Волидон, имони фарзандонатонро мустаҳкам намоед!
«Ҷавонон ва бокираҳо... исми Худовандро мадҳ мекунанд» (ЗАБ. 148:12, 13).
1, 2. а) Волидон бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ тавр онро ҳал карда метавонанд? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?
ВОЛИДОНЕ аз Фаронса гуфтанд: «Мо ба Яҳува имон дорем, лекин ин маънои онро надорад, ки фарзандони мо ҳам ба Ӯ имон меоваранд. Имон чизест, ки аз насл ба насл намегузарад. Имони кӯдакон оҳиста–оҳиста пайдо мешавад». Бародаре аз Австралия навишт: «Дар дили кӯдак ҷо кардани имон шояд аз ҳама душвортарин чизест, ки шумо бо он рӯ ба рӯ мешавед. Шояд ба шумо ҷавоби қонеъкунанда додан душвор аст. Лекин баъдтар вай боз ҳамин саволҳоро медиҳад! Ҷавобе ки имрӯз онҳоро қонеъ кард, маънои онро надорад, ки пагоҳ низ қонеъ мекунад. Аз ин рӯ лозим меояд, ки баъзе мавзӯъҳоро гаштаву баргашта дида бароед».
2 Чун волид шояд шумо ғам мехӯред, ки чӣ хел фарзандатонро тарбия кунед, то худотарс ба воя расад. Вале танҳо бо хиради худ аз ӯҳдаи ин кор баромадан номумкин аст! (Ирм. 10:23). Лекин агар мо аз Худо роҳбарӣ пурсем, муваффақ мегардем. Биёед, чор чизеро дида бароем, ки барои қавӣ кардани имони фарзанд кӯмак мерасонад: 1) фарзанди худро хуб шиносед, 2) онҳоро аз таҳти дил таълим диҳед, 3) мисолҳои таъсирбахш оред, 4) пурсабр бошед ва дуо гӯед.
ФАРЗАНДИ ХУДРО ХУБ ШИНОСЕД
3. Чӣ тавр волидон дар таълимдиҳӣ аз Исо ибрат гирифта метавонанд?
3 Ҳазрати Исо аз пайравонаш доимо мепурсид, ки онҳо ба чӣ бовар мекунанд (Мат. 16:13–15). Ба намунаи ӯ пайравӣ кунед. Хуб мебуд, ки дар вазъияти ором фарзандатонро даъват кунед, ки бемалол фикрашро баён кунад. Масалан, оиди шубҳаю дудилагии онҳо гап зада метавонед. Бародари 15-солае аз Австралия навишт: «Падарам тез-тез бо ман дар бораи имонам гап зада ба ман кӯмак мекарданд, ки фикр кунам. Он кас ба ман чунин саволҳо медоданд: “Дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта шудааст? Ту ба ин гуфтаҳо бовар мекунӣ? Барои чӣ бовар мекунӣ?” Падарам мегуфтанд, ки бо суханони худ ҷавоб диҳам ва гапи он касу модарамро такрор накунам. Вақте калонтар шудам, бояд беҳтар ҷавоб медодам».
4. Чаро ба саволҳои фарзандон набояд беаҳамиятӣ кунем? Мисол оред.
4 Агар фарзандатон нисбати ягон таълимот шубҳа кунад, ӯро ҷанг накунед. Ба ӯ пурсаброна ёрдам диҳед, то ки дар бораи ин мавзӯъ мулоҳиза ронад. Падаре гуфт: «Ба саволҳои фарзандатон беаҳамиятӣ накунед. Ва аз мавзӯъҳое, ки шуморо дар хиҷолат мемонанд, нагурезед». Нағз ки фарзандон савол медиҳанд, ин нишондиҳандаи он аст, ки онҳо чизеро фаҳмидан мехоҳанд. Барои ҳамин, хуб мебуд, ки ба саволҳои онҳо дуруст муносибат кунем. Масалан, Исо дар синни 12-солагиаш саволҳои ҷиддӣ медод. (Луқо 2:46-ро хонед.) Навраси 15-солае аз Дания мегӯяд: «Вақте ман гуфтам, ки ба дуруст будани динамон шубҳа дорам, волидонам аз ин хавотир шуда бошанд ҳам, оромона муносибат карданд. Онҳо ба ҳама саволҳоям бо воситаи Китоби Муқаддас ҷавоб доданд».
