Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8

Чаро изҳори миннатдорӣ муҳим аст?

Чаро изҳори миннатдорӣ муҳим аст?

«Миннатдор будани худро нишон диҳед» (ҚӮЛ. 3:15).

СУРУДИ 2 Раҳмат ба Ту, Яҳува

ПЕШГУФТОР *

1. Чӣ тавр марди сомарӣ барои сиҳат шуданаш ба Исо миннатдорӣ нишон дод?

ДАҲ марди махав ба сиҳатшавӣ ягон умед надоштанд. Вале ба гӯши онҳо расид, ки Исо ҳар гуна касалиро шифо медиҳад ва дар дилашон шӯълаи умед пайдо шуд, ки ӯ онҳоро низ сиҳат карда метавонад. Рӯзе онҳо аз дурӣ диданд, ки Устоди бузург, Исо, меояд. Барои ҳамин бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «Исо, Устод, ба мо раҳм кун!» Исо онҳоро шифо дод ва он даҳ нафар пурра пок шуданд. Бешубҳа, ҳамаи онҳо аз ин кори неки Исо миннатдор буданд. Вале аз байнашон фақат як нафар, ки сомарӣ буд, инро қадр карда, миннатдориашро * ба Исо изҳор кард. Аз ҳисси миннатдорӣ вай «бо овози баланд Худоро ҷалол дод» (Луқ. 17:12–19).

2, 3. а) Чаро мо баъзан миннатдорӣ карданро фаромӯш мекунем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Мисли он марди сомарӣ мо миннатдории худро ба дигарон изҳор кардан мехоҳем. Вале мо миннатдор бошем ҳам, баъзан фаромӯш мекунем, ки инро бо сухан ё рафтор нишон диҳем.

3 Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро бо гуфтору рафтор изҳор кардани миннатдорӣ муҳим аст. Мо аз Китоби Муқаддас мисоли касонеро, ки миннатдор буданд ва касонеро, ки ин хислат ба онҳо намерасид, дида мебароем. Сипас мо мебинем, ки миннатдориро бо кадом роҳҳо нишон додан мумкин аст.

ЧАРО ИЗҲОРИ МИННАТДОРӢ МУҲИМ АСТ?

4, 5. Чаро изҳори миннатдорӣ муҳим аст?

4 Яҳува Худои қадрдон аст ва дар миннатдор будан намунаи ибрат мебошад. Масалан, Ӯ ба шахсони худотарс миннатдориашро бо он нишон медиҳад, ки онҳоро баракат медиҳад (2 Подш. 22:21; Заб. 12:6; Мат. 10:40, 41). Каломи Худо моро низ бармеангезад, ки «чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ» кунем (Эфс. 5:1). Хулоса, сабаби асосии миннатдор будан ин аст, ки мо ба намунаи Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем.

5 Барои фаҳмидани сабаби дуюм як мисол меорем. Фарз мекунем, ки мо хӯроки бомаззае дорем. Вақте онро танҳо неву бо дӯстонамон мехӯрем, он гӯё бомаззатар мегардад ва муносибати мо бо онҳо наздиктар мешавад. Мисли ин, изҳори миннатдорӣ низ дилҳоро гарм мекунад. Чӣ тавр? Вақте мо ҳис мекунем, ки дигарон аз мо миннатдоранд, мо хурсанд мешавем. Ва агар мо ба дигарон изҳорӣ миннатдорӣ кунем, онҳо низ хурсанд мешаванд. Яъне шахсе ки аз мо миннатдорӣ мешунавад, мефаҳмад, ки кӯшишҳояш ё чизи тӯҳфа кардааш, дар ҳақиқат арзанда буданд. Ва ин моро бо ҳам наздиктар месозад.

6. Аз кадом ҷиҳатҳо суханони миннатдориро ба себҳои тиллоӣ монанд кардан мумкин аст?

