Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, имонатонро қавӣ кунед!

Ҷавонон, имонатонро қавӣ кунед!

«Имон... боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд» (ИБР. 11:1).

СУРУДҲО: 41, 11

1, 2. Имрӯз ҷавонон бо кадом фишор рӯ ба рӯ мешаванд ва барои ин онҳо кадом қадамҳоро гузошта метавонанд?

ЯКЕ аз ҳамсинфони хоҳарамон, ки аз Бритониё мебошад, ба ӯ гуфт: «Барои ба Худо бовар кардан ту аз ҳад доно метобӣ». Бародаре аз Олмон навишт: «Муаллимонам гуфтаҳои Китоби Муқаддасро оиди офариниш афсона меҳисобанд. Ба гумони онҳо ба эволютсия бовар кардани талабагон табиист». Хоҳари ҷавоне аз Фаронса гуфт: «Муаллимонам ҳайрон мешаванд, ки баъзе талабагон то ҳол ба Китоби Муқаддас боварӣ доранд».

2 Шояд ба шумо чун ба ходими ҷавони Яҳува ё омӯзандаи Каломи Худо фишор оранд, ки назарияи эволютсияро қабул кунед. Агар ин тавр бошад, қадамҳое ҳастанд, ки барои истодагарӣ кардан ба шумо кӯмак мекунанд. Яке аз қадамҳо ин истифодаи қобилияти фикрроние мебошад, ки Худо бароятон ато кардааст. Он шуморо «нигаҳбонӣ хоҳад намуд» ва имонатонро аз таъсири фалсафаҳои ҷаҳонӣ муҳофизат хоҳад кард. (Масалҳо 2:10–12-ро хонед.)

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Имони ҳақиқӣ бар дониши ростӣ дар бораи Худо асос ёфтааст (1 Тим. 2:4). Барои ҳамин Каломи Худо ва адабиётамонро саросемавор нахонед, балки қобилияти фикрронии худро истифода бурда ба маънои чизи хондаатон сарфаҳм равед (Мат. 13:23). Биёед бинем, ки чӣ тавр ба воситаи ин имонатонро ба Офаридгор ва ба Китоби Муқаддас қавӣ карда метавонед (Ибр. 11:1).

ҚАВӢ КАРДАНИ ИМОН

4. Бо кадом маъно боварӣ ба эволютсия ва офариниш ба ҳам монанданд ва мо бояд чӣ кор кунем?

4 Баъзеҳо чунин гуфта метавонанд: «Ман ба эволютсия бовар мекунам, чунки олимон мегӯянд, ки ин дуруст аст. Лекин чӣ тавр ту ба Худо бовар мекунӣ, ҳол он ки ҳеҷ кас Ӯро надидааст?» Бисёриҳо чунин ақида доранд. Рост аст, ки ҳеҷ кас Худо ё офарида шудани чизеро надидааст (Юҳ. 1:18). Дар бораи шахсоне ки ба эволютсия бовар мекунанд, чӣ гуфтан мумкин? Онҳо низ ба чизе боварӣ доранд, ки бо чашм дида намешавад. Ягон одам, хоҳ олим бошад, хоҳ не, шоҳиди он нагаштааст, ки чӣ хел як намуди мавҷудот ба мавҷудоти дигар табдил ёфтааст. Масалан, ҳеҷ кас надидааст, ки чӣ хел маймун ба одам табдил ёфт (Айюб 38:1, 4). Барои ҳамин мо бояд далелҳоро санҷем ва ақламонро ба кор бурда ба хулосаи дуруст оем. Павлус ба офаридаҳо ишора карда навишт: «Моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд» (Рум. 1:20).

Ҳангоми сӯҳбат бо дигарон аз маводҳое, ки ба забони шумо дастрасанд, истифода баред (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки қобилияти фикррониамонро истифода барем?

Вақте мо ба табиат нигариста мулоҳиза меронем, он гоҳ аҷоиб офарида шудани онро мебинем. Ин боварии моро ба ҳастии Офаридгор, ки нонамоён аст, қавӣ мегардонад. Мо мефаҳмем, ки Шахсияти Ӯ беҳамтост ва хирадаш бузург аст (Ибр. 11:3, 27). Мо ташвиқоти олимонро хонда дар бораи офаридаҳои Ӯ бисёр чизро фаҳмида метавонем. Баъзе аз чунин маълумотро дар филми «Аҷоиботи офариниш Яҳуваро ҷалол медиҳад» (рус.), китоби «Оё Офаридгори ғамхор вуҷуд дорад?» (рус.), брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» ва «Пайдоиши ҳаёт — Панҷ саволе, ки бояд ба худ диҳем» (рус.) ёфта метавонем. Ҳамчунин дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), мусоҳибаи олимон ва дигарон чоп шудааст. Онҳо мефаҳмонанд, ки чӣ тавр ба Худо боварӣ пайдо карданд. Ва дар силсилаи мақолаҳои «Оё ин офарида шудааст?» бошад, оиди офаридаҳои Худо навишта шудааст, ки олимон доимо аз рӯи онҳо чизеро ихтироъ кардан мехоҳанд.