5. Ҳатто агар фарзандон имон дошта бошанд ҳам, волидон бояд чӣ кор кунанд?
5 Аз фикрҳо, ҳиссиёт ва ташвишҳои фарзандонатон бохабар бошед. Ҳеҷ вақт фикр накунед, ки фарзандатон имон дорад, чунки ба ҷамъомад меравад ва дар хизмат ҳамроҳатон иштирок мекунад. Ҳар рӯз ҳамроҳи фарзандонатон дар бораи чизҳои рӯҳонӣ гап занед. Дар ҳаққи онҳо ва ҳамроҳашон дуо гӯед. Ҳаракат кунед, ки аз ҳар як озмоиши имони фарзандонатон бохабар бошед ва барои паси сар кардани озмоишҳо ба онҳо ёрдам диҳед.
АЗ ТАҲТИ ДИЛ ТАЪЛИМ ДИҲЕД
6. Чӣ ба волидон кӯмак мекунад, ки устоди хуб шаванд?
6 Чаро Исо дили одамонро ба даст оварда метавонист? Чунки ӯ Яҳува, Каломи Ӯ ва одамонро дӯст медошт (Луқ. 24:32; Юҳ. 7:46). Агар волидон нисбати фарзандашон чунин муҳаббат дошта бошанд, ин кӯмак мекунад, ки дили онҳоро ба даст оранд. (Такрори Шариат 6:5–8 ва Луқо 6:45-ро хонед.) Аз ин рӯ волидон, Каломи Худо ва адабиётамонро бодиққат омӯзед. Ба офаридаҳои Худо ва мақолаҳои бо офариниш вобаста, шавқ зоҳир намоед (Мат. 6:26, 28). Ин донишу миннатдориатонро ба Яҳува чуқуртар карда ёрдам мекунад, ки кӯдаконатонро беҳтар таълим диҳед (Луқ. 6:40).
7, 8. Агар волид дар бораи Худо чизеро фаҳмад, чӣ кор карда метавонад? Мисол оред.
7 Вақте ки шумо дар бораи Яҳува чизе мефаҳмед, ба фарзандатон нақл кунед. Инро на фақат дар вақти ибодати оилавӣ ё тайёрӣ ба ҷамъомад, балки ҳамавақт карда метавонед. Волидоне аз Амрико чунин амал карда дар бораи Яҳува ҳангоми дамгирӣ дар табиат ва ё хӯрокхӯрӣ гап мезананд. Онҳо мегӯянд: «Мо ба фарзандонамон хотиррасон мекунем, ки дар ҳама чизе ки Яҳува ба мо медиҳад, муҳаббату хиради Ӯ дида мешавад». Ҷуфте аз Африқои Ҷанубӣ ҳангоми бо ду духтарашон дар боғ сайру гашт
кардан диққати онҳоро ба мӯъҷизаҳои Яҳува, масалан ба сабзидану ба растанӣ мубаддал гаштани дона равона мекунанд. Онҳо мегӯянд: «Мо кӯшиш мекунем, ки дар дили духтаронамон нисбати ҳаёт ва аҷоибу мураккаб будани он эҳтироми калон ҷо кунем».8 Падаре аз Австралия бо писарачаи 10-солааш ба тамошои осорхонае рафт, то имони ӯро ба Худо ва ба офариниш қавӣ гардонад. Ӯ мегӯяд: «Мо намоиши ҷонварони баҳрии қадимаро, ки номашон амоноидҳо ва триболитҳо аст, дидем. Аз тамошои ин ҷонварон, ки ҳоло дар табиат нестанд, ба ҳайрат омадем, чунки онҳо хеле зебову мураккаб ва том буданду аз ҷонварони ҳозира ягон камӣ надоштанд. Агар мувофиқи эволютсия аз махлуқоти одӣ махлуқоти мураккаб пайдо шуда бошад, пас чаро ин ҷонварони қадима ин қадар сохти мураккаб доранд? Ин ба ман хеле таъсир кард ва дар ин бора ба писарам нақл кардам».