Вақте мо миннатдорӣ баён мекунем, ин манфиати калон меорад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд» (Мас. 25:11). Тасаввур кунед, ки себҳои тиллоӣ дар табақчаи нуқрагин чӣ қадар зебо метобанд! Ва ин гуна ороиш эҳтимол хеле қимат меистод. Агар касе ба шумо онро тӯҳфа мекард, албатта, хурсанд мешудед, ҳамин хел-не? Ба ин монанд, суханони миннатдорие, ки шумо ба дигарон мегӯед, бебаҳоянд, чунки аз хурсандӣ сари онҳо ба осмон мерасад. Чуноне ки себи тиллоӣ бо гузашти солҳо вайрон намегардад, изҳори миннатдорӣ низ солҳои зиёд дар дили кас нақш мебандад ва шояд якумр фаромӯш нашавад.

ОНҲО МИННАТДОР БУДАНД

7. Чӣ хел Довуд дар Забур 25:6–8 миннатдориашро нишон дод? Дигар нависандагони Забур-чӣ?

7 Бисёр ходимони Худо дар гузашта миннатдориашонро ба Ӯ нишон медоданд. Яке аз онҳо Довуд буд. (Забур 25:6–8-ро хонед.) Ӯ ибодати покро беҳад қадр мекард ва ин дар корҳояш дида мешуд. Зеро ӯ аз дороии худ барои сохтмони маъбад як дунё хайрия овард. Насли Ософ низ дар васфи Яҳува таронаву сурудҳо эҷод намуда сипосгузории худро ба Ӯ нишон медоданд. Дар яке аз таронаҳо онҳо Яҳуваро барои «корҳои аҷоиб»-аш ҳамду сано гуфтанд (Заб. 74:2). Чи хеле мебинем, Довуд ва насли Ософ ба Яҳува нишон додан мехостанд, ки аз Ӯ барои ҳама баракатҳояш миннатдоранд. Оё шумо фикр кардед, ки аз онҳо чӣ хел ибрат гирифта метавонед?

Мо аз номаи Павлус ба Румиён дар бораи зоҳир кардани миннатдорӣ чӣ меомӯзем? (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.) *

8, 9. Чӣ тавр Павлуси расул ба бародару хоҳарон миннатдориашро нишон медод ва ин чӣ натиҷа оварда метавонист?

8 Павлуси расул низ бародару хоҳаронро хеле қадр мекард, ки инро аз суханонаш фаҳмидан мумкин аст. Ӯ пайваста дар дуоҳояш барои онҳо Яҳуваро шукргузорӣ мекард. Ҳамчунин дар номаҳои худ ба онҳо миннатдории худро изҳор менамуд. Дар боби 16-уми Румиён, дар 15 ояти аввал, Павлус 27 бародару хоҳаронро ном ба ном хотиррасон мекунад. Масалан, ӯ ба таври махсус қайд кард, ки Приска ва Акило ҳаёти худро барои ӯ шуда «зери хатар гузошта буданд» ва дар бораи Фуби ном хоҳар чунин гуфт: «Ӯ низ бисёриҳоро, аз он ҷумла маро, дастгирӣ кардааст». Павлус он ҳамимонони азизро, ки дар роҳи Яҳува бисёр меҳнат мекарданд, таъриф кард (Рум. 16:1–15).

9 Албатта, Павлус медонист, ки бародару хоҳарон нокомиланд, вале дар охири нома ба Румиён ӯ диққатро ба хислатҳои хуби онҳо равона кард. Тасаввур кунед, ки вақте номаи Павлусро дар ҷамъомад бо овози баланд хонданд, бародару хоҳарон то чӣ андоза аз ин хурсанд шуданд! Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки аз ин дӯстии онҳо бо Павлус мустаҳкамтар гашт. Оё шумо низ барои гуфтору рафтори неки ҳамимонон мунтазам миннатдорӣ баён мекунед?

10. Исо ба пайравонаш чӣ хел миннатдорӣ баён кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

10 Ҳазрати Исо ба баъзе ҷамъомадҳои Осиёи Хурд нома навишта барои меҳнати пайравонаш миннатдорӣ баён кард. Масалан, ӯ номаи худро ба ҷамъомади Тиётира чунин сар кард: «Корҳо, муҳаббат, имон, хизмат ва истодагарии туро медонам, ҳамчунин медонам, ки корҳои охиринат аз корҳои аввалаат бузургтаранд» (Ваҳй 2:19). Чи хеле мебинем, Исо на танҳо пешравии рӯҳонии онҳоро қайд кард, балки барои хислатҳо ва корҳои хубашон ҳам онҳоро таъриф кард. Ҳарчанд Исо ба ҷамъомади Тиётира камбудиҳояшро гуфта якчанд маслиҳату насиҳат дод, ӯ дар аввалу охири номааш онҳоро рӯҳбаланд кард (Ваҳй 2:25–28). Боре истеду дар бораи ҳокимияти Исо фикр кунед! Ӯ сарвари тамоми ҷамъомадҳост ва аслан ба ӯ шарт нест, ки ба мо барои кору хизматамон миннатдор бошад. Бо вуҷуди ин Исо изҳори миннатдорӣ мекунад. Чӣ намунаи олиҷаноб аст ӯ ба пирони ҷамъомад!

