МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9
Муҳаббату адолат дар Исроили қадим
«Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад; ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст» (ЗАБ. 32:5).
СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо
ПЕШГУФТОР *
1, 2. а) Ҳар яки мо ба чӣ мӯҳтоҷем? б) Мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?
ҲАМАИ мо мехоҳем, ки моро дӯст доранд ва ба мо аз рӯйи адолат муносибат кунанд. Агар дигарон доимо бо мо беадолатона муомила кунанд ва номеҳрубон бошанд, мо шояд худро беқадр ҳис карда ноумед шавем.
2 Яҳува медонад, ки мо ба муҳаббату адолат мӯҳтоҷем (Заб. 32:5). Мо дилпур буда метавонем, ки барои Яҳува азизем. Ӯ ҳам мехоҳад, ки дигарон бо мо аз рӯйи адлу инсоф муносибат кунанд. Мо инро аз куҷо медонем? Ин дар Шариати Мӯсо-пайғамбар, ки Яҳува ба халқи Исроил дода буд, дида мешавад. Агар шумо аз беадолатӣ хаста шудаеду ташнаи меҳр бошед, пас дида баромадани ин Шариат * ба шумо тасаллӣ мебахшад. Чунки аз он равшан дидан мумкин аст, ки Яҳува нисбати халқаш ғамхор аст.
3. а) Мувофиқи Румиён 13:8–10 ҳангоми бодиққат хондани Шариати Мӯсо мо чиро мефаҳмем? б) Кадом саволҳо дар ин мақола муҳокима мешаванд?
3 Ҳангоми бодиққат хондани Шариати Мӯсо мо мефаҳмем, ки Яҳува то чӣ андоза Худои пурмеҳру муҳаббат аст. (Румиён 13:8–10-ро хонед.) Дар ин мақола мо танҳо якчанд қонуни он Шариатро дида мебароем ва ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: «Барои чӣ гуфтан мумкин аст, ки Шариат бар муҳаббат асос меёфт? Чаро метавон гуфт, ки он Шариат халқро ба адлу инсоф бармеангехт? Аз онҳое, ки роҳбариро бар ӯҳда доштанд, Қонун чӣ талаб мекард? Қонун асосан киҳоро муҳофизат мекард?» Донистани ҷавоби ин саволҳо ба мо тасалливу умед мебахшад ва моро ба Падари меҳрубонамон наздиктар мекунад (Аъм. 17:27; Рум. 15:4).
ҚОНУНЕ, КИ БАР МУҲАББАТ АСОС МЕЁФТ
4. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Шариати Мӯсо бар муҳаббат асос меёфт? б) Дар Матто 22:36–40 Исо кадом ду амри муҳимро қайд кард?
4 Гуфтан мумкин аст, ки Шариати Мӯсо бар муҳаббат асос меёфт, чунки Яҳува ҳама корҳояшро маҳз аз рӯйи муҳаббат мекунад (1 Юҳ. 4:8). Таҳкурсии тамоми қонун аз ду аҳком иборат буд — дӯст доштани Худо ва дӯст доштани одамон. (Ибд. 19:18; Такр. Ш. 6:5; Матто 22:36–40-ро хонед.) Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки зиёда аз 600 қонуне, ки Шариати Мӯсоро ташкил медод, ҷонибҳои гуногуни муҳаббати Яҳуваро ошкор мекард. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
5, 6. Яҳува аз ҳамсарон чиро талаб мекунад ва Ӯ аз чӣ бохабар аст? Мисол оред.
5 Ба ҳамсари худ вафодор бошед ва ба фарзандонатон ғамхорӣ кунед. Яҳува мехоҳад, ки ҳамсарон муҳаббаташонро нисбати якдигар торафт бештар гардонанд ва як умр бо ҳам бошанд (Ҳас. 2:24; Мат. 19:3–6). Зино яке аз бадтарин амалест, ки шахс нисбати ҳамсараш раво мебинад. Ана барои чӣ дар ҳафтумин аҳком гуфта шуда буд, ки «зино накун» (Такр. Ш. 5:18). Касе ки зино мекунад, «дар назди Худо гуноҳкор» мешавад ва ин бераҳмии сахт нисбати ҳамсараш аст (Ҳас. 39:7–9). Хиёнат дар дили кас захми дардоваре мегузорад, ки доғи он солҳои зиёд намеравад.
