Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36

Оё шумо барои «сайёди одамон» шудан тайёред?

Оё шумо барои «сайёди одамон» шудан тайёред?

«Натарс, минбаъд одамони зиндаро мисли моҳӣ сайд хоҳӣ кард» (ЛУҚ. 5:10).

СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!

ПЕШГУФТОР *

1. Исо чор моҳигирро ба чӣ даъват кард ва онҳо чӣ гуна муносибат намуданд?

ПЕТРУС, Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно бо касби моҳигирӣ машғул буданд. Исо онҳоро дида гуфт: «Аз паси ман биёед ва ман шуморо сайёди одамон * мегардонам». Ин даъват хеле ҳаяҷонбахш буд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Онҳо ҳамон замон тӯрҳои худро монда, ӯро пайравӣ карданд» (Мат. 4:18–22). Ин қарор ҳаёти онҳоро ба куллӣ тағйир дод. Акнун онҳо моҳӣ не, балки «одамони зиндаро сайд» мекарданд (Луқ. 5:10). Дар рӯзҳои мо низ Исо шахсони самимӣ ва дӯстдорони ҳақиқатро ба ин кор даъват мекунад (Мат. 28:19, 20). Оё шумо ин даъватро қабул кардаед?

2. Чаро пеш аз сайёди одамон шудан дар ин бора ҷиддӣ бояд фикр кард ва ба гузоштани ин қадам чӣ кӯмак мекунад?

2 Мумкин шумо чанд вақт боз Китоби Муқаддасро омӯзиш мекунед ва ба ҳаётатон дигаргуниҳо даровардед, лекин ба воизи хушхабар шудан ҳоло ҷуръат намекунед. Агар ин хел бошад, рӯҳафтода нашавед! Шояд шумо аз он сабаб дудилаед, ки ҷиддӣ будани ин қарорро дарк мекунед. Рост аст, ки Петрус ва ҳамроҳонаш бо баробари даъвати Исоро шунидан «ҳамон замон» тӯрҳои худро монда аз пайи ӯ равона шуданд. Лекин онҳо беандеша рафтор накарданд. Зеро шаш моҳ пеш аз ин Петрусу бародараш бо Исо шинос шуда ба Масеҳ будани ӯ имон оварда буданд (Юҳ. 1:35–42). Шумо ҳам эҳтимол дар бораи Яҳува ва Исо аллакай бисёр чизҳоро омӯхтед ва боз рӯҳан пешравӣ кардан мехоҳед. Вале пеш аз воиз шудан шумо бояд нағз андеша карда «харҷи» онро ҳисоб кунед. Чӣ ба Петрус, Андриёс ва дигарон кӯмак кард, ки даъвати Исоро қабул намуда сайёди одамон шаванд?

3. Кадом хислатҳо ёрӣ медиҳанд, ки даъвати Исоро бо ҷону дил қабул кунед?

3 Шогирдони аввалини Исо дар кори моҳигирӣ боғайрат буданд, онро хуб медонистанд, далерӣ доштанд ва барои ин касб ҳаёти худро ба реҷа дароварда буданд. Маҳз ин хислатҳо ба онҳо ёрӣ дод, ки сайёди хуби одамон шаванд. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр шумо метавонед ин хислатҳоро дар худ инкишоф дода дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ усто шавед.

ХОҲИШ ВА ҒАЙРАТИ ХУДРО ЗИЁД ГАРДОНЕД

Петрус ва дигарон сайёди одамон гаштанд. Ин кори муҳим то рӯзҳои мо давом дорад (Ба сархатҳои 4 ва 5 нигаред.)

4. Чаро Петрус моҳигир буд?

Петрус моҳӣ сайд карда бо ин роҳ оилаашро таъмин менамуд, вале ин барои ӯ на фақат кор, балки ҳамчунин машғулияти дӯстдошта буд (Юҳ. 21:3, 9–15). Вале ӯ «сайёди одамон» буданро низ дӯст дошт. Ва бо дастгирии Яҳува ӯ дар ин кор хеле моҳир гашт (Аъм. 2:14, 41).

5. Агар гуфтаҳои Луқо 5:8–11-ро ба назар гирем, Петрус аз чӣ ба тарс омад ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба дудилагӣ ғолиб оем?

