Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кардан баракат меорад

Аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кардан баракат меорад

Вақте ману шавҳарам ва бародарамро бо занаш ба хизмати махсус даъват карданд, мо дарҳол ҷавоб додем: «Мо меравем!» Мехоҳам ба шумо нақл кунам, ки чаро мо ин даъватро қабул кардем ва чӣ тавр Яҳува моро баракат дод. Биёед дар аввал каме дар бораи худам нақл кунам.

МАН со­ли 1923 дар яке аз шаҳрҳои Йоркшир, Хемсворт, (Англия) таваллуд шудам. Ман як ака доштам, ки номаш Боб буд. Вақте нӯҳсола будам, падарам китобҳое пайдо кард, ки дини дурӯғро фош мекарданд. Азбаски падарам дурӯягии диндоронро хеле бад медид, чизҳои хондааш ба ӯ сахт маъқул шуданд. Баъди чанд сол Боб Аткенсен ном марде ба хонаи мо омад ва аз фонограф сабти нутқи бародар Рутерфордро монд. Мо фаҳмидем, ки ин ҳамон гурӯҳи одамоне мебошанд, ки китобҳои дар дасти падарам бударо нашр кардаанд. Волидонам аз бародар Аткенсен хоҳиш карданд, ки ҳар бегоҳ ба хонаи мо меҳмон шавад ва ба саволҳоямон ҷавоб диҳад. Пас аз чанд вақт ӯ моро ба ҷамъомад таклиф кард. Ҷамъомад дар хонаи як бародар мегузашт, ки аз хонаи мо чанд километр дур буд. Мо мунтазам ба вохӯриҳо рафтанро сар кардем. Ҳамин тавр дар Хемсворт ҷамъомади хурде ташкил ёфт. Баъдтар нозири сайёр (ҳоло нозири ноҳиявӣ) дар хонаи мо меҳмон шуд ва мо пешравони гирду атрофамонро ба меҳмонӣ даъват кардем. Муошират бо ин бародару хоҳарон ба ман таъсири нағз расонд.

Он вақтҳо мо бизнеси оилавӣ доштем. Падарам ба бародарам гуфт, ки «агар пешрав шудан хоҳӣ, бизнесро бас мекунем». Бародарам розӣ шуд ва дар синни 21-солагӣ пешрав шуда ба дигар ҷо рафт. Ду сол пас, ман ҳам дар 16-солагӣ пешрав шудам. Одатан ман танҳо́ хизмат карда варақаи шаҳодатдиҳӣ ва фонографро истифода мебурдам. Рӯзҳои истироҳат бошад, бо дигарон хизмат мекардам. Яҳува ба ман омӯзандагони бисёр дод, ки рӯҳан рушд намуданд. Оилаи бисёри онҳо ҳақиқатро қабул карданд. Чанд сол пас маро бо Мери Ҳеншэл пешрави махсус таъйин намуданд. Моро ба Чешир, ки он ҷо воизон набуданд, фиристоданд.

Байни солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ занонро барои ёрдам ба ҷанг мефиристоданд. Одатан ходимони динро аз ҷанг озод мекарданд, барои ҳамин мо низ интизор будем, ки дар қатори онҳо ба ҷанг даъват карда намешавем. Аммо суд моро озод кардан нахост. Барои ҳамин маро ба мӯҳлати 31-рӯз ҳабс карданд. Ман дар 19-солагиам боз ду бор суд шудам, чунки виҷдонам қабул намекард, ки дар ҷанг иштирок кунам. Аммо ин дафъа суд маро озод кард. Ман медонам, ки он вақтҳои душвор Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба ман ёрдам карда маро устувору қавӣ мегардонд (Иш. 41:10, 13).

