ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Барои пайрави Масеҳ шудан аз баҳри бисёр чиз гузаштам
«Агар ба мавъиза равӣ, дигар барнагард. Гашта омадӣ, пойҳоятро зада мешиканам». Ин суханони падарам гаштаю баргашта дар гӯшам садо медоданд. Ман қарор кардам, ки аз хона меравам. Ин бори аввал буд, ки барои пайрави Масеҳ шудан ман аз баҳри чизе гузаштам. Ман он вақт ҳамагӣ 16-сола будам.
БИЁЕД нақл кунам, ки чӣ тавр ин воқеа рӯй дод. Ман 29 июли соли 1929 дар як деҳаи вилояти Булакан (Филиппин) таваллуд шудам ва ба воя расидам. Аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ мардум он вақтҳо зиндагии одӣ доштанд. Вақте ки ман наврас будам, ҷанг сар шуд. Аскарони Ҷопон Филиппинро забт карданд. Ба ин нигоҳ накарда қишлоқи мо сахт зарар надид, чунки аз минтақаи ҷанг дур буд. Дар ҷойҳои мо радио, телевизор ва газета дастрас набуд, барои ҳамин мо хабарҳои ҷангро аз даҳони одамон мешунидем.
Мо дар оила ҳашт фарзанд будем. Ман фарзанди дуюм будам. Дар синни ҳаштсолагиам бобову бибиам маро бо худ бурданд, то бо онҳо зиндагӣ кунам. Ҳарчанд мо католик будем, бобоям дар бораи динҳо сӯҳбат карданро дӯст медошт ва адабиёти диниро, ки дӯстонаш ба вай медоданд, ҷамъ мекард. Дар ёд дорам, ки ӯ ба ман Китоби Муқаддас ва якчанд рисолаеро, ки бо забони тагалог буданду таълимоти дини дурӯғро фош мекарданд, нишон дода буд. Ман хондани Китоби Муқаддас, хусусан чор китоби Инҷилро, хеле дӯст медоштам. Дар натиҷа ман хоҳиш пайдо кардам, ки пайрави Исо шавам (Юҳ. 10:27).
ФАҲМИДАНИ ҲАҚИҚАТ
Соли 1945 Филиппин аз зери зулми Ҷопон озод шуд. Он вақт падару модарам хостанд, ки ман ба хона баргардам. Бобоям низ маро ба ин водор кард ва ман ба хона баргаштам.
Чанде пас, моҳи декабри соли 1945, як гурӯҳи Шоҳидони Яҳува аз шаҳри Ангат ба қишлоқи мо омада мавъиза карданд. Як бародари пиронсол ба хонаи мо омада, аз Китоби Муқаддас ба мо дар бораи замонҳои охир фаҳмонда дод (2 Тим. 3:1–5). Ӯ моро ба қишлоқи ҳамсоя ба вохӯрии омӯзиши Китоби Муқаддас таклиф намуд. Волидонам ба он ҷо рафтан нахостанд, ман бошам, рафтам. Дар он вохӯрӣ қариб 20 нафар ҳузур доштанд ва баъзеи онҳо оиди Китоби Муқаддас саволҳо медоданд.
Ман аз суханони онҳо ҳеҷ чизро намефаҳмидам, барои ҳамин хостам, ки баромада равам. Лекин он дам онҳо ба сароидани суруди Салтанат сар карданд. Он суруд ба дили ман хеле таъсир кард, барои ҳамин ман дар он ҷо мондам. Баъди суруд ва дуо, ҳамаи
мо ба вохӯрии навбатие, ки бояд рӯзи якшанбе дар Ангат мегузашт, таклиф шудем.Ҷамъомад бояд дар хонаи Круз ном бародар мегузашт ва барои ба он ҷо расидан якчанд нафари мо тахминан 8 километр роҳро тай кардем. Дар он вохӯрӣ қариб 50 нафар иштирок доштанд ва ҳатто кӯдакони хурдсол ба саволҳои душвор аз Китоби Муқаддас ҷавоб медоданд. Ин маро хеле ба ҳайрат овард. Баъди якчанд вохӯрӣ бародар Дамиан Сантос, пешрави пиронсол, ки собиқ майори милиса буд, ба ман пешниҳод кард, ки шаб дар хонааш монам. Мо то бевақтии шаб Китоби Муқаддасро муҳокима кардем.
