Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Боигарии ҳақиқиро ҷӯё бошед

Боигарии ҳақиқиро ҷӯё бошед

«Бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед» (ЛУҚ. 16:9).

СУРУДҲО: 32, 51

1, 2. Чаро дар ин ҷаҳон ҳамеша камбағалӣ вуҷуд хоҳад дошт?

ИМРӮЗ одамон аз рӯйи иқтисодиёт шуда бисёр азоб мекашанд. Масалан, ба бисёри ҷавонон ёфтани кор хеле душвор аст. Аксарият ҳаёташонро дар хатар монда ба мамлакатҳои дигар барои пул кор кардан мераванд. Аммо дар мамлакатҳои пешрафта ҳам одамони камбағал ҳастанд. Дар тамоми ҷаҳон бойҳо боз ҳам бойтар ва камбағалон камбағалтар шуда истодаанд. Мувофиқи охирон маълумотҳо як фоиз одамон чунон серпуланд, ки агар боигарии 99 фоизи боқимондаи аҳолиро ҷамъ кунем, ба он баробар мешавад. Дар ҳолате ки сарвати баъзеҳо ба ҳафт пушташон мерасад, миллионҳо одамон қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Исо гуфта буд: «Мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд» (Марқ. 14:7). Ӯ гуфтанӣ буд, ки камбағалон ҳамеша дар байни мо вуҷуд хоҳанд дошт. Барои чӣ?

2 Исо медонист, ки ин ҳолати ҷаҳони тиҷоратро * танҳо Салтанати Худо нест карда метавонад. Дар Ваҳй 18:3 дар бораи «тоҷирон», ё тиҷорат, гуфта шудааст, ки он дар қатори сиёсат ва дин қисми ҷаҳони Шайтонро ташкил медиҳад. Ходимони Худо алоқаашонро пурра аз сиёсат ва дини дурӯғ кандаанд, аммо аксарияташон худро аз тиҷорат пурра канда наметавонанд.

3. Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Мо, масеҳиён, бояд муносибатамонро ба пулу мол тафтиш кунем. Барои ин мо аз худ пурсида метавонем: «Барои содиқиамро ба Худо нишон додан пулу моламро чӣ тавр истифода барам? Чӣ кор кунам, ки ба тиҷорати ин ҷаҳон дода нашавам? Кадом мисолҳо нишон медиҳанд, ки халқи Худо ба пулу мол нею ба Яҳува такя мекунад?»

МАСАЛ ДАР БОРАИ АМАЛДОРИ НОИНСОФ

4, 5. а) Бо амалдоре, ки Исо дар борааш нақл карда буд, чӣ шуд? б) Исо ба шогирдонаш чӣ маслиҳат дод?

4 Луқо 16:1–9-ро хонед. Масали Исо дар бораи амалдори ноинсоф шахсро ба фикр кардан бармеангезад. Вақте амалдорро айбдор карданд, ки молу мулки хӯҷаинашро исроф мекунад, ӯ оқилона рафтор карда барои худ «дӯстон пайдо» кард, то ки, вақте аз вазифааш маҳрум мешавад, онҳо ба ӯ ёрдам кунанд *. Албатта, Исо бо ин масал ба шогирдонаш гуфтан намехост, ки барои дар ин ҷаҳон зинда мондан роҳи ноинсофиро пеш гиранд. Ӯ ин гуна рафторро ба «писарони ин олам» хос донист. Мақсади Исо аз овардани ин масал дигар буд. Ӯ мехост ба шогирдонаш дарси муҳиме омӯзонад.

5 Исо медонист, ки аксари шогирдони ӯ ҳам маҷбуранд, ки дар ин ҷаҳони беадолати тиҷорат зиндагӣ карда, мисли ин амалдор фикри таъмин кардани худро кунанд. Аз ин рӯ ӯ ба онҳо гуфт: «Бо сарвати ноинсофона барои худ дӯстон пайдо кунед, то ки онҳо [Яҳува ва Исо] дар вақти тамом шудани он шуморо ба масканҳои ҷовидонӣ пазироӣ кунанд». Мо аз ин маслиҳати Исо чӣ омӯхта метавонем?

6. Мо аз куҷо медонем, ки тиҷорати ҷаҳони имрӯза ба нияти Худо мувофиқ нест?