МИСОЛҲОИ ТАЪСИРБАХШРО ИСТИФОДА БАРЕД
9. Чаро истифода бурдани мисолҳо фоиданок аст ва чӣ тавр инро дар мисоли як модар дидан мумкин аст?
9 Исо одатан мисолҳоро истифода мебурд, то ки дарсҳои муҳимро таълим диҳад (Мат. 13:34, 35). Агар шумо мисол оред, фарзандатон тасаввуроташро ба кор бурда дар бораи дарсе ки шумо таълим доданиед, фикр мекунад, онро нағзтар мефаҳмад ва дар ёдаш мегирад. Ва таълимгирӣ барояш маъқул мешавад. Модаре аз Ҷопон айнан ҳамин тавр кард. Ӯ ду писар дорад, ки якеаш 8-сола ва дигараш 10-сола мебошад. Ӯ онҳоро дар бораи атмосфераи замин ва ғамхории Яҳува дар офаридани он таълим дод. Барои нағз фаҳмондани ин мавзӯъ вай ба писаронаш шир, шакар ва қаҳваи хушк дода, хоҳиш кард, ки барояш қаҳва тайёр кунанд. Модар нақл мекунад: «Онҳо ин корро бо як ғамхорӣ иҷро карданд. Вақте ман аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ ин қадар бо меҳру муҳаббат қаҳваро тайёр мекунанд, онҳо гуфтанд, ки қаҳваро ҳамин хел тайёр кардан мехоҳанд, то ба ман маъқул шавад». Баъд аз ин модар фаҳмонд, ки Яҳува низ ҳамин хел ғамхорӣ кардааст, то атмосфера бароямон мувофиқ бошад. Ин мисол барои синну соли онҳо мувофиқ буд ва мавзӯъро ба онҳо равшан кард. Лекин, агар ин кӯдакон худашон дар муҳокимаи мавзӯъ иштирок намекарданд, онро ин қадар нағз намефаҳмиданд. Бешубҳа, ин дар хотири онҳо нақш баст!
10, 11. а) Ба воситаи кадом мисол имони кӯдакатонро ба Офаридгор қавӣ карда метавонед? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Шумо кадом мисоли таъсирбахшро истифода мебаред?
10 Шумо барои қавӣ кардани имони фарзандатон ҳатто аз ретсепти пухтупаз истифода бурда метавонед. Чӣ тавр? Баъд аз пухтани торт ё ягон ширинӣ ба онҳо фаҳмонед, ки ретсепт дар тайёр кардани он нақши муҳимро мебозад. Сипас ба дасти кӯдак ягон мева, масалан, себро дода пурсед: «Оё ту медонӣ, ки ин себ аз рӯи “ретсепт” пайдо шудааст?» Баъд себро ду бӯлак карда донаашро ба ӯ диҳед. Шумо гуфта метавонед, ки ретсепти себ дар донаки он навишта шуда буд, вале он аз ретсепти торт дида душвортар Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем»-ро (рус.), аз саҳифаҳои 10 то 20 дида баромада метавонед.
