МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 1
Шогирд тайёр кунед
ОЯТИ СОЛОНАИ 2020: Пас, равед, шогирд тайёр кунед ва онҳоро таъмид диҳед (МАТ. 28:19).
СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав
ПЕШГУФТОР *
1, 2. Фаришта дар назди қабри Исо ба занҳо чӣ гуфт ва худи Исо ба онҳо чӣ дастур дод?
16-УМИ нисони милодӣ, саҳарии барвақт якчанд занони худотарс, ки дилашон ғамгин аст, ба сари қабре равонаанд, ки ду рӯз пеш он ҷо ҷасади Ҳазрати Исои Масеҳро гузошта буданд. Онҳо мехоҳанд, ки ба бадани Исо алафу равғанҳои хушбӯй бимоланд. Аммо ба қабр наздик шуда мебинанд, ки он холист ва аз ин ба ҳайрат меоянд. Ин дам фариштае ба занҳо мегӯяд, ки Исо эҳё шуд ва пеш аз шогирдон ба Ҷалил меравад (Мат. 28:1–7; Луқ. 23:56; 24:10).
2 Вақте занон аз пеши қабр мераванд, Исо худаш ба онҳо зоҳир шуда чунин дастур медиҳад: «Рафта, бародарони маро хабардор созед, то онҳо ба Ҷалил раванд. Маро дар он ҷо хоҳанд дид» (Мат. 28:10). Исо аз афташ ба шогирдон дастуроти муҳиме доданӣ буд, барои ҳамин дарҳол баъди эҳё шудан ба шогирдонаш гуфт, ки бо онҳо вохӯрие ташкил карданӣ аст.
АМРИ ИСО БА КӢ ДАХЛ ДОШТ?
3, 4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки амри дар Матто 28:19, 20 навишташуда на танҳо ба расулон дахл дошт? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
3 Матто 28:16–20-ро хонед. Дар он вохӯрӣ бо шогирдонаш Исо оиди як супориши муҳиме гуфт, ки пайравонаш дар асри як иҷро мекарданд ва мо низ имрӯз он корро ба ҷо меорем. Исо гуфт: «Пас, равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед. Онҳоро... таъмид диҳед ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед».
4 Исо мехоҳад, ки ҳамаи пайравонаш мавъиза кунанд. Ӯ ин амрро танҳо ба 11 расули содиқаш надод. Мо инро аз куҷо медонем? Вақте ки ӯ дар кӯҳи Ҷалил оиди шогирдсозӣ амр дод, 1 Қӯр. 15:6). Ӯ кадом мавридро дар назар дошт?
он ҷо на фақат расулонаш буданд. Ба хотир оред, ки фаришта эҳёшавии Исоро ба воситаи занҳо ба дигар шогирдон хабар дод. Ва он занони содиқ медонистанд, ки Исо ба куҷо рафтанӣ аст ва эҳтимоли зиёд аст, ки онҳо низ ба он ҷо омаданд. Вале на фақат онҳо. Павлуси расул дар як номааш мегӯяд, ки Исо «яку якбора ба зиёда аз панҷсад бародарон зоҳир шуд» (5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Павлус дар 1 Қӯринтиён 15:6 ҳамон вохӯриеро дар назар дошт, ки оидаш дар Матто боби 28 гуфта шудааст?
5 Метавон гуфт, ки Павлус дар 1 Қӯринтиён 15:6 ҳамон вохӯриеро, ки оидаш дар Матто боби 28 гуфта шудааст, дар назар дошт. Чаро? Якчанд далел меорем. Якум, аксарияти шогирдони Исо аз Ҷалил буданд. Барои ҳамин шумораи зиёди одамонро дар кӯҳи Ҷалил ҷамъ кардан осон буд, назар ба Ерусалим дар хонаи шахсӣ. Дуюм, Исои эҳёшуда бо 11 расулаш дар Ерусалим, дар хонае аллакай вохӯрда буд. Агар ӯ кори мавъиза ва шогирдсозиро танҳо ба расулонаш супориш додан мехост, он вақт инро мекард ва ҳоҷат набуд, ки бо расулон ва шогирдони дигар, ки дар байнашон занҳо низ буданд, дар Ҷалил вохӯрад (Луқ. 24:33, 36).
6. Чӣ тавр Матто 28:20 нишон медиҳад, ки амри Исо оиди шогирдсозӣ ба рӯзҳои мо низ дахл дорад? Ва чӣ тавр мо имрӯз иҷрои онро мебинем?