ШИНОСОӢ БО АРТУР МАТТЮЗ

Соли 1946 ман бо Артур Маттюз ном бародаре шинос шудам. Ӯ ҳам барои ба ҷанг нарафтанаш се моҳ ҳабс шуда буд. Ҳамин ки аз ҳабс озод шуд, бо бародараш Денис дар Хемсворт пешравӣ махсус шуда хизмат мекард. Падарашон онҳоро аз кӯдакӣ дар бораи Яҳува таълим додааст ва ҳар дуяшон дар наврасӣ таъмид гирифта буданд. Каме пас аз якҷоя хизмат карданашон Денисро ба Ирландия таъйин карданд. Барои ҳамин Артур бе ҳамроҳ монд. Дили волидонам ба ин пешрави боғайрат сӯхт. Аз ин рӯ онҳо ба ӯ пешниҳод карданд, ки ҳамроҳашон зиндагӣ кунад. Вақте ман ба хона мерафтам, ману Артур баъди хӯрокхӯрӣ дегу табақ мешустем. Рафта-рафта мо ба якдигар хат менавиштагӣ шудем. Дар давоми со­ли 1948 Артур боз се моҳи дигар ҳабс шуд. Мо январи соли 1949 оиладор шудем ва мақсад доштем, ки то қадри имкон хизмати пурравақтро давом диҳем. Мо пуламонро сарфакорона истифода мебурдем ва дар рӯзҳои рухсатӣ ба деҳқонон дар мевачинӣ ёрдам карда пул кор мекардем. Ҳамин тавр мо хизматамонро бо ёрдами Яҳува давом дода тавонистем.

Соли 1949 дар Хемсворт. Каме баъд аз издивоҷамон

Чанд сол пас моро ба Ирландияи Шимолӣ таъйин карданд, аввал ба Арма баъд ба Нюри. Ин ду шаҳр, шаҳри католикӣ буд. Дар ин ҷо одамон сахт диндор буданд. Аз ин рӯ мо дар вақти мавъиза кардан эҳтиёт мешудем ва хирадмандона амал мекардем. Мо дар хонаи бародару хоҳарон ҷамъ меомадем, ки 16 километр аз ҷойи зистамон дур буд. Дар ҷамъомад тақрибан ҳашт нафар иштирок мекард. Баъзан моро таклиф мекарданд, ки шаб истем. Мо дар замин хоб мерафтем, саҳарӣ бошад, моро ноништаи бомаза интизор буд. Ҳоло дар ин ҷой Шоҳидони Яҳува хеле бисёранд. Донистани ин ба ман хурсандии зиёд меорад.

«МО МЕРАВЕМ!»”

Бародарам бо занаш Лотти низ дар Ирландияи Шимолӣ пешрави махсус шуда хизмат мекард. Соли 1952 мо чор нафар ба анҷумани вилоятие, ки дар Белфаст гузашт, рафтем. Бародаре меҳрубонӣ зоҳир карда моро ҳамроҳи Прис Ҳюз, ки он вақт ходими филиали Бритониё буд, ба хонааш таклиф кард. Як шаб мо рисолаи наверо, ки махсусан барои мардуми Ирландия нашр мешуд, муҳокима кардем. Ин рисола «Худо муҳаббат аст» ном дошт. Бародар Ҳюз гуфт, ки дар Ирландия ба католикон мавъиза кардан душвор аст. Бародаронро аз ҷойи зисташон пеш мекарданд, рӯҳониён бошанд, халқро шӯр меандохтанд, ки ба бародарон ҳамла намоянд. Бародар Прис гуфт, ки «ба мо ҳамсарони мошиндор лозиманд, ки дар маъракаи махсус иштирок кунанд ва ин рисоларо дар тамоми мамлакат паҳн намоянд» *. Мо дарҳол ҷавоб додем: «Мо меравем!»

Бо пешравон дар мотосикл

Пешравон дар Дублин асосан дар хонаи «модар» Ретленд (барои бародару хоҳарон ӯ мисли модар буд) меистоданд. Ин хоҳар солҳои сол содиқона ба Яҳува хизмат мекард. Мо ҳам ба он ҷо омадем ва якчанд чизу чораамонро фурӯхта, ба мотосикли Боб савор шуда мошинкобӣ рафтем. Мо як мошини кӯҳнаро ёфтем, ки ҳолаташ хуб буд ва аз фурӯшанда хоҳиш кардем, ки онро то ҷойи зарурӣ ҳай кунад, чунки касе аз мо мошин ронда наметавонист. Артур он бегоҳ дар ҷойгаҳаш нишаста тарзи ҳай кардани мошинро тасаввур мекард. Рӯзи дигар вақте ӯ мехост, ки мошинро аз гараж барорад, Милдред Вилет ном хоҳари миссионер (дертар бо Ҷон Барр оиладор шуд) ба назди мо омад. Ин хоҳар мошин ҳай карда метавонист ва ба шавҳарам мошин ронданро ёд дод. Ҳарчанд мо дар рондани мошин таҷрибаи зиёд надошта бошем ҳам, тайёр будем, ки ба роҳ бароем.