аст. Шумо боз пурсида метавонед: «Агар ретсепти торт нависанда дошта бошад, пас кӣ ретсепти душвори себро навиштааст?» Агар фарзандатон калонтар бошад, шумо метавонед ба ин мисол боз илова карда гӯед, ки ретсепти себ дар даруни танаи дарахти он, яъне дар коди КДН навишта шудааст. Боз якҷоя мисолҳои брошураи «11 Ба бисёр падару модарон маъқул аст, ки бо фарзандони худ силсилаи мақолаҳои «Оё ин офарида шудааст?»-ро аз «Бедор шавед!» (рус.), муҳокима кунанд. Агар фарзандашон хурд бошад, волидон онро одӣ карда мефаҳмонанд. Масалан, ҳамсароне аз Дания самолётро бо парранда муқоиса карда чунин гуфтанд: «Самолёт ба парранда монанд аст. Вале, магар самолёт тухм монда метавонад, то ки самолётчадор шавад? Ба мисли самолёт, оё ба парранда ҷои махсуси асфалтшуда лозим аст, то шишта тавонад? Ва агар садои самолёту сурудхонии паррандаро муқоиса кунем, кӣ донотар, касе ки самолётро сохтааст ё паррандагонро?» Чунин сӯҳбат ва ҳамзамон додани саволҳои одӣ ба кӯдак ёрдам мекунад, ки қобилияти фикррониашро инкишоф диҳад ва имонашро ба Худо қавӣ гардонад (Мас. 2:10–12).
12. Чӣ тавр имони фарзандатонро ба Китоби Муқаддас қавӣ карда метавонед?
12 Ҳамчунин аз мисолҳои таъсирбахш, ки имони фарзандатонро ба рост будани Каломи Худо мустаҳкам месозанд, истифода баред. Масалан, шумо Айюб 26:7-ро хонда метавонед. (Оятро хонед.) Чӣ тавр нишон додан мумкин аст, ки ин оят аз рӯи илҳоми илоҳист? Ба ҷои танҳо далел овардан хуб мебуд, ки тасаввуроти фарзандатонро бедор кунед. Ба ӯ гӯед, ки дар замонҳои Айюб телескопу киштиҳои кайҳонӣ набуд. Кӯдакатон бояд нишон диҳад, ки то чӣ андоза фаҳмондани он ки як чизи калон ба мисли замин ба ҳеҷ чиз овезон нест, душвор буда метавонад. Ӯ тӯб ё сангро истифода бурда нишон дода метавонад, ки ин чизҳо худ ба худ дар ҳаво намеистанд. Онҳо бояд дар болои чизе истанд. Аз ин мисол кӯдакатон мефаҳмад, ки Китоби Муқаддас китоби қадимӣ бошад ҳам, гуфтаҳои он ҳамеша дурустанд (Наҳемё 9:6).
ПУРАРЗИШ БУДАНИ ПРИНСИПҲОИ КАЛОМИ ХУДОРО НИШОН ДИҲЕД
13, 14. Чӣ тавр волидон пурарзиш будани принсипҳои Каломи Худоро ба фарзандонашон нишон дода метавонанд?
13 Ба фарзандонатон пурарзиш будани принсипҳои Китоби Муқаддасро нишон додан хеле муҳим аст. (Забур 1:1–3-ро хонед.) Барои ин якчанд роҳ ҳаст. Масалан, ба фарзандатон гӯед, то тасаввур кунад, ки вай ба ҷазирае барои зистан меравад ва бояд якчанд одамро ҳамсафари худ интихоб кунад. Баъд пурсед: «Барои он ки дар байнатон сулҳу осоиштагӣ бошад, ту кадом одамонро ҳамроҳат гирифтан мехостӣ?» Сипас шумо Ғалотиён 5:19–23-ро хонда метавонед.
14 Бо ин тарз шумо ду дарси муҳимро таълим дода метавонед. Якум, меъёрҳои Худо кӯмак мерасонанд, ки сулҳу осоиштагӣ пойдор бошад. Дуюм, Яҳува имрӯз моро барои дар дунёи нав зиндагӣ кардан таълим дода, тайёр карда истодааст (Иш. 54:13; Юҳ. 17:3). Ҳамчунин шумо ба фарзандатон нишон дода метавонед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ба бародарону хоҳаронамон кӯмак мерасонад. Ба шумо силсилаи мақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» аз «Бурҷи дидбонӣ» кӯмак карда метавонанд. Ё агар ягон кас дар ҷамъомадатон барои ба Яҳува писанд омадан одами дигар шуда бошад, пас шумо ӯро таклиф карда метавонед, то саргузашташро нақл кунад. Чунин мисолҳо принсипҳои Китоби Муқаддасро зинда мегардонанд! (Ибр. 4:12).