6 Супориши Исо оиди тайёр кардани шогирдон танҳо ба масеҳиёни асри як дахл надошт. Чаро? Чунки Исо он амри худро бо суханони зерин ба охир расонд: «Ман ҳамеша то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Ин суханони Исо нишон медоданд, ки кори мавъиза ва шогирдсозӣ то охирзамон давом хоҳад ёфт. Ва чи хеле ки имрӯз мебинем, он кор дар ҷӯш аст. Ҳар сол қариб 300 000 кас чун Шоҳиди Яҳува таъмид мегирад ва шогирди Масеҳ мешавад!
7. Мо дар ин мақола кадом мавзӯъро дида мебароем ва чаро?
7 Бисёри омӯзандагони Китоби Муқаддас пешравӣ карда таъмид мегиранд. Лекин баъзеҳо мунтазам омӯзиш кунанд ҳам, ба назар чунин метобад, ки онҳо шогирди Исо шуданӣ нестанд. Бо Шоҳидон омӯзиш кардан ба онҳо маъқул асту вале ба таъмидгирӣ ҳаракат намекунанд. Ҳамаи мо мехостем, ки омӯзандагонамон дониши гирифтаашонро дар амал ба кор бурда шогирди Исо шаванд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр ба омӯзандагони худ кӯмак кунем, то онҳо Яҳуваро дӯст доранд ва рӯҳан пешравӣ кунанд. Чаро ин мавзӯъро муҳокима кардан муҳим аст? Чунки баъзан мо бояд қарор барорем, ки бо шахс омӯзишро давом диҳем ё бас кунем.
БА ОМӮЗАНДААТОН КӮМАК КУНЕД, КИ ЯҲУВАРО ДӮСТ ДОРАД
8. Чаро ба баъзе омӯзандагон Яҳуваро чун Падар дӯст доштан душвор аст?
8 Яҳува мехоҳад, ки одамон аз муҳаббат ба Ӯ хизмат кунанд. Ва мо ба омӯзандагонамон кӯмак кардан мехоҳем, то онҳо дарк кунанд, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад ва нисбаташон хеле ғамхор аст. Мо кӯшиш мекунем, то онҳо бинанд, ки Яҳува «Падари ятимон ва довари бевазанон аст» (Заб. 67:6). Вақте омӯзандагон муҳаббати Яҳуваро дар худ ҳис мекунанд, ин ба дилашон метавонад сахт таъсир кунад. Ва меҳри онҳо низ ба Ӯ зиёд мегардад. Барои баъзеҳо Яҳуваро чун Падари ғамхору меҳрубон қабул кардан шояд душвор аст, чунки аз падари худ меҳру навозиш надидаанд (2 Тим. 3:1, 3). Аз ин рӯ ҳангоми омӯзиш диққатро ба хислатҳои ҷолиби Яҳува равона кунед. Ба омӯзандагон ёрӣ диҳед, то фаҳманд, ки Худои меҳрубон ҷовидона зистани онҳоро мехоҳад ва Ӯ тайёр аст, ки дар ин ба онҳо кӯмак кунад. Мо боз чӣ кор карда метавонем?
9, 10. Дар омӯзиш мо бояд аз кадом китобҳо истифода барем ва чаро маҳз аз онҳо?
«Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» ва «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» * истифода баред. Ин адабиётҳо тавре омода шудаанд, ки ба омӯзанда барои дӯст доштани Яҳува кӯмак мекунанд. Масалан, дар боби якуми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад»ба чунин саволҳо ҷавоб дода шудааст: «Оё Худо одамонро имтиҳон мекунад? Вақте одамон азоб мекашанд, Худо чӣ ҳис мекунад? Оё ба Яҳува наздик шудан мумкин аст?» Дар бораи китоби «Муҳаббати Худо» чӣ гуфтан мумкин? Он ба омӯзанда мефаҳмонад, ки агар аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас амал кунанд, ҳаёташон беҳтар мегардад ва онҳо ба Яҳува наздиктар шуда метавонанд. Агар шумо бо дигарон аз рӯйи ин китобҳо омӯзиш гузаронед, ба ҳар як дарс хуб тайёрӣ бинед ва маълумоти овардашударо ба ниёзҳои омӯзанда мувофиқ созед.
9 Аз китобҳои10 Лекин фарз кардем, омӯзанда оиди мавзӯи дигаре фаҳмидан мехоҳад, ки дар ин ду китоби омӯзишӣ муҳокима нашудааст. Ба ӯ нишон диҳед, ки дар кадом адабиёт оиди он мавзӯъ гуфта шудааст, то ки худаш онро мустақилона хонад. Ин тавр карда шумо метавонед омӯзишро аз рӯйи китобҳои дар боло номбаршуда давом диҳед.