6 Яҳува пурра бохабар аст, ки ҳамсарон байни худ чӣ тавр муносибат мекунанд. Ӯ мехост, ки исроилиён бо занони худ нағз муомила кунанд. Шавҳаре, ки Шариатро ҳурмат мекард, занашро дӯст медошт ва бо ҳар баҳона аз вай ҷудо намешуд (Такр. Ш. 24:1–4; Мат. 19:3, 8). Вале агар бо ягон сабаби ҷиддӣ ӯ қарор мекард, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба дасти занаш талоқнома медод. Чунин ҳуҷҷат далели он буд, ки зан бадахлоқии ҷинсӣ содир накардааст. Аз афташ шавҳар пеш аз додани талоқнома, бояд бо пирони шаҳр маслиҳат мекард. Ва ҳамин тавр онҳо ҳамсаронро аз хонавайронӣ боздошта метавонистанд. Агар марди исроилӣ аз рӯйи худхоҳӣ бо занаш ҷудо мешуд, Яҳува пеши роҳи инро намегирифт. Лекин Ӯ гиряву нолаи он занро медид ва дарди ӯро ҳис мекард (Мал. 2:13–16).
7, 8. а) Яҳува ба волидон чӣ амр медиҳад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.) б) Мо кадом дарсҳоро меомӯзем?
7 Қонун инчунин нишон медод, ки Яҳува дар бораи некӯаҳволии фарзандон хеле ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба волидон амр дода буд, ки на фақат дар бораи хӯрондану пӯшондани фарзандонашон ғамхорӣ намоянд, балки инчунин ба онҳо кӯмак кунанд, ки бо Худо дӯст шаванд. Барои ин волидон бояд ҳар як имкониятро истифода бурда, ба фарзандонашон кӯмак мекарданд, ки Қонуни Яҳуваро фаҳманд ва Ӯро дӯст доранд (Такр. Ш. 6:6–9; 7:13). Лекин баъзе исроилиён бо фарзандони худ чунон бераҳмона муносибат мекарданд, ки аз хондани ин ҳуш аз сари одам мепарад. Яке аз сабабҳое, ки Яҳува халқашро ҷазо дод, маҳз ҳамин буд (Ирм. 7:31, 33). Волидон набояд фикр мекарданд, ки «фарзанд, фарзанди ман, чӣ коре хоҳам кардан мегирам». Балки бояд ба онҳо чун ба ато ва «мерос аз ҷониби Худованд» нигариста ғамхорӣ мекарданд (Заб. 126:3).
8 Дарсҳо барои мо: Яҳува бодиққат аҳамият медиҳад, ки ҳамсарон бо ҳам чӣ тавр
муносибат мекунанд. Ӯ мехоҳад, ки волидон фарзандони худро дӯст доранд, вале агар онҳо бо фарзандонашон бераҳмона муносибат кунанд, Яҳува барои ин онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад.9–11. Чаро Яҳува ба халқаш қонун дод, ки тамаъкор набошанд?
