Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Яҳува хизмати маро баракат дод

Яҳува хизмати маро баракат дод

Ман ба афсар гуфтам, ки аллакай аз сабаби ба ҷанг нарафтанам ҳабс шуда будам. Ман аз ӯ пурсидам: «Оё шумо маро барои ин корам ду бор ҷазо додан мехоҳед?» Он вақт ман дуюм бор ба хизмати ҳарбӣ даъват шудам.

МАН соли 1926 дар Круксвили иёлоти Оҳаё (ИМА) ба дунё омадам. Падару модарам диндор набуданд, лекин ба мо, ҳашт фарзанди худ, таъкид мекарданд, ки ба калисо равем. Барои ҳамин ман ба калисои методистҳо мерафтам. Вақте ман 14-сола будам, ходими калисо ба ман мукофот дод, чунки ман дар муддати як сол доимо рӯзҳои якшанбе ба калисо мерафтам.

Хоҳар Маргарет Волкер (аз тарафи чап дуюм) ба ман барои бо ҳақиқат шинос шуданам кӯмак кард

Дар ҳамон вақт яке аз Шоҳидони Яҳува, ки номаш Маргарет буд, ба назди модарам меомад ва бо ӯ дар бораи Китоби Муқаддас гап мезад. Як рӯз ман дар омӯзиши онҳо шиштам. Модарам гуфт, ки аз хона бароям, то ба онҳо халал нарасонам. Лекин ман ба сӯҳбати онҳо гӯш карданро давом додам. Баъди якчанд вақт Маргарет ба ман гуфт: «Оё медонӣ номи Худо чист?» Ман ҷавоб додам: «Инро ҳама медонанд. Номи Худо — Худо». Ӯ ба ман гуфт: «Китоби Муқаддасатро гирифта, ояти Забур 82:19-ро кушо». Ман кушода дидам ва фаҳмидам, ки номи Худо Яҳува мебошад. Ман дарҳол ба назди дӯстонам давида ба онҳо гуфтам: «Имшаб, вақте ба хона меравед, аз Китоби Муқаддасатон ояти Забур 82:19-ро кушода, номи Худоро бинед». Ҳамин тавр ман дарҳол шаҳодат доданро сар кардам.

Ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам ва соли 1941 таъмид гирифтам. Каме баъд маро барои гузаронидани китобомӯзиш таъин карданд. Ман модар ва хоҳару бародаронамро бармеангехтам, ки ба китобомӯзиш биёянд ва ҳамаи онҳо ба гурӯҳе ки ман онро мегузарондам, омадан гирифтанд. Лекин падарам шавқ надошт.

МУҚОБИЛАТ ДАР ХОНА

Дар ҷамъомад ба ман супоришҳои иловагӣ доданд, барои ҳамин ман бисёри адабиёти ташкилотамонро дар хона ҷамъ кардам. Рӯзе падарам ба китобҳои ман ишора карда гуфт: «Ин китобҳоро мебинӣ? Ҳамаашонро аз хона гирифта бар, худат ҳам метавонӣ аз қафои онҳо равӣ». Ман аз хона рафтам ва дар наздикии Зейнсвилл (иёлоти Оҳаё) хонаеро ба иҷора гирифтам. Лекин ман ҳар вақт ба хонаамон мерафтам ва кӯшиш мекардам, ки оилаамонро дастгирӣ кунам.

Падарам намегузошт, ки модарам ба вохӯриҳо равад. Баъзан, вақте модарам дар роҳ буд, падарам аз пушташ давида, ӯро ба зӯрӣ ба хона меовард. Лекин модарам аз дари дигари хона баромада ба вохӯрӣ мерафт. Ман ба модарам гуфтам: «Ғам нахӯр, як рӯз не, як рӯз ӯ аз пойидани ту монда мешавад». Баъди чанд вақт падарам аз муқобилат кардан хаста шуд ва модарам бе ҷангу ҷанҷол ба вохӯриҳо мерафт.

Аз соли 1943 сар карда дар ҷамъомадамон Мактаби таълими мавъиза мегузашт. Ҳамон вақт ман гуфтани нутқҳои кӯтоҳро сар кардам. Баъди нутқ ба ман маслиҳат медоданд ва ин ба ман кӯмак кард, ки қобилияти гапзаниамро беҳтар гардонам.