Он вақт бисёре аз мо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро тез аз худ кардем. Баъди якчанд вохӯрӣ бародарон аз мо пурсиданд: «Шумо мехоҳед таъмид гиред?» Дар ҷавоб ман гуфтам: «Ҳа, мехоҳам», чунки дар дилам хоҳиш пайдо шуда буд, ки пайрави Масеҳ шавам (Қӯл. 3:24). Ду нафари мо 15 феврали соли 1946 дар дарёе, ки дар наздикӣ буд, таъмид гирифтем.
Мо мефаҳмидем, ки ҳамчун масеҳиёни таъмидёфта бояд мисли Исо мунтазам мавъиза кунем. Ин кори ман ба падарам маъқул нашуд ва ӯ гуфт: «Ту ҳоло барои мавъиза кардан хеле ҷавон ҳастӣ. Фикр накун, ки ба об ғӯта зада баромадию акнун мавъиза карда метавонӣ». Ман ба вай фаҳмондам, ки Худо мехоҳад, то мо хушхабари Салтанатро ба ҳама мавъиза кунем (Мат. 24:14). Ман боз гуфтам, ки бояд ваъдаи ба Худо додаамро иҷро кунам. Он гоҳ падарам ба қаҳр омада, суханони дар сарсухан овардашударо гуфт. Аслан нияти ӯ маро аз мавъиза боздоштан буд. Маҳз ин воқеа маро водор кард, ки барои ба Яҳува хизмат кардан аз баҳри чизе гузарам.
Оилаи Круз маро таклиф карданд, то дар Ангат бо онҳо зиндагӣ кунам. Онҳо ману духтари хурдиашон Нораро бармеангехтанд, ки пешрав шавем. Ҳар дуи мо 1 ноябри соли 1947 хизмати пешравиро сар кардем. Нора дар шаҳри дигар хизмат мекард, ман бошам, дар Ангат кори мавъизаро дастгирӣ мекардам.
ИМКОНИЯТИ НАВ ДАР КОРИ САЛТАНАТ
Баъд аз се соли хизмати пешравӣ бародар Эрл Стюарт аз филиали Филиппин ба шаҳри Ангат омад ва дар як хиёбони калон барои қариб 500 нафар нутқ гуфт. Ман нутқи ӯро аз забони англисӣ ба забони тагалог тарҷума мекардам. Ман дар мактаб танҳо то синфи ҳафт хонда будам, вале муаллимон аксар вақт ба забони англисӣ дарс медоданд. Азбаски ба забони тагалог адабиёти ташкилотамон хеле кам буд, ман онҳоро асосан бо забони англисӣ мехондам, ки ин ҳам барои хубтар аз худ кардани забони англисӣ ба ман кӯмак карда буд. Донистани ин забон ба ман ёрдам кард, ки нутқи бародар Стюарт ва баъдар дигар нутқҳоро ба забони тагалог тарҷума кунам.
Рӯзе, ки ман нутқи бародар Стюартро тарҷума кардам, ӯ ба бародарони ҷамъомади маҳаллӣ гуфт, ки филиал мехоҳад, то ду бародари пешравро ба Байт-Ил даъват кунад. Соли 1950 миссионерон ба анҷумани «Рушди теократия» ба Ню-Йорк (ИМА) рафтанӣ буданд, барои ҳамин ин ду пешрав то баргаштани онҳо бояд ба кори Байт-Ил кӯмак мекарданд. Ман яке аз он пешравоне будам, ки ба он ҷо даъват шуданд. Барои дар Байт-Ил хизмат кардан ман муҳити бароям шинос ва дӯстонамро тарк кардам. Ман боз аз баҳри чизе гузаштам.
Ман 19 июни соли 1950 ба Байт-Ил омадам ва ба кор шурӯъ кардам. Байт-Ил як хонаи калони кӯҳна буд, ки 1 гектар замини гирду атрофашро дарахтони калон иҳота карда буданд. Дар ин ҷо бародарони муҷарради бисёре хизмат мекарданд. Ман ҳар субҳ дар ошхона ёрдам медодам. Баъдтар, тақрибан аз соати нӯҳ сар карда, дар шӯъбаи либосшӯйӣ ва дарзмолкунӣ кор мекардам. Баъди нисфирӯзӣ бошад, боз бо ҳамин тартиб корамро давом медодам. Ҳатто, вақте миссионерон аз анҷумани байналмилалӣ баргаштанд, ман хизматамро дар Байт-Ил давом додам. Акнун кори ман адабиётҳоро ба қуттиҳо ҷой карда, барои фиристодан тайёр кардан буд. Инчунин ман дар шӯъбаи обуна ва қабулгоҳ кор мекардам. Ман тайёр будам, ки ҳар гуна кореро, ки ба ман мефармуданд, иҷро кунам.
БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ҶИЛЪОД ФИЛИППИНРО ТАРК МЕКУНАМ
Соли 1952 аз Филиппин ҳафт нафар ба синфи 20-уми Мактаби Ҷилъод даъват шудем. Бисёр чизе ки мо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дида будем, бароямон бегона буд. Он чизҳо пурра аз чизҳое, ки ман дар қишлоқи хурдамон дида будам, фарқ мекарданд.
Масалан, дар он ҷо баъзе асбобу анҷом ва техника бароямон ношинос буданд. Обу ҳавояш ҳам дигар буд. Як саҳар, вақте аз хона мебаромадам, дидам, ки ҳама ҷо сап-сафед аст. Ин, дар ҳақиқат, манзараи зебо буд. Ман он вақт бори аввал барфро дида будам. Баъд ман фаҳмидам, ки он сахт хунук будааст!
Аммо хурсандие, ки ман аз таҳсили Ҷилъод мегирифтам, ҳамаи ин душвориҳоро рӯйпӯш мекард. Муаллимон барои таълим додани мо тарзҳои самарабахшро истифода мебурданд. Мо дар он ҷо чуқур тадқиқот карданро ёд гирифтем. Ин гуна тадқиқот ба мо фоидаи зиёде овард. Таҳсил дар Ҷилъод ба ман ёрдам кард, ки муносибатамро бо Яҳува мустаҳкамтар кунам.
Баъди анҷоми таҳсил маро дар ноҳияи Бронкси шаҳри Ню-Йорк муваққатан пешрави махсус таъйин карданд. Баъдтар соли 1953 ман дар анҷумани «Ҷамъияти Дунёи нав», ки дар ноҳияи Бронкс гузашт, иштирок кардам. Баъд аз анҷуман ман ба Филиппин баргашта, хизмати пештараамро давом додам.
ЗИНДАГИИ БАРОҲАТИ ШАҲРРО ТАРК МЕКУНАМ
Бародарон аз филиал ба ман гуфтанд, ки «ту акнун нозири ноҳиявӣ мешавӣ». Ин намуди хизмат ба ман як имконияти наве дод, то мисли Исо ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда ба гӯсфандони Яҳува кӯмак расонам (1 Пет. 2:21). Ман ба ноҳияе таъйин шудам, ки ба он яке аз ҷазираҳои калонтарини Филиппин, Лусони марказӣ, дохил мешуд. Инчунин ба он вилоятҳои Булакан, Нуэва-Эсиха, Тарлак ва Самбалес дохил мешуданд. Барои ба баъзе шаҳрҳо расидан ман бояд кӯҳҳои душворгузари Серра-Мадреро мегузаштам. Барои ба он ҷойҳо рафтан нақлиёти ҷамъиятӣ набуд, барои ҳамин ман аз ронандаҳои мошинҳои боркаше, ки ғӯлачӯб мекашонданд, илтимос мекардам, ки маро ба он ҷойҳо баранд. Бисёр вақт онҳо розӣ мешуданд. Ман одатан дар болои ғӯлачӯбҳо мешиштам, аммо он бароям на он қадар қулай буд.
Бисёри ҷамъомадҳо нисбатан хурд ва нав ташкил ёфта буданд. Барои ҳамин, вақте ман барои ташкил кардани ҷамъомадҳо ва кори мавъиза ба бародарон ёрдам кардам, онҳо хеле миннатдор шуданд.
Баъдтар ман хизматамро чун нозири ноҳиявӣ дар саросари ноҳияи Бикол давом додам. Ин ноҳия бештар аз гурӯҳҳои хурди дурдаст иборат буд. Он ҷо пешравони махсус дар минтақаҳое хизмат мекарданд, ки хушхабар паҳн нашуда буд. Рӯзе ман ба як хонае меҳмон шудам, он ҷо як ҳоҷатхонаи заминокӣ дошт, ки фаршаш тахтагӣ буд. Вақте ман поямро ба болои он тахтаҳо мондам, онҳо ба даруни сӯрохӣ афтиданд ва ман ҳам якҷоя бо онҳо ба сӯрохӣ афтидам. Барои боз ба корҳои ҳаррӯза машғул шуданам ба ман вақт лозим буд, ки худро ба тартиб дарорам.