9 Тамаъ накунед. Дар охири Даҳ аҳком гуфта шуда буд, ки исроилиён набояд тамаъ кунанд, яъне ба чизи каси дигар чашм ало накунанд (Такр. Ш. 5:21; Рум. 7:7). Чаро Яҳува ин қонуни муҳимро ба халқаш дод? То ки онҳо фикру ҳиссиёти нодурусташонро идора кунанд. Ӯ медонист, ки ҳама кору рафтори бад аз фикри нодуруст сар мешавад (Мас. 4:23). Агар исроилӣ фикру хоҳишҳои нодурустро аз худ дур намекард, вай бо дигарон ноҳақ рафтор карданаш мумкин буд. Масалан, шоҳ Довуд ба ин дом афтод. Дар асл гирем, вай одами хуб буд. Вале боре вай зани каси дигарро ҳавас кард. Ин хоҳиши нодуруст ӯро ба гуноҳ тела дод (Яъқ. 1:14, 15). Довуд зино содир кард, шавҳари он занро фиреб доданӣ шуд ва дар охир ӯро кушт (2 Подш. 11:2–4; 12:7–11).
10 Агар исроилӣ ба тамаъ дода мешуд, Яҳува инро медид, зеро Ӯ дилҳоро хонда метавонад (1 Вақ. 28:9). Қонун дар бораи тамаъ накардан ба халқи Худо таълим медод, ки аз фикрҳое, ки оқибаташон рафтори бад буд, дар канор бошанд. То чӣ андоза Падари хирадманд ва меҳрубон аст Яҳува!
11 Дарсҳо барои мо: Яҳува на танҳо он чиро ки ба чашм аён аст, мебинад, балки ботину дили моро низ мебинад (1 Подш. 16:7). Ягон фикр, ҳиссиёт ва амал аз чашми Ӯ пӯшида намемонад. Ӯ дар дили мо чизи хубро меҷӯяд ва мехоҳад, ки мо он чизи хубро инкишоф диҳем. Вале Яҳува боз мехоҳад, ки мо фикрҳои нодурустро дар худ пай бурда онҳоро идора кунем, то онҳо ба амали бад табдил наёбанд (2 Вақ. 16:9; Мат. 5:27–30).
ҚОНУН АДЛУ ИНСОФРО ТАЪЛИМ МЕДОД
12. Шариати Мӯсо чиро таълим медод?
12 Аз Шариати Мӯсо мо инчунин мефаҳмем, ки Яҳува адолат ва инсофро дӯст медорад (Заб. 36:28; Иш. 61:8). Ӯ ба мо намунаи комил нишон медиҳад, зеро Худаш бо дигарон аз рӯйи инсоф рафтор мекунад. Вақте исроилиён ба қонунҳои Яҳува итоат мекарданд, Ӯ онҳоро баракат медод. Лекин вақте онҳо меъёрҳои одилонаи Худоро рад менамуданд, ба сари худ балоҳо меоварданд. Биёед боз ду қонунро, ки ба Даҳ аҳком дохил мешуданд, дида бароем.
13, 14. Ду амри аввалини Даҳ аҳком дар бораи чӣ буд ва риояи он ба исроилиён чӣ манфиат меовард?
13 Танҳо Яҳуваро ибодат кунед. Ду амри аввалини Даҳ аҳком талаб мекард, ки исроилиён танҳо, бале танҳо Яҳуваро, ибодат кунанд ва ба бутпарастӣ даст назананд (Хур. 20:3–6). Яҳува ин амрро на бар фоидаи Худ, балки бар манфиати халқаш дода буд. Вақте одамон ба Ӯ содиқ мемонданд, онҳо хушу хуррам зиндагӣ мекарданд. Лекин ҳамин ки ба худоёни дигар саҷда мекарданд, азоб мекашиданд.
