Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35

Яҳува одамони фурӯтанро қадр мекунад

Яҳува одамони фурӯтанро қадр мекунад

«Худо... ба фурӯтанон лутфу марҳамат мекунад» (1 ПЕТ. 5:5).

СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува ба одамони фурӯтан чӣ гуна муносибат мекунад? Фаҳмонед.

ЯҲУВА одамони фурӯтанро дӯст медорад. Танҳо касоне, ки дар ҳақиқат ҳам фурӯтананд, бо Ӯ дӯсти наздик шуда метавонанд. Вале Худо «ба ҳавобаландон муқобил аст» (1 Пет. 5:5). Албатта, ҳамаи мо мехоҳем, ки ба Яҳува писанд оем ва бо Ӯ наздик бошем. Пас, барои ин бояд дар худ фурӯтанӣ инкишоф диҳем.

2. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

2 Дар ин мақола мо се саволро муҳокима мекунем: 1) Фурӯтанӣ чист? 2) Чаро инкишоф додани ин хислат хеле муҳим аст? 3) Дар кадом вазъиятҳо фурӯтании мо озмуда мешавад? Инчунин аз давоми мақола мебинем, ки фурӯтан будани мо ҳам дили Яҳуваро шод мегардонад, ҳам бар фоидаи худи мост (Мас. 27:11; Иш. 48:17).

ФУРӮТАНӢ ЧИСТ?

3. Шахси фурӯтан чӣ гуна аст?

3 Шахси фурӯтан худро боло намегирад ва ҳавобаланд нест. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки одами фурӯтан дарк мекунад, ки то чӣ андоза Яҳува аз ӯ бузург аст; ӯ худро аз одамони дигар муҳим намешуморад. Ҳамчунин вай тан мегирад, ки дигарон аз ин ё он ҷиҳат аз ӯ беҳтаранд (Флп. 2:3, 4).

4, 5. Чаро одаме, ки ба назар фурӯтан метобад, шояд на ҳама вақт фурӯтан аст?

4 Баъзе одамон танҳо ба назар фурӯтан метобанд. Мумкин онҳо шахси шармгинанд ё маданияти маҳаллашон талаб мекунад, ки бо дигарон хушмуомила бошанд. Вале дар ботин онҳо шояд одами хеле ҳавобаланданд. Чизе ки набошад, дер ё зуд аслан чӣ гуна инсон будани шахс маълум мегардад (Луқ. 6:45).

5 Аз дигар тараф, одамоне, ки ба қуввату қобилияти худ боварӣ доранд ё рӯйирост фикрашонро мегӯянд, на ҳама вақт ҳавобаланданд (Юҳ. 1:46, 47). Лекин чунин касон бояд эҳтиёт шаванд, то фақат ба қобилиятҳои худ такя накунанд. Хоҳ мо гапдону кордон бошем, хоҳ не, ба ҳар яки мо лозим аст, ки фурӯтанӣ инкишоф диҳем.

Павлуси расул худро аз дигарон боло намегирифт (Ба сархати 6 нигаред.) *

6. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 15:10 мо аз намунаи Павлус чӣ омӯхта метавонем?

6 Дар бораи мисоли Павлуси расул фикр кунед. Яҳува ӯро дар хизмати худ бисёр истифода бурд. Павлус шаҳр ба шаҳр гашта ҷамъомадҳои нав ташкил менамуд. Ӯ дар хизмати Худо ҳатто назар ба дигар расулони Исо шояд корҳои зиёдтарро ба анҷом расонда буд. Вале ӯ худро аз дигар бародарон боло намегирифт. Ӯ фурӯтанона иқрор шуда гуфт: «Ман хурдтарини расулон ҳастам ва сазовори он нестам, ки расул номида шавам, чунки ҷамъомади Худоро таъқиб мекардам» (1 Қӯр. 15:9). Сипас Павлус гуфт, ки муносибати наздики бо Яҳува доштааш на ба туфайли қобилиятҳо ва комёбиҳои худ, балки ба туфайли лутфу марҳамати Худо мебошад. (1 Қӯринтиён 15:10-ро хонед.) Павлус дар фурӯтанӣ намунаи хуб буд. Вақте ӯ ба масеҳиёни Қӯринт нома навишт, аз корҳои кардааш худситоӣ накард, ҳарчанд баъзеҳо дар ҷамъомад кӯшиш мекарданд, ки аз Павлус боло буданашонро исбот кунанд (2 Қӯр. 10:10).

Карл Клейн бародари фурӯтане буд, ки дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат кардааст (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чӣ тавр як бародари дар ташкилот номдор фурӯтанӣ нишон дод?

