Ба раҳмдилии Яҳува пайравӣ кунед
«Худованд, Худованд, Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» (ХУР. 34:6).
1. Чӣ тавр Яҳува шахсияти Худро ба Мусо ошкор кард? Чаро донистани ин муҳим аст?
БОРЕ Яҳува Худашро ба Мусо шинос карда ном ва хислатҳояшро ошкор намуд. Яҳува метавонист, ки аввал пурқудрат ва бохирад буданашро ошкор кунад, лекин Ӯ аввал раҳмдилу дилсӯз буданашро ошкор намуд. (Хуруҷ 34:5–7-ро хонед.) Чаро? Барои он ки Мусо фаҳмидан мехост, ки оё Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад ё не. Аз ин рӯ Худо ин хислатҳояшро ба Мусо ошкор карда нишон дод, ки Ӯ, дар ҳақиқат, ба хизматгоронаш ёрдам кардан мехоҳад (Хур. 33:13). Донистани он ки Яҳува раҳмдилу ғамхор аст, дилҳои моро гарм месозад. Раҳмдилӣ ин дарди дигаронро ҳис намудан ва хоҳиши ба онҳо ёрдам кардан мебошад. Биёед дар бораи ин хислат бештар фаҳмем.
2, 3. а) Чӣ нишон медиҳад, ки зоҳир кардани раҳмдилӣ барои одамон табиист? б) Чаро мо бояд дар бораи раҳмдилӣ бисёртар маълумот гирем?
2 Яҳува моро ба шабоҳати Худ офаридааст. Барои ҳамин ҳатто шахсе, ки Яҳуваро намешиносад, табиатан раҳму шавқат зоҳир мекунад (Ҳас. 1:27). Ҳақ будани ин суханонро Китоби Муқаддас исбот менамояд. Дар он мисолҳои бисёр касоне оварда шудааст, ки раҳмдилӣ зоҳир намуданд. Масалан, боре шоҳ Сулаймон аниқ кардан мехост, ки кадоме аз занҳо модари аслии кӯдак мебошад. Барои ин вай фармон дод, ки кӯдакро ду пора кунанд. Зане, ки модари аслии кӯдак буд, дилаш ба фарзандаш сӯхт ва аз шоҳ илтимос кард, ки кӯдакро ба зани дигар диҳад (3 Подш. 3:23–27). Мисоли дигари раҳмдилӣ ин духтари фиръавн мебошад. Вақте ки ӯ Мусои кӯдакро ёфт, вай медонист, ки ин кӯдаки ибриён аст ва бояд кушта шавад, вале ба ӯ раҳмаш омад ва қарор кард, ки кӯдакро мисли писари худаш калон мекунад (Хур. 2:5, 6).
3 Чаро мо бояд дар бораи раҳмдилӣ бисёртар маълумот гирем? Чунки Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ пайравӣ кунем (Эфс. 5:1). Ҳарчанд мо бо хислати раҳмдилӣ офарида шуда бошем ҳам, нокомилӣ моро ба худхоҳӣ тела медиҳад. Барои ҳамин баъзан ба дигарон ёрдам карданамон душвор мешавад. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки нисбати дигарон бепарво набошед? Биёед аввал фаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ва дигарон раҳмдилӣ зоҳир намуданд. Баъд дида бароем, ки чӣ тавр мо ба Худо пайравӣ намуда метавонем ва чаро ин барои мо манфиатовар аст.
ЯҲУВА БЕҲТАРИН НАМУНАИ РАҲМДИЛИСТ
4. а) Чаро Яҳува фариштагонро ба Садӯм фиристод? б) Мо аз мисоли Лут ва духтаронаш чӣ меомӯзем?