14 Масалан, дар бораи канъониён фикр кунед. Онҳо ба ҷойи Худои зинда ва ҳақиқӣ, худоёни сохтаро парастиш менамуданд. Чунин бутпарастӣ онҳоро расвою бадахлоқ мекард (Заб. 113:12–16). Ибодати онҳо корҳои нафратоварро, ба мисли алоқаи ҷинсии зишту нораво ва қурбонӣ кардани кӯдаконро дар бар мегирифт. Вақте исроилиён ҳам аз Яҳува рӯй гардонда, бутпараст мешуданд, ба чунин корҳои пасту нораво даст мезаданд ва оилаҳои онҳо зарар медид (2 Вақ. 28:1–4). Масалан, пирон ва роҳбарони халқ меъёрҳои одилонаи Яҳуваро вайрон карда аз мавқеи худ сӯиистифода мебурданд ва ба одамони бекасу бечора зулму ситам мекарданд (Ҳиз. 34:1–4). Яҳува огоҳ карда буд, ки касе ки занону кӯдакони бе пушту паноҳро озор диҳад, беҷазо намемонад (Такр. Ш. 10:17, 18; 27:19). Вале агар халқаш ба Яҳува вафодор монда бо ҳамдигар аз рӯйи инсоф рафтор мекард, Ӯ онҳоро баракат медод (3 Подш. 10:4–9).
15. Мо дар бораи Яҳува кадом чизҳои муҳимро мефаҳмем?
15 Дарсҳо барои мо: Агар касе худро хизматгори Худо номаду дар асл қонунҳои Ӯро поймол кунад ва ба одамон зарар расонад, ба ин Яҳува айбдор нест. Вале Ӯ дарди ситамдидагонро ҳатто аз модари меҳрубон дида бештар мефаҳмад (Иш. 49:15). Яҳува дарҳол ба вазъият дахолат накунад ҳам, касонеро, ки ба дигарон зулм оварда тавба намекунанд, дар вақти мувофиқ ҳатман ҷазо медиҳад.
ҚОНУН ЧӢ ТАВР БОЯД БА ҶО ОВАРДА МЕШУД?
16–18. Қонуни Мӯсо дар кадом соҳаҳои ҳаёт ба кор бурда мешуд ва мо аз ин чӣ меомӯзем?
16 Шариати Мӯсо оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт дастур медод. Мардони таъйиншуда халқи Яҳуваро бояд аз рӯйи адлу инсоф доварӣ мекарданд. Онҳо на танҳо масъалаҳои бо ибодати пок алоқаманд, балки баҳсу мунозираҳо ва масъалаҳои ҷиноиро низ дида мебаромаданд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
17 Агар исроилӣ касеро мекушт, ӯ набояд дарҳол ба қатл расонда мешуд. Пирони шаҳр вазъиятҳоеро, ки пеш аз куштор ба амал омада буд, бодиққат дида мебаромаданд, то аниқ кунанд, ки оё он шахс сазовори марг аст ё не (Такр. Ш. 19:2–7, 11–13). Пирон ҳамчунин масъалаҳои гуногуни ҳаётро — аз кашмакашҳои молумулкӣ сар карда то ҷанҷолҳои оилавӣ доварӣ мекарданд (Хур. 21:35; Такр. Ш. 22:13–19). Агар пирон аз рӯйи адлу инсоф доварӣ мекарданд ва исроилиён ба Қонун итоат менамуданд, олам гулистон мешуд ва номи Яҳува ҷалол меёфт (Ибд. 20:7, 8; Иш. 48:17, 18).
18 Дарсҳо барои мо: Ҳар як соҳаи ҳаёти мо барои Яҳува муҳим аст. Ӯ мехоҳад, ки мо росткору боинсоф бошем ва бо дигарон аз рӯйи муҳаббат рафтор кунем. Ӯ ба гуфтору рафтори мо аҳамият медиҳад, ҳатто вақте ки мо дар хона танҳоем (Ибр. 4:13).
19–21. а) Пирон ва доварон бо халқи Худо бояд чӣ тавр муносибат мекарданд? б) Чӣ тавр Қонуни Мӯсо одамонро ҳимоя мекард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?
19 Яҳува намехост, ки халқи Ӯ мисли халқҳои ҳамсоя корҳои бад ва беинсофӣ кунанд. Барои ҳамин Ӯ аз пирон ва доварон талаб мекард, ки мувофиқи Қонун аз рӯйи инсоф ва берӯйбинӣ доварӣ кунанд. Онҳо набояд бо халқ дағалу сахтгирона муносибат мекарданд. Баръакс, онҳо бояд адлу инсофро дӯст медоштанд (Такр. Ш. 1:13–17; 16:18–20).
