм нобудшавиро медаравад» (Ғал. 6:7, 8). Аз ин рӯ ҳама вақтхушиҳоеро, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, рад намоед (Заб. 96:10).

15. Яҳува ба мо чӣ гуна тӯҳфа додааст?

15 Аксарияти мо аз тамошои барномаҳои шабакаи интернет-телевизионии JW Broadcasting® баҳра мегирем. Ин барои мо ғизои солим аст. Хоҳаре бо номи Мэрилин дар ин бора мегӯяд: «Барномаҳои ин шабака ба ман ёрдам доданд, ки хушбахттар шавам ва ман ҳар яки онро чашм наканда тамошо мекунам. Вақте ман худро танҳову рӯҳафтода ҳис мекунам, тамошои нутқҳои ибодати пагоҳирӯзӣ маро рӯҳбаланд мекунанд. Баъди ин ман худро ба Яҳува ва ташкилоташ наздиктар ҳис мекунам. Хулоса, қабули ин ғизоҳои рӯҳонӣ ҳаёти маро тамоман дигар кард». Оё шумо низ аз ин атои Яҳува баҳра мебаред? Дар шабакаи интернет-телевизионии JW Broadcasting ҳар моҳ барномаҳои нав ба нав баромада меистанд, масалан, аудио ва видео барномаҳо ва суруду таронаҳои рӯҳбаландкунанда, ки мо онҳоро дар вақти дилхоҳ монда метавонем.

16, 17. Чаро мо бояд назорат кунем, ки чӣ қадар вақтамон барои дилхушӣ сарф мешавад ва инро бо кадом роҳ карда метавонем?

16 Мо бояд на танҳо дар мавриди чӣ гуна вақтхушиҳоро интихоб кардан эҳтиёткор бошем, ҳамчунин бояд назорат кунем, ки чӣ қадар вақтро ба онҳо сарф мекунем. Агар мо инро назорат накунем, аз хизмати Яҳува дида ба дилхушӣ вақтамон зиёдтар сарф мешавад. Ба бисёриҳо душвор аст, ки дар бобати чӣ қадар вақтхушӣ кардан худро идора кунанд. Хоҳари 18-солае бо номи Абиҷайл мегӯяд: «Дар охири рӯзи пур аз давутоз тамошои телевизор хастагиамро мебарорад. Лекин агар худамро идора накунам, соатҳои дароз телевизор тамошо карда мешинам». Бародаре бо номи Сэмуил мегӯяд: «Баъзан ман як видеонавори кӯтоҳ тамошо мекунам, гуфта ба интернет медарояму худам нафаҳмида мемонам, ки чӣ хел се–чор соат вақтам гузаштааст».

17 Шумо чӣ тавр худро идора карда метавонед, то ки вақти зиёдатон ба вақтхушӣ наравад? Аввал бояд муайян кунед, ки дар як ҳафта чӣ қадар вақтатон барои вақтхушӣ сарф мешавад. Дар давоми ҳафта дар блокнот ё тақвим қайд кунед, ки чанд соатро шумо ҳар рӯз барои тамошои телевизор, интернет, бозиҳои электронӣ ва вохӯриҳои дӯстона сарф кардед. Сипас дар охири ҳафта қайдҳои худро аз назар гузаронед. Агар шумо пай баред, ки барои вақтхушиҳо аз ҳад зиёд вақт сарф кардаед, пас реҷа тартиб диҳед. Дар он якум корҳои аввалиндараҷа ва муҳимро нависед, ва ана баъд ба дилхушӣ вақт ҷудо кунед. Пас аз ҳамаи ин қадамҳоро гузоштан ҳатман ба Яҳува дуо гӯед, то ки мувофиқи нақшаатон амал карда тавонед. Ҳамин тавр карда шумо ба омӯзиши шахсӣ, ибодати оилавӣ, ҷамъомад ва хизмат вақту қуввати кофӣ ҷудо карда метавонед. Илова бар ин шумо аз вақтхушӣ бисёртар қаноатмандӣ мегиред, чунки иродаи Яҳуваро дар якум ҷо мондед.

ТО ОХИР БА ЯҲУВА ВАФОДОР БОШЕД

18, 19. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува пурра вафодорем?

18 Петруси расул баъди он ки дар бораи анҷоми ҷаҳони Шайтон ва наздик будани дунёи нав навишт, чунин гуфт: «Бинобар ин, эй азизон, модоме ки ин чизҳоро интизор ҳастед, саъю кӯшиш намоед, то Худо шуморо оқибат покизаву беайб ва дар сулҳу осоиштагӣ ёбад» (2 Пет. 3:14). Вақте мо ба ин маслиҳат гӯш медиҳем ва барои ахлоқан ва рӯҳан пок мондан ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува пурра вафодорем.

19 Шайтон ва ҷаҳони вай моро доимо ба васваса андохтан мехоҳанд, то мо дар ҳаётамон Яҳуваро нею дигар чизҳоро дар ҷойи аввал монем (Луқ. 4:13). Вале мо ба ҳеҷ кас ва ба ҳеҷ чиз намегузорем, ки дар диламон ҷойи Яҳуваро гирад. Мо бо иродаи қавӣ ба Яҳува пурра вафодор монданием, чунки танҳо Ӯ ба ин сазовор аст!

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

^ сарх. 5 Мо ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшидаем. Вале оё гуфтан мумкин аст, ки мо пурра ба Ӯ вафодорем? Масалан, ин аз он маълум мегардад, ки мо ба пулу вақтхушӣ чӣ хел муносибат мекунем. Қарорҳои мо оиди ин ду чиз нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза мо ба Яҳува вафодорем.

^ сарх. 2 Вақте Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува «Худои ғаюр» аст, ин маънои онро дорад, ки Ӯ мехоҳад, ки мо танҳо Ӯро ибодат кунем.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМҲО: Мо хӯрокеро, ки дар ошхонаи чиркину ифлос тайёр шудааст, албатта, намехӯрем. Пас набояд ақлу дили худро бо вақтхушиҳое, ки зӯроварӣ, сеҳру ҷоду ва бадахлоқиро дар бар мегиранд, нопок созем.