БА ОНҲО МИННАТДОРӢ НАМЕРАСИД

11. Мувофиқи Ибриён 12:16 Эсов ба чизҳои муқаддас чӣ хел муносибат мекард?

11 Афсӯс, ки ба баъзе шахсоне, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, миннатдорӣ намерасид. Масалан, Эсов ҳарчанд дар оилае ба воя расида буд, ки волидонаш Яҳуваро дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд, вай чизҳои муқаддасро қадр намекард. (Ибриён 12:16-ро хонед.) Ин ношукрии ӯ ба чӣ оварда расонд? Эсов саросемавор ҳуқуқи нахустзодагии худро ба як табақ хӯрок фурӯхт (Ҳас. 25:30–34). Баъдтар ӯ аз ин сахт афсӯс хӯрд, вале пушаймонӣ дигар суд надошт. Зеро вай чизе ки дошт, қадр накард ва бо айби худ аз баракат маҳрум шуд.

12, 13. Чӣ тавр исроилиён ношукрӣ карданд ва оқибат чӣ шуд?

12 Халқи Исроил барои миннатдор будан бисёр сабабҳо доштанд. Яҳува ба сари мисриён даҳ бало оварда халқашро озод кард. Баъд Ӯ лашкари мисриёнро дар Баҳри Сурх нест карда исроилиёнро наҷот дод. Онҳо барои ин аз Яҳува чунон миннатдор буданд, ки суруди ғалаба сароида Яҳуваро ҳамду сано хонданд. Вале миннатдории онҳо дер давом накард.

13 Вақте ки исроилиён бо душвориҳои нав дучор шуданд, ба зудӣ корҳои неки Яҳуваро фаромӯш карданд. Ана он гоҳ ношукр будани онҳо маълум шуд (Заб. 105:7). Чӣ тавр? «Тамоми ҷамоати банӣ-Исроил дар биёбон аз Мусо ва Ҳорун шикоят карданд». Лекин дар асл шикояти онҳо муқобили Яҳува буд (Хур. 16:2, 8). Ин ношукрии халқаш Ӯро ғамгин кард. Баъдтар Ӯ пешгӯйӣ намуд, ки тамоми ин насл, ғайр аз Еҳушаъ ва Колеб, дар биёбон нобуд мешаванд (Ад. 14:22–24; 26:65). Мо намехоҳем, ки мисли Эсов ва исроилиён бандаи ношукр бошем, балки ба одамони миннатдор пайравӣ кардан мехоҳем. Барои ин биёед баъзе маслиҳатҳоро дида бароем.

МИННАТДОР БОШЕД

14, 15. а) Чӣ тавр ҳамсарон метавонанд нишон диҳанд, ки якдигарро қадр мекунанд? б) Чӣ тавр волидон ба фарзандон изҳор кардани миннатдориро ёд дода метавонанд?

14 Дар оила. Агар ҳар як аъзои оила миннатдорӣ нишон диҳад, оила хушбахт мегардад. Масалан, чи қадаре ки бештар ҳамсарон ба якдигар миннатдорӣ зоҳир кунанд, ҳамон қадар пайванди издивоҷашон мустаҳкамтар мешавад. Он гоҳ бахшидани хатоҳои ҳамдигар ба онҳо осонтар мегардад. Шавҳаре, ки ҳамсарашро қадр мекунад ба сухану корҳои хуби занаш на танҳо аҳамият медиҳад, балки «варо ситоиш», яъне таъриф мекунад (Мас. 31:10, 28). Ҳамчунин зани бохирад ба шавҳараш «раҳмат»-и хушку холӣ намегӯяд, балки барои ягон чизи аниқ ӯро таъриф мекунад.