Такр. Ш. 19:16–19; 25:1). Ақаллан ду шоҳид бояд айбдор будани ӯро тасдиқ мекард ва танҳо баъд аз ин ӯ ҷинояткор дониста мешуд (Такр. Ш. 17:6; 19:15). Лекин, агар исроилӣ ҷинояте содир карда бошаду танҳо як шоҳид инро тасдиқ кунад-чӣ? Ӯ набояд фикр мекард, ки азбаски ду шоҳид нест, беҷазо мемонад. Чунки Довари Бузург — Яҳува аз ҳама гапу кор бохабар буд ва ӯро беҷазо намемонд. Дар оила бошад, ҳарчанд Яҳува ба падарон ҳокимият дода буд, ҳокимияти онҳо ҳудуд дошт. Чунки дар мавридҳои муайян пирони шаҳр вазифадор буданд, ки ба масъалаи оилавӣ дахолат карда қарори охиринро бароранд (Такр. Ш. 21:18–21).
20 Қонун дилсӯзии Яҳуваро нишон медод, чунки он намегузошт, ки шахсе бо каси дигар беинсофона муносибат кунад. Масалан, Қонун иҷозат намедод, ки шахсро бардурӯғ тӯҳмат кунанд ва кӣ будани даъвогарро махфӣ нигоҳ доранд. Шахсе, ки аз болояш даъво кардаанд, ҳақ дошт фаҳмад, ки ӯро кӣ айбдор кардааст (21 Дарсҳо барои мо: Яҳува ҳеҷ вақт беадолатона рафтор намекунад. Ӯ дар адлу инсоф намунаи комил аст (Заб. 9:8). Ӯ онҳоеро, ки меъёрҳояшро содиқона риоя мекунанд, баракат медиҳад, вале касонеро, ки аз ҳокимияти худ сӯиистифода мебаранд, беҷазо намемонад (2 Подш. 22:21–23; Ҳиз. 9:9, 10). Шояд ба назар чунин тобад, ки баъзе бадкорон ҷазо намебинанд, вале Яҳува дар вақти муносиб онҳоро, албатта, ҷазо медиҳад (Мас. 28:13). Агар онҳо тавба накунанд, ба наздикӣ мебинанд, ки «ба дасти Худои зинда афтодан даҳшатнок аст» (Ибр. 10:30, 31).
ҚОНУН АСОСАН КИҲОРО ҲИМОЯ МЕКАРД?
22–24. а) Қонун асосан киҳоро ҳимоя мекард ва аз ин мо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем? б) Дар Хуруҷ 22:22–24 чӣ гуна огоҳӣ оварда шудааст?
22 Қонун хусусан онҳоеро, ки худро ҳимоя карда наметавонистанд, масалан ятимон, бевазанон ва ғарибонро муҳофизат мекард. Ба доварони Исроил гуфта шуда буд: «Дар доварии ғариб ва ятим каҷкорӣ накун, ва либоси беваро ба гарав нагир» (Такр. Ш. 24:17). Аз ин суханон бармеояд, ки Яҳува ба шахсони бекасу бечора шахсан таваҷҷӯҳ мекард. Ва касонеро, ки бо онҳо бад муомила мекарданд, ҷазо медод. (Хуруҷ 22:22–24-ро хонед.)
23 Инчунин Қонун алоқаи ҷинсиро байни шахсони ҳамхун манъ карда, оилаҳоро муҳофизат мекард, то касе ба номуси хеши наздикаш даст дароз накунад (Ибд. 18:6–30). Халқҳое, ки дар гирду атрофи Исроил буданд, ин корҳоро раво меҳисобиданд ва бо онҳо машғул мешуданд. Вале халқи Яҳува мисли Ӯ бояд он корҳоро зишт меҳисобид.