15. Ҳангоми таълим додани фарзандон мақсади асосии шумо бояд чӣ бошад?
15 Хулосаи гап ҳамин аст: фарзандонро якранг таълиму тарбияи накунед. Тасаввуроти худро ба кор баред. Синну соли фарзандонатонро ба назар гирифта барои мулоҳиза рондан барангезед. Онҳоро тавре таълим диҳед, ки аҷоибу шавқовар бошад ва имонашонро мустаҳкам гардонад. Падаре чунин гуфт: «Доимо кӯшиш кунед, ки мавзӯъҳои шиносро бо роҳҳои нав фаҳмонед».
УСТУВОР, ПУРСАБР ВА ДУОГӮЙ БОШЕД
16. Ҳангоми таълим додани фарзанд, чаро пурсабрӣ зарур аст? Бо мисол фаҳмонед.
16 Барои инкишоф додани имони қавӣ рӯҳи муқаддаси Худо лозим аст (Ғал. 5:22, 23). Ба монанди меваи аслӣ, имон низ барои афзудан вақтро талаб мекунад. Барои ҳамин ҳангоми таълим додани фарзандон ба шумо лозим аст, ки пурсабр ва устувор бошед. Падари ду фарзанд аз Ҷопон гуфт: «Ману занам барои фарзандонамон бисёр вақт ҷудо мекардем. Вақте ки онҳо хурдакак буданд, ман ҳамроҳашон ҳар рӯз ғайр аз рӯзҳои ҷамъомад 15-дақиқа омӯзиш мегузарондам ва ин бе ҳеҷ яки мо вазнинӣ намекард». Нозири ноҳиявие навишт: «Чун наврас, ман бисёр саволу шубҳаҳое доштам, ки бо сухан гуфтан номумкин аст. Бо гузашти вақт дар ҷамъомад ё ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ ба бисёри саволҳоям ҷавоб ёфтам. Барои ҳамин ба волидон муҳим аст, ки таълим додани фарзандонашонро давом диҳанд».
17. Барои чӣ намунаи хуби волидон муҳим аст ва чӣ тавр ҳамсароне барои духтаронашон намуна гузоштанд?
17 Албатта, фарзандон намунаи имони шуморо дида бисёр чизро ёд мегиранд. Онҳо корҳоятонро мушоҳида мекунанд. Аз ин рӯ инкишоф додани имонатонро давом диҳед. Бигзор фарзандонатон бубинанд, ки то чӣ андоза Яҳува барои шумо воқеист. Вақте ҳамсароне аз Ҷазираҳои Бермуд оиди чизе ғам хӯрданд, онҳо бо духтаронашон дар дуо аз Яҳува роҳбарӣ пурсида онҳоро барангехтанд, ки худашон низ дуо гӯянд. Волидон мегӯянд: «Мо ҳамчунин ба духтари калониамон гуфтем, ки пурра ба Яҳува такя кунад, дар кори Ӯ банд бошад ва аз ҳад зиқ нашавад. Вақте ӯ натиҷаашро мебинад, медонад, ки Яҳува ба мо ёрдам карда истодааст. Ин имони вайро ба Худо ва ба Китоби Муқаддас қавӣ мегардонад».
18. Волидон бояд чиро фаромӯш накунанд?
18 Волидон, ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки шумо маҷбуран дар дили фарзандатон имон пайдо карда наметавонед. Шумо имонашонро мисли растанӣ шинонда, об дода метавонед, лекин танҳо Яҳува онро месабзонад (1 Қӯр. 3:6). Аз ин рӯ дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед ва аз таҳти дил ҷигарбандатонро таълим диҳед. Агар ин тавр кунед, Яҳува шуморо беандоза баракат медиҳад (Эфс. 6:4).