7 Ба бисёр бародару хоҳарон хондани тарҷумаи ҳоли бародар Карл Клейн шавқовар аст. Ӯ дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда буд. Дар тарҷумаи ҳолаш бародар Клейн фурӯтанона ва ошкоро нақл кардааст, ки чӣ гуна камбудиҳо ва душвориҳо дошту солҳои зиёд бо онҳо мубориза мебурд. Масалан, соли 1922 вай бори аввал ба хизмати хона ба хона рафт. Ин намуди хизмат барояш чунон мушкил буд, ки баъди ин вай қариб ду сол хона ба хона хизмат накард. Баъдтар, вақте ки ӯ дар Байт-Ил хизмат мекард, бародаре вайро ислоҳ карданӣ шуда ба ӯ маслиҳат дод ва аз ин ӯ сахт ранҷида дурудароз хафа шуда гашт. Боз бародар Клейн мегӯяд, ки асабҳояш хароб шуда буданд ва баъдтар ӯ сиҳат шуд. Тасаввур кунед, ки ба чунин бародари дар ташкилот номдор чӣ қадар фурӯтанӣ лозим буд, ки дар бораи ҳамаи ин чизҳо кушоду равшан нақл кунад. Бисёр бародару хоҳарон бародар Клейн ва тарҷумаи ҳоли ӯро бо некӣ ба ёд меоранд *.

ЧАРО ИНКИШОФ ДОДАНИ ФУРӮТАНӢ МУҲИМ АСТ?

8. Чӣ тавр 1 Петрус 5:6 мефаҳмонад, ки одами фурӯтан ба Яҳува писанд аст?

8 Сабаби муҳимтарин барои инкишоф додани фурӯтанӣ ин аст, ки мо ба Яҳува писанд омадан мехоҳем. Петруси расул ин чизро равшан қайд кард. (1 Петрус 5:6-ро хонед.) Оиди суханони ин оят дар китоби «Биё ва маро пайравӣ кун» (рус.) чунин гуфта шудааст: «Мағрурӣ мисли заҳр аст. Оқибати он ҳалокатовар буда метавонад. Агар одам хеле қобилиятнок бошаду лекин мағрур бошад, дар пеши Худо ҳеҷ аст. Лекин агар шахс қобилиятҳои барҷаста надошта бошаду фурӯтан бошад, дар пеши Худо қадри баланд дорад... Яҳува одамони фурӯтанро бо хурсандӣ баракат медиҳад» *. Бале, магар аз шод кардани дили Яҳува чизи беҳтаре ҳаст? (Мас. 23:15).

9. Чаро бо шахси фурӯтан ба мо муошират кардан маъқул аст?

9 Боз як сабаби инкишоф додани фурӯтанӣ ин аст, ки ин ба худи мо бисёр манфиат меорад. Масалан, агар мо фурӯтан бошем, дигарон бо мо муошират кардан мехоҳанд. Чаро? Охир, ба худи мо ҳам бо одамони меҳрубону фурӯтан муошират кардан маъқул аст, ҳамин тавр-не? (Мат. 7:12). Бо касе ки доим гапи худашро мегузаронад ва фикру пешниҳоди дигаронро қабул намекунад, қариб ҳеҷ кас сарукор доштан намехоҳад. Баръакс, муошират бо бародару хоҳароне, ки «ҳамдард, бародардӯст, дилсӯз ва фурӯтан»-анд, ба мо тароват мебахшад (1 Пет. 3:8). Пас, агар мо ҳам фурӯтан бошем, дигарон низ сӯйи мо майл мекунанд.

10. Фурӯтан будан чӣ тавр ҳаёти моро сабуктар мегардонад?

10 Фурӯтан будан инчунин зиндагии моро сабуктар мекунад. Пӯшида нест, ки мо баъзан дар ҳаёт беадолатӣ ва беинсофиро мушоҳида мекунем. Подшоҳи хирадманд Сулаймон гуфт: «Ғуломонро бар аспон дидам, ва миронро ки мисли ғуломон бар замин пиёда мегаштанд» (Воиз 10:7). Одамони ҳақиқатан қобилиятнок на ҳама вақт ба таври шоиста қадрдонӣ карда мешаванд. Ва онҳое, ки он қадар саводу қобилият надоранд, болобардору сарфароз мегарданд. Лекин мо дунёро дигар карда наметавонем. Ҳатто Сулаймон дарк мекард, ки ҳаётро бояд бо ранги сиёҳу сафедаш қабул кунем ва аз чизҳои манфӣ сахт зиқ нашавем (Воиз 6:9). Хулоса, одами фурӯтан зиндагиро чи хеле ки ҳаст, қабул мекунад ва вақте ягон чиз ба хости дилаш намешавад, аз ин рӯҳафтода намегардад.

ДАР КАДОМ ВАЗЪИЯТҲО ФУРӮТАНИИ МО ОЗМУДА МЕШАВАД?