Он вақтҳо ман дар бораи Нора, ки пеш дар Булакан пешрав шуда хизмат мекард, фикр мекардам. Ӯ акнун дар шаҳри Думагете пешрави махсус шуда хизмат мекард. Ман барои вайро хабар гирифтан ба ин шаҳр рафтам. Баъд аз ин мо бо якдигар мулоқотро давом додем ва соли 1956 оиладор шудем. Баъд
аз тӯямон ҳафтаи якум мо ҷамъомадеро, ки дар ҷазираи Рапу-Рапу мегузашт, хабар гирифтем. Барои ба он ҷо рафтан мо бояд аз кӯҳҳо мегузаштем ва роҳҳои зиёдеро тай мекардем, аммо хизмат ба бародароне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекарданд, ба ману ҳамсарам хурсандии зиёде меовард.БОЗГАШТ БА БАЙТ-ИЛ
Баъд аз чор соли хизматамон моро ба филиал даъват карданд. Аз январи соли 1960 маълум шуд, ки хизмати мо дар Байт-Ил тӯл мекашад. Баъд аз чанд вақт ман бо бародарони ботаҷрибае, ки масъулияти зиёдро ба ӯҳда доштанд, паҳлӯ ба паҳлӯ кор карданро ёд гирифтам. Занам бошад, дар Байт-Ил ҳар гуна супоришҳоро иҷро мекард.
Вақти дар Байт-Ил буданам ман бо чашмони худ медидам, ки чӣ тавр шумораи воизон дар Филиппин зиёд мешаванд. Вақте ки ман аввалин бор ба Байт-Ил омадам ҷавон будам. Он вақт дар Филиппин тақрибан 10 000 воиз буд. Ҳоло бошад, дар ин ҷо зиёда аз 200 000 воиз, аз он ҷумла садҳо байтилчиён, кори Салтанатро пеш мебаранд.
Бо гузашти солҳо кор дар Байт-Ил бисёр шуд. Аз ин рӯ лозим омад, ки биноҳои онро васеътар кунанд. Ҳайати Роҳбарикунанда аз мо хоҳиш кард, ки барои сохтани бинои нав замин кобем. Нозири шӯъбаи чопкунӣ ва ман ба хонаҳои гирду атрофи филиаламон рафта пурсуҷӯ мекардем, ки оё касе заминашро фурӯхтан мехоҳад. Аммо касе намехост, ки заминашро фурӯшад. Боре як марди хитойӣ ба мо чунин гуфт: «Хитойиҳо намефурӯшанд, танҳо мехаранд».
Рӯзе ногаҳон марде аз мо пурсид, ки оё мо мехоҳем, заминашро харем. Он мард заминашро фурӯхта, ба Амрико кӯчидан мехост. Боз як ҳамсояи дигарамон хост, ки заминашро ба мо фурӯшад ва ҳатто дигар одамони гирду атрофашро водор кард, ки заминашонро фурӯшанд. Аз ин воқеаҳои пайдарпай мо ба ҳайрат омадем. Мо ҳатто замини мардеро, ки «хитойиҳо намефурӯшанд» гуфта буд, харидем. Дар як муддати кӯтоҳ масоҳати замини филиаламон се маротиба зиёд шуд. Ман дар ин кор дасти Яҳуваро баръало дидам.
Соли 1950 ман ҷавонтарин аъзои оилаи Байт-Ил будам. Ҳоло бошад, ману занам аз ҳама калонсолтарин аъзои Байт-Ил ҳастем. Ман пушаймон нестам, ки ба Исо пайравӣ карда ба куҷое, ки ӯ маро равона мекард, мерафтам. Ҳарчанд волидонам маро аз хона пеш карданд, Яҳува маро ба оилаи калони худ қабул кард. Ман заррае ҳам шубҳа надорам, ки Яҳува новобаста аз таъйинотамон ҳамеша дар бораи ниёзҳои мо ғамхорӣ мекунад. Ману Нора аз Яҳува барои некиҳояш хеле миннатдорем ва дигаронро низ бармеангезем, ки некиҳои Яҳуваро чашида бинанд (Мал. 3:10).
Боре Исо Матто ном боҷгиреро даъват карда гуфт: «Аз паи Ман биё». Оё ӯ даъвати Исоро қабул кард? Бале. «Вай ҳама чизро тарк карда, бархост ва аз пайи Ӯ [Исо] равона шуд» (Луқ. 5:27, 28). Ман низ барои аз пайи Исо рафтан аз баҳри бисёр чиз гузаштам ва мехоҳам дигарон низ имконияти аз пайи Исо рафтанро аз даст надиҳанд ва соҳиби баракатҳои бепоён гарданд.