5 Мо Яҳуваро дӯст медорем ва пеш аз ҳама барои ҳамин мавъиза кардан мехоҳем. Ҳатто баъзан худро мавъизачии моҳир ҳис намекунем ҳам, муҳаббат ба Худо ба мо ёрдам мекунад, ки дар бораи Ӯ ба дигарон гап занем. Вақте Исо Петрусро ба сайёди одамон шудан даъват кард, ба вай гуфт: «Натарс». (Луқо 5:8–11-ро хонед.) Петрус наметарсид, ки агар шогирди Исо шавад, бо ӯ чӣ рӯй медиҳад. Вай аз он мӯъҷизае, ки навакак Исо ба амал овард, сахт ба ҳайрат афтода буд, зеро бо ёрии Исо онҳо моҳии беҳад зиёд сайд намуданд. Петрус барои бо Исо ҳамкорӣ кардан худро носазовор меҳисобид, барои ҳамин тарс дошт. Шумо бошед, мумкин хавотиред, ки аз ӯҳдаи шогирди Исо будан баромада наметавонед. Агар чунин бошад, муҳаббати худро ба Яҳува, Исо ва одамон қавӣ гардонед. Ана он гоҳ хоҳиш ва ғайрати шумо зиёд мегардад, ки даъвати Исоро қабул карда сайёди одамон шавед (Мат. 22:37, 39; Юҳ. 14:15).

6. Боз кадом чизҳо хоҳиши мавъизакуниро дар дили мо зиёд мегардонанд?

6 Боз аз кадом сабабҳо мо мавъиза мекунем? Мо мехоҳем ба амри Исо итоат кунем, зеро ӯ гуфт: «Равед ва... шогирд тайёр кунед» (Мат. 28:19, 20). Инчунин мо мебинем, ки одамон имрӯз «монанди гӯсфандони бечӯпон захмдор ва пароканда»-анд ва ба шунидани хушхабар оиди Подшоҳии Худо беҳад мӯҳтоҷанд (Мат. 9:36). Яҳува мехоҳад, ки ҳама гуна одамон дар бораи ҳақиқат дониш гиранд ва наҷот ёбанд (1 Тим. 2:4).

7. Чӣ тавр Румиён 10:13–15 қайд мекунад, ки кори мавъиза муҳим аст?

7 Оиди натиҷаҳои кори мавъиза мулоҳиза ронда мо бо майли бештар ба ин кори наҷотбахш дасту остин бармезанем. Моҳигирон моҳиҳоро барои фурӯхтан ё хӯрдан сайд мекунанд, мо бошем, одамонро бо мақсади наҷот додан «сайд» мекунем. (Румиён 10:13–15-ро хонед; 1 Тим. 4:16).

МАВЪИЗА КАРДАНРО ХУБТАР ЁД ГИРЕД

8, 9. Моҳигир бояд чиро донад ва чаро?

8 Дар рӯзҳои Исо моҳигирони исроилӣ бояд медонистанд, ки кадом намуди моҳиро барои хӯрдан қапидан мумкину кадомашро не (Ибд. 11:9–12). Боз онҳо бояд медонистанд, ки моҳӣ дар куҷо зиёд аст, зеро моҳиҳо одатан дар ҷойе бисёранд, ки обаш ба онҳо маъқул ва ғизо зиёд аст. Вақти ба моҳиқапӣ рафтанро низ ба назар гирифтан муҳим буд. Боре воизи маҳаллӣ аз ҷазираи Уқёнуси Ором бародари миссионерро ба моҳиқапӣ таклиф кард. Он миссионер гуфт: «Саҳар соати нӯҳ вохӯрем, мешавад?» Бародар дар ҷавоб гуфт: «Не ҷӯра, ба моҳигирӣ на он вақт рафтан даркор, ки ба мо қулай аст, балки вақте рафтан лозим, ки ба моҳикапӣ мувофиқ аст».

9 Ба ин монанд онҳое, ки дар асри як «сайёди» одамон буданд, дар ҷой ва вақти муносиб одамонро «сайд» менамуданд. Масалан, онҳо дар маъбад, ибодатгоҳҳо, хона ба хона ва дар бозорҳо мавъиза мекарданд (Аъм. 5:42; 17:17; 18:4). Мо ҳам бояд донем, ки дар маҳалли мо одамонро бештар дар куҷо вохӯрдан мумкин ё кай онҳо бештар дар хонаанд. Сипас, хуб мебуд, ки реҷаи худро ба ин мутобиқ гардонда ҳамон вақт ба хизмат бароем (1 Қӯр. 9:19–23).