4 Дар Китоби Муқаддас дар бораи раҳмдил будани Яҳува бисёр маълумот дода шудааст. Масалан, ба ёд оред, ки чӣ тавр Ӯ бо Лут муносибат кард. Лут марди худотарс буд ва аз рафтори бадахлоқонаи сокинони Садӯм ва Амӯро «ба танг омада буд». Ин одамон Худоро ҳурмат намекарданд, барои ҳамин Яҳува қарор кард, ки онҳоро нест мекунад (2 Пет. 2:7, 8). Худо фариштагонро фиристод, то ба Лут хабар диҳанд, ки Садӯм ва Амӯро нест карда мешавад ва ӯ бояд аз он ҷо гурезад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Чун дер мекард, он мардон [фариштагон] дасти ӯ, ва дасти занаш, ва дасти ду духтарашро гирифтанд,— чунки Худованд бар ӯ шафқат кард,— ва ӯро бароварда, дар беруни шаҳр гузоштанд» (Ҳас. 19:16). Аз ин оят маълум мешавад, ки Яҳува вазъияти Лутро хуб мефаҳмид. Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ душвориҳои моро ҳам нағз мефаҳмад (Иш. 63:7–9; Яъқ. 5:11; 2 Пет. 2:9).
5. Чӣ тавр Каломи Худо ба мо ёрдам мекунад, ки раҳмдилӣ зоҳир намоем?
5 Яҳува на танҳо худаш раҳмдилӣ зоҳир мекунад, балки моро низ таълим медиҳад, ки ин хислатро зоҳир кунем. Дар бораи қонуне, ки ба исроилиён дода шуда буд, фикр кунед. Агар ягон кас қарз мегирифт, қарздиҳанда сару либоси ӯро ба гарав гирифта метавонист. (Хуруҷ 22:26, 27-ро хонед.) Вале қарздиҳанда бояд то ғуруби офтоб сару либоси ӯро бармегардонд, то одами қарздор шаб дар гармӣ хоб равад. Касе, ки раҳмдил набуд, шояд ин гаравро баргардондан намехост, вале Яҳува халқашро таълим медод, ки раҳмдил бошанд. Аз принсипе, ки дар паси ин қонун меистад, чӣ дарс мегирем? Мо набояд ба ниёзҳои бародарону хоҳарон бепарво бошем. (Қӯл. 3:12; Яъқ. 2:15, 16; 1 Юҳанно 3:17-ро хонед.)
6. Мо аз раҳмдилии Яҳува нисбати исроилиёни гуноҳкор чӣ дарс мегирем?
6 Яҳува ба гуноҳҳои исроилиён нигоҳ накарда ба онҳо раҳмдилӣ зоҳир менамуд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Яҳува гаштаю баргашта ҳар субҳидам қосидонро назди исроилиён 2 Вақ. 36:15). Ба ин монанд, мо бояд нисбати онҳое, ки ҳоло Яҳуваро намешиносанд, вале имконияти тавба карда дӯсти Ӯ шуданро доранд, раҳмдилӣ зоҳир намоем. Яҳува намехоҳад, ки дар вақти доварӣ касе нобуд шавад (2 Пет. 3:9). Аз ин рӯ ҳоло ки ин вақт наомадааст, биёед хабари огоҳкунандаро ба ҳама одамон расонем ва ба онҳо ёрдам кунем, ки аз раҳмдилии Яҳува баҳра баранд.
барои огоҳ намудан мефиристод, «зеро ки бар қавми Худ ва бар маскани Худ шафқат намуд» (7, 8. Барои чӣ оилае бовар дорад, ки Яҳува нисбати онҳо раҳмдилӣ зоҳир кард?