24 Дарсҳо барои мо: Яҳува мехоҳад, ки шахсони масъул бо касоне, ки зери назораташон мебошанд, меҳрубонона муносибат кунанд. Ӯ аз ҳар гуна бадахлоқии ҷинсӣ, аз он ҷумла таҷовузи кӯдакон, нафрат дорад. Инчунин Яҳува ҳамаро, хусусан онҳоеро, ки бекасу бечораанд, боварӣ бахшидан мехоҳад, ки Ӯ Худои боадолат аст ва онҳоро ҳимоя мекунад.
«ШАРИАТ ТАНҲО СОЯИ НЕКИҲОИ ОЯНДА» БУД
25, 26. а) Муҳаббат ва адолатро ба чӣ монанд кардан мумкин аст? б) Мавзӯи дигари ин силсилаи мақолаҳо кадом аст?
25 Чуноне ки ҳаёт бе нафас намешавад, муҳаббату адолат бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Агар дили мо пур бошад, ки Яҳува ҳамеша аз рӯйи адолат рафтор мекунад, он гоҳ меҳри мо ба Ӯ торафт зиёд мегардад. Ва муҳаббат ба Худо ва меъёрҳои одилонаи Ӯ моро бармеангезад, ки дигаронро низ дӯст дошта, бо онҳо аз рӯйи адлу инсоф муносибат кунем.
26 Қонуни Мӯсо ба исроилиён кӯмак мекард, ки бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ доранд. Аммо баъди он ки Исо ба замин омада ҳаёташро қурбон кард, Қонуни Мӯсо бо чизи беҳтаре иваз карда шуд (Рум. 10:4). Павлуси расул дар бораи Қонун гуфт, ки он «сояи некиҳои оянда аст» (Ибр. 10:1). Дар мавзӯи дигари ин силсилаи мақолаҳо мо чӣ будани баъзеи он «некиҳо»-ро мефаҳмем ва нақши муҳаббату адолатро дар ҷамъомади масеҳӣ дида мебароем.
СУРУДИ 73 Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред
^ сарх. 5 Ин аз силсилаи мақолаҳо якум мақолаест, ки боварии моро ба меҳрубону ғамхор будани Яҳува қавӣ мегардонад. Се мақолаи дигар дар «Бурҷи дидбонӣ», нашри моҳи майи соли 2019 муҳокима мешаванд. Аз онҳо мо мефаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббату адолати Яҳува дар даруни ҷамъомад дида мешавад, волидон ва пирон бояд чӣ тавр кӯдаконро аз таҷовузкорон муҳофизат кунанд ва чӣ тавр мо онҳоеро, ки дар кӯдакӣ аз дасти он нобакорон зарар дидаанд, тасаллӣ дода метавонем.
^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Беш аз 600 қонуну аҳкоме, ки Яҳува ба халқи Исроил ба воситаи Мӯсо дода буд, чун «Қонуни Мӯсо» ё «Шариати Мӯсо» шинохта мешаванд. Шариат гуфта одатан ба панҷ китоби аввали Каломи Худо (аз Ҳастӣ то Такрори Шариат) ишора мекунанд. Баъзан «Шариати Мӯсо» гуфта тамоми Навиштаҳои Ибронӣ дар назар дошта мешавад.
^ сарх. 60 РАСМИ МУҚОВА: Яҳува мехоҳад, ки волидон фарзандони худро бо меҳр тарбия кунанд, то онҳо худро орому осуда ҳис кунанд.
ШАРҲИ РАСМҲО: Модари исроилие ҳангоми тайёр кардани хӯрок бо духтаронаш бо завқ сӯҳбат дорад. Дар расми қафо мебинем, ки падар ба писараш бонӣ кардани гӯсфандонро ёд медиҳад.
^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМҲО: Пирон дар назди дарвозаи шаҳр ба бевазану кӯдакаш, ки аз дасти савдогари маҳаллӣ фиреб хӯрдааст, бо меҳрубонӣ ёрдам мекунанд.