6. Чӣ тавр маводҳо барои ҷустуҷӯ ба шумо кӯмак карда метавонанд?

6 Оиди ду брошураи дар боло қайдшуда бародари 19-солае аз Иёлоти Муттаҳида чунин гуфт: «Ин брошураҳо бароям пурарзишанд! Ман онҳоро чандин борҳо хондам». Хоҳаре аз Фаронса навишт: «Мақолаҳои “Оё ин офарида шудааст?” маро дар ҳайрат мегузоранд! Ин мақолаҳо нишон медиҳанд, ки инжинерони машҳур аз офаридаҳои табиат нусхабардорӣ карда тавонанд ҳам, як ба як ранги он сохта наметавонанд». Волидони духтараки 15-солае аз Африқои Ҷанубӣ гуфтанд: «Якум чизе ки духтарамон одатан аз маҷаллаи “Бедор шавед!” мехонад, ин мусоҳибаҳо мебошад». Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё шумо аз ин маводҳо пурра истифода мебаред? Онҳо кӯмак мекунанд, ки имонатон мисли дарахте шавад, ки чуқур реша давондааст. Чунин имон ба шумо ёрдам мекунад, ки муқобили шамоли сахти таълимоти дурӯғ истодагарӣ карда тавонед (Ирм. 17:5–8).

ИМОНИ ШУМО БА КИТОБИ МУҚАДДАС

7. Чаро Худо мехоҳад, ки шумо қобилияти фикррониатонро истифода баред?

7 Оё нисбати Китоби Муқаддас шубҳа карда саволҳо додан нодуруст аст? Не, албатта. Яҳува мехоҳад, ки шумо қобилияти фикррониатонро истифода бурда ҳақиқатро ба худ исбот кунед. Ӯ намехоҳад, ки шумо ба чизе танҳо барои он бовар кунед, ки дигарон боварӣ доранд. Барои ҳамин ақлатонро истифода бурда дониши ростӣ гиред. Сипас он дониш барои имони ҳақиқӣ таҳкурсии мустаҳкам шуда метавонад. (Ибриён 5:14 ва 1 Тимотиюс 2:4-ро хонед.) Яке аз роҳҳои ба даст овардани чунин дониш ин тадқиқот бурдан аст.

8, 9. а) Барои баъзеҳо тадқиқ кардани кадом мавзӯъҳо шавқовар аст? б) Чӣ тавр баъзеҳо аз мулоҳизаронӣ оиди чизи хондаашон манфиат гирифтанд?

8 Ба баъзеҳо шавқовар аст, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ё аз ҷиҳати илм, таърих ва бостоншиносӣ дуруст будани онро тадқиқ кунанд. Масалан, Ҳастӣ 3:15-ро мегирем. Яҳува ин пешгӯии муҳимро дар ҳол баъди исёни Одаму Ҳавво гуфт. Ба воситаи ин пешгӯии аввалин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Салтанати Худо беҳтарин будани ҳокимияти Худоро исбот карда бадиҳоро нест мекунад. Чӣ тавр шумо Ҳастӣ 3:15-ро тадқиқ карда метавонед? Оятҳоеро рӯйхат кунед, ки дар бораи чӣ тавр иҷро шудани ин пешгӯйӣ бештар маълумот медиҳанд. Сипас ёбед, ки кай он оятҳо навишта шуданд ва онҳоро мувофиқи иҷрошавиашон пай дар пай нависед. Дар натиҷа шумо мебинед, ки чӣ тавр ин оятҳо бо ҳам вобастаанд ва боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ва нависандагони он «бо таҳрики Рӯҳулқудс» онро ба забон ронданд (2 Пет. 1:21).

9 Бародаре аз Олмон дар бораи он фикр кард, ки чӣ тавр ҳар як китоби Навиштаҳо дар бораи Салтанати Худо маълумот медиҳад. Ӯ гуфт, ки Китоби Муқаддасро қариб 40 кас навиштааст ва бисёрашон дар замонҳои гуногун зиндагӣ мекарданду якдигарро намешинохтанд, вале ба ҳар ҳол дар бораи як чиз навиштанд. Ба хоҳаре аз Австралия мақолаи омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 декабри соли 2013, ки дар бораи иди Фисҳ фаҳмонда шудааст, хеле таъсир кард. Дар он мақола фаҳмонида шуда буд, ки иди Фисҳ бо Ҳастӣ 3:15 ва омадани Масеҳ зич алоқаманд аст. Ӯ навишт: «Омӯхтани ин мақола чашмонамро кушод ва ман фаҳмидам, ки Яҳува то чӣ андоза Бузург аст. Он фикре, ки аҳд бо исроилиён дар Исо низ иҷро шуд, маро дар ҳайрат гузошт. Ман истода фикр кардам, ки то чӣ андоза аҷоиб аст, ки хӯроки иди Фисҳ рамзи иҷрошавии пешгӯии ояндаро доштааст!» Чаро дар ин хоҳар чунин ҳиссиёт пайдо шуд? Чунки ӯ дар бораи чизи хондааш чуқур фикр кард ва ба мазмуни он сарфаҳм рафт. Ин ба ӯ кӯмак кард, ки имонашро мустаҳкам карда ба Яҳува наздиктар шавад (Мат. 13:23).