Дар чунин вазъиятҳо чӣ тавр фурӯтании мо озмуда мешавад? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) *

11. Вақте ба мо маслиҳат медиҳанд, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

11 Ҳар рӯз мо бо вазъиятҳое дучор мешавем, ки фурӯтан будан ё набудани мо маълум мегардад. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем. Масалан, вақте касе ба мо маслиҳат медиҳад, мо чӣ тавр рафтор мекунем? Хуб мебуд дар ёд дорем, ки агар касе ҷуръат карда моро насиҳат кунад, пас камбудии мо эҳтимол андак набуд. Одатан вақте хатоямонро ба рӯямон мегӯянд, мо дарҳол худро сафед карда маслиҳатро рад карданӣ мешавем; он шахс ё тарзи гапзаниашро танқид мекунем. Лекин фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, ки маслиҳатро бо омодагӣ қабул кунем.

12. Мувофиқи Масалҳо 27:5, 6 чаро мо бояд маслиҳатро бо миннатдорӣ қабул кунем? Мисол оред.

12 Шахси фурӯтан барои маслиҳат миннатдор мешавад. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо ба ҷамъомад омадеду бо якчанд бародару хоҳар сӯҳбат доред. Чанде пас яке аз онҳо шуморо ба кунҷе ҷеғ зада мегӯяд, ки дар дандонатон чизе дармондаасту безеб метобад. Албатта, шумо аз ин каме изо мекашед, вале барои бохабар карданаш аз ӯ миннатдор мешудед. Шояд ба худ мегуфтед, ки «кошки ягон кас инро барвақттар мегуфт». Ба ин монанд, вақте ягон ҳамимон ҷуръат карда ба мо маслиҳати даркорӣ медиҳад, мо бояд фурӯтанона қабул кунем ва аз ӯ миннатдор бошем. Он шахс дӯсти мо аст, на бадхоҳи мо. (Масалҳо 27:5, 6-ро хонед; Ғал. 4:16.)

Чаро вақте дигарон соҳиби таъйинот мешаванд, ба мо фурӯтанӣ лозим аст? (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.) *

13. Вақте ягон бародар ё хоҳар соҳиби таъйинот мегардад, мо чӣ тавр фурӯтанӣ нишон дода метавонем?

13 Вақте дигарон соҳиби таъйинот мегарданд. Ҷейсон ном пири ҷамъомад мегӯяд: «Вақте мебинам, ки ба дигарон ягон таъйинот ё супориш дода мешавад, баъзан ҳайрон шуда ба худ мегӯям, ки чаро ба ман надоданд». Оё бо шумо ҳам чунин мешавад? Албатта, хоҳиши ба Яҳува зиёдтар хизмат кардан ягон бадӣ надорад (1 Тим. 3:1). Лекин мо бояд фикрҳои худро назорат кунем. Чунки агар эҳтиёт нашавем, дар диламон ҳисси ғурур ва шӯҳратпарастӣ пайдо шуда метавонад. Масалан, дар сари ягон бародар чунин фикр пайдо шуданаш мумкин аст, ки ягон кор ё таъйинотро ӯ аз ҳама беҳтар иҷро карда метавонад. Ё хоҳаре шояд фикр кунад, ки «аз фалону бисмадон дида шавҳари ман қобилиятнок аст!» Агар мо дар ҳақиқат фурӯтан бошем, аз чунин фикрҳои ҳавобаландона канорагирӣ мекунем.

14. Вақте дигарон соҳиби таъйинот шуданд, Мӯсо чӣ гуна муносибат кард ва мо аз ӯ чӣ омӯхта метавонем?

14 Дар ин бобат ҳазрати Мӯсо барои мо намунаи хуб аст. Ӯ пешвои халқи Исроил буд ва ин таъйиноташро қадр мекард. Вале вақте Яҳува ба дигарон қобилият бахшид, ки баъзе корҳои Мӯсоро бар ӯҳдаи худ гиранд, ӯ аз ин ҳасад набурд (Ад. 11:24–29). Баръакс, Мӯсо аз фурӯтанӣ гузошт, ки дигарон низ халқро доварӣ кунанд (Хур. 18:13–24). Дар натиҷа мардони бештар метавонистанд арзу доди халқро гӯш кунанд ва ба исроилиён лозим набуд, ки барои кори худро буд кардан дурудароз интизор шаванд. Ин нишон медиҳад, ки Мӯсо бештар дар бораи беҳбудии халқ фикр мекард, на дар бораи мавқею эътибори худ. Чӣ намунаи хуб аст ӯ барои мо! Дар ёд доред: «Агар хоҳем, ки барои Яҳува даркорӣ бошем, ба мо на қобилиятҳои зиёд, балки фурӯтанӣ доштан муҳимтар аст. Ҳарчанд Яҳува баланд аст, Ӯ “ба фурӯтанон лутфу марҳамат мекунад”» (1 Пет. 5:5; Заб. 137:6).