7 Имрӯз бисёри Шоҳидони Яҳува раҳмдилии Худоро нисбати худ ҳис мекунанд. Биёед як мисолро дида бароем. Аввали соли 1990 дар Босния одамони гуногуннажод зидди ҳам баромада якдигарро мекуштанд. Оилаи писари 12-солае, ки шартан номашро Милан мегӯем, дар он ҷо зиндагӣ мекард. Милан, додарчааш, волидонаш ва якчанд Шоҳидони Яҳува бо автобус аз Босния ба Сиберия рафтанӣ буданд. Волидони Милан бояд дар анҷумане, ки он ҷо мегузашт, таъмид мегирифтанд. Дар сарҳад аскарон фаҳмиданд, ки ин оила аз дигар нажод мебошад ва онҳоро аз автобус бароварданд. Аммо ба одамони боқимонда гуфтанд, ки сафарашонро давом диҳанд. Аскарон ду рӯз ин оиларо аз сарҳад гузаштанӣ намонданд. Оқибат як офитсер ба воситаи ратсия аз командираш пурсид, ки бо ин оила чӣ кор кунад. Командир гуфт: «Онҳоро ҷавоб деҳ ва баъд паррон!» Азбаски ин оила дар наздикӣ буд, ҷавоби командирро шунид.
8 Ҳоло онҳо гап зада истода буданд, ки ду марди ношиносе ба назди он оила омад. Онҳо оҳистакак гуфтанд, ки Шоҳиди Яҳува мебошанд ва бародароне, ки дар автобус буданд, ҳама воқеаро нақл карданд. Ин ду мард ба Милан ва додараш гуфтанд, ки ба мошини онҳо савор шаванд, то аз сарҳад гузаранд, зеро аскарон ҳуҷҷатҳои кӯдаконро тафтиш намекарданд. Баъд ин бародарон ба волидони Милан гуфтанд, ки аз ин ҷо баромада бо пушти сарҳад роҳ раванд ва фарзандонашонро дар он тарафи сарҳад вохӯранд. Милан намедонист, ки аз ин пешниҳоди бародарон хурсандӣ кунад ё гиря. Падару модари Милан аз бародарон пурсиданд: «Ба фикратон аскарон мегузоранд, ки мо ҳамин хел баромада равем?» Вале вақте ки онҳо баромада рафтанд, аскарон гӯё нобино шуда буданд ва баромада рафтани онҳоро надиданд. Ҳамин тавр Милану додараш бо волидонашон дар дигар тарафи сарҳад вохӯрданд ва сафари худро давом доданд. Онҳо боварӣ доранд, ки Яҳува ба дуояҳошон ҷавоб дод! Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки Яҳува на ҳама вақт ин хел мӯъҷиза карда ходимонашро халос мекард (Аъм. 7:58–60). Баъдтар Милан дар бораи ҳиссиёташ нақл карда гуфт: «Ба фикрам, фариштаҳо чашмони аскаронро кӯр карданд ва ҳамин тавр Яҳува моро наҷот дод» (Заб. 96:10).
9. Исо анбӯҳи мардумро дида чӣ кор кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
9 Исо низ дар зоҳир кардани раҳмдилӣ намуна аст. Вақте ки ӯ анбӯҳи мардумро дид, раҳмаш омад «зеро онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда буданд». Исо чӣ кор кард? Ӯ ба онҳо бисёр чизро таълим дод. (Мат. 9:36; Марқӯс 6:34-ро хонед.) Ин рафтори ӯ аз рафтори фарисиён, ки хоҳиши ба одамон кӯмак карданро надоштанд, фарқ мекард (Мат. 12:9–14; 23:4; Юҳ. 7:49). Оё шумо низ мисли Исо мехоҳед, ки ба одамон ёрдам кунед ва дар бораи Яҳува онҳоро таълим диҳед?
10, 11. Оё мо бояд дар ҳама ҳолат раҳмдил бошем? Фаҳмонед.
1 Подш. 15:3, 9, 15). Азбаски Яҳува Довари одил аст, Ӯ дили одамро мебинад ва медонад, ки кай шахс раҳмдилӣ зоҳир карду кай не (Нав. Ирм. 2:17; Ҳиз. 5:11). Ба наздикӣ Худо ҳамаи онҳоеро, ки ба Ӯ итоат намекунанд, доварӣ хоҳад кард (2 Тас. 1:6–10). Он вақт Яҳува аллакай ба одамони бад раҳм зоҳир намекунад. Ӯ шариронро нест карда ба одилон раҳм зоҳир мекунад ва онҳоро наҷот медиҳад.