6 Ҳарчанд Исо нагуфт, ки чаро сарватро «ноинсофона» номид, Китоби Муқаддас аниқ мефаҳмонад, ки ҳарисона сарват ҷамъ кардан ба нияти Худо мувофиқ нест. Масалан, Яҳува дар боғи Адан ба Одаму Ҳавво ҳама чизро саховатмандона дод (Ҳас. 2:15, 16). Баъдтар, вақте Худо рӯҳи муқаддасашро ба тадҳиншудагони асри як рехт, «ҳеҷ касе молу мулки худро аз они худ намедонист, балки ҳама чизро онҳо муштарак медоштанд» (Аъм. 4:32). Ишаъё-пайғамбар замонеро пешгӯйӣ кард, ки одамон аз ҳосили замин пурра баҳра хоҳанд бурд (Иш. 25:6–9; 65:21, 22). Аммо то он вақт ба шогирдони Исо лозим аст, ки «сарвати ноинсофона»-и дунёи имрӯзаро оқилона истифода баранд ва кӯшиш кунанд, ки ба Худо писанд оянд.

САРВАТИ НОИНСОФОНАРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БАРЕД

7. Дар Луқо 16:10–13 кадом маслиҳати Исо навишта шудааст?

7 Луқо 16:10–13-ро хонед. Амалдор аз масали Исо барои фоидаи худаш дӯстон пайдо намуд. Вале Исо ба шогирдонаш маслиҳат дод, ки дар осмон дӯстон пайдо намоянд ва инро бе ягон ғараз кунанд. Бо ин маслиҳат Исо гуфтанӣ буд, ки, вақте мо сарвати ноинсофонаро дуруст истифода мебарем, содиқиамонро ба Худо исбот менамоем. Биёед бинем, ки мо инро чӣ тавр карда метавонем?

8, 9. Чӣ тавр баъзеҳо дороии худро оқилона истифода мебаранд? Мисолҳо оред.

8 Як роҳи дуруст истифода бурдани чизҳои моддӣ ба кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ, ки Исо дар борааш пешгӯйӣ карда буд, хайрия кардан аст (Мат. 24:14). Биёед якчанд мисолро дида бароем. Духтарчае аз Ҳиндустон дар қуттичаи худ кам-кам пул ҷамъ кард ва барои ин ҳатто аз баҳри харидани бозичаҳо гузашт. Вақте қуттича пур шуд, ин духтарча онҳоро барои кори мавъиза хайрия кард. Инчунин бародаре аз Ҳиндустон, ки кокос парвариш мекард, ба офиси дурдасти тарҷумонии Малаялам кокос хайрия кард, чунки ӯ фаҳмид, ки бародарони он ҷо кокос хариданианд, ва фикр кард, ки дар ин ҳол ба онҳо ба ҷойи пул кокос хайрия кардан беҳтар аст. Ин рафтори бародар оқилона буд. Ба ин монанд, бародарони Юнон барои оилаи Байт-Ил ҳамеша равғани зайтун, панир ва дигар хӯрокаҳо хайрия мекунанд.

9 Бародари дигаре хонаашро, ки дар Шри-Ланка мебошад, барои гузаштани ҷамъомадҳо, анҷуманҳо ва зиндагӣ кардани ходимони пурравақт пешкаш кард. Албатта ин аз тарафи бародар қурбонии калон аст, вале он барои воизони маҳаллӣ, ки пули бисёр надоранд, кӯмаки хеле арзанда мебошад. Дар ҷойҳое, ки фаъолиятамон маҳдуд аст, бародарон хонаҳои худро ба ҷойи Толорҳои Салтанат истифода мебаранд. Ин ба пешравон ва воизоне, ки пули кам доранд, ёрдам мекунад, то соҳиби ҷойи вохӯрӣ шаванд ва иҷорапулӣ насупоранд.

10. Баъзе баракатҳое, ки саховатмандӣ меорад, кадоманд?