11. Аз кадом вақт сар карда мо бояд омӯзишро бо дуо сар кунем ва ба охир расонем? Чӣ тавр шумо муҳим будани дуоро ба омӯзандаатон фаҳмонда метавонед?
11 Омӯзишро бо дуо сар кунед. Агар бо касе омӯзиш сар кунему он якчанд ҳафта мунтазам гузарад, хуб мебуд, ки минбаъд омӯзишро бо дуо сар карда онро бо дуо тамом кунем. Мо бояд ба омӯзанда ёрдам кунем, то дарк кунад, ки Каломи Худоро танҳо бо кӯмаки рӯҳи муқаддаси Ӯ фаҳмидан мумкин аст. Баъзе воизон барои муҳим будани дуоро ба омӯзанда фаҳмондан, Яъқуб 1:5-ро мехонанд, ки дар он гуфта шудааст: «Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор онро пайваста аз Худо пурсад». Сипас воиз аз омӯзанда мепурсад: «Чӣ тавр мо аз Худо хирад пурсида метавонем?» Ва омӯзанда шояд мефаҳмад, ки барои ин ба Худо дуо гуфтан лозим аст.
12. Чӣ тавр шумо бо ёрии Забур 138:2–4 ба омӯзанда кӯмак карда метавонед, то дар дуо ба Яҳува дилашро кушояд?
12 Ба омӯзандаатон ёд диҳед, ки дар бораи чӣ дуо гуфтан лозим аст. Ӯро боварӣ бахшед, ки Яҳува дуоҳои самимии вайро бо ҷону дил гӯш кардан мехоҳад. Фаҳмонед, ки дар дуоҳои шахсӣ мо метавонем сирри диламонро ба Худо ошкор кунем ва чизҳоеро, ки ба ягон кас гуфта наметавонем, ба Ӯ гӯем. Чунки Яҳува аллакай аз фикру ҳиссиёти мо бохабар аст. (Забур 138:2–4-ро хонед.) Ҳамчунин омӯзандаамонро метавонем барангезем, то аз Худо барои ислоҳ кардани фикрҳои нодуруст ва партофтани одатҳои бад кӯмак пурсад. Фарз мекунем, ягон шахс муддате омӯзиш карда истодаасту лекин баъзе идҳоеро, ки аз бутпарастӣ реша мегиранд, дӯст медорад. Вай медонад, ки ин ба Худо маъқул нест, вале гап дар он ки баъзе ҷиҳатҳои ин ид ё маросим ба ӯ маъқуланд. Дар чунин ҳолат ӯро барангезед, то дар дуо ҳиссиёташро ошкоро ба Яҳува гӯяд ва илтиҷо кунад, ки барои дӯст доштани он чизе ки Ӯ дӯст медорад, ба вай кӯмак кунад (Заб. 96:10).
13. а) Чаро омӯзандагонро ҳарчи зудтар ба ҷамъомад таклиф кардан лозим аст? б) Мо чӣ кор карда метавонем, то омӯзанда дар ҷамъомад худро бегона ҳис накунад?
13 Омӯзандаатонро ҳарчи зудтар ба вохӯриҳои ҷамъомад даъват кунед. Чизе ки омӯзанда дар ҷамъомад мебинад ва мешунавад, ба дилаш сахт таъсир карда метавонад ва ӯро ба пешравӣ кардан бармеангезад. Ба ӯ видеонавори «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?»-ро нишон дода ӯро ба ҷамъомад таклиф кунед. Ҳамроҳ ба вохӯриҳо рафтанро пешкаш намоед. Хуб мебуд, ки ба омӯзиш бо воизони гуногун равед, то ки омӯзандаатон бо дигар аъзоёни ҷамъомад шинос шавад. Он гоҳ вақте ӯ ба ҷамъомад меояд, худро он қадар бегона ҳис намекунад.
БА ОМӮЗАНДА КӮМАК КУНЕД, КИ РӮҲАН ПЕШРАВӢ КУНАД
14. Чӣ метавонад омӯзандаро ба рӯҳан пешравӣ кардан барангезад?