10 Албатта, раҳмдилӣ маънои онро надорад, ки мо дар ҳама ҳолат бояд раҳмдил бошем. Масалан, Яҳува ба шоҳ Шоул гуфт, ки подшоҳи Амолеқ, Аҷаҷ, ва ҳамаи ҳайвонҳои онҳоро кушад. Лекин Шоул ба гапи Худо гӯш надод ва онҳоро накушт. Вай шояд фикр мекард, ки бо ин кораш раҳмдилӣ зоҳир намуд. Вале Яҳува ӯро барои беитоатиаш аз тахти подшоҳӣ ронд (11 Албатта, мо ҳақ надорем, гӯем, ки кӣ бояд зинда монаду кӣ не. Ба ҷойи ин мо бояд ҳоло ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба одамон ёрӣ расонем. Мо раҳмдил буданамонро бо кадом роҳҳо нишон дода метавонем? Биёед якчанд роҳашро дида бароем.
ЧӢ ТАВР МО РАҲМДИЛӢ ЗОҲИР КАРДА МЕТАВОНЕМ?
12. Чӣ тавр мо ба дигарон раҳмдилӣ зоҳир карда метавонем?
12 Мададрасон бошед. Яҳува аз мо талаб мекунад, ки нисбати ҳамсоягон ва ҳамимонони худ раҳмдил бошем (Юҳ. 13:34, 35; 1 Пет. 3:8). Як маънои раҳмдилӣ ин «ҳамдард будан» аст. Аз ин рӯ одами раҳмдил кӯшиш мекунад, ки дарди шахсро фаҳмад ва ба ӯ ёрӣ расонад. Барои ба дигарон кӯмак расонидан имконият ҷӯед. Масалан, шумо метавонед ба дигарон барои иҷро кардани ягон кор ё супориш ёрдам кунед (Мат. 7:12).
13. Чӣ тавр ходимони Худо дар офатҳои табиӣ раҳмдилӣ зоҳир мекунанд?
13 Дигаронро тасаллӣ диҳед. Вақте мебинем, ки чӣ хел одамон аз офатҳои табиӣ азоб мекашанд, диламон ба онҳо месӯзад. Дар ин хел ҳолатҳо халқи Яҳува ба ёрдам кардан тайёр мебошад. Кори онҳо аз чашми дигарон пӯшида нест (1 Пет. 2:17). Масалан, соли 2011 дар яке аз минтақаҳои Ҷопон заминҷунбӣ ва сунамии сахт шуд, ки зарари калон расонд. Хоҳаре, ки дар он ҷой зиндагӣ мекард, мегӯяд, ки аз кунҷу канори Ҷопон ва дигар шаҳрҳо ихтиёриён барои таъмир кардани хонаҳо ва Толорҳои Салтанат омаданд. Инро дида ӯ хеле рӯҳбаланд шуд ва тасаллӣ ёфт. Ӯ илова намуд: «Ин воқеа ба ман ёрдам дод, ки ғамхории Яҳува ва ходимонашро бинам. Дар тамоми ҷаҳон бисёр бародару хоҳарон дар ҳаққи мо дуо мегӯянд».
14. Чӣ тавр шумо ба беморон ва пиронсолон ёрӣ дода метавонед?