10 Мисолҳои боло нишон медиҳанд, ки халқи Худо «дар чизи андак мӯътамад» мебошад (Луқ. 16:10). Онҳо молу мулкашонро ба фоидаи дигарон истифода мебаранд. Ин дӯстони Яҳува аз қурбониҳое, ки меоранд, чӣ ҳис мекунанд? Онҳо хеле хурсанданд, ки бо саховатмандии худ дар осмон «сарвати ҳақиқиро» ҷамъ мекунанд (Луқ. 16:11). Хоҳаре, ки доимо барои кори Салтанат хайрия мекунад, дар бораи баракатҳои худ нақл карда мегӯяд: «Дар давоми солҳо саховатмандӣ зоҳир карда ман одами дигар шудам. Ман дидам, ки ҳар қадаре дасткушод бошам, ҳамон қадар дар муносибат бо дигарон саховатмандтар мешавам. Ба ман бахшидан, нисбати дигарон пуртоқат будан, рӯҳафтода нашудан ва қабул кардани маслиҳат осонтар шуд». На танҳо ин хоҳар, балки бисёриҳо дар ҳаёти худ диданд, ки чӣ гуна саховатмандӣ ба худи онҳо фоида овард (Заб. 111:5; Мас. 22:9).

11. а) Чӣ тавр саховатмандии мо оқилона рафтор карданамонро нишон медиҳад? б) Чӣ тавр имрӯз ташкилот ба дигарон ёрӣ дода истодааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Инчунин вақте мо дигаронро дар хизмат дастгирӣ мекунем, нишон медиҳем, ки оқилона рафтор мекунем. Ҳатто агар мо ходими пурравақт набошем ё ба ҷойҳое, ки ба воизон ниёз доранд, кӯчида натавонем, имконияти бо хайрияҳоямон ба дигарон кӯмак расонданро дорем (Мас. 19:17). Хайрияҳои мо ёрдам мекунанд, ки дигаронро бо адабиётҳоямон таъмин кунем ва хушхабари Салтанатро дар мамлакатҳои камбағал, ки дар он ҷойҳо бисёриҳо ба ҳақиқат шавқ доранд, мавъиза намоем. Масалан, дар чунин мамлакатҳо мисли Конго, Мадагаскар ва Руанда нархи Китоби Муқаддас хеле қимат аст. Тӯли солҳо бародарони бечора намедонистанд, ки оилаашонро хӯронанд ва ё Китоби Муқаддас харанд, чунки нархи он баъзан ба маоши ҳафтаина ва ё моҳонаи онҳо баробар мешуд. Имрӯз бошад, дар чунин мамлакатҳо ба шарофати хайрияҳо ва дуруст истифода бурдани он ташкилоти Яҳува Китоби Муқаддасро тарҷума карда онро ба ҳар як аъзои ҷамъомад ва ҳамчунин ба одамоне, ки ташнаи ҳақиқатанд, бепул паҳн мекунад. (2 Қӯринтиён 8:13–15-ро хонед.) Чунин амали бародарон ҳам худи онҳо ва ҳам касонеро ки аз некии онҳо баҳра мебаранд, ба Яҳува наздик месозад.

ҒУЛОМИ ТИҶОРАТ НАШАВЕД

12. Чӣ тавр Иброҳим нишон дод, ки ба Яҳува такя мекунад?

12 Як роҳи дигаре, ки мо дӯсти Яҳува буданамонро нишон медиҳем, ин ба тиҷорати ин ҷаҳон дода нашуда «сарвати ҳақиқиро» ҷустан аст. Масалан, Иброҳим-пайғамбар ба гапи Яҳува гӯш дода шаҳри бою бадавлати Урро тарк намуд ва дар хаймаҳо зиндагӣ кард, чунки ӯ мехост дӯсти Яҳува бошад (Ибр. 11:8–10). Ӯ на ба чизу чора, балки ба Яҳува такя мекард (Ҳас. 14:22, 23). Исо дигаронро бармеангехт, ки чунин имон дошта бошанд. Боре Исо ба ҷавони сарватманде гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун» (Мат. 19:21). Имони ин ҷавон мисли имони Иброҳим набуд, лекин шахсоне буданд, ки имонашон мисли Иброҳим буд ва ба Яҳува такя мекарданд.

13. а) Павлус ба Тимотиюс чӣ маслиҳат дод? б) Чӣ тавр мо имрӯз ин маслиҳати Павлусро ба кор бурда метавонем?