14 Мо мехоҳем ба омӯзандаамон ёрӣ диҳем, ки рӯҳан пешравӣ кунад (Эфс. 4:13). Вақте шахс ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ мешавад, вай дар аввал асосан фаҳмидан мехоҳад, ки омӯзиш ба ӯ чӣ манфиат меорад. Вале бо зиёд шудани муҳаббаташ ба Яҳува, эҳтимол вай фикр кунад, ки чӣ тавр ба дигар одамон, аз он ҷумла ба касоне, ки аллакай аъзои ҷамъомад ҳастанд, ёрӣ диҳад (Мат. 22:37–39). Дар мавриди мувофиқ ба омӯзанда инчунин фаҳмондан мумкин аст, ки мо кори Яҳуваро бо хайрияҳои ихтиёрӣ дастгирӣ карда метавонем.
15. Чӣ тавр ба омӯзанда кӯмак кунем, то ҳангоми душвориҳо дуруст рафтор кунад?
15 Ба омӯзандаатон фаҳмонед, ки ҳангоми пайдо шудани мушкилӣ чӣ кор кардан лозим аст. Фарз мекунем, омӯзандаи шумо, ки воизи таъмиднаёфта аст, ба шумо мегӯяд, ки касе аз ҷамъомад ӯро хафа кард. Ба ҷойи ӯро тарафгирӣ кардан, фаҳмонед, ки Каломи Худо дар ин бобат чӣ маслиҳат медиҳад. Дуруст мебуд, агар вай он бародар ё хоҳарро бахшад ва кори шударо фаромӯш кунад. Ё агар инро карда натавонад, ба назди шахсе ки ӯро хафа кардааст, рафта хатояшро меҳрубонона фаҳмонад ва муносибати хубро бо ӯ барқарор кунад. (Бо Матто 18:15 муқоиса кунед.) Ба омӯзанда кӯмак кунед, то чӣ гуфтанашро пешакӣ фикр кунад. Ба ӯ истифода бурдани «JW Library»®, «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот» ва сайти jw.org®-ро ёд диҳед. Чи қадаре ки вай пеш аз таъмид бо дигарон ҳал кардани душвориҳоро хубтар ёд гирад, дар оянда бо аъзоёни ҷамъомад муносибати хуб доштанаш осонтар мегардад.
16. Чаро хуб мебуд, ки ба омӯзиш бо воизони гуногун равем?
16 Ба омӯзиш дигар воизон ва нозири ноҳиявиро таклиф кунед. Чаро? Дар боло гуфтем, ки бо ин роҳ омӯзанда бо бисёр бародару хоҳарон шинос мешавад. Ғайр аз ин, дигар воизон шояд ба ӯ кӯмакеро расонда тавонанд, ки шумо наметавонед. Масалан, омӯзандае шояд сигоркаширо партофтан мехоҳад, вале бо вуҷуди якчанд бор кӯшиш карданаш партофта наметавонад. Ба назди ӯ бо воизе равед, ки ӯ пеш бо одати сигоркашӣ мубориза мебурду оқибат ғолиб омад. Ӯ метавонад ба омӯзандаи шумо чизеро маслиҳат диҳад, ки ба вай даркор аст. Агар шумо ба омӯзиш бо ягон бародари ботаҷриба раведу дар ҳузури ӯ аз омӯзиш гузарондан изо кашед, пас, хоҳиш кунед, ки он рӯз омӯзишро вай гузаронад. Вақте шумо ба омӯзишатон воизони гуногунро таклиф мекунед, омӯзандаатон аз таҷрибаи онҳо манфиат гирифта метавонад.
КАДОМ ВАҚТ ОМӮЗИШРО БОЯД БАС КУНЕМ?
17, 18. Ҳангоми қарор баровардан оиди давом додан ё бас кардани омӯзиш дар бораи кадом чизҳо бояд фикр кард?
17 Вақте мебинед, ки омӯзандаатон ҳаёташро дигар намекунад, шояд ба фикр афтед, ки бо вай омӯзишро давом диҳед ё не. Лекин ҳангоми баровардани чунин қарор шумо бояд қобилияти шахсро низ ба назар гиред. Баъзе омӯзандаҳо тез пешравӣ мекунанд, баъзеашон бошанд, сусттар. Ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё омӯзандаам дар вазъияти худ то ҳадди имкон кӯшиш карда истодааст, ки пешравӣ кунад? Оё ӯ чизҳои фаҳмидаашро риоя карда истодааст?» (Мат. 28:20). Шояд барои шогирди Исо шудан ба омӯзанда вақти дарозтар лозим аст, вале бояд аён бошад, ки ӯ ҳаёташро дигар карда истодааст.
