Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

«Анҷумани навбатӣ кай мешавад?»

«Анҷумани навбатӣ кай мешавад?»

ОХИРҲОИ моҳи ноябри соли 1932 буд. Як ҳафта пеш дар шаҳри серодами Мехико, ки аҳолиаш зиёда аз 1 миллион буд, бори аввал чароғаки роҳнамо пайдо шуд. Аммо диққати аҳолии шаҳр ба дигар чиз равона шуда буд. Дар назди қатора хабарнигорон бо камераҳо омадани меҳмони махсусеро интизор буданд. Ин меҳмон кӣ буд? Президенти Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ Ҷозеф Рутерфорд. Шоҳидони маҳаллӣ низ бародар Рутерфордро, ки бояд ба анҷумани серӯза меомад, интизор буданд.

Барои дар Мексика паҳн шудани хушхабар ин анҷуман нақши муҳиме бозидааст. Дар ин бора маҷаллаи «Асри тиллоӣ» чунин мегӯяд: «Бешубҳа, ин анҷуман дар таърихи Мексика воқеаи муҳимтарин хоҳад шуд». Ба ин анҷуман тақрибан 150 нафар омада бошад ҳам, он хеле муҳим буд. Чаро?

Пеш аз ин анҷуман дар Мексика хушхабари Салтанат он қадар паҳн нашуда буд. Аз соли 1919 сар карда дар ин ҷо анҷуманҳои хурд мегузаштанд, аммо шумораи ҷамъомадҳо якчанд сол пас кам шудан гирифт. Вақте ки соли 1929 дар Мехико филиаламон кушода шуд, ба назар чунин метофт, ки акнун вазъият аз пештара беҳтар мешавад. Аммо душвориҳое буданд, ки бояд бартараф мегардиданд. Ташкилот ба паҳнкунандагони китоб (пештар пешравони пурравақтро чунин мегуфтанд) дастур дод, ки минбаъд дар мавъиза бо бизнес машғул нашаванд. Як паҳнкунандаи китоб аз ин сахт ба қаҳр омада ҳақиқатро тарк кард ва гурӯҳи омӯзандагони Китоби Муқаддаси худро ташкил дод. Ба болои ин нозири филиал барои рафтори нодурусташ бояд иваз карда мешуд. Он вақтҳо ба Шоҳидони содиқ осон набуд, онҳо ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷ буданд.

Дар анҷуман бародар Рутерфорд ин масеҳиёни содиқро бо ду нутқ ва панҷ маърӯзааш, ки ба воситаи радио садо доданд, рӯҳбаланд кард. Он вақт бародарон барои дар Мексика паҳн кардани хушхабар бори аввал радиоро истифода бурданд. Баъди анҷуман нозири нави филиал кори мавъизаро ташкил дод. Шоҳидон бо қувваи тоза ва дастгирии Худо мавъиза карданро боғайратона давом доданд.

Анҷумани соли 1941 дар Мехико

Як сол пас дар ин ҷо на як, балки ду анҷуман гузашт, ки якеаш дар Веракрус, дигараш дар Мехико буд. Кӯшишу ғайрати бародару хоҳарон бенатиҷа намонд. Масалан, соли 1931 ин ҷо танҳо 82 воиз буд. Аммо даҳ сол пас шумораи онҳо даҳ маротиба зиёд шуд! Ба анҷумане, ки соли 1941 дар Мехико баргузор шуд, тақрибан 1000 одам омада буд.

«КӮЧАҲОИ ПУР АЗ ОДАМ»

Соли 1943 Шоҳидон барои эълон кардани анҷумани «Халқи озод», ки бояд дар 12 шаҳри Мексика барпо мегашт, плакатҳо ба бар карда буданд *. Ин плакатҳо аз пешу паси шахс бо бандҳое, ки аз китфаш мегузаштанд, пайваст мешуданд. Шоҳидони Яҳува ин тарзи мавъизаро аз соли 1936 сар карда истифода мебурданд.

Порчаи маҷаллае, ки дар он Шоҳидон бо плакатҳо акс ёфтаанд (соли 1944)

Мавъиза бо ин плакатҳо самарабахш буд. Маҷаллаи «Ла насон» («La Nación») дар бораи Шоҳидоне, ки ба анҷуман омада буданд, чунин мегӯяд: «Якум рӯз [-и анҷуман] аз онҳо [Шоҳидони Яҳува] хоҳиш карданд, ки одамони бисёрро даъват намоянд. Рӯзи дигар бошад, аз сабаби бисёрии одамон ҷой танг шуда буд». Аз ин роҳбарони дини католикӣ ба ғазаб омаданд, барои ҳамин онҳо ба бародару хоҳарон зиддият нишон доданд. Аммо бародару хоҳарон ба анҷуман даъват кардани одамонро далерона давом медоданд. Дар як мақолаи дигари маҷаллаи «Ла насон» гуфта шуда буд, ки тамоми аҳолии шаҳр мардону занони плакатдорро медиданд. Инчунин дар он мақола расми бародароне, ки дар кӯчаҳои Мехико мавъиза мекарданд, оварда шуда буд. Дар поёни ин расм навиштаҷоти зерин дида мешуд: «Кӯчаҳои пур аз одам».

«ҶОЙГАҲҲОИ МУЛОИМУ ГАРМТАР АЗ ФАРШИ ХУНУК»

Он сол бародару хоҳарон барои ба якчанд анҷумани Мексика рафтан аз баҳри бисёр чиз баромаданд. Бисёриҳо аз қишлоқҳои дурдаст, ки аз роҳи оҳан ва ҳатто аз роҳи мошингард дур буд, омада буданд. Онҳо савора ва ё пиёда роҳи дурударозро то қатора тай карда, баъд ба анҷуман расиданд.

Бисёри Шоҳидон камбағал буданд, вале як илоҷ карда ба анҷуман омаданд. Вақте онҳо ба он ҷо расиданд, Шоҳидони маҳаллӣ ба бисёри онҳо меҳмоннавозӣ нишон дода ба хонаашон қабул карданд. Баъзеи дигарашон бошанд, дар Толорҳои Салтанат хоб рафтанд. Боре 90 бародарро дар филиал ҷо карданд. Барои ҳар яки онҳо 20 картони китобро болои ҳам қатор чинда ҷойгаҳ тайёр карданд. Дар «Солнома» гуфта шуда буд, ки меҳмонон ин ҷойгаҳҳоро «мулоиму гармтар аз фарши хунук» донистанд.

Он Шоҳидон бо бародару хоҳарон ҷамъ омада хеле хурсанд шуданд ва аз қурбониҳои кардаашон пушаймон набуданд. Соли 1949 дар ҳисоботе, ки филиали Мексика дод, дар бораи бародару хоҳарон гуфта шуда буд, ки душвориҳое, ки онҳо доштанд, ғайраташонро дар ибодати Яҳува кам накард. Ҳар як анҷумане, ки мегузашт, мавзӯи асосии сӯҳбаташон буд ва онҳо зуд-зуд савол медоданд, ки «анҷумани навбатӣ кай мешавад?» Имрӯз ҳам қариб як миллион воизони Мексика чунин рӯҳияро зоҳир мекунанд *. (Аз хазинаи мо дар Амрикои Марказӣ.)

^ сарх. 9 Мувофиқи «Солномаи 1944» (англ.) ба воситаи ин анҷуман Шоҳидони Яҳува дар Мексика машҳур шуданд.

^ сарх. 14 Соли 2016 дар Мексика ба Шоми ёдбуд 2 262 646 нафар ташриф оварданд.