13 Тимотиюс ҷавони имондор буд. Павлуси ҳавворӣ ӯро «сарбози неки Исои Масеҳ» номида гуфт: «Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад» (2 Тим. 2:3, 4). Имрӯз зиёда аз як миллион ходимони пурравақти Худо ҳар кори аз дасташон меомадаро карда ба ин маслиҳати Павлус гӯш медиҳанд. Онҳо намехоҳанд ба васвасаҳо дода шуда қарз гиранд, чунки принсипи зеринро дар ёд доранд: «Қарздор ғуломи қарзхоҳ мегардад» (Мас. 22:7). Шайтон мехоҳад, ки мо тамоми вақту қувватамонро ба кору бори ҷаҳон сарф кунем ва ғуломи тиҷорат гардем. Бисёриҳо барои хона, мошин, хондан ва ё тӯй қарзи калон мегиранд. Агар эҳтиёт нашавем, мо ҳам ба қарзҳои бисёр ғӯтида меравем. Вақте ҳаётамонро одӣ гардонда пуламонро сарфакорона истифода мебарем ва қарз намегирем, оқилона рафтор мекунем. Он гоҳ мо ғуломи тиҷорат намешавем ва озодона ба Яҳува хизмат мекунем (1 Тим. 6:10).

14. Мо бояд чиро дар ҷойи аввал монем? Мисолҳо оред.

14 Барои ҳаёти худро одӣ гардондан мо бояд кори Салтанатро дар ҷойи аввал монем. Як ҳамсарон бо бизнесе машғул буданд, ки хеле сердаромад буд. Азбаски онҳо хоҳиш доштанд, ки аз сари нав ходими пурравақт шаванд, бизнес, киштӣ ва чизу чораашонро фурӯхтанд. Баъд онҳо чун ихтиёриён дар сохтани бинои нави идораи марказӣ дар Уорвик (Ню-Йорк) ёрдам карданд. Ин, дар ҳақиқат, барояшон хурсандиовар буд, чунки онҳо имконият доштанд, ки бо духтару домодашон дар Байт-Ил хизмат кунанд. Инчунин онҳо имконият доштанд, ки бо падару модарашон, ки дар ҳамин сохтмон ёрдам медоданд, тӯли чанд ҳафта ҳамкорӣ кунанд. Як хоҳари дигаре, ки дар Колорадо (ИМА) пешрав шуда хизмат мекунад, дар бонк рӯзи нопурра кор мекард. Кори хоҳар ба сардоронаш маъқул шуд ва онҳо ба хоҳар пешниҳод намуданд, ки рӯзи пурра кор кунад. Инчунин ба вай ваъда карданд, ки маошашро се баробар зиёд мекунанд. Азбаски ин хел кор кардан ба хоҳар дар хизмат халал мерасонд, ӯ ин пешниҳоди ҷолибро рад кард. Мисолҳое, ки мо дар ин ҷо овардем, «аз баҳр як қатра» мебошанд. Вақте мо ҳам корҳои Салтанатро дар ҷойи аввал мемонем, нишон медиҳем, ки дӯстӣ бо Худо ва сарвати ҳақиқиро аз чизҳои моддӣ дида бештар қадр мекунем.

САРВАТИ МОДДӢ ДОИМӢ НЕСТ

15. Чӣ гуна сарват хурсандии бепоён меорад?

15 Бой будан маънои онро надорад, ки Худо моро баракат дода истодааст. Яҳува онҳоеро, ки «аз аъмоли нек сарватманд» мебошанд, баракат медиҳад. (1 Тимотиюс 6:17–19-ро хонед.) Масалан, вақте Лючия * ном хоҳар фаҳмид, ки дар Албания воизон даркоранд, ӯ соли 1993 аз Итолиё ба он ҷо кӯчид. Ӯ намедонист, ки чӣ хел худашро таъмин мекунад, лекин ба ин нигоҳ накарда пурра ба Яҳува такя мекард. Ин хоҳар забони албаниро ёд гирифта ба зиёда аз 60 нафар кӯмак кард, ки таъмид гиранд. Шояд мо дар ҷойе, ки мавъиза мекунем, ин гуна натиҷаро ба даст наорем. Лекин ҳар коре, ки мо дар хизмат мекунем, ба одамон кӯмак мекунад, то Яҳуваро шиносанд ва дӯсти Ӯ гарданд. Чунин кӯшишҳои мо ганҷе мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад (Мат. 6:20).