ДАР ВАҚТИ ҶАНГ БЕТАРАФИРО НИГОҲ МЕДОРАМ

Соли 1944, ҳангоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон маро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Барои аз назорати духтур гузаштан ман ба Форт Ҳайес, ки дар Колумбуси иёлоти Оҳаё ҷойгир аст, рафтам. Баъди аз назорат гузаштанам ман варақаро пур кардам. Ман гуфтам, ки ба хизмати ҳарбӣ намеравам. Маро сар доданд, лекин якчанд рӯз пас корманди полис ба хонаам омада маро ҳабс кард.

Ду ҳафта пас, ҳангоми гузаштани суд, судя ба ман гуфт: «Агар ҳамааш дар дасти ман мебуд, ман шуморо як умр зиндонӣ мекардам». Баъд пурсид: «Ягон гуфтанӣ доред?» Ман ҷавоб додам: «Ҷаноби судя, ман ходими дин * ҳастам ва одамонро дар назди дарашон таълим медиҳам. Ман хушхабари Салтанатро ба одамони бисёре мавъиза кардаам». Судя ба ҳакамон * муроҷиат карда гуфт: «Вазифаи шумо муайян кардани он нест, ки ин шахс ходими дин аст ё не. Вазифаи шумо муайян кардани он аст, ки оё ӯ аз хизмати ҳарбӣ рӯ тофт ё не». Тахминан яку ним соат пас ҳакамон маро гунаҳгор эълон кард. Судя маро ба муддати панҷ сол дар маҳбаси Эшленди Кентукки зиндонӣ кард.

ЯҲУВА ДАР ЗИНДОН МАРО МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

Ду ҳафтаи аввалро ман дар зиндони Колумбуси иёлоти Оҳаё гузарондам. Рӯзи якуми дар зиндон буданам ман аз Яҳува дар дуо илтимос кардам: «Яҳува, ман панҷ сол дар ин ҳуҷрачаи хурд тоқат карда наметавонам. Ман намедонам чӣ кор кунам».

Рӯзи дигар посбонҳо маро ба ҷои васеътар бурданд. Ман дар он ҷо марди қадбаланди бо китфу бозуеро дидам, ки ҳамсояи ман буд. Ӯ аз он тарафи панҷара ба ман нигоҳ карда пурсид: «Эй пакана, туро барои чӣ ба ин ҷо оварданд?» Ман ҷавоб додам: «Ман яке аз Шоҳидони Яҳува ҳастам». Ӯ гуфт: «Наход? Набошад, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» Ман ҷавоб додам: «Шоҳидони Яҳува дар ҷанг иштирок намекунанд ва одам намекушанд». Ӯ ба ман гуфт: «Ту одам намекушиву онҳо туро зиндонӣ карданд. Дигаронро бошад, барои одамкушиашон ба ин ҷо меоранд. Оё ин аз рӯи мантиқ аст?» Ман ҷавоб додам: «Не, албатта».

Баъд ӯ гуфт: «Дар муддати понздаҳ соли дар зиндон буданам, ман адабиёти шуморо хонда будам». Вақте ман инро шунидам, дарҳол ба Яҳува дуо гуфтам: «Яҳува, ба ман ёрдам кун, то ин мард маро тарафгирӣ кунад». Ҳамон лаҳза он мард, ки Пол ном дошт, гуфт: «Агар ягон кас дар ин ҷо ба ту даст расонад, дод зан. Баъд ман медонам бо онҳо чӣ кор кунам». Барои ҳамин ҳангоми дар он ҷо буданам, ҳеҷ яке аз панҷоҳ зиндонӣ ба ман даст нарасониданд.

Ман дар Эшленди Кентукки барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ ҳабс шуда будам

Баъд маро ба зиндони Эшленд бурданд. Дар он ҷо ман баъзе бародарони рӯҳан баркамолро вохӯрдам, ки онҳо низ маҳбус буданд. Онҳо ба ман ва дигарон кӯмак расонданд, ки муносибати наздикро бо Яҳува нигоҳ дорем. Онҳо ҳар ҳафта пешакӣ ба мо якчанд боби Китоби Муқаддасро барои хондан муайян менамуданд. Мо бояд барои он вохӯриҳо саволу ҷавобҳо тайёр мекардем. Як бародар дар зиндон ба мо минтақа барои мавъиза тақсим мекард. Ӯ одатан ба ман мегуфт: «Робисон, ту барои фалону фалон кат ҷавобгарӣ. Касе ки дар он ҷо хоб равад, аз они ту. Пеш аз он ки аз зиндон озод шавад, ҳатман ба вай шаҳодат деҳ». Ҳамин тавр мо аз рӯи тартибу низом дар зиндон мавъиза мекардем.