10. Чӣ тавр ростқавлии нависандагони Китоби Муқаддас имони моро мустаҳкам карда метавонад?

10 Дигар чизе ки имони моро қавӣ карда метавонад, ин дида баромадани далерӣ ва ростқавлии нависандагони Китоби Муқаддас мебошад. Бисёр нависандагони даврони қадим дар бораи сарварон ва халқи худ танҳо чизҳои хуб менавиштанд. Пайғамбарон бошанд, ҳамеша гапи ростро мегуфтанд. Онҳо рӯирост дар бораи камбудиҳои халқ ва ҳатто подшоҳони худ навиштанд (2 Вақ. 16:9, 10; 24:18–22). Ҳамчунин онҳо хатогиҳои худ ва дигар ходимони Худоро қайд карданд (2 Подш. 12:1–14; Марқ. 14:50). Бародари ҷавоне аз Бритониё гуфт: «Чунин ростқавлӣ камёфт аст. Ин боварии моро зиёд мекунад, ки Китоби Муқаддас ҳақиқатан ҳам аз тарафи Худост».

11. Чӣ тавр ҷавонон миннатдориашонро ба принсипҳои Калом инкишоф дода метавонанд?

11 Мувофиқи принсипҳои Китоби Муқаддас амал намуда бисёриҳо боварӣ ҳосил карданд, ки он аз тарафи Худост. (Забур 18:8–12-ро хонед.) Хоҳари ҷавоне аз Ҷопон навишт: «Гуфтаҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда оилаи мо дар ҳақиқат хушбахт шуд. Мо оромӣ, ягонагӣ ва муҳаббатро ҳис кардем». Китоби Муқаддас ба бисёриҳо кӯмак расонд, ки аз ибодати дурӯғ ва аз хурофотпарастӣ халос шаванд (Заб. 113:11–16). Он одамонро бармеангезад, ки ба Яҳува такя карда ба ояндаи нек умед банданд. Лекин онҳое ки ба ҳастии Худо боварӣ надоранд, табиатро ба Худо баробар дониста қудрати Яҳуваро ба он нисбат медиҳанд. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки ояндаи мо пурра дар дасти худамон аст, вале барои оянда ягон умед дода наметавонанд (Заб. 145:3, 4).

МУЛОҲИЗАРОНӢ БО ДИГАРОН

12, 13. Чӣ тавр мо бо дигарон оиди офариниш ё Китоби Муқаддас гап зада метавонем?

12 Вақте бо дигарон оиди офариниш ва Каломи Худо мулоҳиза меронед, саросемавор хулоса накунед, ки ба чӣ боварӣ доштани онҳоро медонед. Дар ёд доред, ҳастанд онҳое, ки ҳам ба эволютсия боварӣ доранд ва ҳам ба вуҷуд доштани Худо. Онҳо фикр мекунанд, ки Худо барои офаридани намудҳои гуногуни ҳаёт эволютсияро истифода бурдааст. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки онҳо ба эволютсия боварӣ доранд, чунки агар ин нодуруст мебуд, дар мактаб инро таълим намедоданд. Баъзеҳо ба Худо бовар карданро бас карданд, барои он ки дилашон аз дин мондааст. Аз ин рӯ дар вақти сӯҳбат хуб мебуд аз шахс пурсед, ки вай ба чӣ боварӣ дорад ва чаро. Сипас ӯро бодиққат гӯш кунед. Агар чунин кунед, вай ҳам дар ҷавоб ба суханонатон гӯш доданаш мумкин (Тит. 3:2).

13 Агар ягон кас эътиқоди шуморо паст занад, пас эҳтиромона аз ӯ хоҳиш кунед, то фаҳмонад, ки чӣ тавр ҳаёт бе Офаридгор пайдо шуд. Шумо гуфта метавонед, ки барои он ки ягон намуди ҳаёт, ба мисли ҳуҷайра, инкишоф ёфтан гирад, он бояд қобилияти ихтироъ кардани нусхаи худро дошта бошад. Як профессори илми кимиё гуфт, ки ба чунин ҳуҷайра боз чор чизи зерин лозим аст: 1) чизе монанди пӯст барои ҳимоя; 2) қобилияти қабул кардан ва истифода бурдани энергия; 3) маълумот дар ген (КДН) ва 4) қобилияти нусхабардории маълумот. Ва илова кард: «Мураккабии ҳатто содатарин шакли ҳаёт одамро ба тааҷҷуб меорад».