15. Чӣ тавр вазъияти бисёр бародару хоҳарон тағйир ёфт?

15 Вақте мо бо вазъиятҳои нав рӯ ба рӯ мешавем. Таи солҳои охир таъйиноти бисёр бародару хоҳароне, ки даҳсолаҳо чун ходими пурравақт хизмат мекарданд, дигар шуд. Масалан, соли 2014 ташкилот қарор баровард, ки дигар ба хизмати нозирони вилоятӣ зарурият нест, барои ҳамин таъйиноти он бародарон ва занонашон дигар шуд. Инчунин ҳамон сол қарор бароварда шуд, ки нозирони ноҳиявӣ баъди синни ҳафтод дигар ин хизмати худро давом намедиҳанд. Ва бародарони 80-сола ё аз ин боло низ дигар дар ҷамъомад чун координатори ҳайати пирон хизмат карда наметавонанд. Ғайр аз ин чанд соли охир бисёр ходимони Байт-Ил пешрав таъйин карда шуданд. Баъзеҳо бошанд, аз сабаби заиф шудани саломатӣ, масъулиятҳои оилавӣ ё дигар сабабҳо хизмати пурравақтро давом дода натавонистанд.

16. Бародару хоҳарони мо ҳангоми дигар шудани вазъияташон чӣ тавр фурӯтанӣ зоҳир карданд?

16 Барои бисёри он бародару хоҳарон қабул кардани ин дигаргуниҳо осон набуд. Ба аксарияти онҳо аз таъйиноти пештараашон дил кандан душвор буд, чунки солҳои зиёд онро ба ҷо меоварданд. Ҳатто баъзеи онҳо то ба вазъияти нав мутобиқ шудан гӯё мотам гирифтанд. Лекин бо гузашти вақт онҳо ба ин дигаргунӣ одат карданд. Чӣ ба онҳо ёрдам кард? Муҳаббат ба Яҳува. Онҳо мефаҳмиданд, ки худро ба Худо бахшидаанд, на ба ягон кор ё таъйинот (Қӯл. 3:23). Онҳо хурсандона ва бо фурӯтанӣ дар куҷое набошад, ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳанд. Ин бародару хоҳарон «ҳамаи ғамҳои дили худро ба Худо» мепартоянд, зеро медонанд, ки Ӯ ба онҳо ғамхорӣ мекунад (1 Пет. 5:6, 7).

17. Барои чӣ мо аз Худо миннатдорем, ки бо воситаи Каломаш моро ба фурӯтан будан бармеангезад?

17 Мо аз Худо беҳад миннатдорем, ки бо воситаи Каломаш моро ба фурӯтан будан бармеангезад! Вақте мо ин хислати зеборо дар худ инкишоф медиҳем, мо ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон манфиат меорем. Ҳамчунин агар фурӯтан бошем, душвориҳои ҳаёт қомати моро намешикананд. Аз ҳама муҳимаш, бо доштани фурӯтанӣ мо ба Падари осмониамон наздиктар мешавем. То чӣ андоза мо хурсандем, ки ҳарчанд Яҳува «Олӣ ва Баланд» аст, хизматгорони фурӯтанашро дӯст медорад ва қадр мекунад (Иш. 57:15).

СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман

^ сарх. 5 Яке аз хислатҳои муҳиме, ки мо бояд инкишоф диҳем, ин фурӯтанӣ аст. Фурӯтан будан чӣ маъно дорад? Чаро мо бояд ин хислатро инкишоф диҳем? Дар кадом вазъиятҳо фурӯтан будани мо озмуда мешавад? Ин саволҳоро мо дар мақолаи мазкур дида мебароем.

^ сарх. 7 Тарҷумаи ҳоли бародар Карл Клейн дар «Бурҷи дидбонӣ» (англ.) аз 1-уми октябри с. 1984 баромада буд. Номи мақола чунин аст: «Яҳува ҳама вақт бо ман меҳрубон буд». Ҳамчунин нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми майи с. 2001, саҳ. 31 (рус.)

^ сарх. 8 Ба боби 3, сархати 23 нигаред.

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Павлуси расул дар хонаи як бародар меҳмон аст, ӯ бо ҳамимонон, аз он ҷумла бо кӯдакон фурӯтанона сӯҳбат мекунад.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре аз бародари ҷавонтар маслиҳати бар Китоби Муқаддас асосёфтаро қабул карда истодааст.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Бародари калонсол аз он ки бародари ҷавон дар ҷамъомад таъйинот дорад, ҳасад намебарад.