МОҲИГИРОНИ МОҲИР...1. медонанд, ки кай ва дар куҷо моҳӣ ёфтан мумкин аст ва дар ҳамон вақт ба сайд мераванд (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

10. Ташкилоти Яҳува ба мо чиро муҳайё сохтааст?

10 Моҳигир барои қапидани моҳӣ бояд асбобу лавозимоти даркорӣ дошта бошад ва чӣ тавр истифода бурдани онҳоро донад. Мо ҳам барои иҷрои кори мавъиза бо худ бояд асбобҳои лозимаро дошта бошем ва тарзи истифодабарии онҳоро донем. Исо ба шогирдонаш дастуроти аниқ дод, ки ҳангоми хизмат бо худ чӣ гиранд, ба куҷо раванд ва чӣ гӯянд (Мат. 10:5–7; Луқ. 10:1–11). Имрӯз, ташкилоти Яҳува барои хуб иҷро кардани хизматамон ба мо «Маводи таълимӣ» * муҳайё кардааст ва тарзи ба кор бурдани онҳоро ёд медиҳад. Истифодабарии онҳоро омӯхта мо ба худ боварии бештар пайдо мекунем ва дар хизмат маҳоратамонро сайқал медиҳем (2 Тим. 2:15).

МОҲИГИРОНИ МОҲИР...2. истифода бурдани асбобу лавозимоти даркориро хуб медонанд (Ба сархати 10 нигаред.)

ДАЛЕРӢ ИНКИШОФ ДИҲЕД

11. Чаро ба «сайёди одамон» далер будан лозим аст?

11 Ба моҳигирони савдогар одатан далерӣ лозим аст. Зеро бисёр вақт онҳо шабона кор мекунанд ва баъзан ногаҳон обу ҳаво тағйир ёфта тӯфон хестанаш мумкин аст. Барои «сайёди одамон» будан низ далерӣ лозим аст. Вақте мо мавъиза карданро сар мекунем ва худро чун Шоҳиди Яҳува муаррифӣ мекунем, аз тарафи оила, хешу табор ва шиносон тӯфони таъқибот ба амал омада метавонад. Онҳо шояд зиддият нишон диҳанд, моро масхара кунанд ва гӯш кардан нахоҳанд. Аз ин мо ҳайрон намешавем. Чунки Исо огоҳ карда буд, ки пайравонаш бо нафрати дигарон дучор шуда метавонанд (Мат. 10:16).

12. Мувофиқи Еҳушаъ ибни Нун 1:7–9 чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки далер бошем?

12 Чӣ тавр шумо далерӣ пайдо карда метавонед? Якум, боварии қавӣ дошта бошед, ки Исо ба кори мавъиза то ҳол аз осмон роҳбарӣ мекунад (Юҳ. 16:33; Ваҳй 14:14–16). Инчунин, Яҳува ваъда додааст, ки ҳатман дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад. Ба ин ваъда имони қавӣ доштан ба шумо далерӣ мебахшад (Мат. 6:32–34). Чи қадаре ки имонатон мустаҳкам гардад, шумо ҳамон қадар бештар ҷасур мегардед. Вақте Петрус ва ҳамроҳонаш касби моҳигириро партофта аз пайи Исо равона шуданд, онҳо имони беҳамто нишон доданд. Шумо низ вақте ба шиносон ва аъзоёни оила хабар додед, ки бо Шоҳидон омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардед ва ба вохӯриҳои онҳо меравед, имон ва далерии бузург нишон додед. Бешубҳа, шумо рафтор ва тарзи ҳаётатонро аз бисёр ҷиҳат ислоҳ кардед, то мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунед. Гузоштани ин қадамҳо дар ҳақиқат имон ва далерӣ металабид. Минбаъд низ далерӣ инкишоф диҳед ва дилпур бошед, ки ба ҳар ҷое ки равед, Яҳува Худоятон бо шумо хоҳад буд. (Еҳушаъ ибни Нун 1:7–9-ро хонед.)

МОҲИГИРОНИ МОҲИР...3. дар ҳар гуна вазъият далерона кор мекунанд (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

13. Чӣ тавр мулоҳиза ва дуо ба шумо барои далерӣ пайдо кардан кӯмак мекунад?