16. а) Ҷаҳони тиҷоратро чӣ интизор аст? б) Донистани ин чӣ тавр бояд ба муносибати мо нисбати чизҳои моддӣ таъсир расонад?

16 Исо «дар вақти тамом шудани он [сарвати ноинсофона]» гуфт, на ин ки агар он тамом шавад (Луқ. 16:9). Аз ин маълум мегардад, ки ин ҷаҳони тиҷорат ҳатман нест мешавад. Дар ин рӯзҳои охир баъзе бонкҳо банкрот шуда истодаанд ва баъзе мамлакатҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ азоб мекашанд. Аммо ба наздикӣ ҳамаи ин чизҳо аз байн мераванд. Сиёсат, дин ва тиҷорат, ки ҳар якашон қисми ҷаҳони Шайтон мебошанд, нест мешаванд. Ҳизқиёл ва Сафанё пешгӯйӣ карда буданд, ки тилло ва нуқра, ки ҳамеша барои ин ҷаҳони тиҷорат муҳим буданд, нодаркор мегарданд (Ҳиз. 7:19; Саф. 1:18). Агар мо барои ба даст овардани сарвати ноинсофонаи ин дунё тамоми умри худро сарф кунем ва баъд фаҳмем, ки хато кардаем, худро чӣ хел ҳис мекунем? Он вақт ҳиссиёти мо ба ҳиссиёти марде монанд мешавад, ки тамоми умрашро барои ҷамъ кардани пул сарф карду баъд фаҳмид, ки ҳамаи пулҳояш қалбакӣ будаанд (Мас. 18:11). Бале, ин гуна сарват, албатта, нест мешавад. Барои ҳамин биёед чизҳои моддиро дуруст истифода барем ва имконияти дар осмон пайдо кардани дӯстонро қадр кунем. Он чизе ки мо барои Яҳува ва Салтанати Ӯ мекунем, ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад.

17, 18. Дӯстони Худоро дар пеш чӣ интизор аст?

17 Вақте ки Салтанати Худо бар тамоми замин ҳукм ронданро сар мекунад, дигар ба ҳеҷ кас лозим намешавад, ки иҷорапулӣ супорад ва ё қарз гирад. Он вақт сериву пурӣ мешавад ва дорую дармон дигар даркор намешавад. Дӯстони Худо аз ҳосили замин баҳра хоҳанд бурд. Тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо на барои бой шудан, балки барои ороиш истифода мешаванд. Маҳсулоти босифати сохтмон, ки аз чӯб, санг ва металл сохта мешаванд, тамоман бепул мегарданд. Дӯстонамон дар дунёи нав ба мо дар сохтани хонаҳои зебо ёрӣ медиҳанд. Онҳо инро на барои пул, балки аз таҳти дил, бо хоҳиши худашон мекунанд. Он вақт ҳама одамон чизи доштаашонро бо ҳам мебинанд.

18 Мо дар ин ҷо танҳо якчанд баракатҳоеро, ки дӯстони Яҳуваро интизоранд, номбар кардем. Танҳо тасаввур кунед, ки, вақте ходимони Худо даъвати зерини Исоро мешунаванд, чӣ қадар хурсанд мешаванд: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Мат. 25:34).

^ сарх. 2 Дар ин мақола ибораи «ҷаҳони тиҷорат» ба он қисми ҷаҳони Шайтон ишора мекунад, ки ҳушу ёдаш фақат ба пулкоркунӣ аст ва одамонро бармеангезад, ки чизҳои дар асл ба онҳо нодаркорро харанд.

^ сарх. 4 Исо нагуфт, ки ин айбдоркунӣ рост буд ё не. Аммо калимаи юноние, ки дар Луқо 16:1 чун «шикоят» омадааст, метавонад маънои онро диҳад, ки касе дар ҳаққи амалдор тӯҳмат кардааст. Исо диққатро бештар на ба сабаби аз даст додани кори амалдор, балки ба рафтори ӯ равона кард.

^ сарх. 15 Тарҷумаи ҳоли Лючия Муссанетт дар «Бедор шавед!» (рус.), аз 22 июни с. 2003, саҳ. 18–22, оварда шудааст.