15 Волидон, чӣ тавр шумо дар дили фарзандонатон ҳисси миннатдориро ҷо карда метавонед? Дар хотир доред, ки фарзандон ба гапу кори шумо тақлид мекунанд. Аз ин рӯ вақте фарзандонатон барои шумо корҳои хуб мекунанд, ба онҳо «раҳмат» гуфта намуна нишон диҳед. Ғайр аз ин ба онҳо ёд диҳед, ки барои корҳои хуби дигарон «раҳмат» гӯянд. Ба фарзандонатон фаҳмонед, ки миннатдорӣ бояд аз дил барояд ва ин сухани ширини онҳо таъсири калон дорад. Масалан, зане бо номи Клади чунин мегӯяд: «Модарам дар 32-солагияшон бо се фарзанд танҳо монда, моро бе падар ба воя расонданд. Вақте ман 32-сола шудам, фаҳмидам, ки то кадом дараҷа дар ин синну сол танҳо калон кардани фарзандон душвор будаст. Барои ҳамин ман ба модарам гуфтам, ки беҳад аз он кас миннатдорам, ки аз баҳри роҳати худ гузашта ману ду бародарамро калон карданд. Медонед, чанде пеш модарам ба ман гуфтанд, ки суханони миннатдории ман барояшон малҳами ҷон буд ва ҳар бор онҳоро ба ёд оварда хушҳол мегарданд».

Ба фарзандонатон ёд диҳед, ки бо сухан ва рафтор миннатдорӣ нишон диҳанд. (Ба сархати 15 нигаред.) *

16. Мисол оред, ки изҳори миннатдорӣ чӣ тавр дигаронро рӯҳбаланд карда метавонад.

16 Дар ҷамъомад. Вақте мо ба бародару хоҳарон миннатдорӣ изҳор мекунем, онҳо аз ин рӯҳбаланд мешаванд. Масалан, Хорхе ном пири ҷамъомад, ки 28-сола аст, ба касалии ҷиддӣ гирифтор шуд. Ӯ як моҳ ба вохӯриҳои ҷамъомад рафта натавонист. Ҳатто баъди ба вохӯриҳо омаданаш ӯ наметавонист бо қисмҳои барнома баромад кунад. Хорхе мегӯяд: «Азбаски ман бо сабаби бемориам масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаамро иҷро карда наметавонистам, худро беқадру ночиз ҳис мекардам. Вале баъди як вохӯрӣ бародаре наздам омада гуфт: “Ман мехоҳам ба ту барои намунаи хубе, ки барои оилаам гузоштӣ раҳмати калон гӯям. Ту ҳатто бехабарӣ, ки нутқҳое, ки дар давоми солҳои охир мегуфтӣ, то чӣ андоза ба мо маъқул буданд. Бо ёрии онҳо мо ба Яҳува наздиктар шудем”. Ин гапҳо ба дилам чунон таъсир карданд, ки чашмонам даври об шуд. Он маҳз ҳамон чизе буд, ки ман ба шуниданаш мӯҳтоҷ будам».

17. Мувофиқи Қӯлассиён 3:15 чӣ тавр мо Яҳуваро барои атоҳояш шукргузорӣ карда метавонем?

17 Миннатдорӣ ба Худо. Яҳува ба мо ғизои фаровони рӯҳонӣ медиҳад. Масалан, ба воситаи вохӯриҳои ҷамъомад, маҷаллаҳо ва сайтамон мо дастуроти фоиданок мегирем. Оё боре чунин шудааст, ки баъди шунидани ягон нутқ, хондани мақола ё тамошои видео аз сайтамон шумо чунин гуфтед: «Ин маҳз ҳамон чизест, ки айни ҳол ба ман даркор аст!» Агар ин тавр бошад, пас чӣ тавр мо миннатдории худро ба Яҳува изҳор карда метавонем? (Қӯлассиён 3:15-ро хонед.) Як роҳаш ин аст, ки доимо дар дуоҳоямон барои атоҳои Ӯ шукрона гӯем (Яъқ. 1:17).