13 Дуо низ далериро зиёд мекунад, аз ин рӯ дар дуо аз Яҳува далериву ҷасорат пурсед (Аъм. 4:29, 31). Яҳува ҳатман ба дуоҳои шумо ҷавоб медиҳад ва асло шуморо танҳо намемонад. Ӯ ҳамеша барои дастгирӣ кардани шумо тайёр аст. Ҳамчунин оиди он ки чӣ хел Яҳува дар гузашта дигаронро муҳофизат мекард, мулоҳиза ронед. Боз дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Яҳува ба шумо барои паси сар намудани душвориҳо кӯмак кард ва барои дигар кардани ҳаётатон қувват бахшид. Оне ки халқашро аз миёни Баҳри Сурх сиҳату саломат гузаронд, магар қудрат надорад ба шумо кӯмак кунад, ки шогирди Исо шавед?! (Хур. 14:13). Бигзор имони шумо мисли имони забурнависе, ки суханони зеринро гуфт, қавӣ бошад: «Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?» (Заб. 117:6).

14. Шумо аз мисоли Масайи ва Томайо чӣ дарс мегиред?

14 Инчунин барои зиёд кардани далерӣ оиди мисолҳое фикр кунед, ки чӣ тавр одамони табиатан шармгин бо ёрдами Яҳува далерӣ пайдо карданд. Мисоли хоҳар Масайиро меорем. Ӯ шармгин буд ва фикр мекард, ки ҳеҷ гоҳ дар пеши одамон оиди имонаш гап зада наметавонад. Худи фикр оиди бо бегонагон гап задан ӯро ба ваҳм меовард. Ин барояш мисли аз болои девори хеле баланд ҷаҳидан буд ва ӯ боварӣ дошт, ки ҳеҷ гоҳ аз он гузашта наметавонад. Ӯ ҷидду ҷаҳд кард, ки муҳаббаташро ба Худо ва одамон зиёд гардонад. Масайи мулоҳиза ронд, ки имрӯз кори мавъиза то чи андоза таъҷилӣ аст ва дуо гуфт, ки Яҳува барои мавъиза кардан хоҳиши зиёдтар диҳад. Ӯ бар тарсаш ғолиб омад ва баъдтар ҳатто чун пешрави доимӣ хизмат кард. Яҳува ҳамчунин қодир аст, ки ба воизони нав далерӣ бахшад. Масалан, вақте хоҳар Томайо бори аввал ба мавъизаи хона ба хона рафт, аз якум хонае, ки тақ-тақ карданд, зане баромад ва дод зада гуфт: «Ман бо Шоҳидони Яҳува тамоман гап задан намехоҳам». Ва дарашро шараққос карда пӯшид. Томайо ба ҳамроҳаш рӯ оварда гуфт: «Гапи ин занро шунидӣ? Ман ҳоло даҳон накушода вай аллакай фаҳмид, ки ман Шоҳиди Яҳува ҳастам. Бовар кун, ман аз ин сахт хурсанд шудам!» Ҳоло Томайо пешрави доимӣ шуда хизмат мекунад.

ХУДРО БА РЕҶА ДАРОРЕД

15. Худро ба реҷа даровардан чӣ маъно дорад ва чаро ба масеҳиён ин муҳим аст?

15 Моҳигироне, ки дар касби худ комёбанд, одатан худро ба реҷа даровардаанд. Яъне онҳо қобилият инкишоф додаанд, ки ба кардани коре, ки лозим аст, худро маҷбур карда тавонанд. Масалан, ба онҳо лозим аст, ки саҳарии барвақт аз хоб хезанд, то ба охир расондани кор меҳнат кунанд ва ба сармову ҳавои бад тоб оранд. Мо низ барои кори мавъизаро ба анҷом расондан ва тобовар будан бояд худро ба реҷа дарорем (Мат. 10:22).

16. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки корҳои бароямон душворро иҷро кунем?

16 Барои худро ба реҷа даровардан худдорӣ лозим аст. Ин хислатҳоро мо аз волидонамон мерос намегирем. Баръакс, мо одамони нокомил, майл дорем, ки барои кардани ин ё он кор роҳи аз ҳама осонро ҷӯем. Вале ба ҷо овардани корҳои аз ҳама муҳим на ҳама вақт осон аст. Барои ҳамин ба мо лозим аст, ки ба кардани корҳои бароямон душвор худро одат кунонем. Дар ин кор рӯҳи муқаддаси Яҳува ба мо кӯмак мекунад (Ғал. 5:22, 23).