ДАР ОЗОДӢ

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон соли 1945 тамом шуд, лекин ман ҳанӯз озод нашуда будам. Ман аз наздиконам хавотир будам, чунки падарам ба ман гуфта буд: «Агар туро аз хона пеш кунам, ба дигарон зӯрам мерасад». Баъд аз озод шуданам ман аз вазъи оилаамон хабардор гардида хеле хурсанд шудам. Ба муқобилати падарам нигоҳ накарда ҳафт кас аз оилаамон ба вохӯриҳо мерафтанд ва яке аз хоҳаронам таъмид гирифта буд.

Дар хизмат бо Димитрий Папаҷорҷ — бародари тадҳиншудае, ки соли 1913 ба Яҳува хизмат карданро сар кардааст

Соли 1950 дар Корея ҷанг сар шуд, ки дар он ИМА низ иштирок дошт. Маро бори дуюм ба хизмати ҳарбӣ, ба Форт Ҳайес даъват карданд. Баъди аз назорати духтур гузаштан афсар ба ман гуфт: «Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки ту дар гурӯҳи худ яке аз шахсони қобилиятдорӣ». Ман ҷавоб додам: «Нағз, лекин ман ба хизмати ҳарбӣ рафтанӣ нестам». Ман 2 Тимотиюс 2:3-ро аз ёд гуфтам ва баъд илова намудам: «Ман аллакай сарбози Масеҳам». Баъди хомӯшии дурудароз ӯ ба ман гуфт: «Ба ту ҷавоб, метавонӣ равӣ».

Каме баъд ман ба анҷумани Синсинатии иёлоти Оҳаё рафтам. Дар он ҷо бародар Милтон Ҳеншел барои касоне ки Байт-Ил рафтан мехоҳанд, вохӯрӣ гузаронд. Ӯ гуфт, ки агар бародар барои Салтанат аз таҳти дил меҳнат кардан хоҳад, метавонад дар Байт-Ил хизмат кунад. Ман барои дар Байт-Ил хизмат кардан варақаро пур кардам. Августи соли 1954 маро ба Байт-Или Бруклин даъват намуданд. То ҳозир ман дар ин ҷо хизмат мекунам.

Дар Байт-Ил ҳама вақт кор бисёр буд. Дар муддати якчанд сол ман дар чопхона бо дегҳои бухорӣ кор мекардам, механик будам ва қулфҳоро таъмир менамудам. Ҳамчунин ман дар Толори анҷуманҳои шаҳри Ню-Йорк кор мекардам.

Дар чопхонаи Байт-Или Бруклин дегҳои бухориро таъмир карда истодаам

Ман реҷаи рӯҳонии Байт-Илро дӯст доштам. Ба ман ибодати пагоҳирӯзӣ ва шоми омӯзиши оилавӣ, ки дар он ҷо «Бурҷи дидбонӣ»-ро муҳокима мекунем, хеле маъқул аст. Аз иштирок дар мавъиза бо аъзоёни ҷамъомадам ман хурсандӣ мегирам. Ҳама оилаҳои Шоҳидони Яҳува бояд чунин реҷа дошта бошанд. Вақте падару модар ва фарзандон якҷоя ояти рӯзро дида мебароянд, доимо ибодати оилавӣ мегузаронанд ва мунтазам дар мавъиза ва корҳои ҷамъомад иштирок мекунанд, тамоми оила ба Яҳува наздик мешавад.

Ман ҳам дар Байт-Ил ва ҳам дар ҷамъомад дӯстони бисёре пайдо кардам. Баъзеи онҳо тадҳиншуда буданд ва аллакай мукофоти осмонии худро гирифтанд. Дигаронашон тадҳиншуда набуданд. Ҳама ходимони Худо, аз ҷумла ходимони Байт-Ил нокомиланд. Вақте бо ягон бародар гапам гурезад, ман кӯшиш мекунам, ки зудтар бо ӯ сулҳро барқарор кунам. Ман дар бораи Матто 5:23, 24 фикр мекунам, ки он ҷо дар бораи ҳал кардани норозигиҳо гуфта шудааст. Бахшиш пурсидан на ҳама вақт осон аст, лекин аксар вақт баъди бахшишпурсӣ норозигиҳо бартараф мешаванд.