18 Аммо чӣ бояд кард, агар аз рафтори омӯзанда маълум гардад, ки ӯ чизҳои омӯхтаашро он қадар қадр намекунад? Фарз мекунем, омӯзандаатон китоби «Таълими Китоби Муқаддас»-ро тамом кардаасту шояд китоби «Муҳаббати Худо»-ро сар кардааст, вале то ҳол ягон бор ба ҷамъомад, ҳатто ба Шоми ёдбуд нарафтааст. Ва ӯ бисёр вақт бо ҳар гуна баҳона омӯзишро ба рӯзи дигар монондан мехоҳад. Дар чунин ҳолат хуб мебуд, ки шумо ошкоро бо омӯзандаатон гап занед *.
19. Агар ба назар чунин тобад, ки шахс омӯзишро қадр намекунад, бо ӯ чӣ тавр ошкоро гап зада метавонед ва чиро бояд ба назар гирифт?
19 Шумо метавонед бо омӯзандаатон гапро чунин сар кунед: «Ба фикрат асосан чӣ ба ту халал мерасонад, ки Шоҳиди Яҳува шавӣ?» Омӯзанда шояд ҷавоб диҳад: «Ба ман омӯзиш кардан маъқул аст, вале ман ҳеҷ гоҳ Шоҳиди Яҳува шудан намехоҳам». Агар ӯ муддати муайян омӯзиш карда истодаасту чунин рӯҳия дошта бошад, пас, ҳоҷат нест, ки бо ӯ омӯзишро давом диҳед. Ё омӯзандае шояд сирри дилашро ба шумо кушода мегӯяд, ки чӣ пеши роҳи ӯро медорад. Масалан, мумкин ӯ аз хона ба хона мавъиза кардан метарсад. Акнун ки шумо душвории ӯро фаҳмидед, ба таври беҳтар ба вай ёрдам дода метавонед.
20. Чӣ тавр Аъмол 13:48 ба мо кӯмак мекунад, то қарор барорем, ки бо шахс омӯзишро давом диҳем ё не?
20 Афсӯс, ки баъзе омӯзандагон мисли исроилиёне мебошанд, ки дар замони Ҳизқиёл зиндагӣ мекарданд. Дар бораи онҳо Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт: «Инак, ту барои онҳо мисли суруди ишқбозӣ ҳастӣ, ки овози хуше дорӣ ва ба хубӣ менавозӣ; ва суханонатро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд» (Ҳиз. 33:32). Шояд ба мо душвор аст ба омӯзанда гӯем, ки дигар бо вай омӯзиш намекунем. Вале «вақти боқимонда кӯтоҳтар шудааст» (1 Қӯр. 7:29). Мо набояд вақти худро ба омӯзишҳои бесамар сарф кунем. Ба ҷойи ин, мо онҳоеро меҷӯем, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» будани худро бо рафторашон нишон медиҳанд. (Аъмол 13:48-ро хонед.)
21. Ояти соли 2020 кадом аст ва он дар чӣ ба мо кӯмак мекунад?
21 Матни барои соли 2020 интихобшуда ба мо кӯмак мекунад, ки дар давоми сол диққати худро ба беҳтар кардани сифати кори шогирдсозӣ равона кунем. Он аз суханони Исо, ки ҳангоми вохӯрии таърихӣ дар кӯҳи Ҷалил гуфта буд, гирифта шудааст ва чунин мебошад: Пас, равед, шогирд тайёр кунед ва онҳоро таъмид диҳед (Мат. 28:19).
СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем
^ сарх. 5 Ояти солонаи 2020 моро бармеангезад, ки «шогирд тайёр» кунем. Ин амри Исо ба ҳамаи хизматгорони Яҳува дахл дорад. Чӣ тавр мо омӯзандагони худро барангехта метавонем, то шогирдони Масеҳ гарданд? Мақолаи мазкур дар ин ба мо кӯмак мекунад. Дар он маслиҳатҳо оварда шудаанд, ки чӣ тавр ба омӯзанда барои ба Яҳува наздиктар шуданаш кӯмак кунем. Ҳамчунин мо аз он мефаҳмем, ки кай бо омӯзанда омӯзишро бас кардан лозим аст.
^ сарх. 9 Вақте китоби нави «Дар муҳаббати Худо бимонед» ба забони шумо дастрас мешавад, шумо бояд дар омӯзиш онро истифода баред.
^ сарх. 18 Видеонавори «Бо шахсе ки пешравӣ намекунад, омӯзишро бас кунед»-ро аз шабакаи JW Broadcasting® тамошо кунед.