Мошин ва трейлери мо

Акнун ба мо ҷойи зист лозим буд. Бародарон моро огоҳ карда буданд, ки дар трейлер (хоначаи чархдор) зиндагӣ накунем, чунки бадхоҳон метавонанд онро алов сар диҳанд. Аз ин рӯ мо хона кофтем, аммо наёфтем. Ҳамон шаб ҳар чорамон дар мошин хоб кардем. Рӯзи дигар мо ғайр аз трейлери хурд дигар чизе наёфтем. Ин трейлер кати дуқабата дошт. Ҳамин тавр мо соҳиби хона шудем. Аҷоибаш ин ки мо бе ягон душворӣ дар замини фермерҳо манзил мегирифтем. Мо дар аввал ба минтақаҳое рафта мавъиза мекардем, ки аз хонаамон аз 16 то 24 км дур буданд. Баъд аз кӯчидан бошад, ба ҳамсояҳои пештараамон мавъиза мекардем.

Мо дар ҳама минтақаҳои ҷанубу шарқии Ҷумҳурӣ қариб бе ягон душворӣ мавъиза кардем. Мо зиёда аз 20 000 рисола паҳн намуда суроғаи шавқмандонро ба филиали Бритониё фиристодем. Чи хушбахтиест, ки имрӯз дар ин ҷо садҳо Шоҳидон ҳастанд!

БОЗГАШТ БА АНГЛИЯ ВА БАЪД БА ШОТЛАНДИЯ

Чанд сол пас моро ба ҷануби Лондон таъйин карданд. Баъди чанд ҳафта бародарони филиали Бритониё аз Артур хоҳиш карданд, ки аз пагоҳ сар карда кори нозири ноҳиявиро ба ӯҳда гирад. Моро як ҳафта таълим доданд ва баъд ба Шотландия фиристоданд. Аз ин рӯ Артур барои тайёр кардани нутқ вақт надошт. Вале ӯ ҳамеша тайёр буд, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда ҳама гуна супоришро ба дӯш гирад. Ин рӯҳияи ӯ маро рӯҳбаланд мекард. Мо аз ин намуди хизматамон хурсандӣ мегирифтем. Баъди чанд соли хизмат дар минтақае, ки воизон набуданд, дар байни бародару хоҳарони бисёр хизмат кардан хурсандибахш буд.

Соли 1962 Артурро ба Мактаби Ҷилъод даъват карданд. Ин курс бояд даҳ моҳ мегузашт. Маро ба ин курс даъват накарда буданд, лекин ба ҳар ҳол мо қарор кардем, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда Артур бояд ин таклифро қабул кунад. Азбаски ман бе ҳамроҳ монда будам, филиал маро гашта ба Хемсворт чун пешрави махсус таъйин кард. Баъди як сол вақте Артур баргашт, ӯро нозири вилоятӣ таъйин намуданд. Ба минтақаи мо Шотландия, шимоли Англия ва Ирландияи Шимолӣ дохил мешуд.

ТАЪЙИНОТИ НАВ ДАР ИРЛАНДИЯ

Соли 1964 Артурро ходими филиали Ирландия таъйин карданд. Вақте ман фаҳмидам, ки мо бояд дар Байт-Ил хизмат кунем, дар аввал ғамгин шудам, чунки ба ман хизматамон сахт маъқул буд. Ҳоло бошад, хеле шодам, ки имконияти дар Байт-Ил хизмат карданро доштам. Боварӣ дорам, ки агар таъйинотеро, ки ба шумо на он қадар маъқул аст, қабул кунед, Яҳува шуморо ҳамеша баракат хоҳад дод. Дар Байт-Ил ман адабиётҳоро ба қуттӣ меандохтам, пухту паз, рӯбучин ва корҳои офисро мекардам. Баъзан Артур кори нозири вилоятиро иҷро мекард, ман бошам ӯро дар ин кор ҳамроҳӣ мекардам. Мо имконият доштем, ки бо бародару хоҳарони тамоми ҷумҳурӣ шинос шавем ва таъмид гирифтани омӯзандагонамонро бинем. Ин оилаи рӯҳониии моро дар Ирландия мустаҳкам мегардонд, ки бароямон, дар ҳақиқат, баракат буд!