14 Ба калонсолону беморон ёрдам кунед. Вақте мо мебинем, ки чӣ хел одамон аз беморӣ ё пиронсолӣ азоб мекашанд, зиқ мешавем. Мо сахт мехоҳем, ки ин душвориҳо нест шаванд, барои ҳамин дар бораи омадани Салтанати Худо дуо мегӯем. Айни замон мо ҳаракат мекунем, ки бо ҳар роҳ ба одамони бемор ва солхӯрда ёрӣ расонем. Нависандае дар бораи модари пираш, ки аз бемории алтсгеймер азоб мекашид, нақл мекунад. Боре модараш либосашро тар кард. Вақте онро тоза карданӣ буд, дар тақ-тақ шуд. Ба назди ӯ ду Шоҳиди Яҳува, ки доимо ӯро хабар мегирифтанд, омада буданд. Ин хоҳарон пурсиданд, ки оё ёрдами онҳо даркор аст. Он зан гуфт, ки аз ёрдам пурсидан шарм медорад, лекин дар асл ба ёрдами онҳо ниёз дорад. Хоҳарон сару либосашро иваз карда ҳама ҷоро тоза карданд. Сипас онҳо ба ӯ чой дам карда ҳамроҳаш сӯҳбат намуданд. Писари он зан хеле миннатдор буд. Ӯ чунин навишт: «Аҳсан ба ин ду Шоҳиди Яҳува... онҳо чизеро ки мегӯянд дар амал иҷро мекунанд». Оё шумо низ кӯшиш мекунед, ки ба беморон ва пиронсолон ёрӣ расонед? (Флп. 2:3, 4).
15. Чӣ тавр кори мавъиза ба дигарон кӯмак мерасонад?
15 Одамонро бо Яҳува шинос кунед. Ғаму ташвиши одамонро дида раҳмамон меояд. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки дар бораи Яҳува ва Салтанаташ ба онҳо гап занем. Ин аз ҳама ёрдами беҳтарин аст. Боз мо метавонем ба онҳо фаҳмонем, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан манфиат меорад (Иш. 48:17, 18). Ба Яҳува хизмат карда мо Ӯро ҷалол медиҳем ва ба одамон раҳмдилӣ зоҳир мекунем. Оё шумо дар хизмат бештар иштирок карда метавонед? (1 Тим. 2:3, 4).
РАҲМДИЛӢ БА ШУМО НИЗ МАНФИАТ МЕОРАД!
16. Чӣ тавр раҳмдилӣ ба одам манфиат меорад?
16 Равоншиносон мегӯянд, ки вақте шахс раҳмдилӣ зоҳир мекунад, саломатӣ ва муносибаташ бо дигарон беҳтар мешавад. Агар шумо ба одамоне, ки азоб мекашанд, кӯмак расонед, худро хушбахт ҳис мекунед, зиндадил мешавед, танҳоиро ҳис намекунед ва аз худ дур кардани фикрҳои бадро ёд мегиред. Бешубҳа, раҳмдилӣ ба мо фоидаи зиёд меорад (Эфс. 4:31, 32). Вақте мо ба дигарон ёрӣ медиҳем дар диламон оромӣ пайдо мешавад, зеро медонем, ки бо ин корамон хоҳиши Яҳуваро иҷро мекунем. Раҳмдилӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки волид, ҳамсар ва дӯсти хуб бошем. Ғайр аз ин, ба одаме, ки раҳмдил аст, дигарон низ раҳмдилӣ зоҳир карда ӯро дар вақти лозима дастгирӣ мекунанд. (Матто 5:7 ва Луқо 6:38-ро хонед.)
17. Чаро шумо раҳмдилиро инкишоф додан мехоҳед?
17 Оё мо раҳмдилиро танҳо барои фоида оварданаш зоҳир мекунем? Албатта не. Мақсади асосии мо ба Яҳува, ки Сарчашмаи муҳаббат ва раҳмдилист пайравӣ намуда Ӯро ҷалол додан мебошад (Мас. 14:31). Ӯ барои мо намунаи беҳтарин аст. Пас биёед ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба раҳмдилии Яҳува пайравӣ намоем. Он гоҳ мо ба бародарону хоҳарон наздиктар мешавем ва муносибатамон бо одамони гирду атроф беҳтар мегардад (Ғал. 6:10; 1 Юҳ. 4:16).