Яке аз роҳҳои изҳор кардани миннатдорӣ ин иштирок дар рӯбучини ибодатгоҳ мебошад (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Бо кадом роҳҳо мо метавонем барои ҷойҳои ибодат миннатдорӣ нишон диҳем?

18 Дигар роҳи ба Яҳува миннатдорӣ нишон додан ин тозаву озода нигоҳ доштани ибодатгоҳҳоямон мебошад. Мо кӯшиш мекунем, то ҷойҳоеро, ки ҷамъомад мегузарад, мунтазам рӯбучин кунем ва таҷҳизоти техникии толорро хеле эҳтиёткорона истифода барем. Вақте мо ибодатгоҳро дуруст нигоҳубин мекунем, онро зуд-зуд таъмир кардан лозим намеояд. Чунин сарфакорӣ имконият медиҳад, ки дар саросари ҷаҳон толорҳои зиёдтар сохта ва таъмир карда шаванд.

19. Аз мисоли як нозири ноҳиявӣ ва занаш шумо чӣ омӯхтед?

19 Миннатдорӣ ба онҳое, ки сахт меҳнат мекунанд. Шунидани миннатдорӣ метавонад фикри шахсро дар бораи душвориҳояш дигар кунад. Мисоли як нозири ноҳиявӣ ва занашро меорем. Як рӯзи зимистон онҳо пас аз хизмати дурудароз ба хона мондаю лакот баргаштанд. Ҳаво чунон хунук буд, ки зани бародар бо палто хобаш бурд. Саҳарӣ ӯ ба шавҳараш гуфт, ки дигар ин намуди хизматро давом дода наметавонад. Чанде пас, ҳамон саҳар, онҳо аз филиал нома гирифтанд, ки махсус барои занаш буд. Дар он нома бародарон хоҳарро барои хизмат ва истодагариаш самимона таъриф карда буданд. Онҳо қайд карданд, ки ҳар ҳафта аз як хона ба хонаи дигар кӯчидан дар ҳақиқат осон нест. Шавҳари ӯ мегӯяд: «Баъди хондани суханони гарми бародарон, ҳамсарам чунон рӯҳбаланд шуд, ки дигар дар бораи бас кардани хизматамон даҳон намекушод. Ҳатто вақте ки ман якчанд бор дар бораи қатъ кардани он фикр кардам, ӯ маро ба давом додани хизматамон барангехт». Ҳамин тавр ин ҳамсарон қариб 40 сол дар таъйиноташон монданд.

20. Ҳар рӯз мо бояд ба чӣ кӯшиш кунем ва чаро?

20 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки аксари одамон ношукранд. Лекин изҳори миннатдорӣ метавонад бори вазнини зиндагиро сабук кунад. Аз ин рӯ биёед ҳар рӯз кӯшиш кунем, ки бо гуфтору рафторамон ба дигарон миннатдорӣ нишон диҳем. Чунки сухани меҳрубонона ва кори неки мо метавонад айнан ҳамон чизе бошад, ки шахс ба он мӯҳтоҷ аст. Миннатдории мо инчунин метавонад пайванди дӯстиро мустаҳкамтар карда онро пойдор гардонад. Пеш аз ҳама мо бо изҳор кардани миннатдорӣ ба Падари саховатманду сипосгузорамон, Яҳува, пайравӣ мекунем.

СУРУДИ 148 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ

^ сарх. 5 Мо аз Яҳува, Исо ва марди сомарӣ, ки махав буд, дар бораи миннатдор будан чӣ меомӯзем? Дар ин мақола намунаи онҳо ва боз баъзе мисолҳо муҳокима карда мешаванд. Мо дида мебароем, ки чаро миннатдор будан муҳим аст ва бо кадом роҳҳо инро изҳор карда метавонем.

^ сарх. 1 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Агар мо аз касе ё барои чизе миннатдор бошем, ин маънои онро дорад, ки мо он шахс ё чизро қадр мекунем. Ва аз таҳти дил сипосгузорӣ мекунем.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМҲО: Номаи Павлусро дар ҷамъомади шаҳри Рум хонда истодаанд; Прискила, Акило, Фуби ва дигарон аз шунидани номҳояшон хурсанданд.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМҲО: Модаре ба фарзандаш ёд медиҳад, ки ба хоҳари пиронсол барои намунаи хубаш миннатдорӣ баён кунад.