ВОҚЕАИ МУҲИМ ДАР ТАЪРИХИ ШОҲИДОНИ ИРЛАНДИЯ

Соли 1965 дар Дублин аввалин анҷумани байналхалқии Ирландия гузашт *. Ба зиддиятҳо нигоҳ накарда анҷуман нағз гузаронида шуд. Дар он 3948 нафар иштирок карданд ва 65 нафар таъмид гирифтанд. Аз дигар давлатҳо 3500 нафар дар хонаи сокинони шаҳр ҷой гирифтанд. Филиали Ирландия ба ин соҳибхонаҳо раҳматнома навиштанд. Соҳибхонаҳо бошанд, меҳмононро барои рафтори хубашон таъриф карданд. Ин дар таърихи Шоҳидони Ирландия, дар ҳақиқат, воқеаи муҳим буд.

Анҷумани со­ли 1965. Артур бо Нейтон Нор

Соли 1983 Артур китоби «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас»-ро ба забони гэлӣ эълон мекунад

Соли 1966 шимол ва ҷануби Ирландия ба филиали Дублин якҷоя карда шуд. Ин чиз аз чашми одамон пӯшида намонд, чунки ақидаҳои сиёсӣ ва динӣ одамони он ҷазираро аз ҳам ҷудо мекард. Бисёри католикҳо ҳақиқатро қабул карда бо бародару хоҳароне, ки як вақтҳо протестант буданд, паҳлӯ ба паҳлӯ хизмат мекарданд. Мо инро дида хеле хурсанд мешудем.

ПУРРА ТАҒЙИР ЁФТАНИ ТАЪЙИНОТАМОН

Вақте со­ли 2011 филиали Бритониё ва Ирландия якҷоя шуд, ҳаёти мо пурра тағйир ёфт. Моро ба Байт-Или Лондон таъйин карданд. Он вақт ман аз саломатии Артур сахт хавотир будам. Духтурон гуфтанд, ки ӯ ба бемории Паркинсон гирифтор шудааст. Афсӯс, ҳамсари азизам 20-уми майи со­ли 2015 пас аз 66 соли зиндагиамон аз олам гузашт.

Солҳои охир ман ба ғам дода шуда дилкасал ва депрессия шудам. Пеш дар ин хел ҳолатҳо Артур ба ман кӯмак мекард. Ҳоло бошад, ӯ дар пешам нест. Аммо шахс дар ин гуна вазъиятҳо ба Яҳува наздиктар мешудааст. Вақте ман мебинам, ки то чӣ андоза одамон Артурро дӯст медоранд, рӯҳбаланд мешавам. Ман аз дӯстони дар Ирландия, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида будаамон номаҳо мегирифтам. Ин номаҳо дар қатори номаҳои бародари Артур, Денис ва занаш Мавес, ҷиянҳоям Рут ва Ҷуди ба ман хеле ёрдам карданд, ки онро бо сухан баён карда наметавонам.

Маро бештар ояти зерин рӯҳбаланд мекард: «Яҳува пурсаброна интизор мешавад, то ба шумо меҳрубонӣ зоҳир намояд; ва аз ин сабаб Ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм зоҳир кунад. Зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст. Хушо ҳамаи онҳое, ки Ӯро интизоранд» (Иш. 30:18, ТДН). Дар ҳақиқат, Яҳува пурсаброна интизор аст, ки кай тамоми душвориҳои моро ҳал мекунад ва дар дунёи нав боз супоришҳои ҳаяҷонбахш медиҳад. Донистани ин чиз маро тасаллӣ мебахшад.

Ба ақиб назар карда ман мебинам, ки чӣ тавр Яҳува кори мавъизаро дар Ирландия роҳбарӣ карда баракат додааст. Инчунин хеле хурсандам, ки дар ин кор каме бошад ҳам, саҳми худро гузоштам. Бешубҳа, аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кардан баракатҳои зиёд меорад.

^ сарх. 12 Ба «Солномаи 1988» (англ.), саҳ. 101, 102, нигаред.

^ сарх. 22 Ба «Солномаи 1988» (англ.), саҳ. 109–112, нигаред.