НАТИҶАҲОИ ХУБИ ХИЗМАТАМ

Аз сабаби синну сол бароям аз хона ба хона мавъиза кардан душвор аст, лекин ман ин корро бас намекунам. Барои ҳамин ман каме забони хитойиро омӯхтам ва дар кӯча ба хитойиҳо мавъиза мекунам. Баъзе саҳариҳо ман ба шавқмандон аз сӣ то чил маҷалла паҳн мекунам.

Ба хитойиҳо дар Бруклин (Ню-Йорк) мавъиза карда истодаам

Боре ман ҳатто ба як нафар, ки дар Хитой буд, шаҳодат додам. Рӯзе як духтари ситорагарме аз назди дӯкони мевафурӯшӣ гузашта ба ман нигоҳ кард ва табассум намуд. Ман низ табассум кардам ва ба вай маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро ба забони хитойӣ пешниҳод намудам. Ӯ онҳоро гирифт ва гуфт, ки Кэти ном дорад. Баъд аз ин ҳар гоҳе Кэти маро медид, наздик омада бо ман сӯҳбат мекард. Ман ба ӯ номи меваю сабзавотҳоро ба забони англисӣ ёд медодам ва ӯ аз паси ман такрор мекард. Ман ҳамчунин ба вай оятҳои Китоби Муқаддасро мефаҳмондам. Боре ман ба вай китоби «Таълимот» додам. Аммо баъди якчанд ҳафта ман Кэтиро гум кардам.

Баъди якчанд моҳ як духтари дигар аз пеши лавҳаи реклама мегузашт ва ман ба ӯ маҷалла пешкаш кардам. Як ҳафта пас он духтар телефони мобилиашро ба дастам дода гуфт: «Бо Хитой гап занед». Ман ҷавоб додам: «Ман дар Хитой ҳеҷ касро намешиносам». Лекин ӯ хоҳишашро такрор кард ва ман ноилоҷ телефонро ба гӯшам бурда гуфтам: «Алло, ман Робисон». «Роби, ман Кэти ҳастам. Ман ба Хитой баргаштам»,— гуфт овозе аз телефон. «Хитой?» — пурсидам ман. Кэти ҷавоб дод: «Ҳа. Роби, медонӣ, он духтаре ки телефонро ба ту дод, хоҳари ман аст. Ту ба ман бисёр чизҳои хуб омӯзондӣ. Илтимос, ба хоҳарам низ онҳоро биомӯз». Ман гуфтам: «Кэти, чизе ки аз дастам ояд, мекунам. Раҳмат, ки дар куҷо буданатро ба ман хабар додӣ». Каме баъд ман охирон бор бо Кэти ва хоҳараш гап задам. Баъд аз ин ман онҳоро дигар надидам ва дар бораашон нашунидам. Умедворам, ки дар куҷое ин ду духтар набошанд, дар бораи Яҳува бештар фаҳмида истодаанд.

Ман 73 соли умрамро ба хизмати Яҳува бахшидам ва хеле хурсандам, ки дар маҳбас бетарафӣ ва садоқатмандиро нигоҳ доштам. Ҳамчунин хоҳару бародаронам ба ман гуфтанд, ки ба муқобилияти падарам нигоҳ накарда устувор монданам, ба онҳо далерӣ бахшидааст. Оқибат модарам, се бародар ва се хоҳарам таъмид гирифтанд. Ҳатто падарам мулоим шуд ва пеш аз маргаш ба якчанд вохӯриҳо рафта буд.

Худо хоҳад, дӯстону наздикони вафоткардаамро аз нав дар дунёи нав мебинам. Он вақт ҳамаи мо якҷоя бо касоне ки дӯсташон медорем, Яҳуваро ибодат мекунем. Чӣ хурсандии беҳадду каноре! *

^ сарх. 14 Дар Иёлоти Муттаҳида ходимони дин аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешуданд.

^ сарх. 14 Дар баъзе мамлакатҳо гурӯҳи одамон интихоб карда мешаванд, то мурофиаи судиро гӯш кунанд ва қарори худро оиди гунаҳкор будан ё набудани шахс бароранд.

^ сарх. 32 Ҳангоми ба чоп омода шудани ин мақола Корвен Робисон аз олам чашм пӯшид.