14. Бо одамон оиди офариниш сӯҳбат карда шумо кадом мисолҳоро оварда метавонед?

14 Агар шумо дар бораи офариниш бо касе сӯҳбат кунед, пас он мисоли одиеро, ки Павлус истифода бурд, ба кор баред. Ӯ навишт: «Ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост» (Ибр. 3:4). Албатта, хонаро касе сохтааст. Бешубҳа чизҳои зинда, ки аз хона дида сад баробар мураккабанд, бояд аз тарафи касе офарида мешуданд. Ҳамчунин аз адабиётҳоямон истифода бурда метавонед. Хоҳаре ба ҷавонмарде, ки ба ҳастии Худо боварӣ надошт, мавъиза кард. Ӯ ду брошураи дар боло қайдшударо ба вай дод ва қариб як ҳафта пас, ҷавонмард гуфт: «Акнун ман ба Худо бовар мекунам». Дар натиҷа бо ин ҷавон омӯзиш сар карда шуд ва ӯ таъмид гирифт.

15, 16. Пеш аз ба одамон аз тарафи Худо будани Китоби Муқаддасро фаҳмондан, мо бояд чӣ кор кунем ва чиро бояд ҳамеша дар ёд дорем?

15 Агар шахс нисбати Китоби Муқаддас шубҳа дошта бошад-чӣ? Пас чи хеле ки дар боло гуфтем, аввал пурсед, ки вай ба чӣ боварӣ дорад ва кадом мавзӯъ барояш шавқовар аст (Мас. 18:13). Агар ӯ ба илм шавқ дошта бошад, пас мисолҳое оред, ки аз тарафи илм ҳақ будани Китоби Муқаддасро исбот мекунанд. Агар ӯ таърихро дӯст дорад, пас аз таърих воқеаеро нақл кунед, ки он дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд. Ё шумо принсипҳои Китоби Муқаддасро, масалан, оятҳоеро, ки дар Мавъизаи болои кӯҳ гуфта шудаанд, хонда метавонед.

16 Дар ёд доред, ки мақсади шумо дили одамонро ба даст овардан мебошад, на исбот кардани чизе. Барои ҳамин шунавандаи хуб бошед. Ба шахс саволҳои самимӣ диҳед ва хоксориву эҳтироми худро зоҳир намоед, махсусан вақте ки бо калонсолон ҳамсӯҳбат мешавед. Агар шумо дигаронро ҳурмат кунед, онҳо низ шуморо ҳурмат мекунанд. Ҳангоми сӯҳбат онҳо шояд пай баранд, ки шумо дар бораи эътиқодатон бисёр мулоҳиза рондаед. Инро бисёр ҷавонон намекунанд. Албатта, агар ягон кас танҳо барои баҳс ё масхара кардан савол диҳад, пас шумо вазифадор нестед, ки ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳед (Мас. 26:4).

ҲАҚИҚАТРО АЗ ХУД КУНЕД

17, 18. а) Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки имонатонро ба Каломи Худо қавӣ гардонед? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Имони қавӣ ғайр аз доштани таълимоти асосӣ боз чизи бештареро талаб мекунад. Аз ин рӯ Каломи Худоро чуқуртар омӯзед, гӯё ки ганҷи гумшударо кофта истодаед (Мас. 2:3–6). Аз маводҳое, ки ба забони шумо дастрасанд, ба мисли «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ» (рус.), «ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ», «Индекси адабиётҳои ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ» (рус.) ва «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот», пурра истифода баред. Ҳамчунин мақсад монед, ки Китоби Муқаддасро дар муддати як сол аз аввал то охир мехонед. Хониши Каломи Худо имонро мустаҳкам карда метавонад. Нозири ноҳиявие ҷавониашро ба хотир оварда гуфт: «Аз сар то охир хондани Китоби Муқаддас ба ман кӯмак расонд, то фаҳмам, ки он сухани Худост. Воқеаҳои Китоби Муқаддас, ки дар хурдсолиам фаҳмида будам, дар натиҷа ба ман таъсир расонданд ва ба рӯҳан рушд карданам мусоидат намуданд».

18 Волидон, шумо дар рӯҳан рушд кардани фарзандонатон нақши муҳимро мебозед. Чӣ тавр шумо ба онҳо кӯмак карда метавонед, ки имонашонро қавӣ гардонанд? Дар мақолаи навбатӣ мо ба ин савол ҷавоб меёбем.