17. Чуноне ки дар 1 Қӯринтиён 9:25–27 қайд шудааст, Павлус барои худро ба реҷа даровардан то чӣ андоза кӯшиш ба харҷ медод?

17 Павлуси расул худро ба реҷа дароварда буд. Вале вай иқрор шуд, ки барои кардани кори дуруст «бадани худро мушт» мезанад. (1 Қӯринтиён 9:25–27-ро хонед.) Ӯ дигаронро даъват мекард, ки идора кардани худро ёд гиранд, то ҳама корро «ба таври шоиста ва бо тартибу низом» ба ҷо оранд (1 Қӯр. 14:40). Ба мо лозим аст, ки худро ба реҷа дароварда дар корҳои рӯҳонӣ бо ҷидду ҷаҳд меҳнат кунем, ки ин иштироки мунтазам дар кори мавъиза ва шогирдсозиро дар бар мегирад (Аъм. 2:46).

ИН КОРРО БА АҚИБ НАПАРТОЕД!

18. Барои дар назари Яҳува воизи комёб шудан мо бояд чӣ кор кунем?

18 Одатан моҳигирони савдогар муваффақияти худро дар миқдори моҳиҳои сайдкардаашон мебинанд. Аммо дар кори мавъиза муваффақияти мо аз рӯйи он баҳо дода намешавад, ки мо ба чанд нафар барои Шоҳиди Яҳува шудан ёрдам додем (Луқ. 8:11–15). То даме ки мо кори мавъизаи хушхабар ва шогирдсозиро бо истодагарӣ давом медиҳем, дар чашми Яҳува комёб ҳисоб меёбем. Чаро? Чунки мо пайваста ба амри Яҳува ва Исо итоат карда гуфти онҳоро иҷро карда истодаем (Марқ. 13:10; Аъм. 5:28, 29).

19, 20. Чаро имрӯз бо ҷидду ҷаҳди бештар мавъиза кардан зарур аст?

19 Дар баъзе давлатҳо ба одамон танҳо дар моҳҳои муайян ба моҳиқапӣ иҷозат дода мешавад. Моҳигирон тамом шуда истодани мавсими моҳигириро дида кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зиёдтар моҳӣ қапанд. Чун сайёди одамон мо низ имрӯз кори мавъизаро бо ҷидду ҷаҳди зиёдтар иҷро мекунем, зеро анҷоми ин тартибот босуръат наздик шуда истодааст. Барои мавъиза кардани хушхабаре, ки ҳаёти одамонро наҷот дода метавонад вақт хеле кам мондааст. Ин кори муҳимро ба ақиб напартоед ё фикр накунед, ки кай шароитатон хуб ва қулай шавад, баъд дар он иштирок мекунед (Воиз 11:4).

20 Кӯшиш кунед, ки хоҳиш ва ғайрататонро барои воизи хушхабар шудан зиёд гардонед, Навиштаҳоро хубтар омӯзед, далерӣ инкишоф диҳед ва худро ба реҷа дароред. Ба сафи дигар воизони хушхабар, ки беш аз ҳашт миллионро ташкил медиҳанд, ҳамроҳ шавед ва Яҳува дили шуморо аз хурсандӣ пур хоҳад кард (Наҳемё 8:10). То даме ки Яҳува бас нагӯяд, камари худро маҳкам баста дар ин кор то ҳадди имкон пурра иштирок кунед. Дар мақолаи навбатӣ мо се роҳро дида мебароем, ки барои бо ҷидду ҷаҳд давом додани кори мавъиза ба мо кӯмак мекунанд.

СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем

^ сарх. 5 Исо моҳигирони фурӯтан ва меҳнатиро даъват кард, ки шогирди ӯ шаванд. Ва ӯ то ҳол чунин одамони самимиро даъват мекунад, ки «сайёди одамон» гарданд. Вале баъзе омӯзандагон ба гузоштани ин қадам ҷуръат намекунанд. Мақолаи мазкур мефаҳмонад, ки барои ғолиб омадан ба чунин дудилагӣ чӣ ба онҳо кӯмак карда метавонад.

^ сарх. 1 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ибораи «сайёди одамон» ба ҳамаи онҳое ишора мекунад, ки хушхабарро эълон менамоянд ва дар кори шогирдсозӣ иштирок мекунанд.

^ сарх. 10 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз октябри с. 2018, саҳ. 11–16, ба мақолаи «Ҳақиқатро таълим диҳед» нигаред.